Шуруъ аз соли 2009, санаи 5 октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумиллӣ дар  саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири нашрияҳои “Нилуфар” ва “Саломат бошед!”, нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод ва устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.

Омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ ва ҷомеашиносӣ Шафоат Файзиев чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли нишаст расонда, аз ҷумла зикр дошт, ки забони тоҷикӣ – забони миллати бостонии тоҷикон буда, таърихи бисёрҳазорсола дорад ва дар радифи забонҳои қадимаи ҷаҳон қарор дорад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад”. Ин нукта ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки забони тоҷикиро ба хубӣ донад ва озодона ба он такя намудаву фаъолият барад.

Нависанда Муҳиддини Хоҷазод дар баромадаш зикр намуд, ки масъалаи бо забони тоҷикӣ сурат гирифтани коргузорӣ дар ҳудуди кишвар  тақозо менамояд, ки забони тоҷикиро хуб донем. Ба таври зарурӣ донистани забон маданияти умумии омӯзандагонро баланд бардошта, сабаби рушди фаъолияти маънавии онҳо мегардад. Донистан ва омӯхтани забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти касбӣ аз рукнҳои асосию муҳими айём ҳисоб меёбад.

Соҳае нест, ки дар он забони давлатӣ истифода нашавад. Пас, равшан мегардад, ки забони тоҷикӣ танҳо фанни таълимӣ набуда, ҳамзамон воситаи муҳими таълим низ мебошад. Яке аз хусусиятҳои махсуси забон он аст, ки ба воситаи он фанҳои дигар низ омӯхта мешаванд.

Номбурда ҳамзамон зикр намуд, ки вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи таҷлили Рӯзи забон сабаб дорад. Зеро се китоби эҷодкардаи муаллиф – “Норак”, “Об рӯшноист” ва “Кӯҳ беварта нест” марбут аст ба корномаҳои арсаи меҳнати се нерӯгоҳи бузурги кишвар – Норак, Сангтӯда ва Роғун. Муҳиддин Хоҷазод аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки хуб таҳсил намуда, чун мутахассиси варзида ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат намоянд.

Нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод аз қадру манзалати забон дар хаёти ҳаррӯза сухан ронда, доир ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки маҳз хиради воло, дониши баланд ва хислати тӯдакашии Сарвари давлат буд, ки мо ба чунин рӯзи саодат расидем.    

Ба ғолибони озмуни иншои “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” аз ҷониби Раёсати донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар қисмати адабиву фарҳангӣ донишҷӯён дар васфи Ватан ва забон саҳнача, шеъру суруд хонда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.