Санаи 22 майи соли равон дар Қасри ҷавонони  ба номи Лоиқ Шералӣ Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, доираи васеи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, шуъбаи маориф, мақомотҳои дахлдор ва ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд доир гардид. Ҷаласаи мазкурро раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оғоз намуда, бо рӯзномаи он шинос намуд. Дар ҷаласа ду масъалаи асосӣ дида баромада шуд, ки  якум дар бораи рафти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баргузории Ҷаласаи якуми Шӯрои милли кор бо ҷавонон ва дуввум тасдиқи нақшаи кории Шӯрои кор бо ҷавононро дар бар гирифт.

Оид ба масъалаи якум мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Ғафуров Абвусосид ва бобати масъалаи дигар мутахассиси бахши кор бо ҷомеа Юсуфӣ Усмонҷон баромад намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронии худ ҷавононро бо идашон табрик намуда, қайд намуд, ки ояндаи давлат дар дасти онҳо мебошад. Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намуда,  барои фароҳам овардани шароити таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.

Ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии ҷавонони фаъол, аз ҷумла, хонандагон, донишҷӯён, варзишгарон дар асоси қарори Раиси шаҳр  «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд барои соли хониши 2018-2019» ба ҷавонони фаъол стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Дар озмун барои дарёфти стипендияи мазкур баъди баргузории озмунҳо беҳтаринҳо муайян шуда, 100 нафар сазовори унвони гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд гардиданд.

Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҷавонони фаъол, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯён шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни донишкада Музаффаров Манучеҳр, Ҷӯраев Мӯҳсинҷон, Темирова Мижгона ва варзишгар Тоҷибоев Баҳрулло ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд сазовор гардиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки 16 нафар донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон гирандаи Стипендияи Раиси вилояти Суғд гардида буданд.