Ҷомеаи меҳнатии донишкада бо азму иродаи қавӣ ва бо шодиву фараҳ ба мавсими нави хониш  оғоз намуданд. Чун анъана дар рӯзи аввали корӣ дар толори донишкада ҷаласаи умумии ҷомеаи меҳнатӣ доир гардид. Сарвари донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода устодону кормандони донишкадаро бо фарорасии соли нави хониш ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Номбурда меҳнати аҳлона ва масъулияти баланди устодонро боиси баланд рафтани эътибори донишкада унвон кард. Натиҷаи боло рафтани мақоми донишкада дар он зуҳур меёбад, ки теъдоди донишҷӯёни дохилшуда тариқи Маркази миллии тестӣ нисбат ба соли гузашта афзуда, то санаи 26 август 1106 нафар ҳуҷҷатҳояшонро сабти ном карданд. Дар идомаи мулоқот сарвари донишкада аз корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30- солагии Истиқлоияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, баён дошт, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ корҳои таъмириву тармими дар факултети информатика ва энергетика анҷом ёфта, ҳамчунин бинои кафедраи молия ва қарз низ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Дар идомаи ҷаласа муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов дар бораи рушди стратегии донишкада дар соли хониши 2019 – 2020 ҳарф зада, самтҳои фаъолиятро муайян намуд. Зикр шуд, ки мутобиқ ба нақшаи корӣ бояд фаъолият тарҳрезӣ гардида, ҳар як ихтисос мутобиқ ба самтҳои рушди стратегии донишкада барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан кӯшиш ба харҷ диҳад.

Директори донишкада дар фуроварди чорабинӣ барои устодон ва кормандони донишкада дар идомаи соли нави таҳсил барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно кард.