Ҷаҳони имрӯзаро ифротгаройиву тундравӣ фаро гирифта истодааст. Мутаассифона, ангезаи ин падидаи номатлубро ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд, ки комилан хато аст. Аммо ба ном «исломгароён» дар қабои дини мубини ислом дар гӯшаю канори олам ба акту террор даст мезананд. Ин амали онҳо миёни мардум тарсу ваҳмро ҷо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё лаҳзае нест, ки мо аз тарконида шудани мошине ё ҳамлаи ҷангиёни бо номи муҳофизи ислом хабардор нашавем. Дар ҷаҳон муборизаи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ назири мухолифони давлатҳои Афғонистон (ал Қоида, Толибон) Сурия (мухолифони тундраваш), ҳукумати Туркия (курдҳо) табдилшуда ба ҳаракатҳои тундгароӣ, ки дар пай террор ва даҳшатафканиҳоро ба дунбол доштаанд. Як гурӯҳи ҷангҷӯи ба ном «исломӣ» дар Сурия бо номи Ироқу Шом таи чанд соли охир бо мақсади бунёди хилофат ва ташкили ҷаҳони ислом  ҷони ҳазорон ҳазоронро рабуданд.

Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Чархи гардун» дар бораи терроризм ва экстеремизм маводе нашр гардида буд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «…бо таваҷҷӯҳ ба ҷараёнҳои тунгароӣ шоҳ Абуллоҳи 2 Бини Ал Ҳусейн соли 2004 пешниҳод карда буд, ки идеяи мусалмон-террорист ё мусалмонон паҳнкунандаи террор бояд дар ҷамъият роҳ наёбад. Дар ин маврид Абдуллоҳи 2 таъкид доштааст, ки ҳар гуна куштори дастаҷамъона ё барқасдона бо номи ҳимоят аз ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Вай ин ин гуна рафторро маҳкум карда, гуфтааст, ки ислом ниёз ба ҳимояти мардуми террорист надорад. Раҳбарони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Покистон низ ба шиддат аз нафарони тундгаро ва даҳшатафкан интиқод намудаанд».

 Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон аз ҷумла дар як хитобааш ба Шӯрои амнияти СММ гуфта буд, ки мусалмонон набояд бо ин гуна ҳимоят аз ислом (террор) номи мусалмон ва ҷомеаи мусалмониро доғдор намоянд. Албатта, дар ҷомеае, ки он ҷо фарҳанги мардуми мусалмон дар сатҳи лозим нест, талоши гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадашон зиёд мешавад.»  Вале ба ҳар сурат набояд чунин пиндошт мубориза бо ин гурӯҳҳо танҳо хоси мақомоти қудратӣ ва мансабдорони давлатист. Хатари тундгароӣ бозгӯйи он аст, ки ҳеҷ сарҳад ва пулиси сахтгири ҷаҳон наметавонад, дар баробари он ба танҳои истодагарӣ намояд. Имрӯз тасавуроти маҳдуди ҷавонон дар бораи тунгаройӣ ва наворҳои  сомонаҳои интернетӣ мафкураи ин қишри ҷомеаро тамоман дигар кардааст. Имрӯз тавоноӣ дар доштани яроқу аслиҳа нест, балки бузургтарин нерӯ ва қувва ин пур кардани фазои холии иттилоотӣ мебошад. Маҳз чунин шева ё бархӯд дар ҷомеа ба сар задании ҷангҳои ақидавӣ оварда мерасонад, ки гурӯҳҳои тунгароӣ ба осонӣ аз он ба манифати худашон истифода мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш «Масъулият барои фардои миллат» таъкид медорад, ки «баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Ба чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва ифродгаройӣ мегарданд, пурра нест карда наметавонад».

