Дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба  пешвози ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 10 - солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”  бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо ҶСП ТАКХ “Имон Интернешнал” байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ,  коллеҷҳо ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир намуд, ки дар он 9 даста иштирок карданд.

Мусобиқа давоми се рӯз идома ёфта,  дар натиҷа дастаи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ сазовори ҷойи аввал гардида, зинаҳои баъдиро Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соҳиб шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат  варзида ба ғолибону ҷоизадорон дар вазъияти тантанавӣ Ҷом, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.