Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти прокуратураи вилояти Суғд вохӯрии сардори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 муҳтарам Ализода Рауфхон бо устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Чорабиниро директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки Паёми 24 – умини Сарвари давлат, ки бо таҳлили амиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷсоли охир бозгӯи онро дорад, ки сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатро сокинони кишвар ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Новобаста аз паёмадҳои бемории сироятӣ, коҳиш ёфтани додугирифти тиҷоратӣ бо хориҷи мамлакат рушди иқтисоди миллии мамлакат дар сатҳи 7, 3 фоиз боқӣ монд, ки ин рақами хушҳолкунанда аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллирад ба 115 миллиард сомонӣ расидан худ далолати пешрафти бесобиқаи кишвар маҳсуб меёбад.  Ҷанбаи дигари дастовард ин даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ расид, ки маҷмӯан ду баробар зиёд аст. 

Дар баромади Ализода Рауфхон зикр шуд, ки имрӯз дар  сиёсати миллии Тоҷикистон зарурияти омӯзиш ва  таҳқиқи масъалаи терроризми иттилоотӣ аз нуқтаи назари таъсири он ба муносибатҳои байналмилалӣ  муҳимияти хосса дорад. Ҳамаи инро ба назар гирифта  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2016 таҳти №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои  солҳои  2016-2020»-ро  қабул намуда, нақшаи чорабиниҳоро  доир ба амалишавии ин стратегия ба ҳама вазорату кумита ва мақомотҳои  дахлдор барои  иҷро  пешниҳод карда буд. Дар Паёми навбатӣ  дарҷ  гардидааст, ки «Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ  ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки риояи интизоми ҳарбӣ, низоми тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, идоракунии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, огоҳсозӣ ва робитаи байниҳамдигариро доир ба вазъи фаврӣ пайваста такмил дода, ба масъалаи ҳифзи амнияти инфрасохтори низомӣ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд».

Таҷрибаи  таърихӣ  нишон медиҳад, ки терроризм  барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои  миллӣ, манфиатҳои ҳаётан  муҳим ягон алоқамандӣ ва ё  умумияте  надорад. Дар бисёр ҳолатҳо террористони  ифротии динӣ ё миллатгаро манфиатҳои  худро ҳимоя карданӣ шуда, андеша ва хоҳиши қисми зиёди мардумро ба инобат намегиранд, вале  худро  чунон вонамуд менамоянд, ки  гӯё барои истиқлолият, озодӣ ва баробарҳуқуқии мардум   мубориза мебурда бошанд.

Мутаассифона, истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар баъзе ҳолатҳо боиси он мегардад, ки роҳҳои воридшавии идеологияи  экстремистиро  ба шуури ҷомеа то дараҷае наздик намуда, бештари  мардум технологияи сиёсиро  носанҷидаву нодида  қабул менамоянд.

Масъалаи асосӣ  ин  боло бардоштани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмии ҷавонон мебошад. Вақти он расидааст, ки ҳар як ҷавон ба ҳодисаҳои ҳаёти худ на аз мавқеи дин ва хурофоти динию асотирӣ, балки аз нуқтаи назари илмӣ, вобаста ба дастовардҳои илм ва донишҳои илмӣ муносибат ва баҳогузорӣ намояд.

Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт.