Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори ӯ мегардад. Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда, созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорй ва омӯзишу бурдбориҳост.

Дар идомаи тантанаҳои Иди омӯзгорон дар толори донишкада чорабинии идона баҳри табрикот ва сипосгузории устодон баргузор гардид.

Сарравал, омӯзгори фанни забони тоҷикӣ Файзиева Ш. дар васфи устод суханони пурмеҳр гуфта, ҳозиринро бо шеърҳои пурмазмун табрик намуданд.

Баъдан сухани табрикотӣ ба директори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ Саидӣ Дилафрӯз дода шуд. Саидӣ Дилафрӯз рост омадани Иди омӯзгоронро бо Иди забони давлатӣ фоли нек дониста, дастовардҳои донишкадаро самараи Истиқлолият арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан қайд намуданд, ки илму маориф дар ҳама давру замон нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Алҳол дар пеши донишкада танҳо як мақсад - баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ ва муҳандисӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав меистад.  Мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад.

Баъдан қисми фарҳангии чорабинӣ оғоз ёфт. Ҳофизи маҳбубу шинохта Сардорбек Солиев бо сурудҳои шӯхи худ ҳамагонро шод намуд. Шеъру тарона, рақсу суруд ва наворҳои ҷолиб аз фаъолияти омӯзгорон ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Дар арафаи Иди омӯзгорон якчанд нафар устодони соҳибҷашн – ганҷи донишкадаро таҳният намудани маъмурияти донишкада ва меҳмонони олиқадр нишонаи  қадршиносиву қадрдонии онон аст.   Омӯзгорони пуртаҷриба – Мақсудов Х.Т., Раҳимов С.Ш., Раҷабов Ғ., Акбаров А.А., Башиков И.Т., Шокирова С.Н., Солиев З.Т., Ҳаитова  Ӯ., кормандон Ойматов Ш. ва Ҷӯраев Исмонро ҳамагон бо ҷашни заррини умр, солгарди зодрӯзашон самимона табрик намуданд.

Оид ба ҳаёт ва фаъолияти соҳибҷашнҳо  наворҳои ҷолибу мусоҳибавӣ намоиш дода шуд.

Барои табрики соҳибҷашн меҳмонони олиқадр – намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, роҳбари Маркази академии илмҳо дар вилояти Суғд  Мақсудов А.Т., ҷонишини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд – А.Ғозиев, намоянда аз ДДХ ба номи Б.Ғафуров – Муҳаммадиев Ш., устоди арҷманд, алломаи донишкада – Осимов А.З суханронӣ намуда, ба ҷашнгирандагон барору комёбиҳо ва таманниёти нек  орзу намуданд.

Деканони факултети донишкада низ ба табрикот шарик гардида, тӯҳфаҳои хотиравиро эҳдо намуданд.

Дар анҷом лаҳзаҳои мусиқӣ аз ҷониби Фараҳманд Каримов табъи утодонро болида намуд.

Бо ҳамин Иди омӯзгорон бо хотироти неку фаромӯшношуданӣ ҳусни анҷом ёфт.