Эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, тарғиби ҳунарҳои миллӣ қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаву суннатҳои ниёгон барои баланд шудани ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд.

Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойи корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор тадбирҳои созанда андешида шуда истодааст.

Санаи 14 феврали соли ҷорӣ дар толори донишкада Фестивал-озмунҳои “Атласу адрас” ва “Чакомаи гесӯ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Бо ифтихори баланд қайд гардид, ки бо ибтикор ва ғамхории директори донишкада муҳтарама Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар раванди таълиму тарбия имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.

Дар Фестивал-озмун маҳсули дастони донишҷӯдухтарони ҳунарманди ихтисоси технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ пешкаш гардид. Аъзои ҳакамон дар ҳайати зерин ба ҳунари тарроҳони ҷавони донишкада - зебогӣ, яъне намуди эстетикӣ ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ ва ҳамчунин мӯйдарозон баҳогузорӣ намуданд:

Дадобоева Мунаввара Исломовна - директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд,

Робия Розиқова – сармуҳаррири рӯзномаи “Нилуфар”,

Негматова Мукаррама – собиқадори меҳнат, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд,

Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна – мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон

Ҷӯраева Замира Абдувалиевна - сардори шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада

Бобоева Таиба Раҳматовна – мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Темирова Хайринисо Исломовна – омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Толори донишкада намуди идона дошта, ба аҳли нишаст руҳияи идона бахшид. Иштирокчиён – тарроҳони ҷавони донишкада дар намоиши либос аз матоъҳои атласу адрас дар бахшҳои “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ҳунар ва малакаи хешро нишон доданд. Инчунин ороишу парвариши муй ва дар доираи расму оинҳои миллӣ намоиши гесӯи дароз пешкаши аҳли нишаст гардид. Ба аҳли толор намоиши саҳнача, ки талқингари либоси миллӣ мебошад, писанд афтод. Сурудҳои “Атласи тоҷик”, “Базм”, бадеҳаи “Куртаи атлас дорӣ” бо маҳорати баланд сароида шуда, табъи ҳозиринро болида намуд. Рақсҳои “Пайки сафед”  ва “Зебанда атлас” ба чорабинӣ шаҳомати хоса бахшид.

Дадобоева Мунаввара Исломовна  - директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд дар ҷамъбасти Фестивал-озмун зимни суханронӣ иброз дошт, ки барои мардуми мо фарҳанги баланди оиладорӣ ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад. Либоси миллии тоҷикӣ бошад, дар аксари кишварҳои шарқ ба либоси миллии халқияту миллатҳои дигар табдил ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки куртаҳои атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдодони барӯманди моро таҷассум намудаанд. Албатта вобаста ба давру замон завқи либоспӯшӣ ва худи либоси инсонҳо низ тағйир меёбад. Вале новобаста ба ин, либоси миллӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ боқӣ мемонад. Мо бояд дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа либоси миллии худро, ки муаррифгари таърих ва маданияти мост, талқин намоем.

Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна – мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон зимни баромади хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳарчӣ бештару беҳтар аз ҳунару фарҳанги бойи миллиамон огоҳ бошанд ва барои эҳёву рушди онҳо замина гузоранд, зеро донишкада дар самти парвариши тарроҳону чеварони чирадаст пештози ҷамъият мебошанд. 

Ба ғолибони бахшҳои “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Чакомаи гесӯ” аз ҷониби меҳмонон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.