Ҷавонон ҳамчун неруи тавонбахш дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми назаррас доранд. Аз ин хотир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.

Чунончи бо иқдоми роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо корбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд силсилаи вохӯриву мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар хобгоҳҳо сукунат доранд, оғоз ёфт.

Чунин мулоқоти озоду шаффоф ва гарму самимӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо ширкати беш аз 600 нафар донишҷӯён доир гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода иқдоми пешгирифтаи ҳизбиёни вилоятро шоиста арзёбӣ намуда, баён дошт, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад. Ҳадафи вохӯрии имрӯза низ талқини илму дониш, ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон маҳсуб мешавад. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳонӣ моро тақозо мекунад, ки ҳамеша ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. 

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни баромад аз марҳилаи душвори давлатсозии миллӣ суханро оғоз намуда, таъкид дошт, ки хиради воло, сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари ҷангзадаи мо дар фосилаи 31 соли соҳибистиқлолӣ ба як давлатӣ рӯ ба тараққӣ табдил ёфт. Дар ин марҳилаи душвор Сарвари давлат барои беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама такя ба нерӯи дониш ва маҳорати ташкилотчигии ҷавонон намуданд.

Мавсуф дар идома аз вазъи сиёсии ҳассоси ҷаҳони муосир, мағзшуйии гурӯҳҳои тундгаро, фарҷоми шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гирифтани пеши роҳи таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сухан ронда, зикр намуд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол насли хушбахти давронанд, зеро барои тақвияти дониш, такмили маҳорат, ҷасурию мардонагии онҳо ҳамаи шароитҳои муҳайёст. Ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои омӯхтани илму дониш саъй варзанд, эҳтироми падару модар ва устодонро ба ҷо оранд ва  ҳимояи марзу буми кишварро аз мақсадҳои ниҳоии худ донанд. Зеро хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ ва омӯзиш барои ҳар як ҷавонмард маҳсуб меёбад.

 

Дар идомаи вохӯрӣ нависандаи ҳаҷвнигор, рӯзноманигори варзида Додохони Эгамзод ва шоира Адибаи Хуҷандӣ аз эҷоди худ шеърҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок дошт. 

Сурудҳои дилошӯби  донишҷӯёни ҳунарманд ва ҳофизи шинохтаи вилоят Сироҷиддин Худоймерганов вохӯриро боз ҳам шукуҳманд намуд.