Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва амалисозии “Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ  ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 дар мавзӯи “Муаммоҳо ва дурнамои рушди сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон”конфренсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимону коршиносони соҳа аз ҷумла  Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшида,  салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли иштирокдорони конфренсия расонид. Мавсуф қайд кард, ки ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз таърихи 27 апрели соли 2022, таҳти №203  “Стратегияи рушди соҳаи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” қабул шудааст, ки дар он самтҳои асосии рушди соҳа  инъикос ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир ҳиссаи маҳсулоти сохтмонӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфта,  ҳоло он  11%-ро ташкил менамояд.  Ба истифода супоридани манзили истиқоматӣ, мактабҳо, беморхона ва дигар объектҳои таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ ба маротиб афзудааст. Ғайр аз он, қиёфаи шаҳру деҳоти мамлакат куллан дигар гашта, биноҳои баландошёнаи бо тарҳи зебо,  боғҳои фароғатӣ, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ  зиёд шудааст, ки ин аз меҳнати пурмашаққат ва ободкоронаи меъморону сохтмончиён далолат медиҳад.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Маъруф Муҳаммадзода зимни баромад зикр дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд теъдоди сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12000 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар соли 2022 ва се моҳи соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 2519 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба иҷрои расонида шудаанд. Зимни раванди сохтмон диққати асосӣ ба сифати мазсулоти сохтмонӣ, мутобиқ ба нақшаи генералӣ бунёд намудани иншоот, сифатнокии кори сохтмончиён дода мешавад.

Дар идома иштирокдорон маърузаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ Аминзода Пӯлод дар мавзуи “Самтҳои асосии такмили меъёрҳои зилзилатобоварӣ дар Тоҷикистон”,  дотсенти кафедраи сохтмони бино ва иншооти Донишкадаи муҳандисию сохтмонии шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Хусаинов Мухаммадалихон Авлияхонович дар мавзуи “Баҳодиҳии муҳиммияти омилҳои ба мустаҳкамии фибробетон таъсиррасонанда”, профессори кафедраи масолеҳҳои сохтмонии Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Дони Федератсияи Русия  Моргун, профессори кафедраи меъмории бино ва иншооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Нигматов Икромҷон Исматҷонович дар мавзуи “Доир ба масоили ташаккулёбии микроиқлим дар ҳуҷраҳо”, директори намояндагии Ассосиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бобоев Мумин Очилович дар мавзуи “Роҳҳои таъмини сифати сохтмони иншоотҳо дар асоси талаботи меъёру қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маърузаи собиқадори меҳнати соҳаи сохтмонМамадҷонов Муҳаммадҷон Воҳидович дар мавзуи “Муаммоҳои мубрами сохтмони муосир (системаи гармидиҳӣ)-иро шуниданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ ба маърӯзачиён дар вазъияти тантанавӣ сертификат супорида шуд.

Дар ҷаласаи кори бахшҳо зиёда аз 37 мақолаҳои устодон аз 17 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва хориҷӣ шунида шуд.