Дар остонаи соли нави мелодӣ ҳимояи рисолаҳои номзадии устодони ҷавону ташаббускори донишкада Шоира Саидова, Аҳлиддин Низомиддинов ва Фарҳод Бобокалонов руҳияи идонаи мо-ҷомеаи меҳнатии донишкадаро афзун намуд. Бо ин дастоварди назарраси илмии худ устодон барои боз ҳам баланд шудани шаъну эътибори донишкада дар сатҳи ҷумҳурӣ қадами бузург гузоштанд. Боварии комил дорем, ки онҳо минбаъд низ дониш, малака ва маҳорати худро барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониш дареғ намедоранд. Устодонро барои ноил шудан ба унвони номзади илм сидқан муборакбод гуфта, барояшон сиҳат саломатӣ, рӯзи хушу рӯзгори босаодатро таманно менамоем. Умед бар он дорем, ки ин музаффарият оғози роҳи бобарор дар ҷодаи фатҳи қуллаҳои дониш мебошад.

Унвони илмӣ муборак, устодони азиз!

 

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд