Дар толори театри давлатии мазҳака-мусиқавии Камоли Хуҷандӣ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо аҳли зиё баргузор гардид. Мулоқоти мазкур бахшида ба 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ сурат гирифт.

Дар оғози чорабинӣ дар саҳни дохилии бинои театр намоиши маҳсули илмӣ- истеҳсолии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, нашриётҳо ба маърази тамошобинон гузошта шуд. Раиси вилоят зимни азназаргузаронии намоишҳо ба масъулин дастур дод, ки бояд дастоврдҳои илмиву истеҳсолӣ боз  ҳам зиёдтар карда шавад.

Баъдан зимни мулоқот бо зиёиён Раиси вилоят аз нақши таърихии сардафтари адабиёти мусоири тоҷик Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳз ин нависандаи беназири тоҷик дар вазъияти хеле ҳасосу мушкили оғози садаи бист китобҳои таърихии худ «Намунаи адабиёти тоҷик», «Исёни Муқаннаъ» ва «Темурмалик»-ро навигшта ба ҷаҳониён асли тоҷиконро муаррифӣ намуд.

Дар мулоқот андешаҳои таҳлилии Роҳбари вилоят оид ба масоили муҳими муҳити маънавӣ баён карда шуд. Аз ҷумла,  дар доираи эълон гардидани соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва азнавбарқароркунии баъзе аз мавзеъҳои таърихӣ дастур дода шуд. Қайд гардид, ки бояд ҷавонон бештар ба китоб ва театр рӯ оранд. Барои ин бояд нависандагон асарҳои пурмазмун нависанду коргардонҳо мавзӯи дархури рӯзро ба саҳна гузоранд. Ҳамчунин фаъолияти хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳо диду назари навро тақозо мекунад.

Раиси вилоят ҳамчунин таваҷҷӯҳи бештар додан ба илмҳои дақиқу техникиро бар манфиати кор дониста, зикр намуд, ки  ҷумҳурӣ дар ҳоли пешравист, аммо набудани мутахассисони касбӣ, махсусан дар соҳаи саноати сабук барои рушди соҳа халал эҷод мекунад. Бояд ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа аҳамият дод. Раиси вилоят аз ҳимояи 10 рисолаҳои номзадии устодони ҷавони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар самти илмҳои техникӣ дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят даъват ба амал овард, ки бояд тадқиқоту  навовариҳоро дар истеҳсолот ҷорӣ созанд. Дар ин самт мақомот дастгири онҳо хоҳад буд.

Сипас Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба якчанд зиёиёни фаъол Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мукофотҳои пулиро тақдим дошт. Аз ҷумла устоди донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Азизуллоҳ Авезов  барои хизматҳои шоёнаш дар рушди илми иқтисоди кишвар бо Сипоснома ва тӯҳфаи пулии  Раиси вилоят тақдиронида шуд.  

Дар мулоқот намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг ва маънавиёт, аз ҷумла Аҳмадҷони Раҳматзод - раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Fафурҷон Ҷўраев - раиси Шўрои вилоятии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, Сайрам Исоева - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осими Орифпур - муовини директори Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ва дигарон баромад намуда, фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманди хешро ҷиҳати рушди муҳити маънавии вилоят иброз доштанд.

Барномаи фарҳангии аҳли санъат табъи ҳозиринро болида намуд.