Бахшида ба Рӯзи соҳибқирони шоирон устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки донишҷӯён  ва устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Доншгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ ва шеъри оламгири форсӣ» доиир гардид. 

Конфронсро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Таибахон Бобоева ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дош, ки “Ашъори безаволи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки наздик ҳазору дусад сол инҷониб дар хизмати мардуми олам аст, дар маҷмўъ хазинаи гаронмояи адабиёти умумибашарӣ мебошад. Шеъри Рўдакӣ барои тамоми наслҳои баъдина василаест, ки нигоҳ, ақидаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фалсафии замонро аз дидгоҳи ғайримуқаррарӣ ифода мекунад. Хулосаи нигоҳи муҳаққиқон он аст, ки решаи шеъри Рўдакӣ то замонҳои қабл аз ислом, то Авасто рафта мерасад, ки ин аз ҷаҳонбинӣ ва афкору пиндори фарохи шоир шаҳодат медиҳад. Бузургтарин ҳунари Рўдакӣ он аст, ки бо эҷоди анвои гуногуни адабӣ қудрату ғановатмандии забони тоҷикиро вусъат бахшидааст. Забони шеъри ў зебову ғанӣ ва чун бақои забони модарии мо ҷовидонист. 

Сипас бобати зиндагиномаи ва фаъолияти устод Рӯдакӣ аз ҷониби устоди кафедра Шафоатхон Файзиева маърӯзаи ниҳоят пурмӯҳтаво пешниҳоди иштирокдорон гардид. 

Суруди Аврангзеби Мирзошариф аз рӯйи ғазалиёти шоир ва қироати шеърҳо аз ҷониби ғолибон хотири аҳли иштирокдоронро болида сохт.  

Ҷоиз ба зикр аст, тайи чанд рӯзе, ки миёни донишҷӯён озмун аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин хонандаи ашъори Рӯдакӣ», «Беҳтарин иншо дар мавзӯъи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ» ва «Беҳтарин сарояндаи ашъори Рӯдакӣ » гузаронида шуда буд ва дар конфронси мазкур ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тавр: Алишер Ҷӯраев, Мӯҳсинҷон Ҷӯраев, Аврангзеби Мирзошариф, Таҳмина Мирсаидова ва Фарҳод Раҳмонзода аз рӯйи номинтасияҳои номбурда ғолиб дониста шуданд. 

Дар бинои факулети муҳандисӣ – технологии Донишкадаи политехникии Донишкадаи техникии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни болаёқати факултет

кастинг-озмун барои дарёфти чеҳраҳои нави чорабинии «Рӯзи донишҷӯ» баргузор гардид.

Озмун аз руйи шартҳои ровигӣ,шеьрхонӣ, сурудхонӣ ва ракс сурат гирифта,дар озмун зиёда аз 20 нафар донишҷӯён ширкат варзида, маҳорати худро нишон доданд. Бояд қайд кард, ки кастинг бо иштироки роҳбарияти факултет гузаронида шуд.

Ташкили чунин кастинг-озмунҳо дар дигар факултетҳои донишкада идома дорад.

Интизор меравад, ки дар Донишкадаи политехники Донишкадаи техники Тоҷикистон аввалҳои моҳи октябр чорабинии пуршукуҳи «Рӯзи донишҷӯ» баргузор хоҳад шуд.

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бомаром пеш меравад. Бо иқдоми раёсати донишкада чорабиниҳои ободонию созандагиҳоро дар ҳамаи бинои марбут ба донишкада вусъат ёфтаанд.Ин буд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Давлату Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарияти донишкада факултетҳои информатика ва энергетика, бинои факултетти муҳандисӣ – иқтисодӣ ва пештоқи бинои маъмурияти донишкадаро аз таъмири куллӣ бароварда шуда истодаанд.

Сохта ба истифода додани озмоишгоҳи замонавӣ бо тамоми шароити мусоид барои корҳои лаборатории донишҷӯён, бунёди майдончаҳои варзишӣ, сехи нонпазӣ ва ба даст овардани якчанд патенту шаҳодатномаҳои ихтироотӣ худ исботи гуфтаҳои болоӣ буда, самараи Истиқлолияти давлатии

Тоҷикистон аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар донишкада ҳамасола корҳои ободониву бунёдкорӣ, кабудизоркунӣ ва тармиму таҷдиди бинои факултетҳои донишкада идома дошт ва бахшида ба ин санаи таърихии миллат, омодагиҳои ҷиддӣ рафта истодааст.

