Бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир. Инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ соли ҳафтум аст, ки бо иқдоми  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад.

Имсол низ ин олимпиада дар сатҳи баланд доир гардида, дар он наздик ба 300 нафар ғолибони даври донишгоҳу донишкадавӣ аз рӯи 13 соҳаи илм (математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ) бо ҳам вориди рақобат шуданд.

Боиси хушнудист, ки донишҷӯёни Донишкадаи полтехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ дар ин олимпиада ширкати фаъолона доштанд. Чунончи донишҷӯён Саидиқбол Сангинов, курси 3, гурӯҳи 40.01.02.ра аз фанни иқтисодиёт, Абдуллоҷон Ахмедов, донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 43.01.03.тв аз фанни физика ба гирифтани мақоми дуюму сеюм мушарраф гардида, донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 70.02.01.тв Шоҳбоз Худойқулов аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷои чорумро ишғол намуд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорон диплом ва Ифтихорномаҳоро дар вазъияти тантанавӣ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ супориданд. Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёз дар намуди дохил шудан ба зинаҳои магистратура ва докторантура PhD дода шуд.

Бояд гуфт, ки сири муваффақияти донишҷӯён ин пеш аз ҳама шароити хуби таҳсил, таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти донишкада бо сарварии Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ва масъулиятпешагии устодоне, ки донишҷӯёнро ба ин озмуни бонуфуз омода кардан мебошад.

Раёсати донишкада ба ҳамаи устодон ва шогирдоне, ки дар ин озмун шарафи донишкадаро ҳифз намуданд,  хосса ба ғолибон ва устодони онҳо Заррина Акрамова, Хуршед Бобоҷонов ва Тайиба Бобоева изҳори миннатдорӣ баён менамоянд.

 

Тибқи нақша-чорабиниҳои МИҲД-и вилояти Суғд оид ба баргузории вохӯриҳои намояндагони МИҲД-и вилоят, сардорони Шӯъба ва Хадамотҳои дастгоҳи Раёсат, сардор ва муовинони Шуъбаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мулоқотҳо дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ низ  баргузор гардида истодааст.  

Санаи 13 марти соли равон дар толори донишкада бо мақсади  баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  26.12.2018, инчунин талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Сардори МИ Раёсат Шомирсаидзода А.,  устодон ва донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт ширкат доштанд. Мулоқоти мазкур доираи мавзӯҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва одоби ҳамидаи инсониро фаро гирифт.

Шомирсаидзода А. доир ба ҷиноят содир кардани ҷавонон, ҳодисаҳои номатлуб аз ҷониби ноболиғон сухан ронда, даъват ба амал овард, ки ҷавонон фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо нагашта, аз пайи илмомӯзӣ гарданд.

Баргузории чунин мулоқотҳои судманд бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ хеле бамаврид буда, баҳри баландбардории дониши ҳуқуқии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард. Тибқи нақша-чорабиниҳои МИҲД-и вилояти Суғд ва донишкада вохӯриҳои мазкур идома доранд.  

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба соҳаи варзиш, баланд бардоштани нерӯи зеҳнӣ ва ҳавасмандкунии онҳо ҳамасола дар миқёси донишкада мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмоти донишкадавӣ баргузор мегардад.

Имсол низ ин мусобиқа бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз ташкил карда шуд. Дар даври аввал, ки байни факултетҳо доир гашт, факултети сохтмон ва нақлиёт соҳиби ҷойи 1, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ ҷойи 2, факултети информатика ва энергетика ҷойи 3 ва факултети муҳандисӣ-технологӣ ҷойи 4-умро ишғол намуданд. Бояд гуфт, ки барои таъмини шаффофият, интихоби ғолиби мутлақ сардоварии мусобиқаро худи сарвари донишкада ба зимма доштанд.

