Дар нахустин ҷаласаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки санаи 27 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ  доир гардид, муовини директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов иштирок намуд.

 Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати  муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷӯразода Ҷамшед  сурат гирифт.  Мавсуф қайд кард, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва илмҷўёнаи Пешвои муаззами миллат ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф Вазорати маориф ва илм Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро таъсис дод.

 

Сипас, ҷаласа тибқи рӯзнома баргузор гардида, дар он 4 масъала:

-интихоби раис, муовинон ва котиби Шуро;

- баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи кори Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои соли 2023;

-баррасии масъалаи “Оид ба ҳолати маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои таҳсилоти касбии зертобеи вазорат дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе”;

-таҷрибаи фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз ҷониби Рамазон Абдуллозода - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки ҷаласаҳои минбаъдаи Шурои мазкур тибқи нақша ба роҳ монда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки қабл аз баргузории ҷаласаи мазкур дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ намоиши дастовардҳои донишҷӯёну устодони донишгоҳ баргузор гардид.