Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

Фарорасии боз як санаи барои ҳар яки мо азизу муқаддас – 25 солагии рӯзи Созишнома истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бароятон шодбош гуфта, таманнои хонаободӣ ва фазои орому осудагиатонро дорам.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ду неъмати бузург арҷ гузошта зикр намудаанд: “Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.   Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милли тоҷикон мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.”

 Воқеан ҳам яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Агар ба таърихи ин рӯйдоди тақдирсоз дида дӯзем аён мегардад, ки  санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани ин Созишнома раванди рушди босуботи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, худшиносии миллӣ, маърифатпазирӣ, ободиву озодӣ ва амният дигарбора ба Ватани азиз баргашту Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ қомат афрохт. Ҳикмати ҷовидонаи ваҳдати миллии халқи тоҷик муъҷизаи асри 21 ба шумор рафта, ин муъҷиза бо бузургтарин бозёфти миллии халқи тоҷик ба гушу дили тамоми ҷаҳониён расидааст. Дар ҳақиқат Ваҳдат мафҳуми ҳастисози миллати тоҷик мебошад. Ваҳдат муҳимтарин омили хушбахтии кудакон, модарон ва мардуми тамоми дунё буда, онро на ҳама кас қодири офаридан дорад.

Муъҷиби хушнудист, ки руз аз руз мардуми кишвар аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, дар раванди ҳаёту зиндагӣ онро эҳсос намуда истодаанд. Маҳз арҷгузории мардуми матину меҳнатдусти ватан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва амнияту осудагии кишвар аст, ки имруз сатҳ ва сифати таълим дар ҳама зинаҳо боло рафта, роҳандозӣ гардидани чандин барномаҳо барои густариши раванди таълиму тарбия таккони бузург бахшид.

Мо, устод ва шогирдон шукрона аз он мекунем, ки бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар татбиқи 4 ҳадафи стратегии мамлакат, эълони бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология чун дигар муассисаҳои таҳсилои олии кишвар саҳмгузор ҳастем. Солҳои охир вусъат ёфтани фаъолияти озмоишгоҳҳо, бештар гардидани дастовардҳои ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ моро ба созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи мутахассисони варзида раҳнамоӣ мекунад. Ин ҳама самараи тинҷиву оромӣ, ваҳдати сартосарӣ ва ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишвар мебошад.

Пас бошад, ки ваҳдати тоҷикон ҷовидон чу офтоби дурахшон дар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нурпошӣ кунад.

Поянда бод, сулҳу осоиштагӣ дар кишвар!

Поянда бод, сиёсати дурбинона ва меҳанпарваронаи Пешвои миллат,

Поянда бод, сулҳу ваҳдати ҷовидона!