Дар даври дуюм донишҷӯёни 4 факултет байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Тибқи холгузории ҳайати ҳакамон Туйчиев Б, донишҷӯи гуруҳи 1_37.01.07тв бо 10 хол сазовори ҷойи аввал гардид. Зинаҳои баъдиро донишҷӯи курси 1_25.01.04 бо 6 хол ва Намозов Ҷ. аз гуруҳи  1_440101тб бо 4,6 хол касб намуданд. Барои ташкил ва гузаронидани мусобиқа устоди ФСН Бӯриев Қ., деканони факултетҳо Солиев О., Ваҳобов А., Акрамов А., Юсупова Г. саҳмгузор гардиданд.

Ба ғолибон дар вазъи тантанавӣ ифтихорнома ва туҳфаҳо аз ҷониби директори донишкада супорида шуд.

 

Абдуев А., омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ

Зан – модар!  Олиҳаи ҳусн, кони меҳр, сарчашмаи лутфу садоқат ва меҳру муҳаббат, ибтидои ҳаёти инсонӣ ва идомаи ҳаёти баором. Зан – модар монанди офтобу замин танҳо ва ягона, ки ҳамеша нур мепошаду қалбаш пур аз меҳри пок саршор аст. Ба шарофати модар зиндагӣ идома дорад, меҳри модар то абад фарзандро раҳнамоӣ намуда, болу пари тоза мебахшад. Мегӯянд, ки бузургии модар чунон аст, ки ҳатто метавонад бо як даст гаҳвораву бо дигаре дунёро биҷунбонад. Дар аввали баҳор ҷашн гирифтани Иди занон ва модарон басо рамзист. Зеро зан-модар шабеҳи баҳори нозанин аст, ки бо дидораш қалби инсон пур аз фараҳ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоми миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”.

Бахшида ба Иди байналимилалии занон  дар толори донишкада чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар сатҳи баланд баргузор гашт. Сараввал муовини декан оид ба тарбияи факултети сохтмон ва нақлиёт Холиқов Мазбуд дар васфи зан-модар шеърҳо қироат намуда, ҷомеаи бонувони донишкадаро табрик намуд. Сухани табрикотӣ аз ҷониби муовини директор оид ба таълим Мақсудов Хуршед пешкаши ҳозирин гардид. Аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи донишҷӯён, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорномаи директори донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Ба дастаи бонувони волейболбозони донишкада, ки соҳиби Ҷоми КИ ҲХДТ гардиданд, медалҳо ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Суруди “Модар”-и Фараҳманд Каримов ба қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳусни оғоз  бахшид. Навори ҷолиби ҳаҷвӣ, ки аз ҷониби устодон баҳри болидахотирии бонувон омода карда шуд, ба чорибииро боз ҳам хотирмон намуд. Аз номи кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ бо барномаи ҷолиб, ки бо слайдҳо намоиш дода шуд, Левандовский И. бонувонро табрик намуд. Саҳнаи ҳаҷвӣ, ки дар сатҳи баланд намоиш дода шуда, бо маҳорати баланди актёрӣ ва нигоҳи хос пешкаши ҳозирин гардид, то дергоҳ ба хотири ҳозирин нақш баст. Аз ҷониби ҳофизони шинохта Шуҳрати Расул ва Фараҳманд Каримов баҳри болидахотирии устодон сурудҳо сароида шуд.

Бо ҳамин чорабинӣ бахшида ба 8-уми март Иди бонувон анҷом ёфт.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор шуда буд,  ба бунёди Артиши миллии ҶТ асос гузошт. 26 сол муқаддам  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси Артиши Милли кишвар дар сиёсати Тоҷикистон дигаргуниро ворид сохт. Саҳм ва хизмати  Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хосатан дар солҳои вазнини 1993-1997 басо назаррас аст. Бахшида ба ин ҷашни давлатӣ -  26-солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори ДПДТТ чорабинии фарҳангӣ доир гашт. Чорабиниро устоди донишкада Файзиева Ш. бо шеъри тараннуми Ватан кушода гуфта эълон кард. Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ  Саидӣ Дилафрӯз ҳозиринро бо Иди Артиши Миллӣ табрик намуда, ба онҳо бурдборию комёбиҳоро таманно намуд. Аз зумра, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Артиши миллӣ яке аз сохторҳои асосии амнияти кишвар мебошад. Давоми даврони  истиқлолият Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам гардида, имрӯз қувваи бузурги ҳифзи кишварро ташкил медиҳад. Маҳз абармардони шуҷоъву далер ва хизмати шарафмандонаи онҳост, ки имрӯз амнияти мамлакат пурра таъмин гардида, ба сохтори пурқудрат мубаддал гаштааст.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ибодуллозода А. сардори Раёсати илм ва инноватсияи ВМИҶТ, Зокиров А. сардори Раёсати идоракунии сифати таҳсилоти ДМТ ва  Мирзозода Н.  ҷомеаи мардони донишкадаро аз номи Вазорати маориф ва илм табрику таҳниятҳо намуданд. Барои фаъолияти пурсамар,  саҳми бузург дар таълиму тарбияи ҷавонон, дастовардҳои назаррас аз ҷониби Раёсати донишкада ба устодон Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ – либос бо рамзи донишкада супорида шуд. Қайд карда шуд, ки дар се моҳи охир 6 нафар устодони донишкада рисолаи номзадии худро ҳимоя карданд, ки аз онҳо 2 нафар соҳибони унвони докторӣ мебошанд. Ба Аминҷонова М., Қосимов А., Тошхӯҷаева С., Соҳибназаров М. барои унвони номзади илмӣ ва  Ғаниев И., Ӯрунова  барои ҳимояи рисолаи докторӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Қисмати дуввум барномаи фарҳангиро фаро гирифт. Бонувони донишкада баҳри табрики муҳофизони Ватан бо шеъру сурудҳо, наворҳои ҷолиби видеоӣ, рақсу саҳнаҳо, ки худ омода намуданд, ҳунарнамоӣ карданд. Барномаи фарҳангӣ дар сатҳи хеле баланд гузаронида шуда, писанди ҳамагон гардид. Чорабинӣ бо рақсу суруд ҳусни анҷом ёфт.   

Санаи 5 марти соли равон дар толори донишкада  китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” ба доираи васеи устодону донишҷӯён муаррифӣ гардид.  Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Зариф Довудов  ифтитоҳ намуд. Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои филологӣ Бобоева Таиба оид ба мазмуну муҳтавои китоб маълумоти муфассал дод.  Мавсуф зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар китоби арзишманд - “Уфуқҳои Истиқлол” оид ба тамоми дастовардҳои даврони Истиқлолият, бурду бохт ва комёбиҳо, марҳилаи эҳё ва азнавбарқарорсозии давлати тоҷикон, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ сухан меравад. Бобоева Т. панҷ боби китоби тозанашрро ба ҳозирин баён намуд. 5 бобҳои “Уфуқҳои Истиқлол” – “Истиқлолияти давлатӣ-марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон”, “Рушди иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он”, “Сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он”, “Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати дохилии давлат”, “Манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ: мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир” мебошанд, ки ҳар яке масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандонаро фарогир ҳастанд. Ҳамчунин, дар китоб омадааст: “Муҳимтарин дастоварду комёбие, ки мо дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон касб намудем, аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Мо ин нуктаро борҳо ёдрас кардаем, вале ин ҷо бори дигар таъкид месозем, ки бе ягон шакку шубҳа, наҷоти давлатдории миллӣ масъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо ба шумор меравад”.

Мудири шуъбаи кор бо сомона ва ВАО, нашрияи “Меҳвари дониш” Абдуваҳҳобов Абдусабур низ дар бораи пешрафти соҳаи маориф, рушди иқтисодӣ, сулҳу оромии кишвар суханронӣ намуд. Зимни баромади хеш зикр кард, ки китоб барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

“Уфуқҳои Истиқлол” дарвоқеъ арзишмандтарин роҳнамо барои ҳифзи сулҳу оромии фазои кишвар, муқаддас доштани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ буда, барои тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мусоидате бузурге хоҳад намуд.   

Бахшида ба 26-умин солгарди Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир гардид. Конференсия дар ҳамкории  кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ бо гурӯҳҳои 1_69.01.01тб, 3_70.02.01тб, 3_44.01.01тб, 3_37.07.01тб, 3_40.01.02та доир гардид. Ҳамчунин, сардори шуъбаи таълим Бобокалонов Ф.,  муовини директор оид ба илм ва инноватсия  Ахмедов У.Х,  мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Т, устодон Ғозиева М., Норов И. ширкат доштанд.

Ахмедов У.Х конференсияро оғоз намуда, табрикоти Раёсати донишкадаро ба ҳамагон расонд. Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Т.  доири аз қадим пайдо шудани сипоҳу аслиҳа ва сипоҳсолорону лашкариёни тоҷик нақл кард. Зимни баромади хеш зикр намуд, ки тоҷикон аз қадимулайём ба сипоҳиён эҳтироми хоса доштанд. Лашкаркашони номдори тоҷик ҳамеша дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан кӯшиш ба харқ дода, ҳаргиз манфиати халқи дигарро халалдор накардаанд. Дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Ғозиева М. бо маъруза таҳти унвони "Истиқлолият ва Артиши миллӣ" баромад намуд. Зимни маърузааш аз таърихи ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷумҳурӣ сухан ронд. Қайд карда шуд, ки дар таъсисёбии Артиши Миллӣ саҳми СММ, САҲА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон назаррас аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз соҳиби яроқу аслиҳаҳои замонавӣ, машқгоҳу озмоишгоҳҳои ҳарбӣ мебошад. Навори видеоӣ аз фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Аз ҷониби устодон қайд карда шуд, ки хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин шаъну шарафи ҳар як ҷавони барӯманд аст. 

Конференсияи мазкур тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавононро баланд бардошта, дар дили онҳо меҳри хизмат ба Ватанро дучанд намуд.

 Бахшида ба Рӯзи Модар санаҳои 01.03.2019-04.03.2019 барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  вилояти Суғд мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Мусобиқаи волейбол дар ду давр, байни 8 дастаи бонувон - омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ ва коллеҷҳои вилоят гузаронида шуд.

Бонувон-омӯзгорони фаъоли донишкада, ки маҳорати баланди варзишӣ ва бозии волейболро доранд, иштирокчии бевоситаи мусобиқаи мазкур гардиданд. Иштирокчиёни фаъол, ки бо маҳорати хоси касбӣ дастаро ба пеш бурданд, омӯзгорон Ашӯрова Ш., Усмонова М., Фозилова М., Дӯстматова Н., Комилова Д., Ғуломнабиева С. мебошанд. Омӯзгорони дигар – Шониязова Д.,  Рустамова Ш., Асимова М., Темурова М. низ барои ба даст овардани ғалаба саҳми худро гузоштанд. Даври аввал бо ғалабаи ДПДТТ бар Коллеҷи тиббии Б.Ғафуров ва ғалабаи ДИС ДТТТ бар ДПДТТ анҷом ёфт. Аз рӯи натиҷаи бозӣ ба даври нимниҳоӣ 4 даста роҳхат гирифт.  Дар даври ниҳоӣ ДПДТТ бо ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва Коллеҷи тиббии Хуҷанд бо Коллеҷи тибии Б.Ғафуров қувваозмоӣ намуданд. Ҳамин тавр, ҷойи аввал насиби Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуввум насиби Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров гардид. Дастаи бонувони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мақоми сеюмро касб кард. Мусобиқа дар  толори “Ҷашнӣ” –и шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардид. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва медалҳои дараҷавӣ аз ҷониби Раиси КИҲХДТ Сатториён М.А. супорида шуд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи аҳли ҷомеаи меҳнатӣ иштирокчиёни мусобиқа – бонувони азизро бо ғолибият  табрик намуда, орзуманди сарбаландиву комёбии шумоёнем!

