Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.

Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд. Ба ифтихори ин санаи сурурангез  субҳи санаи 24 ноябр зиёда аз 2000 донишҷӯёну устодони донишкада дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ намуда, то мавзеи асосии баргузории чорабинӣ- ба пояи баландтарин парчами вилоят, назди саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рафтанд. 

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ҳамагонро бо Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки “Халқи шарафманди тоҷик зери парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ - ифтитоҳи чархи якуми Нергӯгоҳи барқи обии "Роғун"-ро амалӣ намуд, ки самараи ташаббусҳо, заҳматҳои пайваста ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, якдиливу ҳаммаромии мардуми заҳматқарини тоҷик мебошад.  Ташаббуси бунёди ин иншооти бузурги аср сароғози корномаи навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт”.

Таъкид шуд, ки таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ, ки Парчами давлатӣ яке аз онҳо мебошад, барои дарки амиқи ғояҳои олии марбут ба ҳуввияти миллии мардум нақши муассире дорад. Парчам мақсаду мароми созандаи миллати тоҷикро инъикос намуда, ифодагари роҳи таърихии он мебошад. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Чорабинии фарҳангӣ ҳусн ва таровати ҷашнро боз ҳам шукӯҳмандтар намуд. Эҳсос мешуд, ки ҳар яке аз иштирокчиён бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ ба парчами миллӣ, ки аз муқаддасоти кишвар маҳсуб мешавад, эҳтиром гузоштанд.