Дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии Рӯзи донишҷӯ  таҳти унвони “Донишкадаи худро дӯст медорам” шурӯъ гардид.

Дар рӯзи нахустини чорабинӣ, дар маҷлисгоҳи асосии донишкада сурат гирифт донишҷӯёни соли аввали факултаи сохтмон ва нақлиёт бо ҳузури волидонашон дониш ва малакаи худ, таассуроти бардоштаашонро аз таҳсил дар донишкада пешкаши аҳли нишаст намуданд.

Дар паёми шодбошии худ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёнро бо ҷашнҳои муқаддаси кишвар Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Имрӯз мову Шумо дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷашнҳои фараҳбахшу нодири мамлакати азизамон маҳсуб ёфта, инак чанд сол инҷониб дар фазои шоиста ва арзанда таҷлил мегардад, қарор дорем. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати гиромидошти хидматҳои арзишманди роҳбарияти олии мамлакат эълон гардида, ҳамчун рӯзи ид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" илова шуд, рӯйдоди нусратбахш аст.  Зеро таҷлили ин ҷашн имкон медиҳад, ки мардуми сарбаланди тоҷик бори дигар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар карда, заҳмату талошҳои Президенти мамлакатро дарк созанд. Эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус дар санаи 16 ноябр ҳодисаи тасодуфӣ набуда, ин рӯйдоди фараҳафзо рамзи нек дорад. Маҳз дар рӯзи баргузории Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар омадани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи нодир аст, ки рӯзҳои таърихиву муҳими давлатдории моро ба ҳам пайваст месозад. Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи тақдирсоз аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тоза ва умедбахшеро ифтитоҳ бахшид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Иҷлосия тақдири халқи тоҷикро муайян намуд. Зеро дар доираи кори он масъалаҳои муҳиму таърихие баррасӣ ва қарорҳое қабул гардиданд, ки роҳи давлатдори миллиро мунаввар бахшиданд.

Аз ин лиҳоз, дар як рӯз таҷлил намудани ду рӯзи муҳим аз рӯйдоди нишотбахши миллати мост.

Мавсуф дар идомаи паёми шодбошӣ таъкид дошт, ки ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ аз эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш истиқбол намуда, ҳамасола ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ин рӯз ташаббус зоҳир мекунанд. Баргузории Рӯзи донишҷӯ маҳз дар ҳамин айём фоли нек аст. Ман пеш аз ҳама аз номи Раёсати донишкада ҳамаи Шумоён донишҷӯёни соли аввалро, ки бо сад орзую ҳавас сари мизи донишҷӯӣ нишастед, табрику муборакбод гуфта, бароятон дар ҷодаи илмомӯзӣ, такмили маҳорат барору комёбиҳо таманно дорам. Мо ин ташаббусро панҷ сол ин ҷониб ҷорӣ намуда, мақсад дорем, ки донишҷӯёни соли аввал таассуроти наздик ду моҳ аз таҳсил бардоштаашонро ба ҳамсабақону устодон изҳор намоянд. Дигар аз мақсади ин чорабинӣ дарёфти чеҳраҳои боистеъдод ва навовар аз байни донишҷӯёни соли аввал мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар вилоят мебошад, ки барои омодакунии ихтисосҳои замонавии соҳаи муҳандисӣ мутахассисонро омода мекунад.  Раванди таълим дар қиёс ба дигар донишгоҳҳои кишвар бо усули сиклӣ фарқ намуда,  фаъолияти Маркази идоракунии таълимӣ ва Маркази тестӣ боиси баланд бардоштани масъулияти ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён гардидааст.

 Дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи донишкада саҳми факултети сохтмон ва нақлиёт ҳамчун омодакунандагони муҳандисони соҳаи сохтмон, нақлиёт ва меъморӣ хеле калон аст. Беҳтарин устодон аз қабили Бойпочо Фатҳиддинов, Абдуқодир Акрамов, Фаррух Аминов, Сӯҳроб Охунов ва даҳҳои дигар ба шогирдон бо меҳр дарс мегӯянд Шумо - ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи Ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошед. Аз ин рӯ, пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат будан, ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намудан бояд дар меҳвари зиндагӣ ва фаъолияти Шумо бошад.

Декани факултет Мазбут Холиқов аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодакунии мутахассисони соҳа ибрози назар намуда, зикр дошт, ки алҳол 1077 нафар донишҷӯёни дар зинаҳои баклавиатура, магистратура ва доктрантура таҳсили илм дошта, бо истифода аз шароити мавҷудаи хуби корӣ барои андӯхтани дониш саъю талош меварзанд. Устоди донишкада Сӯҳроб Охунов дар даври донишкадавии озмуни “Илм фурӯғи маърифат” мақоми аввалро соҳиб шуда,  устоди дигар кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Исматулло Норов ва донишҷӯи факултет дар даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷойҳои сеюм ва якумро ишғол намуданд. Дастаи футболбозон аз ҳисоби устодон ва шогирдони факултет дар мусобиқаи футбол бахшида Ба Рӯзи Президент миёни факултетҳои донишкада мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ маросими савгандёдкунӣ ва супоридани                  шаҳодатномаҳои донишҷӯӣ сурат гирифт.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни аввал бо шеър тарона ва рақс, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз рӯзгори донишҷӯӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Дар фуроварди чорабинӣ директори донишкада аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки фурсатро ғанимат шуморида барои тақвияти дониш саъю талош варазанд. Ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил нашаванд. Донишкада донишҷӯёни соҳибистеъдоду навоварро ҳамҷиҳата дастгирӣ мекунад, то онҳо содиқона ба ин Ватан хизмат намоянд.