Бахшида ба Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ  бо қарори раиси вилояти Суғд дар қаламрави вилоят  таҳти унвони “Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост!” чорабиниҳо баргузор гардид.Ба ин муносибат дар шаҳри Гулистон низ таҳти чунин унвон хонишҳои сиёсӣ барпо шуд. Чорабинии мазкур бо ҳамкории Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон, таҳти роҳбарии мудири шуъба Мадализода Илҳом Раҳим ва мутахассиси пешбари шуъба Ҷӯраева Мафтунахон баргузор гардид. Хониши сиёсӣ дар 43 муассисаҳои шаҳраку ҷамоатҳои Сирдарё, Адрасмон, Консой, Зарнисор, Исфисор доир гардид. Дар хониши сиёсии Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон, маркази саломатӣ, МТМУ №1, шаҳраки Сирдарё бо маводи ташвиқотӣ  Абдуманнон Одинаев, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров,  Хуршед Назаров, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндаи ДПДТТХ ба номи академик М.Осимӣ Қодирова Х. ширкат варзида, баромадҳо намуданд.

Баъди гузаронидани хониши сиёсӣ дар “Кохи Истиқлол”-и шаҳри Гулистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барпо гашт, ки табъи ҳамагонро болида намуд. Сухани табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби намояндаи МИҲД-и вилоят Маҳмадӣ Давлатов ба самъи ҳозирин расонида шуд. Баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Шарифзода Фирдавс ҳарбиёнро бо Иди Артиши миллӣ табрик намуд. Ба кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, кормандони ШВКД, собиқадорони меҳнати Вазорати мудофиа барои фаъолияти пурсамар ва хизмати шоиста сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Чорабинии идона, ки аз ҷониби Бахши фарҳанги шаҳр ташкил карда шуд, дар сатҳи баланд доир гардид. Сарояндагону ҳунармандони машҳури вилоят бо сурудҳои саршори ватандӯстиву худшиносӣ руҳияи ҳамагонро баланд бардоштанд.  Рӯзи ахбори омма дар шаҳри Гулистон дар сатҳи баланд гузаронида шуда, хотима ёфт.

 

Бо иқдоми  директори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  Саидӣ Дилафрӯз Раббизода санаи 26 феврали соли ҷорӣ мулоқоти озоду шаффоф бо хатмкунандагон ва волонтёрони рӯзҳои ташвиқотию тарғиботӣ доир гардид.

Аввалан директори донишкада довталабонро хайрамақдам намуда, оид ба ихтисосҳои омодамекардаи   донишкада маълумот дод. Номбурда аз вусъати робитаҳои хориҷӣ, имкониятҳо, бо кор таъминшавии ҳар як ихтисосҳо, таҳсилоти фосилавӣ ва дастовардҳо ба хатмкунандагон иттилоъ дод. Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки донишкада яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳсуб ёфта, муҳандисони баландтаҷрибаи соҳаҳои энергетика, сохтмон, иқтисодӣ, барномарезӣ, агротехнологиро омода месозад. Зикр шуд, ки яке аз бартарӣ ва хусусияти фарқкунандаи донишкада ин гузаронидани дарсҳо ба таври сиклӣ ва Системаи иттилоотии идоракунии донишкада мебошад, ки дар қаламрави кишвар ягона мебошад. Чунин тарзи дарсазхудкунӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯ комилан фанро омӯхта, соҳиби малакаи зарурӣ гардад. Системаи иттилоотии идоракунии донишкада раванди фаъолияти устоду донишҷӯро осон гардонида, имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Донишкада аз соли 2008 то инҷониб робита ва ҳамкории худро бо давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба роҳ монда, то имрӯз садҳо нафар донишҷӯёну устодон ба давлатҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар гаштаанд. Маврид ба  зикр аст, ки дар донишкада коррупсия ва омилҳои ба он монанд тамоман дида намешавад, ки яке аз бартариҳои беҳтарини донишкада аст. 157 синфхонаи донишкада бо проектор таъмин буда, беш аз 2400 компютерро дорост. 27 лабораторияҳои замонавӣ барои дониши мукаммал гирифтани донишҷӯён мусоидат менамояд. Донишкада дорои стансияи таъмири автомобилӣ, стендҳои лаборатории барқӣ, паркҳои технологӣ мебошад. Давоми 6 сол инҷониб дар донишкада таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад, ки барои донишҷӯёни имконияти таҳсил дар шуъбаи рӯзона  надошта мусоидат менамояд. Сарвари донишкада хатмкунандагонро бо шароити хобгоҳ низ шинос намуд.

