Мулоқоти анъанавии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо  хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. Ин навбат мулоқоти мазкур дар шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар он қариб 400 нафар хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Конибодом ширкат варзиданд. ДПДТТ ба номи академик М.Осимиро сардори шуъбаи идораи сифат ва банақшагирии стратегӣ Тошхӯҷаев Насимҷон ва сардори шуъбаи кор бо сомона ва ВАО, нашрияи “Меҳвари дониш” Абдусабури Абдуваҳҳоб муаррифӣ намуданд. Тошхӯҷаев Н. оид ба дастовардҳои донишкада, вазъи моддиву техникӣ ба хонандагон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки шаш сол инҷониб дар донишкада таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати дигари фарқкунандаи донишкада ин раванди таълим бо усули сиклӣ аст. Ин имконият медиҳад, ки донишҷӯ як фанро пурра аз худ намуда, донишҳои бадастовардаро дар амал тадбиқ намояд. Донишкада низоми кредитиро ба роҳ мондааст, ки мутобиқ ба стандарҳои ҷаҳонӣ мебошад. Номбурда зимни суханрониаш қайд кард, ки касби инсон бояд дар оянда ифтихори ӯ гардаду манфиатбахши халқ бошад.

Вохӯрӣ бо саволу ҷавоби муҳассилин ҳусни анҷом ёфт. Ба ҳамаи хатмкунандагон нашрияи донишкадавии ДПДТТ "Меҳвари дониш" супорида шуд. Чунин вохӯриҳо дар қаламрави вилоят идома дорад. Аз рафти гузаронидани ташвиқот боз маълумот хоҳем дод.