 Собиқ президенти Русия Д.Медведев (ҳоло сарвазир) дар ҳамоише аз донишмандони Чеченистон даъват кард, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои даҳшатафканӣ пешгирӣ намоянд. Президенти он вақтаи Русия Д. Медведев ба мақомот тавсия дод, ки барои фаҳмонидани хатарҳои тундгароӣ ва даҳшатафканӣ дар мактабу донишкада ва муссисоти дигар бо ширкати уламои шинохта семинарҳо баргузор намоянд. Ин пешниҳоди Д. Медведев дар кадом сатҳ амалӣ гашт, ба мо рӯшан нест. Аммо аз чунин як бархӯрд бармеояд, ки мубориза бо тундгароӣ проблемаи тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Имрӯз дар Осиёи марказӣ ҳарчанд, ки мубориза бо гурӯҳҳои тунгаро амсоли ҲИУ ва Ҳизбу таҳрир зиёд шуда, аммо амалҳои пинҳонкоронаи онҳо низ кам нагардидааст. Ҳаракатҳои тунгароӣ мазкур дар тамоми Осиёи марказӣ таъсири бевосита дошта, бо амалҳои тахрибкоронаашон мардумро ба ваҳшат меафкананд. Дар ҷомеаи ҷаҳон роҳҳо ё василаи мубориза бар зидди тунгароӣ ва ифродгароиро меҷӯянд. Ҳар кишваре дар ин мубориза консепсияи хоси худро дорад.

Дар тамоми ҷаҳон имрӯз ҳаракатҳое ба монанди «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра амал мекунанд, ки бо шаклу шеваи хоси муқовимату мубориза давлатҳои худро ором намегузоранд. Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро муламонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст дасТ кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон ба монанди ҲНИ нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

А. Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мо - зиёиён дар назди насли имрўзу фардо вазифадорем, ки Истиқлолияти давлатии худро ҳимоя намуда, баҳри боз ҳам шукуфоии кишвар, осудагии халқу миллати тамаддунофари тоҷик саҳмгузор бошем.

Онҳое, ки имрўз бо номи ислом ба корҳои ношоиста ва кирдорҳои номатлуби хилофи аркони динию мусалмонӣ даст мезананд,  кўшиш намуданд, ки обрў ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ паст зананд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми воситаҳоро истифода намуданд. Рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонии ашхоси шомил ба гурўҳҳои ифротгаро, ки боиси халалдор гардидани амнияти миллату давлати соҳибистиқлоли мо мегардид, махсусан, тахрибкорию қатли инсонҳои бегуноҳ, истифодаи дину мазҳаббаҳрирасидан ба ҳадафҳои нопоки ифротгароию террористӣ, ба иззату шаъни инсонӣ созгор нест. Онҳое бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки шахсии худ ба чунин аъмоли тахрибкорӣ, кушторҳои ваҳшиёна, ҷанги бародаркуш даст заданд, ки ҳадду андозаи инсонигариро намедонанд, лоиқи номи инсонӣ нестанд. Имрўз, ки ҳадафҳои нопоки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба аҳли ҷомеа тамоман равшану ошкор шудааст, аз ҳар як нафар шахси ватанпарвару ватандўст баҳри решакан кардани ин гуна падидаҳои номатлуби ҷомеа масъулияти ҷиддӣ тақозо мешавад. Давлату ҳукумат, мардум ва ҷомеаи сулҳпарвари Тоҷикистони азиз имрўз аз ҳодисоти нангини ба сари миллату давлати мо омада сабақи бузурги таърихӣ гирифта, минбаъд намегузорад, ки ҷомеаи моро чунини қувваи зулмонию аҳриманӣ фарогир шавад.

Мо, устодон чунин рафтори ношоиста ва ваҳшиёнаи афроди ҷиноятпешаро ҳамаҷиҳата маҳкум мекунем. Бахусус ки имрўз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои наҷибу созанда, бунёдкорона ва хирадмандонаю башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса пайдо намудааст, бо боварии комил зикр менамоем, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи ин сиёсати созанда боз ҳам муттаҳидтар гардида, бахотири ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо ин гуна хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат сарҷамъона муборизаи беамон мебарем.

 

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод,

Азизулло Авезов, доктори илмҳои иқтисод,

Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои кишоварзӣ

 

Дар замони ҳозира, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва вусъатёбии ҷаҳонишавӣ, дар ҷараёни инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, маҷмӯъи масъалаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо заруриятӣ, аз ҷумла таҳкими соҳибихтиёрӣ, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ-миллӣ, ғояҳои пешқадам ва созандаро маротибаи дигар тақозо мекунанд. Дар арафаи асри XXI, ки Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави инкишофу пешрафт ворид шудааст  ва роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқyқбунёдро бебозгашт пеш  гирифтааст, зарурияти тарғибу ташвиқоти тарзи солимӣ ҳамзистӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва пешбарӣ кардани ғояҳои пешқадам дар тарбияви маънавии ҷавонон баръало мушоҳида шуда истодаанд.

Барои ин хушбахтона ҳама соҳаҳо меҳнати бурдборона намуда истодаанд. Махсусан хизмати мақомотҳои қудратӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи шинохти миллат хеле калон аст. Филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам» хеле саривақтӣ ва иттилои воқеӣ буд, барои онҳое, ки аз рисолату моҳияти ҲНИ огоҳ набуданд. Зеро ин ҳизби мамнӯъ новобаста аз қатъ шудани фаъолияти худ имрӯз дар хориҷи кишвар бар зидди кишвари мо ҳар гуна тӯҳматҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд. Чаро мо хомӯш истем ва ба муқобили навору мақолаҳои муғризона ҷавоб нагӯем. Ин филм зарбаи қотеона ба фаъолияти минбаъдаи наҳзатиён зад. Махсусан оламиён фаҳмиданд, ки онҳо рақобати солим набурда, аз пушт корд заданӣ шуданд ва маҳсули ин носипосиҳост, ки имрӯз дар хориҷи кишвар бадарғаанд. Мо як қавлу ирода дорем, соҳиби мулки ободем ва намегузорем, ки пойи нохалафе ба марзи мо ворид шавад.

М. Раҳимова,

Х. Темирова,

Ғ. Раҷабов,

О. Раҳимов,

номзадони илм,

устодони кафедра,

собиқадорони меҳнат

 

Дар раванди ҷаҳонишавӣ барои амнияти ҷомеаи муосир фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро таҳдиди колн дорад. Ин раванд барои рушди давлатҳо ва фаъолияти созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муаммоҳои зиёд ба вуҷуд меоварад. Инро дар мисоли давлатҳои Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия, ва ғайра дидан мумкин аст. Дар ҳамаи давру замон чунин ташкилотҳо арзи вуҷуд доранд, ки ба нафрати мардум рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумлаи ташкилоте, ки ғаризаи нопок дораду манфури халқу ватан шудааст ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ҳизби наҳзати исломӣ мебошанд, ки мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоат, яъне мазҳаби ҳанафиро зери по карда ба мазҳаби шиа пайрав намуда ҷавонону мардумонро ба    гумроҳи бурда истодааст.

Имрӯз раҳбарияти ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ гурезаанду дар ҷустуҷўи интерпол мебошанд, гоҳҳо бо тариқи интернет аз куҷое овоз баланд мекунанду худро ҳоми дину диёнат, мазҳабу арзишҳои миллӣ мегиранд, дар асл бошад бо далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир         ҳақиқатан шиа будани роҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, Зубайдуллои Розиқ, Илҳом Ёқубов ва дигарон ба  ҳамагон маълум мебошад. Ҳадаф аз шиагароии онҳо ба фикри банда паноҳ бурдани онҳо ба сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки онҳо аҳли суннатро ҳеҷ вақт қабул надоранд, рӯйи рост носазо мегӯянд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон маблағгузори асосӣ мебошанд.                  Дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳизби наҳзати исломӣ аз аввал муғризона буд, мехостанд бо номи ислом низоми давлатдориро дигаргун кунанд, мазҳаби шиаро бо кадом роҳе набошад ба сари мардум таҳмил кунанд. Шукри Худо ақли солим ғалаба кард, онҳо натавонистанд, ки давлати демократиро аз байн баранд, аммо тавонистанд, ки баъзе аъзо ва хусусан роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткорро ба шиагароӣ моил кунонида аз мазҳаби бобоӣ рӯ гардононд. Афсўс, то имрӯз дар дохили Тоҷикистон шиашудаҳо низ вуҷуд доранд, бояд онҳо фикр кунанд, тавба кунанд ва ба мазаҳбӣ аҷдодӣ баргарданд, зеро мазҳабфурӯшӣ баробари ватанфурӯшӣ аст. Касе ки ватанашро мефурўшад, ӯ тайёр аст, ки дар ҳамаи ҳолат мазҳаб, номус қадру қиммат ва арзишҳои миллии худро фурўшад. Раванди рӯзгор исбот намуд, ки дар замони имрӯза барои Тоҷикистон аз ҳама хатарноктарин аз дин сӯи истифода кардан, мазҳабро тағйир додан, аз номи дин ҳизб ташкил карда, мардумро гумроҳ кардан аст. Дар хатми сухан бо итминони комил мегӯям, ки роҳи пешгирифтаи ин ватанфурӯшон, мазҳабфурӯшон хато ва оқибати он саргумӣ мебошад.

Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат масъалаи рақами як бошад, зеро ҳифзи Ватан бақои ҳастии миллат мебошад. 

Рустам Ғуфронов,

донишҷӯи курси 3-и ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд


Устодону кормандони факултет пас аз тамошои филми мазкур ба чунин хулоса омадем, ки вақт беҳтарин довар аст. Сафедро аз сиёҳ ҳатман ҷудо мекунад. Анқариб як моҳ пеш филми дигар бо унвони «Решаҳои ноаён» ва баъдтар филми дигар «Манқурт» дар шабакаҳои телевизионӣ пахш шуданд, ки чеҳраҳои манфури ифротиёни наҳзатиро фош сохт. Дар як баромади хеш Муҳиддин Кабирӣ иброз дошта буд, ки Эшони Қиёмииддини Ғозӣ дар махкама ончуноне, ки мақомоти қудратӣ мефармояд мегӯяд, аммо нишондоду иқрори дигар аз фаъолони ҳизб Аёмиддин Сатторовро наҳзатиён чӣ мегуфта бошанд? Ё  ин ҳам сенариясозӣ аст. Не албатта аз чеҳраи ин мӯйсафед маълум, ки ӯ сидқан аз амалҳои кардаи худ пушаймон аст ва аз ҳамсафони худ даъват ба амал меорад, ки он коре ки имрӯз онҳо мекунанд, фардоиён ҳаргиз нахоҳанд бахшид. Яъне, роҳу равиши ҳизб воқеан тундгароӣ буду ҳаст ва инро мардуми оддӣ не, балки собиқ

Ҳадафи ҲНИ ҷавони гумроҳро барои оянда омода кардан аст. Яъне, инҳо мехоҳанд, ки дар кишвар табаддулот намуда, нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагони худро дар амал ҷорӣ созанд. 

Воқеан аз нақли нафарони гумроҳшуда бармеояд,   ҷавонони муҳоҷири корӣ ба сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб ба дунболи ислоҳи вазъи худ мегарданд, ки пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» онҳоро фирефта мекунанд.

Мо, устодон аз ҷавонони огоҳу зирак даъват ба амал меоварем, ки ба ҳамсолони худ роҳнамову ёвар бошед. Ба онҳо фаҳмонед, ки наҳзатиён на дӯст, балки душмани миллат ҳастанд.

А. Ваҳҳобов, декани факултети муҳандисӣ- технологӣ, номзади илмҳои техникӣ,

Н.Бобоҷонова, роҳбари Маркази тести донишкада.

А. Рашидов, номзади илмҳои аграрӣ.

Д. Комилова, мудири кафедраи химия ва технологияи хӯрока, номзади илмҳои техникӣ

Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Албатта инкор кардан мумкин нест, ки дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ муаммоҳои зиёде мавҷуд мебошанд.

