Ба ифтихори 85 – солагии олими намоён, яке аз поягузорони соҳаи нақлиёти муосири кишвар Бойпочо Раҳимович Фатҳиддинов дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни қироати номаи табрикотӣ баён дошт, ки агар ба зиндагиномаи ин шахсияти воқеан ҳам фидоии меҳнат, дилсӯзи миллат Бойпочо Раҳимович мароқ зоҳир намоем аён мегардад, ки мавсуф пас аз хатми дабистон дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки таҳсилашро дар яке аз муассисаҳои бонуфузи пойтахти давлати шӯравӣ-шаҳри Москва идома медиҳад. Азми қатъӣ дониши мукаммал ба ӯ имконият дод, то ки донишҷӯи  Донишкадаи автомобил ва роҳи шаҳри Маскав гардад. Фаъолияти меҳнатӣ дар муассисаи нақлиёти автомобили рақами 3-и шаҳри Душанбе ба ҳайси сармуҳандис, баъдан дар  вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ба он кас даст дод, ки аз мактаби бузурги соҳаи ҳамлу нақлиёт огоҳии комил ёбанд. Маҳз замони фаъолияти мутахассиси ҷавон   системаи таъмиру нигоҳубини техникии автомобилҳо ва таъмири узвҳои пайвасти агрегатҳо, аз навсозии  техникии   муасиса ва такмили он, механизатсиякунии  нигоҳубини техникӣ,  лоиҳакунӣ ва сохтани шустушӯи автоматии воситаҳои нақлиети боркашон, мукамалгардонии  ташкили ҳамлу нақли контейнерӣ, мукамалгардонии идоракунии муассиса ва зиёд  намудани миқдори нақлиёт дар муассиса бо тариқи якҷоякуни бо  муассисаи дигари майда ба амал оварда шуд.  Устод  дар ҳоли камолоти корӣ қарор доранд ва маслиҳату раҳнамоиашонро ба кулли кормандон дареғ намедоранд. Ба он кас дар ҷодаи корӣ ва зиндагӣ бурдборӣ таманно дорем.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст, ки таърихи башар исбот менамояд, ки ҷомеа ба нақши созандаи олимон, зиёиён ҳамеша ниёз дошту дорад. Шумо аз зумраи он нафаронед, ки бо навоварӣ,  нуқтасанҷӣ ва борикназарӣ дар рушди соҳаи нақлиёти кишвар саҳми бориз гузоштаед. Маҳз талошу заҳматҳоятон буд, ки як зумра олимони навовару пешоҳанги соҳа таҳти роҳбарии Шумо рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуда, имрӯз дар тарбияи шогирдон саҳм мегиранд.  Зиндагиномаю корномаҳоятон саршор аз ибрату омӯзиш аст. Зеро пас аз хатми яке аз бонуфузтарин даргоҳи илмии даврони Шӯравӣ - факултети автомеханикии Институти роҳи автомобилии шаҳри Москав дар вазифаҳои  муҳандис-механик, муаллими кафедраи нақлиёти автомобилии Институти политехникии шаҳри Душанбе сармуҳандиси пойгоҳи нақлиётии №3, роҳбари озмоишгоҳи илмӣ, директори генералии шуъбаи илмию истеҳсолии трести Автотранстехникаи Вазорати нақлиёт собитқадамона фаъолият бурдед. Маҳз самараи меҳнати софдилона, хизмат ба халқу Ватан буд, ки солҳои 1990 – 1995 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будед ва чун ширкаткунандаи фаъол дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сулҳу ҳамбастагии кишвар нақши модагор гузоштед. 

Собиқ вазири саноат, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинов  Ғаффорхон аз раванди баргузории Иҷлосия ва нақши Бойпочо Фатҳиддинов дар таҳкими дӯстиву рафоқат байни вакилон нақлҳои ҷолиб намуд.

Иҷрокунандаи муовини директори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Абдуқодир Акрамов дар маърӯзаи худ бо номи “Самтҳои асосии фаъолияти илмию педагогии Бойпочо Фатҳиддинов” зикр намуд, ки истеҳсолот ҷавҳари пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад  ва бе истеҳсолоти пешқадам  рушду нумӯи мамлакатро тасаввур кардан амри маҳол аст.  Дар ҳамон давра зарур будани муттахассиси варзида  Бойпочо Раҳимовичро  дар истеҳсолот, истеҳсолоте, ки самти илмӣ дорад, дарк намуда соли 1974 ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамчун директории ташкилоти илмию истеҳсолии маркази ҳисоббарорӣ ба кор ҷалб намуданд.  Соли 1975 бошад,  директории генералии илмию истеҳсолии муассисаи «Автотранстехника» таъин карда шуд.    

Аз номи пайвандон ходими намоёни давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова  зимни суханронӣ аз хислатҳои ҳамидаи соҳибҷашн ёдовар шуда, рӯ ба маънавиёт овардани авлоди бузурги Раҳимовҳоро аз маслиҳату раҳнамоии бародари бузургашон Бойпочо Раҳимович донистанд.

Шогирдону ҳамкорон низ бо суханҳои меҳрборашон соҳибҷашнро табрик намуданд.

Дастагули мусиқӣ ва шеъру таронаҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуд.