Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишкадаи политехникиии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар толори маҷлисгоҳи донишкада, факултетҳои информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ – иқтисодӣ устодон ва донишҷӯён дастҷамъона гузориши мустақими ҷараёни ошноии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи болидаву ифтихор аз ватану ватандорӣ тамошо карданд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон, устодон ва донишҷӯёнро бо фароррасии соли нави хониш ва Дарси сулҳ табрик намуд. Мавсуф дар идомаи паёми шодбошии худ зикр дошт, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат нисбати мактабу маориф имкон медиҳад, ки сатҳ ва сифати таълим баланд, пояи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ пурқувват гардад. Нишонаи чунин ғамхорӣ он аст, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат ва дастуру ҳидоятҳояшон оғоз мегардад. Ҳоло тантанаҳои асосии Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои муаззами миллат оғоз меёбад. Сарвари давлат дар баробари ошноӣ бо вазъи таълиму тарбия самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои олии кишварро муайяну мушаххас менамояд.  

Паёми шодбошии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз ҷониби  мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и вилоят Равшан Раҳимзода, номаи муборакбодии раиси шаҳр муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода ва табрикоти кумитаи иҷоияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро Уғулой Умаралиева ба самъи ҳозирин расониданд.

Баъдан суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ҷараён дошт,  ҷомеаи донишкада бо диққати том тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.

Зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат аз раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, бархӯрди манфиатҳои сиёсии давлатҳои абарқудрат ҳарф зада, роҳҳои бартарафкунии хурофоту ифротгароӣ, тақвияти дониши сиёсии ҷавонон, дур будан аз гумроҳиву таассубгароиро бо мисолҳои возеҳ фаҳмониданд. Таъкид шуд, ки беҳтарин василаи муаррифии шоистаи миллат ин азхуд кардани донишҳои замонавӣ, рӯ овардан ба асолати миллӣ, сатҳи баланди  забондонӣ ва эҳтиром доштан ба забони модарии худ аст. Дар ин росто Сарвари давлат аз ҷумла, зикр карданд, ки “Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем. Дар оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, бори дигар таъкид менамоям, ки нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард”.

Баъдан директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ҷамъбасти чорабинӣ зикр дошт, ки дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат  ҷиҳати ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи донишҷӯён ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ, таҳкими забономӯзӣ, донистани ду се забони хориҷӣ, хондани асарҳои бадеиро аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи меҳнатӣ арзёбӣ намуда, афзуд, ки лоиҳаи рушди стратегӣ таҳия ва дар солҳои наздик ба амалишавии он ҷомеаи аҳлу тифоқи донишкада кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.