Мутобиқ ба дастури Раиси вилояти Суғд мулоқоти сарварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар шаҳру навоҳии вилоят идома дорад.

Субҳи санаи  23 январ дар қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон бо ҳузури беш аз 400 хатмкунадагони ноҳия вохӯрӣ доир шуда, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят бо истифода аз видеоролику слайдҳо муассисаи худро муаррифӣ намуданд.

Насим Тошхӯҷаев, мудири шуъбаи идораи сифат ва ба нақшагирии стратегии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ зикр дошт, ки донишкада  метавонад ҳамасола то 1000 нафар мутахассисони соҳаҳои энергетика, роҳу нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, муҳандисони технологияи маҳсулоти хӯрока, агротехнология, барномарезону иқтисодчиён ва молияшиносонро омода кунад. Сол аз сол пурқувват гардидани пояи моддиву техникӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нав дар натиҷаи ҳамкорӣ бо барномаҳои байналмилалӣ имкон фароҳам овардааст, ки сатҳи сифати дониш боло равад.

Барои нафароне, ки хоҳиши ҳам хондану ҳам кор кардан доранд, соли ҳафтум аст, ки усули таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада ҷорӣ гардидааст. Ва сол то сол сафи хоҳишмандони ин намуди таҳсил меафзояд.

Дар хотимаи вохӯрӣ хатмкунандагони ноҳия оид ба имтиёзҳо,  вазъи хобгоҳҳо ба баромадкунандагон саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.