Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза ба истиқлол расида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд.

Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон моҳиятан “як раванди ташвишовар” баҳогузорӣ карда шуд: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидко­рӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала натанҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқку­нан­даи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бороҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад. 

Сазовори гуфтан аст, ки дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан милли­доштаро ба бар мекарданд. Ин сарули­бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳия­ҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯши­данд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳво­нӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси ранго­ранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.   

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар па­зи­руфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо исти­ло­­ҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Брито­ниёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкило­ту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гар­ди­дааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад.

Сазовори мухтасар ёдовар шудан аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём либоси хоси хешро дошт ва ба маданияти либоспӯшии ин миллат дигар халқҳо ҳавас мехӯрданд. Анъанаи сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.   

Хулоса, дар вазъияти баамаломада барои ҳифзи асолати сару­либоси миллӣ ва динию эътиқодии худ тарроҳони моро мебояд, ки дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро баровардаи хайр гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва таваҷҷӯҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд. 

Пӯшидани либоси миллӣ ва пос доштани фарҳанги пурғановату арзишманди ниёгонамон низ нишонае аз ватандорист. Устод Садриддин Айнӣ дар як мақолааш таъкид намуда: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб, ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто, аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад». Ин суханони воқеан, пурарзиш барои ҳамаи мо сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд.

Қосимова Малика,

устоди кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади эҳё намудани анъана ва расму оинҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётии онҳо бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд озмуни “Дастони моҳир” эълон гардида буд.

Дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони бомаҳорат озмуни “Дастони моҳир” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Шартҳои озмун барои духтарон ва писарон муайян карда шуда, иштирокчиён аз рӯи он қувваозмоӣ намуданд. Барои донишҷӯдухтарон чунин шартҳо пешниҳод гардид:

  • дар бар намудани либоси мувофиқ барои пухтупаз;
  • тайёр намудани хамираи самбӯса (аз гӯшт);
  • моҳирона бастани самбӯсаҳои миллӣ;
  • пухтан ва пешниҳоди самбӯсаҳо.

Барои донишҷӯписарон шартҳои зерин муайян гардид:

  • дар бар доштани сару либоси мувофиқ барои ошхона;
  • тарзи дуруст реза кардани сабзӣ;
  • тоза кардани себ аз пӯст;
  • оростани дастурхон (бо сачоқ ё сақоқи қоғазин, табақчаҳо, қошуқ, панҷшоха, зарфи шишагин).

Ҳамаи иштирокчиёни озмун маҳорати баланди худро нишон дода, аз уҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд.

Аъзоёни ҳакамон  ба лаёқати пухтупазии иштирокдорон баҳои баланд доданд.

Ҳамин тавр, донишҷӯи курси 1_50.01.02та Тошматова Эъзозхон аз ДПДТТ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Донишҷӯи дигари донишкада Алимов Ҳасанхон, ихтисоси 1_43.01.03тБ низ дар озмун фаъолона иштирок намуда, сазовори сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Ҳамагон бо шавқи том озмунро тамошо намуда, ба ҳунармандии донишҷӯён баҳои арзанда доданд. 

 

Имрӯзҳо ҷомеъаи мо бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарҳо на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба ҳамаи давлатҳои курраи замин новобаста аз дину мазҳаб таҳдид мекунанд. Коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи афзоиши терроризм ва экстремизми динӣ, яъне падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.

Пеш аз ҳама, ин омилҳо, шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни онҳо ва тағйир додани мафкураи ҷавонону наврасон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солои 2016-2020”-ро таҳия ва қабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир, дар кишвари мо байни ҷомеъа корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин раванди шомилшавии ҷавонон ба ин созмонҳо пешгирӣ шуда истодааст, ки ин воқеан натиҷаи амалии барномаи мазкур аст. Мувофиқи оморҳои расмӣ ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ 175 нафар шаҳрвандони кишвар, ки ба ҷодаи гумроҳӣ афтода буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2018 дар маҷмӯъ 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд, ки ин натиҷаи амалии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар аст. Барои боз ҳам босамартар гардидани раванди амалисозии барномаи мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ҳамкории бештари мақомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Ин ҳамкорӣ бояд мақсаднок, самаранок ва амалишаванда бошад. Чунки масъулияти бехатарӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвару ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ инчунин бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад.

 

 

Агар ба таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ назар андозем, дар онҳо ду қувваи асосӣ бо ҳам мубориза мебаранд. Яке қувваи некӣ ва дигаре қувваи бадӣ. Қувваи некӣ ба аломатҳои равшанӣ, тозагӣ, покизагӣ ва ғайра васф карда мешавад. Қувваи бадӣ бошад бо аломатҳои торикӣ, сиёҳӣ, чиркинӣ ва ғайра баён карда мешавад.

Имрӯзҳо аз чӣ сабаб бошад, ки баъзе аз нафарон ва ё гурӯҳҳои мухталиф кӯшиш мекунанд, ки бо ранги сиёҳ дигаронро тарсонанд ва ё дар дили одамон хавф пайдо намоянд. Ин амал ба он оварда расонидааст, ки ҳатто ба либоспӯшии баъзе аз мусалмонон таъсири худро гузоштааст. Агар аз телевизионҳо мушоҳида намоем, одатан гурӯҳҳои террористӣ ранги сиёҳро бештар нишон медиҳанд. Онҳо парчамҳои худ, либосҳо ва амалҳои нопоки худро таҳти ранги сиёҳ ба амал меоранд. Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз занони тољик аз сабаҳои надонистан либосҳои сиёҳро бисёртар мепӯшанд, ки он ба психология, яъне рӯҳияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба таври дигар гӯем, либосҳои сиёҳ пӯшидан боиси он мегардад, ки ба ҳамаи чизҳову амалҳои дигарон ба таври манфӣ нигоҳ кардани онҳо мегардад. 

Дар Қуръони карим ва ё аҳодиси набавӣ гуфта нашудааст, ки мусалмонон либосҳоро бо рангҳои сиёҳ бипӯшанд ва ё ягон сухани дигар ба ранги сиёҳвобаста нашудааст. Баръакс, дини мубини ислом ба амалҳои мусбӣ тарғиб карда, мусалмононро ба ҳаёти хушбахт ташвиқ менамояд.

Агар мо ба пирони барљомондаву бибиҳои куҳансол оиди либосҳои занона дар давраи онҳо суол намоем, дар љавоб мешунавем, ки занҳо либосҳое мепӯшиданд, ки на танг буду на тунук ва дар сар рӯймолҳои миллӣ бар сар мекарданд. Ин маънии онро дорад, ки пӯшидани либосҳои сиёҳ дар рӯҳияи фарҳангии халқиятҳои Љумҳурии Тољикистон љой надорад ва моро лозим аст, ки ин масъаларо ба мадди назар бигирем ва ба онҳое, ки либосҳои сиёҳро ба бар мекунанд корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ гузорем.

Илова бар ин, ба он занҳое, ки ба фарҳанги ғарбӣ таассуб карда, шимҳои љинс ва тарангу тунук мепӯшанд оиди афзалиятҳои либосҳои миллӣ фаҳмонида дода, нисбати ин масъала беэътибор набошем.

                                                       

                                                                          

 

 

Мо медонем, ки дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТЭТ ҲНИТ онро ташкил кард, 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар ба қатл расонида шуда буд.  Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод!

Аммо бузургии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд(!!!).

Имрӯз низ ин ҳизби моҷароҷӯй мехоҳадюо ҳар роҳу восита тафриқа миёни ҷомеа андозад. Аммо халқи сулхпарвар ва заршиноси Тоҷикистон  медонад, кӣ  дӯсту кӣ душман аст. Мо ба наҳзатиён гуфтанием, ки зӯр беҳуда назанад, зеро сулҳу субот болотар аз ҳама неъматҳост.  

 

    Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодони мо аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст.

         Боиси хушнудист, ки таваҷҷӯҳи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

         Аз сарчашмаҳои таърихӣ аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои ҷаҳон шӯҳратёр гаштааст.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Шоҳони қадим товони ҷангро бо матои атлас мепардохтанду бар ивази моҳонаи ҷанговарон барояшон лундаҳои матои атлас медоданд.

         Ба ақидаи олимон-ҷуғрофишиносон Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Фарғона дар асрҳои IX-X марказҳои маъруфи истеҳсоли матоъҳои пахтагину абрешимӣ маҳсуб меёфтанд. Ҳанӯз аз давраҳои қадим шоҳӣ, атлас, адрас, беқасаб, карбос, алоча ва чит, бахмалу кимхои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан дар сартосари дунё харидорони зиёде доштанд. Ривояте ҳаст, ки атласбофони Хуҷанд ба ҳунармандони Марғилон, ки то асрҳои ХYШ-XIX шаҳри тоҷикони Фарғона будааст, сабку услуби бофтани матои пурнақшу нигори атласро таълим додаанд. Дар ин макон дар аввали асри ХХ беш аз 60 намуди матоъҳои абрешимиву нимабрешимӣ, пахтагиву тибитӣ истеҳсол мекарданд, ки дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Ҳиндустон, Чин, Руссия, Туркия, Қафқоз харидорони зиёд доштанд.

         Рангҳои атлас, ки рангҳои тиру камони баҳориро менонанд, ифодагари тинҷиву осоиштагӣ мебошанд.

         Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои зан-модар босару либоси хоса пеши назар меояд.

