Санаҳои 10-13 октябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Анҷумани V –уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳо-иштирокдорони ИДМ баргузор гардид.

Мавзӯи Анҷумани мазкур “Инкишофи низомҳои таълимии давлатҳо-иштирокдорони ИДМ бо мақсади рушди устувор” (“Развитие образовательных систем государств – участников СНГ в контексте целей устойчивого развития”) буда, дар он намояндагони соҳаҳои маорифи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркманистон, ҳамчунин, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Фонди байналхалқии ҳамкории гуманитарии ИДМ, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, ЮНЕСКО ширкат варзиданд.

Сараввал иштирокчиёни Анҷуманро бо нишонаи ихлос ва эҳтиром Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  С.Ш. Жээнбеков ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ба Анҷумани V –уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳо-иштирокдорони ИДМ хайрамақдам намуд. Иштирокчиёни Анҷуманро Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ – Котиб-иҷрочии  ИДМ Лебедев С.Н. низ пазироӣ намуд. 

Кори Анҷуман давоми ду рӯзи корӣ ба 9  қисмат ҷудо карда шуд, ки дар ҳар яки он муаммоҳои таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ман дар бахши якуми кори Анҷуман оиди механизми баланд бардоштани масъулияти устодон тариқи ҳавасмандкунӣ, роҳҳои беҳтарнамоии такмили ихтисос ва худомӯзии устодон баромад намуда, қайд намудам, ки бояд омӯзгор аз муосиртарин таълимот огоҳии комиле дошта бошад. Зеро дониши донишҷӯён дар сурате такмил меёбад, ки худи устод ба он мусаллаҳ бошад. Дар ин ҷода беҳтар мебуд аз рӯи системаи мотиватсия- такмили ихтисос ва назорат корбарӣ шавад.  

Рӯзи аввали анҷуман дар  мавзӯи “Низомҳои таълими миллии давлатҳо-иштирокдорони ИДМ бо мақсади рушди устувор” вазирони маориф ва илми кишварҳои гуногун суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ Қаҳҳор низ баромад намуда, дастоварду муаммоҳои соҳаро ба риштаи таҳлил кашид. Ӯ аз ҷумла зикр дошт, ки роҳандозии як қатор барномаҳо имкон фароҳам овард, ки сифати таҳсил боло равад. Сохтмону азнавсозии садҳо мактабҳо, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо лабораторияҳои махсус барои баланд бардоштани завқи техникии хонандагон мусоидат намуд.

Дар доираи баргузории анҷуман 20 нафар кормандони соҳаи маориф, ки баҳри ташкили таълими умумӣ дар ИДМ саҳми босазо гузоштанд, бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” қадрдонӣ шуданд.

Иштирокдорон аз намоишгоҳе, ки дар доираи Анчуман ташкил карда шуда буд, дидан намуданд.

Бо мақсади коркарди стратегияи умумӣ ва муайянкунии роҳҳои асосии рушди таълими ИДМ дар оянда иштирокдорони Анҷуман низоми миллии таҳсилотро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нақш ва вазифаи стандарт дар доираи методологии салоҳияти таълим, пешниҳоди таълими босифат дар давоми ҳаёт ва мувофиқати он бо талаботи бозори меҳнат, омоданамоӣ ва баландбардории дараҷаи маълумоти кормандон ва талаботи касбӣ, ки лозим аст, ташаккули  муҳити бехатари таълим, истифодаи роҳҳои муосир барои нигоҳдорӣ ва ташкили корҳои тарбиявӣ, механизми нави идораи таҳсили иловагии ҷавонон ва кӯдакон аз мавзуъҳои асосӣ ва баҳсталаби анҷуман маҳсуб ёфт.

Бо баҳодиҳии баланд ба дараҷаи  баргузории Анҷуман, иштирокдорони он моделҳои рушди устувори низоми таълимро дар давлатҳо-иштирокдорони ИДМ пешниҳод намуданд. 

Иштирокдорон аз кори  Анҷуман натиҷабардорӣ намуда, ҳамкории ИДМ-ро дар соҳаи маориф  ҳамчун роҳи амалии баландбардории рақобатпазирии низоми миллӣ, ҳамгироии онҳо дар низоми таълими ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфтанд,  инчунин, ғояи амалии ҳамкориро дар доираи чорабиниҳои байналхалқӣ дастгирӣ намуданд.

Ин сафар барои густариши робитаи соҳаи маорифи кишварҳо мусоидати хубе хоҳад намуд. Мо аз ин сафар бардоштҳои хубе гирифтем. Табодули таҷриба, омӯхтани ҷанбаҳои пешрафти таълимӣ барои боз ҳам хубтар гардидани таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 

 Директори ДПДТТ             Саидӣ Дилафрӯз Раббизода