Ин дастовардҳои кишварро гурўҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрўза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Мисоли онро мо дар фаъолияти ҲНИ дида метавонем, ки раҳбарияшро Муҳиддин Кабирӣ бар ӯҳда дорад.  Зикр кардан ба маврид аст, ки Кабирӣ намоишкорона дар сомонаҳои Ахбор.сом ва Паём нет муроҷиатномаҳои бесару нӯге ба мардум мефиристад. Аз баромадхояш маълум, ки ба эҳсосот сахт дода шудааст ва худ намедонад, ки чиҳо гуфта истодааст.  Ҳамаи суханҳои ӯ дурӯғ буданашро мардуми шарифи кишвар медонанд. Вале филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва иқрориАёмиддин Сатторов, собиқ мубаллиғ ва яке аз муассисони ҲНИ парда аз рӯи дасисабозиҳои ӯ бардошта шуд. Ин нафари худхоҳ бо ҳизби хуношоми худ дар Аврупо чун гурӯҳи бегуноҳи фақат пешравии миллаташро мехонда вонамуд карда, миллонҳо доллари хоҷагонашро бар манфиати шахсии худ сарф мекард ва мекунад. Маҳз ин ҳизб дар ошӯбгариҳои шаҳри Хоруғ, воқеаи нангини Тавилдара ва ба ҳалокатрасии чандин афсарон, ошӯб дар шаҳри Ваҳдат ва ниҳоят дар амалиёти терактии охири моҳи июл ру дода даст дорад.

Моро мебояд, ки  ба хотири оромии ҷомеа, ба хотири ягонагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу суботе, ки имрўз Тоҷикистон соҳиб шудааст, аз ҳар вақта дида ҳушёртару зирактар бошем. Инро бояд дарк кард, ки истиқлолият бе таъмини амният вуҷуд дошта наметавонад.

 

М.Ғозиева, номзади илмҳои таърих,

Ш. Файзиева,  унвонҷӯи кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

М. Раҳмонова, номзади илмҳои суханшиносӣ,

М. Оқилова, номзади илмҳои филологӣ,

М.Раҳматова, номзади илмҳои филологӣ

 

 

 

 

 

 

 

Тайи чанд рӯз тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва сомонаи ютуб филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳҳанам» намоиш дода шуда истодааст, ки ба нақли қаҳрамони филм Аёмиддин Сатторов ҳизби наҳзати ислом дар пояи ҳизбҳои ифротии «Ҳизбуллоҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёд шудааст. Ин суханонро як нафари кӯчагӣ не, балки шахсе иддао дорад, ки чун муассис ва мубаллиғони ҳизб дониста шуда, солиёни зиёд оинномаву барномаи ҳизбро муарриифӣ менамуд.  Нафаре, ки нақл мекунад, ки аз амалҳои ноҷавонмардонаи Муҳиддин Кабирӣ ошноии наздик дошт ва ба гуфти худаш аз ин амалҳои роҳбари ҳизб дастгирӣ намекард. Аёмиддин Сатторов иқрор шудааст, ки  бештари ҷавонони ҳизби наҳзат парвардаи мактаби террористии Ҷумҳурии исломии  Эрон буда, мақсади олии ҳизб нооромии ҷомеа ва ба гирдоби ҷанг кашидани давлат будааст. ҲНИ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ чун зархаридони хоҷагони эронии худ барои ҷорӣ кардани ақидаҳои шиапарастӣ дар ҷомеа кӯшиш варзидааст.

Ин филм дар шинохти душманони миллат  барои насли имрӯз кӯмаки зиёд намуд. Боварии комил дорем, ки насли имрӯз, хосса ҷавонон чӣ будани ХНИ ва кӣ будани сарвари он Муҳиддин Кабириро дониста гирифтанд. Мо устодон ҳаргиз намегузорем, ки ақидаҳои ифротӣ дар зеҳну шуури ҷавонон роҳ ёбад.

А. Акрамов, декани факултети сохтмон ва нақлиёт, номзади илмҳои техникӣ,

Ш. Алиев, мудири кафедраи нақлиё, номзади илмҳои техникӣ,

М. Маъмуров, номзади илмҳои техникӣ, устоди кафедраи сохтмон  

 

Дар ҷаҳони муосир баробари таҳаввулоти илму техника ҳастанд ҷараёнҳое, ки мехоҳанд бо истифода аз эҳсоси динии мардум афкори онҳоро ба манфиати шахсии ин гурӯҳҳо истифода баранд.

 Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.  

Баъди тамошои филми „Бозгашт аз ҷаҳаннам“ ба чунин хулоса омдем, ки агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.

Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ  мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Ф. Аминов, муовини директор оид ба тарбияи ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ

М. Темурова, мудири шуъбаи тарбия

Ф. Бобокалонов, мудири шуъбаи таълим, номзади илмҳои аграрӣ

З.Акрамова, мудири шуъбаи илм, номзади илмҳои иқтисодӣ

 

 Мо, устодони факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии«Бозгашт аз ҷаҳаннам» бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки ҲНИ дар ҷомеаи навини кишвари мо ҷи нақше дораду, барои амалӣ гардидани «ниятҳои хубаш» ба чӣ кор қодиранд. Ин ҳизби дар кишвари мо ҳизби ифротӣ эълон шуда, дар солҳои вазнинтарини мамлакат ба ҷои беҳтар намудани фазои сиёсӣ, дастгиру мутаккаои халқ будан, пайи амалҳои ноҷавонмардона шуда, барои ноором сохтани давлати ҷавону тоза ба истиқлолият расида кӯшишҳо намудааст. Маҳз  тарғиби фарҳанги бегона, тафриқандозӣ миёни омма, гумроҳии ҷавонон буд, ки онҳо солҳои сол нақшаҳои кашидаи худро дар ҷомеа пиёда мекарданд. Фоҷеабортарин ҳодисае, ки барои паст намудани мавқеи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ин ҳизби нотавонбин анҷом дод, амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳ хоинон, ки боиси мар ги 4 нафар ва захмӣ шудани 2 нафар сайёҳони хориҷӣ гардид. Чунин рафтор бевосита душмани халқу миллат будани гурӯҳҳои ифротиро ба намоиш гузошт. Гарчанде, ин амали нангинашонро зери парчами ДИИШ пинҳон карданӣ шуданд, вале дар айни замон аъзои фаъоли ҳизби террористии наҳзати исломӣ будани саркардаи ҷинояткорон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзатиҳо ба хотири ноором кардану ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашидани Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ДИИШ дида хатарноктаранд. Ин хоинон ба ҳеҷ ваҷҳу ҳеҷ фитна наметавонанд миллати тоҷикро аз роҳи рушду ободонӣ ва даст ёфтан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ баргардонанд. Мо, устодон бо шукрона аз фазои ободу озод танҳо пешрафти кишвари азизамонро дар зеҳну шуури ҷавонон талқин намуда, эътимоди комил дорем, ки фардои ин миллатти босаодат дурахшон аст.   

Гулнора Юсупова, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Сулҳид Баҳодурова, мудири кафедраи иқтисодиёт, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Бакаев. М, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, номзали илмҳои иқтисодӣ,

Солиев. З, номзади илмҳои филологӣ, собиқадори меҳнат

Имрӯзҳо дар зери ниқоби дини ислом хар гуна ҳаракат ва равияҳои ифротгаро ва ҳатто бо ном «давлати исломӣ» пайдо гардида истодааст, ки агар хубтар назар намоем, бо манбаъҳои ғоявии ислом ҳеҷ наздикӣ надоранд. Чунин сифотро мо ба ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ низ рабт медонем. Чунончи пайдоиши «Давлати исломии Ирок ва Лубнон» дар ибтидои асри ХХI ва аз моҳҳои июн ва июли соли 2013 аз ҷониби аксарият давлатҳои ҷаҳон маҳкум карда шуд. Забткориҳои босуръати ҳудудҳои Ироқ ва Сурия аз ҷониби давлати бо ном исломӣ, дар нимаи аввали соли 2014, ки он бо ваҳшоният ва вайрон кардани ҳама гуна ҳуқуқҳои башарии инсон гузаронида шуд, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ маҳкум карда шуд. ХНИ низ як шохаи ин ташкилоти террористӣ буда, имрӯз бо ҳамдастии дар кишвар мехоҳанд амалиётҳо гузаронанд. Бузургтарин фоҷеаро мо охири моҳи июл бо чашми сард дидем.Маҳз кӯрдилон ҷавононро гумроҳ карда, ба хотири паст задании обрӯи кишвар ба ин амали нангин даст задаанд. Аёмиддин Сатторов дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» иқрор мешавад, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ёрони ӯ то кунун ӯро маблағгузорӣ мекунанд. Кабирӣ ба дӯстонаш ваъда додааст, ки дар табадуллоти давлатӣ ширкат меварзанд. Дар филми мазкур асрори зиёде аз фаъолияти ҲНИ кушода шуд, ки ба мо сабақи хубе хоҳад буд. Мо таърихи қадим ва ибратомӯз дорем, бояд нагузорем, ки ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда, сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ шавад.

Зайниддин Осимӣ, номзади илмҳои физика ва матеметика,

Бойпочо Фатҳиддинов, номзади илмҳои техникӣ,

Охунбобо Сайфиддинов, номзади илмҳои техникӣ,

собиқадорони меҳнати ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд

(дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

Мусаллам аст, ки гуруҳҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ё худ ифротӣ саъй мекунанд, то идеологияи харобиовари худро дар рӯи олам пиёда созанд. Мутаасифона, ҳаст баъзе ҷавонони кишварамон, ки ба доми фиреби ин гуруҳҳои ҷиноятпеша афтода рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфон, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк менамоянд ё бо ҳамсару фарзандон ба онҳо мепайванданд. Ҷои пинҳон нест, ки нафарони ба доми гурӯҳҳои ифротӣ ё террористиву экстремистӣ афтода дониши қазоии диниву дунявӣ надоранд ва аз фармудаҳои дини мубини ислом низ фарсахҳо дуранд. Ҳол он, ки дар иртибот ба ин масъала, қариб, ки ҳамарӯза дар тамоми ВАО-и кишвар барномаҳо ва дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат то ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ҳатто хона ба хона вохӯриву суҳбатҳо ва мулоқотҳои роҳбарияти мақомотҳои дахлдор, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон ва зиёиён бо аҳолӣ ба роҳ монда шудаву идома доранд.

Пахши филмҳои «Решаҳои ноаён» «Манқурт» ва «Бозгашт аз ҷаҳаннам» баёнгари он аст, ки душманони миллат, хосса ташкилоти ТЭТ ҲНИ мехоҳад бо ҳар роҳу восита теша ба решаи миллат занад. Махсусан идеологияи хушгӯиҳои Кабирӣ бо дасти шогирдонаш боис гардида, ки тақдири  садҳо ҷавонони тоҷик ба кӯи навмедиву ғарибӣ афтад.

Афсӯс, ки ҷавонони кӯтоҳандеш ба гуфтаҳои калонсолон, зиёиён ё хабару ҳодисаҳое, ки аз дасти ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ дар олам рух медиҳад, сарфи назар мекунанду худро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Инро суханони Аёмиддин Сатторов яке аз саркардаҳо ва фаъолони ҲНИ дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» исбот мекунад. 

Бештар ҷавононе ба ин ҳолатҳо меафтанд, ки касбу ҳунар надоранд, забони русиро намедонанд, хизмати ҳарбиро ба ҷо наовардаанд ва қонуну санадҳои меъёрии Федератсияи Россияро оиди муҳоҷирати меҳнатӣ намедонанд. Агар қаҳрамони имрӯзаи андешаи мо, аз яке шартҳои дар боло овардаамон бархурдор мешуд, аввал ин, ки дар қаламрави Русия ҷойи кори доимиро соҳиб мегардиду ҷое барои нигоҳ доштани аҳли оилаашро таъмин мекарду баъд бо аҳлу оила сафари муҳоҷират мебастанд

Хулоса, мо аҳли ҷомеа бояд аз ин ҳодисаҳои рухдодае, ки чанде пеш дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара ба вуқу дарси ибрате гирему дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротии ҲНИ, Гурӯҳи 24 ҳамеша дар муборизаи шадиди идеологӣ бояд қарор дошта бошем ва нагузорем, ки ин хоинону душманони миллату давлати мо вазъро ноорому ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд. Зеро танҳо таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш, оромиву суботи сиёсии кишвар, моро ба қуллаи умеду орзуҳо ва рӯзгори ободу пурнишот мерасонад.

Насим Тошхӯҷаев,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд