Дар партави фармони раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба вохӯриҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чунин вохӯрӣ дар “Қасри фарҳанг”- и ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Роҳбарони муассиаҳои олии вилояти Суғд бо беш аз 300 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Б.Ғафуров мулоқот намуда, доир ба муассисаи худ маълумот доданд. Аз зумра, намоянда аз ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ, мудири кафедраи “Автомобил ва идоракунии нақлиёт” Алиев Шамшод ширкат варзида, оид ба донишкада маълумоти муфассал дода, муваффақият ва дастовардҳои донишкадаро муаррифӣ намуд. Алиев Шамшод аз шароити таълиму тарбия, пояи моддиву техникии донишкада, дастовардҳо ва робитаҳои донишкада сухан ронда, даъват ба амал овард, ки ҳар яке дар интихоби касб ва муассисаи таҳсилоти олӣ хуб андеша намуда, дар интихоби хеш устувор бошанд. Зимни суханронии худ ҳамчунин зикр намуд, ки “ Мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнати соҳаҳои барномарезӣ ва энергетика, сохтмону нақлиёт, иқтисод ва саноат маҳз дар донишкадаи мо бо дараҷаи баланди касбӣ омода мегарданд. Бояд зикр намуд, ки донишкада дар сатҳи моддиву техникӣ дар кишвар мақоми аввалро соҳиб аст. Таъмин будани ҳар як аудитория бо тахтаҳои электронӣ ва проектор, китобхонаи электронӣ, мавҷудияти синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ, ташкили якчанд лабораторияҳои муосир исботи он аст”.

Намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ба саволҳои хатмкунандагон посухҳои мушаххас гардонда, суҳбати озод намуданд.

Аз ҷониби донишкада нашрияи махсуси донишкадавии “Меҳвари дониш” ба табъ расид, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба донишкада маълумоти зарурӣ ва муфассалро дастрас намуд. Ба ҳар як хатмкунандагони ноҳияи Б.Ғафуров низ нашрия дастрас гардид. Вохӯриҳои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад.