Устодон ва шогирдони азиз.

Кормандони гиромӣ!

Имрӯз мо бо рӯҳбаландиву ифтихори зиёд аз болоравии обрӯю эътибори давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи олам ва бо як ҷаҳон орзуҳои нек иди миллии халқи бузургу соҳибтамаддунамон - Наврӯзи фархундапайро таҷлил мекунем. Наврӯзи оламафрӯз барои ҳар яки мову Шумо муждаи бахту саодат ва шодию сурур меорад.

Ин ҷашни аҷдодӣ барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд.

Зеро ин рӯзи мубораку шодмониву сарфарозиҳо баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии аҳли диёр аст. Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои нек ва бахосияти худ боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад. Ниёгони сарбаланди мо Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ ва тантанаи бузург истиқбол намуда, беҳтарин орзую умед ва таманниёти хешро ба он вобаста мекарданд, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ нақшаҳо тарҳрезӣ менамуданд.

Ба ин маънӣ бузургию маҳбубӣ ва умри тӯлонию бегазанди Наврӯзи аҷамро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханрониашон дар мулоқот бо аҳли зиё бо муҳаббат ва эҳтироми зиёд таъкид карда буданд: «Аҷдоди ба оинҳои қудсии худ садоқатманд, дар маром устувор ва хирадманди мо Наврӯзро аз қаъри асрҳо то ба имрӯз поянда доштанд ва чун машъали фурӯзон аз насл ба насл таҳвил намуданд».

Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву сурур тибқи суннати неки Наврӯзӣ аз нақшаву корҳои аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола баанҷомрасидаро ёдовар шуда, бо камоли ифтихору саодат ташрифи хуҷастаи Вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Нуриддин Саидро дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  донишкадаамон аз воқеаҳои басо хотирмон ва дар айни замон барои ҳар як узви ҷомеаи маъвои маърифатамон хеле нишотбахш арзёбӣ карданиам.

Ҳамчунин барои ҳар як узви донишкада шоистаи ифтихор аст, ки аз рӯи чандин нишондодҳои Вазорати маориф ва илми кишвар, Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон макони илму маърифатамон ба даҳгонаи беҳтарин ворид гардид. Устодони ҷавони донишкада дар озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномасозони беҳтарин мақомҳои шоистаро ба даст оварда, донишҷӯёни фаъол дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва Ҷоми академияи илмҳо маҳорати баланди донишро нишон доданд.

Барои мо мояи сарфарозист, ки донишкада тайи як соли охир барандаи се  лоҳиҳа гардида, устодон барои табодули таҷриба ба пешрафтатарин муассисаҳои олии хориҷӣ сафари корӣ анҷом доданд.

Мувофиқи оини наврӯзӣ дар такя бо кормандони тифоқи донишкада тавонистем, ки дар як сол пояи моддиву техникӣ, шароити таҳсилро боз ҳам беҳтар намоем.

Боварии комил дорам, ки ҷашни Наврӯзи имсола оғози фатҳу кушоишҳо дар ҳама ҷода мегардад.

Ин ҷашни басо зебою қадимаи ниёгонро бори дигар ба ҳамаи устодон ва кормандон муборакбод мегӯям.

Ҷашни Наврӯз муборак!