Воқеан ҳам, бисту панҷ сол муқаддам – 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид, ки он истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва чун шиносномаи миллату давлати тоҷикон онро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Конститутсия маҳсули эҷоди Иҷлосияи тақдирсози миллат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ки «Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сўйи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд».

Воқеан, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад. Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.

Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

Ҷашни  25-умин солгарди санади тақдирсози миллат-Конститутсия муборак бошад!