Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдодҳо ва рушди навовариву баланд бардоштани фарҳанги техникии ҷавонон ба ифтихори эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори Маркази илмии Хуҷандии АИ ҶТ озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» доир гардид.

Дар озмуни мазкур дар қатори 12 намояндаҳои муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ду омӯзгори ҷавони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Илёс Исломов ва Парвиз Солиев, як донишҷӯ Нигора Олимова лоиҳаҳои инноватсионии худро муаррифӣ намуданд.   

 

 

 

Дар натиҷа Илёс Исломов бо лоиҳаи  «Редуктори электромагнитии ҳаракатовари нерӯгоҳи барқии бодӣ »  сазовори ҷойи аввал гардида, соҳиби ҳафт ҳазор сомонӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки  чанде пеш дар озмуни  «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони   шаҳри Хуҷанд» устоди дигари  ҷавони донишкада Парвиз Солиев сазовори ҷойи аввал гардида, дар озмуни «Беҳтарин барномасоз» омӯзгори ҷавони кафедраи Барномасозӣ ва низомҳои иттилоотии донишкада Абдунабӣ Қосимов миёни 28 навоварони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии миқёси вилоят  ғолиб омада буд.