Донӣ, ки донишгоҳ шамси оламест,

Арзандатарин макони ҳар одамест.

Хоҳӣ, ки бидони қадри донишгоҳи мо,

Вазифа бар дӯши ту омадану хонданест.

Чун ниҳоди пои худ бар ин макон,

Эҳсоси оғӯши гарм туро ҳар қадамест.

Ҳар баҳрае,

ки ёбӣ аз ҳавои донишгоҳи мо,

Аз насими фараҳбахши

боғи ҳар чаманест.

Донишкада маконест, ки ҳар як ҷавони соҳибис-теъдод, пас аз хатми мактаб ба он ҷо дохил мешавад. Дар он ҷо мехоҳад тамоми орзуҳоеро, ки дар қалбаш парварида буд, амалӣ гардонад. Аз қафои ин ҳама орзуҳо боният роҳ ба сӯи донишгоҳ мениҳад ва бо тамоми ҳастияш барои Ватани азизи худ мехоҳад содиқона хизмат бикунад. Аммо ҳамаи ин орзуву ниятҳо пештар ҷомаи амал намепӯшиданд, чун барои дохил шудан дар бисёри донишгоҳҳо маблағи зиёде талаб мекарданд ва ин боиси бесавод мондани ҷавонон мегардид. Агар бо ягон илоҷе ба донишгоҳ дохил шаванд ҳам, аз ҳар як имтиҳоне, ки месупориданд, устодон бешармона маблағ меситониданд. Дар он вақт донишҷӯй маҷбур мешуд, ки дар бозору кӯчаҳо аробакашонӣ кунад ва ё ба кори дигар машғул шавад. Бо ин ҳолат на дарсро аз худ мекарданду на маблағи заруриро барои имтиҳон ҷамъ карда метавонистанд ва дар ниҳоят бесавод мемонданд.

Хушбахтона, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ ташкил гардиду ин мушкилиҳои ҷавонон бартараф гардид. Имрӯз касе, ки дониш дорад, ҳатман ба орзуҳояш хоҳад расид.

Ман бо ифтихори том мегӯям, ки донишкадаи мо дар роҳи таъмини шаффофият дар раванди санҷиши дониши донишҷӯён қадамҳои бузургу устувор гузоштааст. Ман ин суханҳоро на аз баҳри ситоиши донишкадаи худ мегӯям, балки аз саргузашти худ гуфта истодаам. Аввалин бор мехостам ҳуҷҷатҳои худро ба донишгоҳи дигар бидиҳам, аммо онҳо аз ман танҳо барои дохилшавӣ маблағи зиёдеро талаб кардан. Ман шароити ин қадар маблағи зиёд супориданро танҳо барои дохилшавӣ надоштам ва дилам аз тамоми донишгоҳҳо сард гашта буд. Пас аз чанд муддате ба мактаби мо устодони ДПДТТ омаданд ва аз фаъолияту сохтори донишкада ҳарф заданд. Баъдан ман ҳуҷҷатҳои худро бе ягон шакку шубҳа ба ин донишкада супоридам ва аз даври якуми имтиҳон гузаштам. Пас аз даври якум даври дуюми имтиҳон барои ба гурӯҳи буҷавӣ дохил шудан оғоз ёфт ва ман аз ин давр нагузаштам. Аммо маъмурияти донишкада барои ман як имконияти дигареро дод ва ман ба мақсади худ расидам. Аз ҳамон рӯз ман донишкадаи худро ҳамчун як даргоҳи маърифат меҳисобам.

ДПДТТ ба мисоли офтобест, ки ба ҳама оғӯши гарми пур аз меҳри худро мекушояд ва ба чашмҳо нур, ба дилҳо нерӯ, ба ақлҳо равшанӣ мебахшад. Омӯзгоронаш бошад, ба монанди дурахшандатарин ситораҳое ҳастанд, ки дар қалби ҳар як донишҷӯ ҳиссиёти ватандӯстиву ватанпарвариро бедор мекунанд ва беҳтарин мутахассисони дунёро омода месозанд. Дар донишгоҳ беҳтарин шароитҳо муҳайё аст. Мо метавонем аз шабакаҳои Интернет бемамоният истифода барем ва маълумотҳои заруриро дониста бошем.

ДПДТТ яке аз донишкадаи тараққиёфтаи Осиёи Миёна ба шумор меравад, зеро тамоми шароитҳои таҳсил инҷо муҳаёст. Дар донишкада боз як усули нави таҳсил ба роҳ монда шудааст. Ин ҳам бошад, усули таҳсили фосилавӣ буда, имконияти ҳам таҳсил кардан ва ҳам кор карданро медиҳад. Дар усули таҳсили фосилавӣ беҳтарин устодон дарс медиҳанд. Ман аз донишкадаи худ мефахрам. Аз ин рӯ, барои ҳамсолонамон гуфтаниам, ки барои ояндаи худ ДПДТТ-ро интихоб намоянд. Интихоби дуруст кафолати фардои дурахшони онҳост.

Рухшона Ғафурова,

донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 25.01.07,

шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