Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ  Тоҷибой Султонӣ,  Раиси Шӯрои уламои дини вилоят, номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва собиқадори соҳаи матбуот, нависанда Мавлуда Шарипова вохӯрӣ  бо ҷомеаи устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат доир гардид.

 Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки мавзӯи меҳварии чорабинии имрӯза аз дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа шудааст,  сарчашма мегирад. Яъне ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари таҳдиди хатарҳои экологӣ, бӯҳрони иқтисодиву маънавӣ, ҳамчунин реша давонидани ҷараёнҳои экстремистиву террористӣ сахт ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит намуданд, ки ба ин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бештар ҷавонон майл доранд. Зеро баъзе аз онҳо дониши казоии илмҳои муосир ва диниро надоранд ва гумроҳона ба чунин равияҳо шомил мешаванд.

Дар баромади Тоҷибой Султонӣ зикр шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Соли 1999 барои мубориза  бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бо терроризм»  ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» -ро  ба тасвиб расониданд.  Қабули ин ду қонун  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкониятҳои  хуберо дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.  Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ- ин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Мутаассифона, теъдоди муаяйни ҷавонону наврасон ноогоҳона ба навору нигоштаҳои муғризонаи хоинони миллат лайк мегузоранд, ки барои ҳаёти минбаъдаи онҳо хатар эҷод мекунад.

Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода қайд карданд, ки мо фаъолони ҷомеа бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки дар зиндагӣ мисли академик Муҳаммад Осимӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Мавлуда Шарипова низ  зикр намуд, ки танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити дигаргуншавии авзои сиёсии ҷаҳон ва  бештар шудани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон талош варзанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Дилафрӯз Саидӣ иброз дошт, ки  мо хуб дарк мекунем, ки барои инсоният беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Ҷавонӣ давраи ҳассос аст. Танҳо он ҷавонон метавонанд дар ин марҳила муваффақ гарданд, ки соҳиби дониши қавӣ, рафтору гуфтори  нек бошад. Аз  ин рӯ устодони азизро бовар мекунонам, ки шогирдони донишкада минбаъд низ барои такмили дониш ва ихтисоси худ кӯшиш намуда, барои баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ саъю талош меварзанд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.