Чанде пеш дар толори Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва доираҳои васеъи соҳибкорону ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки солҳои охир дар кишвар рушди сохтмон ва меъморӣ ба тадриҷ инкишоф ёфта, намояндагони ин касб бо тахаюли рангин ва эҷодиёти нав навъҳои гуногуни тарҳи биноҳоро бо махсусиятҳои миллӣ офарида истодаанд. Имрӯз бо шарофати ташаббусҳои созандагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар ба пешвози 30 солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6300 иншооти таъиноташ бунёд шуда истодааст. Дар радиф дар қаламрави вилояти Суғд дар баробари корҳои бунёдӣ, рушди бемайлони соҳаи саноати кишвар ба мушоҳида мерасад, ки фақат давоми 9 моҳи охир маҷмуъи маҳсулоти саноатии вилоят ба беш аз 8, 1 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва ҳунарҳои мардумӣ беш аз 60 ширкат ҳузур доштанд.  

Донишкадаи моро кафедраҳои сохтмон ва дизайн ва меъморӣ бо дастгирии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ба таври шоиста муаррифӣ намуданд. Устодони донишкада Амиртемур Ваҳҳобов,  Фирӯз Юсупов, Ваҳҳобов Исроилхӯҷа бо ҳамроҳии шогирдони донишкада тарҳ ва лоиҳаҳои иншоотҳои гуногунро пешкаши намоишгоҳ намуданд. Намунаи эҷоди онҳо, ки маҳсули заҳматҳои онҳо дар раванди машғулиятҳо маҳсуб меёбад, аз ҷониби коршиносон ва ҳайати меҳмонон баҳои баланд гирифт. Зикр шуд, ки робитаи донишкада бояд бо ширкатҳои сохтмонӣ қавитар гардад, то онҳо тавонанд дар ҳамҷоягӣ тарҳҳои биноҳои замонавиро бунёд созанд.

Дар қисмати ҷамъбасти намоишгоҳ Амиртемур Ваҳҳобов, декани факултети муҳандисӣ- технологӣ барои саҳми шоистаи худу шогирдонаш бо Сипосномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯи кор омад.