Бо иқдоми  директори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  Саидӣ Дилафрӯз Раббизода санаи 26 феврали соли ҷорӣ мулоқоти озоду шаффоф бо хатмкунандагон ва волонтёрони рӯзҳои ташвиқотию тарғиботӣ доир гардид.

Аввалан директори донишкада довталабонро хайрамақдам намуда, оид ба ихтисосҳои омодамекардаи   донишкада маълумот дод. Номбурда аз вусъати робитаҳои хориҷӣ, имкониятҳо, бо кор таъминшавии ҳар як ихтисосҳо, таҳсилоти фосилавӣ ва дастовардҳо ба хатмкунандагон иттилоъ дод. Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки донишкада яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳсуб ёфта, муҳандисони баландтаҷрибаи соҳаҳои энергетика, сохтмон, иқтисодӣ, барномарезӣ, агротехнологиро омода месозад. Зикр шуд, ки яке аз бартарӣ ва хусусияти фарқкунандаи донишкада ин гузаронидани дарсҳо ба таври сиклӣ ва Системаи иттилоотии идоракунии донишкада мебошад, ки дар қаламрави кишвар ягона мебошад. Чунин тарзи дарсазхудкунӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯ комилан фанро омӯхта, соҳиби малакаи зарурӣ гардад. Системаи иттилоотии идоракунии донишкада раванди фаъолияти устоду донишҷӯро осон гардонида, имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Донишкада аз соли 2008 то инҷониб робита ва ҳамкории худро бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба роҳ монда, то имрӯз садҳо нафар донишҷӯёну устодон ба давлатҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар гаштаанд. Маврид ба  зикр аст, ки дар донишкада коррупсия ва омилҳои ба он монанд тамоман дида намешавад, ки яке аз бартариҳои беҳтарини донишкада аст. 157 синфхонаи донишкада бо проектор таъмин буда, беш аз 2400 компютерро дорост. 27 лабораторияҳои замонавӣ барои дониши мукаммал гирифтани донишҷӯён мусоидат менамояд. Донишкада дорои стансияи таъмири автомобилӣ, стендҳои лаборатории барқӣ, паркҳои технологӣ мебошад. Давоми 6 сол инҷониб дар донишкада таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад, ки барои донишҷӯёни имконияти таҳсил дар шуъбаи рӯзона  надошта мусоидат менамояд. Сарвари донишкада хатмкунандагонро бо шароити хобгоҳ низ шинос намуд.

Зикр гардид, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дарҳои кушод дар донишкада эълон гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд аз раванди таълим, фаъолияти шуъбаҳо ва умуман донишкада аз наздик ошноӣ пайдо намоянд.

Дар вохӯрӣ хатмкунандагони литсейи ДПДТТХ, МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд, МТМУ№20-и ҷамоати Ғозиён, МТМУ№33, МТМУ№10 -и ҷамоати деҳоти Ёва, хатмкунандагони Коллеҷи техникии Зафаробод ва фаъолони ҳаракати волонтёрии донишкада ширкат доштанд.

Баъди муаррифии донишкада ва шиносоӣ бо ихтисосҳои он саволу ҷавоби довталабон бо роҳбарияти донишкада оғоз ёфт. Довталабон озодона саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд. Баъди анҷоми мулоқот довталабон аз лабораторияҳо, аудиторияҳои дарсӣ, майдончаи варзишӣ, стансияи автомобилӣ дидан намуданд. Онҳоро устодони донишкада, муовини директор оид ба тарбия Довудов Г., сардори шуъбаи таълим Бобокалонов Ф., сардори шуъбаи  курсҳои кӯтоҳмуддат Зикриёходжаева Ф., муовини декан оид ба тарбияи факултети информатика ва энергетика Аминҷонова М. роҳнамоӣ намуданд.

Чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома мекунанд.