Бахшида ба эълон гардидани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озмуни мусавираи беҳтарин таҳти унвони “Обро муқаддас донем” байни донишҷӯёни риштаи дизайн ва меъморӣ доир шуда истодааст. Тайи як ҳафта донишҷӯён асарҳои эҷоднамудаи хешро ба маърази тамошо мегузоранд. Ба ҳунари рассомиии онҳо кулли бинандагон баҳогузорӣ хоҳанд кард.

Ғолибон дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи илми тоҷик аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шудааст. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устуворе ҷиҳати суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд. Ҳамзамон дар соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе имконияти хубе барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.