Дар доираи баргузории  ҳафтаи илми тоҷик бо  иқдоми Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни "Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” суръат гирифта, он дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, натиҷагирӣ шуд.

Озмуни мазкур тибқи низомнома дар ду давр: даври донишгоҳӣ ва даври ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ғолибон бо дипломи дараҷаи 1,2,3 ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд. Дар озмуни имсола аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса иштирок намуда, 290 кори илмӣ пешниҳод гардид.

Тибқи хулосаву баҳогузории гурӯҳи корӣ 26 нафар сазовори дипломи дараҷаи якум, 49 нафар сазовори дипломи дараҷаи дуюм, 42 нафар сазовори дипломи дараҷаи сеюм ва 20 нафар сазовори ифтихорнома гардиданд.

Боиси ифтихор ва саодат аст, ки ду нафар дастпаварони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон – Мирмухамедова Шаҳноза дар бахши “Техника ва технология” ва Сайдалиев Муҳаммад дар бахши “Инноватсия ва ихтироъкорӣ соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ин дастоварди бузургро ба донишҷӯён муборакбод мегӯем ва итминон дорем, ки сафи чунин ҷавонони ҳушманду доно солҳои минбаъда афзун хоҳад шуд.  

Ёдовар бояд шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмию эҷодӣ ва навоваронаи ҷавонони кишвар таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гузаронида мешавад.