Муҳтарам хатмкунандагони соли 2017, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳ техникии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои педагогӣ ва технологияи компютерӣ хатм намудаед!

Вазорати маориф ва илм Шуморо барои иштирок дар пурсиши хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамояд.         

Мақсади ин тадқиқот ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунадагони муассисаҳои  таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.

Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин таҳқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кӯмак хоҳад кард.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки то санаи 15 октябри соли ҷорӣ ба  саҳифаи интернетии http://gts-center.tj/question/ ворид шуда,  пурсишномаро пур кунед. Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

Телефон: 488884042

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Қаблан ба Шумо барои ҷудо намудани вақт ва саҳми арзанда барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем.

Тибқи нақша-чорабиниҳои бахши тарбиявии раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар толори факултети муҳандисӣ-иқтисодии донишкада ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои тундгарою

ифротӣ, истеъмоли маводи нашъадор ташкил ва ғайраҳо мизи мудаввар таҳти унвони «Муқовимат бар зидди зуҳуроти номатлуби аср- терроризму экстремизм» ташкил ва гузаронида шуд.

Декани факултет Мирзоҳамид Бакаев дар ин нишаст маъруза намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистони ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳои мамнуъ ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсии тафриқаандоз бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, аз мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва хаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш месозанд. ҲНИ ҳамчун ТЭТ эътироф гардида, фаъолияташ мисоли гуфтаҳои болоист. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диккати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарият ва тамоми намояндагоне, ки аъзои ин ҳизб буданд, бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон, аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.

Устодон Ф. Ахмедов ва А. Раупов низ дар ҷараёни мизи мудаввар баромад намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки шукрона бояд кард ба ин даврони соҳибдавлатию соҳибмулкӣ, ки сулҳ ба мо мардуми шарафманди тоҷик саодат додаааст. Миллатамонро нусрату файз бахшидааст. Ва он ҳама расвоӣ ва беобрӯӣ ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст ва аз касолату касофатзадагии тарроҳону дастандаркорони он ҷанги хонамонсӯз, ки садҳо ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир сохт дар таърих монд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин нишастҳо дар ҳамаи факултетҳои донишкада ба роҳ монда шудаанд, то ин ки ҷавонон фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро нашуда, дар оянда баҳри ободӣ ва шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузорӣ намоянд.

Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар, таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии кишварамон корҳои зебову хуррамгардонӣ бо ташкили шанбегиҳо ба роҳ монда шудааст.

 Албатта барои дар амал татбиқ намудани дастурҳои сарвари давлат МИҲД-и вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва бахусус дар ин раванд саҳми ҲХДТ дар миқёси вилоят басо назаррас буда, дар ин самт таваҷҷӯи махсусро равона карда шудааст.

Субҳи 26.09.2019 бо иштироки васеъи фаъолҷавонони ҷамъият ва бо пешниҳоди аксия барои ободонии вилоят аз ҷониби ҲХДТ дар назди муассисаи фароғатию – истироҳатии Наврӯзгоҳ шанбеги эълон гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар чорабинии мазкур донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бениҳоят фаъолона ширкат намуда, ҳиссаи арзандаи худро дар ободонӣ ва тозаву назаррабо намудани диёри азизамон гузоштанд. Бояд гуфт, ки ширкати донишҷӯёни донишкада дар чунин маъракаҳои ободонӣ бениҳоят фаъол буда, эшон бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ иштирок менамоянд.

 

Устодони гиромӣ, шогирдони азиз! 

Бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ва фараҳмандии беандоза, Шуморо ба муносибати фаро расидани яке аз ҷашнҳои муқаддасу миллии кишварамон 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегуям. 

Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят ҳам пурарзиш аст, ки миллати тоҷикро соҳиб ба сарнавишту тақдири ояндаи хеш намуд ва ҷомеаи моро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати демократӣ шинохта гардонд.  

Истиқлолият рамзи давлатдории миллии тоҷикон буда, он решаи қадимаву устувори маънавӣ дорад. Ва бо гузашти ҳазорсолаҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун давлати суҳибтамаддун дар харитаи сиёсии ҷаҳон, давлати миллие бо номи мубораки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Албатта миллати тоҷик аз азал ватандӯсту меҳанпараст ва худшинос буд, ки Сулҳу Ваҳдат ва озодиро ҳамеша эътироф мекард.  

