Ҳамасола  бо иқдоми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз доир мегардад. Имсол низ озмун дар сатҳи балан доир гардида донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар онҳо ихтисоси андоз ва андозбандӣ таълим дода мешаванд, ширкат варзиданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори ДДМИТ Ҳакимбек Абдуалимзода ба иштирокчиён, дастаҳо ва сарпарастон изҳори миннатдорӣ баён намудаанд. Гуфта шуд, ки ташкили чунин озмунҳо барои дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва таъмини мақомотҳои давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос хеле муҳим аст. Новобаста ба ҷойҳои ишғолкарда, муҳимтар аз ҳама, иштирокчиён донишҳои худро сайқал дода, мутахассиси соҳа мегарданд.

Сипас, оид ба аҳаммияти озмуни мазкур, фаъолияти мақомоти соҳаи андоз, тарзи қабул ба кор ва нақши кадрҳои болаёқат дар пешбурди сиёсати андозӣ маълумот дод.

Сипас ғолибон аз рўйи ду номинатсия муайян гардиданд: инфиродӣ ва даставӣ. Дар натиҷаи баҳодиҳии воқеӣ ва шаффофи ҳакамон ғолибони озмуни инфиродӣ Меҳрангез Зоҳирова, донишҷўйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  дониста шуд. Зинаҳои баъдиро Раҳима Раҳмонова, донишҷўйи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Умарзода Собир, донишҷўйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва Муҳайёхон Амонова, донишҷўйи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Бобоев Абдухалиқ, донишҷўйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ба даст оварданд.

Ғолибони номинатсияи даставӣ ба таври зайл муайян карда шуданд: Ҷойи якум ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва мақоми сеюм ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав лоиқ дониста шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ҳама ғолибон Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои омоданамудаи кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд. Дар охир баҳри болидарўҳии иштирокчиёни озмун аз ҷониби бахши фарҳанги ДДМИТ барномаи рангини фароғатӣ пешкаш гардид.