Дар доираи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳр Хуҷанд конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Муаммои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираи обӣ” бо иштироки роҳбарони муассисаҳои олӣ, коршиносон доир гардид.

Усмонҷон Ахмедов, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, салому паёми директори донишкада Дилафрӯз Саидиро ба аҳли ҳозирин расонид.  Мавсуф дар баромадаш зикр дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро аз ҷониби давлати Тоҷикистон қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.

Мардуми ваҳдатшиори кишвар бо ҳиси баланди худшиносӣ, садоқат ба ватандорӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 дар рӯзҳои ҷашни байналмилали Наврӯз, ки ташаббускораш ҷониби Тоҷикистон буд, дар Созмони Миллали Мутаҳид шуниданд.Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.

Ҳозирин филми мустанадеро вобаста ба обшавии босуръати пиряхҳо дар қаламрави Осиёи Миёна ва паёмадҳои он тамошо карданд.

Вобаста ба муҳимияти ташаббуси мазкур, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо,  пиряҳхо ва ҳифзи он, дидгоҳи нав дар рушди истифодаи оқилонаи об Зафар Розиқов, профессори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Турди Турдиев, дотсенти кафедраи географияи табии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”,  Толмас Сайфуллоев, омӯзгори калони кафедраи агротехнология ва экологияи саноатии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, ва Абдувалӣ Ҳомидов, директори Маркази обу ҳавосанҷии вилояти Суғд маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Нотиқон баён доштанд, ки мушкилоти нарасидани оби тозаи ошомиданӣ аз асри XX ин ҷониб мушкили глобалии замони мо ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 40% аҳолии ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ  азият мекашанд. Тибқи омор, тақрибан 1/5 аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар он ҷо оби тозаи ошомиданӣ басандагӣ намекунад.  Илова бар ин, 1/4 аҳолӣ бинобар набудани инфрасохтори зарурӣ барои кашидани он аз обанборҳо ва дарёҳо аз норасоии об дучор мешаванд. Ҳамзамон давоми 100 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар тақрибан ба 10С афзоиш ёфтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда расонидааст. Аз соли 1930 то ин ҷониб масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Обшавии солонаи пиряхҳо дар Тоҷикистон 10-20% оби дарёҳои калон ва дар солҳои хушку гарм то 70%-ро ташкил медиҳад. Танҳо соҳибхирадӣ, сиёсати дурнигарии Пешвои муаззами миллат ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки барои ҳифзи неъмати бебаҳои табиат, яъне об сарҷамъона талош варзем.

Конференсия бо саволу ҷавоб байни иштирокдорон ва коршиносон ба кори худ анҷом бахшид.