Дар вазъияти тантанавӣ бо баргузор намудани чорабинии пуршукуҳ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели наздик 200 нафар хатмкунандагони ин муассисаи олӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд, Рустам Мирзомуродзода, муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд, Давлатшоҳ Мирзозода, комиссари ҳарбии вилояти Суғд, Дилафрӯз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки санаи 1-уми марти соли 2023 фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” содир шуд. Мутобиқи ин фармон ҷавонони синни даъватӣ вазифадоранд, ки ӯҳдадории худ, яъне қарзи фарзандию виҷдонии худро дар назди халқу Ватан иҷро намоянд. Боиси хушнудист, ки тибқи анъана донишҷӯёни донишкада аз ҳисоби хатмкунандаҳо бо амри дил ва хоҳиши худ ду сол ин ҷониб барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро изҳор медоранд. Имрӯз низ як гурӯҳ аз донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба Артиши миллӣ сафарбар мешаванд.
Зикр гардид, ки вақте сухан дар бораи ҳимояи марзи Ватан меравад, пеши назар симои ҷавонони бонангу номус, далеру шуҷоъ меояд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони донишкада чун дар хониш бо дониши мукаммал, рафтори намунавӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ низ масъулиятнокӣ, далерии худро нишон хоҳанд дод.
Сипас, барномаи фарҳангии ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуда буд.
Дар ин рӯз бо иқдоми роҳбарияти донишкада барои хатмкунандагон дастархони идона густурда шуд.