Ҳодисаву воқеаҳое, ки солҳои наваддуми асри гузашта дар кишвар рух дод ҳар як шаҳрванди худогоҳу масъулиятшиносро бори дигар водор сохт, ки нисбат ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, пойдор ва ба даст овардани суботи ҷомеа бештар масъулият ҳис намоем.  

Бешубҳа, самараи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳам овардани ин дастоварди бузург, яъне Истиқлоияти  давлатӣ дар масири давлатдории навини тоҷикон басо назаррас аст.  

Дар ҳақиқат Истиқлолият волотарин дастоварди миллати мост, ки зиндагонии мардуми тоҷикро нур бахшидаву саодату нусрат додааст. Ояндаи миллатро дурахшону пояҳои давлати тоҷиконро устувор гардонидааст. Дар дилу дидаҳои мардуми саодатманди кишварамон шӯълаи уммед пошида, умри миллатамонро бақо бахшидааст. 

Шинохти Истиқлолият ин рамзи ҳуввияти миллӣ ва ватандории мардуми шарафманд ва сарфарози миллати тоҷик аст, ки ин дастоварди таърихӣ тақдири ояндаи мардуми тоҷик набзи сайёра ҳамсадо месозад.  

Ҳамин рамзи давлатдории миллии тоҷикон ва Истиқлолияти давлатӣ буд, ки имрӯз аллакай миллати тоҷик мақому манзалати худро дар арсаи ҷаҳони муосир ҳамчун миллати тамаддунофар касб намудааст. 

Дар ҳама давру замон шинохти ҳар қавму миллат ва аслу наҷоди халқҳоро аз фарҳангу тамаддунаш мешинохтанду эътироф менамуданд. Ва яке аз арзишҳое, ки Истиқлолияти давлатӣ онро ба мо поянда кард ин фарҳанги ниёкон ва суннатҳову арзишҳои милламон мебошад.  

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатиамон мо дар тӯли 28 сол ба арзишҳои ниҳоят муқаддасе шарафёб гадидаем, исботи ин гуфтаҳо дар он аст, ки сохта ба истифода додани иншооти азими аср, Нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад ва хурсандиовар он аст, ки агрегати дуюми он маҳз дар тантанаи ҷашнгирии соҳибистиқлолии Ватани азизамон рост омад. Ва дар ҳамин раванд дар даврони мустақилияти кишвар, миллати тоҷик дар рушди тамоми соҳаҳо муваффақу комгор гардид.  

Аслан Истиқлолият ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон ва рукни ба ҷаҳонӣ мутамаддин пайвастани кишвари азизамон Тоҷикистон аст. Ҳамин рисолати таърихии миллатамон буд, ки имрӯз кишвари моро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар тамоми олам эҳтирому эътироф мекунанд. 

Мо, сарфароз аз онем, ки давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маориф ва дастгирии ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва барои фаро гирифтани эшон ба таълиму тадрис ҳамаи шароитҳоро муҳайё месозад.  

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи тақвият бахшидани базаи моддиву техникӣ, рӯз то рӯз рӯ ба беҳбуди ниҳодани мактабҳои олӣ шароит фароҳам меоварад, то ҷавонон майл ба омӯхтани касбу ҳунар гарданд. Ин ҳама ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон аст ва беҳуда нест, ки онҳоро ҳамчун оядаи дурахшони миллат ном мебаранд. Ва маҳз дар пайравии Пешвои миллат, раёсати Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон талош менамояд, то барои донишҷӯён шароити мусоиди таълимро фароҳам оварда бошад. Исботи ҳамин гуфтаҳо буд, ки роҳбарияти донишкада иқдом гирифт, ки дар давоми таътили тобистона  бинои факултети Информатика ва энергетикаро пурра аз таъмир бароварда ба соли нави хониши 2019-2020 омода созад. 

Мо бояд аз чунин дастовардҳои миллатамон ифтихор кунем ва барои устувории пояҳои давлатдориамон дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намоем, ки Ватани худро соҳибу содиқ бошем.  

Итминони комил дорам, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада бо ифтихорманди ва истиқбол аз чунин як ҷашни муқаддасу миллӣ кӯшиш менамоянд, ки бо азму ирода қавӣ софдилона ба халқу Ватани хеш хизмат намоянд. 

Бори дигар ба кулли Шумо устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ ин санаи фархундаву рамзиро муборакбод мегӯям. 

Пояндаву ҷовидон бод Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати миллӣ!