Зикр гардид, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дарҳои кушод дар донишкада эълон гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд аз раванди таълим, фаъолияти шуъбаҳо ва умуман донишкада аз наздик ошноӣ пайдо намоянд.

Дар вохӯрӣ хатмкунандагони литсейи ДПДТТХ, МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд, МТМУ№20-и ҷамоати Ғозиён, МТМУ№33, МТМУ№10 -и ҷамоати деҳоти Ёва, хатмкунандагони Коллеҷи техникии Зафаробод ва фаъолони ҳаракати волонтёрии донишкада ширкат доштанд.

Баъди муаррифии донишкада ва шиносоӣ бо ихтисосҳои он саволу ҷавоби довталабон бо роҳбарияти донишкада оғоз ёфт. Довталабон озодона саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд. Баъди анҷоми мулоқот довталабон аз лабораторияҳо, аудиторияҳои дарсӣ, майдончаи варзишӣ, стансияи автомобилӣ дидан намуданд. Онҳоро устодони донишкада, муовини директор оид ба тарбия Довудов Г., сардори шуъбаи таълим Бобокалонов Ф., сардори шуъбаи  курсҳои кӯтоҳмуддат Зикриёходжаева Ф., муовини декан оид ба тарбияи факултети информатика ва энергетика Аминҷонова М. роҳнамоӣ намуданд.

Чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома мекунанд.

 

Бо мақсади аз наздик шинос намудани хатмкунандагон бо шарту шароити таълиму тарбия дар  ДПДТТ санаҳои 18-19-уми феврали соли 2019 рӯзҳои ташвиқотию тарғиботӣ эълон гардидааст. Устодону донишҷӯёни донишкада бо хатмкунандагони мактабҳои вилояти Суғд вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои МИҲД ва  қарори Раиси вилояти Суғд оид ба вохӯрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят санаи 19-уми феврали соли равон мулоқоти навбатӣ дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар мулоқот беш аз 400 нафар хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Вохӯриро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, бо шароитҳои таҳсил ҳозиринро шинос намуд. Баъдан ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода оид ба таҳсил дар донишгоҳ ва имкониятҳо баромад намуд. Сухани навбатӣ ба ректори ДКМТ Фозилзода Мухтор дода шуд, ки ӯ низ ҳамагонро бо шароитҳои донишгоҳ шинос намуд.

Зимни суханронии хеш директори ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зикр намуд, ки донишкада дорои тамоми имконият ва шароит барои донишандӯзӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки робитаи хориҷии донишкада сол то сол вусъат ёфта истодааст. Саидӣ Дилафрӯз аз  шароити хобгоҳ, лабораторияҳои замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, раванди таълим ба ҳозирин иттилоъ дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки 50 нафар  донишҷӯёни дар риштаи муҳандисӣ - технологӣ таҳсилдошта ба Олмон сафар намуда, дар самти технологияи маҳсулоти хӯрока, коркарди маҳсулот кишоварзӣ дар ин давлати мутараққӣ  фаъолият бурданд.  Донишкада бо 200 муассисаҳои олии  хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас дастёб шудааст. Маҳз вусъати ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки баҳри баландбардории сатҳи дониш ва ивази таҷриба устодони донишгоҳҳои Латвия, Литва, Полша ва ғайраҳо ба донишҷӯёни ДПДТТ дарс гуфтаанд. Вохӯрӣ бо суханронии директори ДИС ДТТ Олимӣ Рауф хотима ёфт, ки номбурда низ хатмкунандагонро бо вазъи таълим шинос кард.

Хатмкунандагон ба саволҳои худ, ки вобаста ба раванди таълим дар муассисаҳои олӣ мебошад, ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд аз ин вохӯрӣ бо шароитҳои донишгоҳу донишкадаҳо маълумот пайдо намуданд. Боварӣ дорем, ки ҳар яке дар интихоби муассисаи олӣ ва касб устувор буда, ояндаи худ ва Ватанро обод мекунад.