Таърих гувоҳ аст, ки зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор меравад

Дар кишвари мо нафареро пайдо намудан душвор аст, ки мафтуни сеҳру ҷаззобияти атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон набошад. Либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷило ба оламиён муаррифӣ гардидааст.

         Мутаассифона, як муддат миёни ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона бо роҳи пӯшидани пироҳанҳои кӯтоҳи ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ ва ҳиҷоб густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён меорад.

Чун назар ба сафҳаҳои таърихи либоси миллӣ кунем, аён мегардад, ки  ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим занҳои мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае  надошт. Ҳиҷоби сиёҳ бошад, ба  фарҳанги мо кулан бегона аст. Вале, мутаассифона, имрӯз занону бонувони мо бешуурона майл ба либоси бегона намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.

 Тавассути воситаҳои ахбори омма мушоҳида мешавад, ки анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ-доману куртаҳои чакан, беостинҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои духтарони тоҷикро оро медиҳанд, ки диққати меҳмонони ба қаламрави кишвар воридшударо ба худ ҷалб месозанд.

         Бояд таъкид сохт, ки дар баробари ин занону духтарони атласпӯш низ зиёданд, ки бо дидани онҳо баҳри дили кас кушода ва садои қалбҳо бо садои нағмаҳои борону хандаи тифлакон ҳамнаво мегардад. Ин гулдухтарони атласпӯш фариштаҳоеро мемонанд, ки бо рангу тобиши мӯчалло зери ин навоҳо ба ҷилва меоянд.

         Либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ, ки онро бояд ҳифз намуд. Дар ин асно дарк ва омӯзиши фазилату ҳикмате, ки таҷассумгари либоси миллии ҳар як халқу миллат аст, василаи муҳими нигаҳдошти он ба ҳисоб меравад. Агар либоси миллатҳо мазмуни ба худ хосро доро намебуд, чаро яке дароз, дигаре кутоҳ, сеюмӣ васею чорумӣ шинаму зебо дӯхта мешаванд? Ва агар ҳикматеро либос дар худ таҷассум намекард, чаро ранги онро муносиб ба маросимҳо интихоб мекарданд? Ин ҳама шаҳодати он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият мебошад.

         Аз ин рӯ, аз омезишҳо ва тақлидкорӣ эмин нигоҳ доштани либоси миллӣ ба ҳар нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллӣ расидааст, ҳам қарз асту ҳам фарз.

Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои бегона фасод насозем. 

         Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар гузошта, бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин менамоянд.

Мо, тоҷикон мардуми сарфарозу бадавлатем, ки ҷумҳурии соҳибистиқлол, ягона,  ҳуқуқбунёд, забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Пас, шукронаи ин ҳама неъматҳои беназирро кард, ки бо ҷонбозиву шабзиндадориҳои Пешвои муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Месазад, ки ин меросҳои арзишмандро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, бегазанд ба ояндагон супорем.

 

 

Абдушукур Назаров,

доктори илмҳои иқтисод, профессор

 

Яке аз падидаҳои асосие, ки  ба ҷомеаҳои пас аз шуравӣ, алалхусус ҷомеаи Тоҷикистон таҳдиди рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм дар адабиёти илмӣ ҳамчун истилоҳ арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ, таҳаммулнопазирӣ беэътирофии ҳақиқат фаҳмида мешавад. Гуфтан  ҷоиз аст, ки  радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст.

Калимаи радикализм аз калимаи лотинии “ radix “ гирифта шуда, маънояш “ реша “ , “ бех “ мебошад. Радикализм ҳамчун истилоҳ, маҷмӯи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимои сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун сохтан, сарнагун намудани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад.Радикалҳо навигариҳо ва дигаргуниҳоро ворид намудан бо роҳи зӯри дуруст мешуморанд .

  Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён низомҳои сиёсиро баён намуда ҳалли масъаларо барои барҳам додани онҳо диданд.

    Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳуроти тероризм ва экстртимизм пешниҳод гардид. Воқеан, рӯйдодҳое, ки дар ҷаҳон шуда истодаанд, дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишвархои Аврупо тероризм ва экстримизм хатари аввалиндараҷа  буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш мондааст. Фаъолияти созмонхои террористӣ васеъ шуда, аз ҷумла дар давлати Афғонистон, вазъиятро боз ҳам мураккабтар кадааст.  Пешвои миллати тоҷикон оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод,ки вазъияти баамаломада  дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии ҳаёти мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.

 Экстремизм аз калимаи франсузии “ extremisme” ва лотинии “extrimus”гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест,ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ мебошад. Ин зуҳурот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъкос меёбад.

   Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор, он ҳеҷ гоҳ  ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътирф намекунад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чунин баён гардидааст:

    “ Ман чандин маротиба  аз минбарҳои Созмони милали муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист – ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

   Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиённагии террористӣ, пеш аз ҳама, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

  Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмонҳои ғайрианъанавии динӣ - радикалӣ фаъолияти худро васеъ намуда, чун “ Ҳизб-ут-Таҳрир”, “ Ҳаракати исломии Туркистон”, “ таблиғи ҷамоат”, “салафия” ва ваҳҳобиён мебошанд. Ин созмонҳои динии ғайрианъанавӣ асосан махфианд, ва тарафдорони асосиашон ҷавонони аз  синни 17 – 35 фаъолият доранд.

  Бо қарори суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир қатъ гардидааст. Ғайри ин тасдиқ шудааст, ки ин созмон ба хонандагону донишҷуён, омузгорон ва халқи камбағал таъсуроти калон мерасонад. Боз бо қарарори  суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2014   фаъолияти равиши созмони динии  “Салафия” экстремистӣ дониста шуд. Роҳбарияти Прокуратураи Генералии  Ҷумҳурӣ қайд мекунад, ки ҳиссаи калони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муқобилият бо яроқу аслиҳа дар Сурия ва Ироқ дар гуруҳҳои “ Давлати исломӣ” , ки фаъолият доранд, пайравони “ Салафия “ мебошанд,ки мақсадашон даъват ба “ ҷиҳад” аст.

    Дар психологияи иҷтимоӣ фаҳмише вуҷуд дорад, “оинаҳои Овертон”. Мардум оид ба ин ё он воқеа ва далелҳо таҳкурсӣ доранд. Масалан  “экстремизм  - ин нодуруст” , “ машруботи спиртдор – зарарнок”, ва “ варзиш – ин саломатӣ” ба ҳисоб меравад. Вазифаи ғояи террористон ин фаҳмишро дигаргун сохтан аст, яъне вайрон намудани стереотип мебошад. Барои ҳамин бо ёрии интернет сайтҳо ва фазои хабарнигор видеоҳо, контентҳо масалан бо ДАИШ вобаста боргузорӣ мешаванд. Экстримистон мехоҳанд, ки онҳоро шунаванд ва натанҳо онҳоро ҳамчун муборизон зидди “кофирон” боз чун одамони  муқаррар  қабул кунанд.

     Вобаста ба ин бояд қайд кард, ки ислом метавонад мӯътадил буда ва метавонад ултрарадикалӣ шуда. Дар сатҳи дуввум вай метавонад  дар шакли экстримизм ва терроризм таҷассум гардад. Воқеан  аз ин се фаҳмиш ( экстремизм, терроризм ва радикализм) бисёртар мушкилтар ва ошуфта “экстремизм” мебошад. Дар адабиёти муосир ин фаҳмиш чун пайравӣ аз назари канорӣ дар сиёсат ва ақидаҳо фаҳмида мешавад.

Қайд кардан ҷоиз аст,ки радикализми исломӣ – ин категорияи умумии  ғояҳо ва амалиёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, кӯшиш ба тағйиротҳои асосӣ , бо роҳи ноустувории ҳолати ҷамъитӣ-сиёсӣ, дигаргунсозии сохти давлатдорӣ бо мақсади мафкураи вайрон дар асоси  истифодабарии берун аз меъёри ислом ва муҳим аз китоби-Қуръони Карими  мусалмонон.

      Бояд гуфт,ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта ба рӯйдодҳои фоҷиабори муқовимат ба экстримизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуда, талафоти зиёди ҷонӣ дода буд.

      Имрӯз Тоҷикистон аъзои як қатор созмоҳои зидди-террористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини давлатдории навини худ ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор тағйироту иловаҳо ворид кард.

     Имрӯз воқеан терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ногуфта намонад, ки 21 – 22 июли соли 2015 дар Душанбе Конференсияи байналмилалӣ зери унвони “Ислом зидди экстримизм ва терроризми динӣ” баргузор гардид, ки дар он бештар аз 15 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.  Баргузории чунин як ҳамоиши бонуфуз дар Душанбе бо иқдоми  Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷумҳурии мо дар самти мубориза бар зидди экстримизм ва терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад. Ҳамин тавр, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстримизм ва терроризм, бояд ҳар як шахс бомасъулият бошад, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири вабои аср  нигаҳ доранд.

 

     Атаева Т. Ҳ. омузгори кафедраи  забонҳои хориҷӣ   

 

 

  

 

 

Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепушиданд, ки ба талаботи урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспўшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рўймол ё дока. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.

Ки гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас. Зеро мо тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки сар то по саршори меҳру муҳаббат, дар руҳияи ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расидаем.

Имрўз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кӯр-кӯрона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрўз бошад занон ба тарзи либоспўшии бемантиқи шарқӣ тақлид мекунанд.

Баъзан дар кўчаву хиёбонҳо занонеро дидан мумкин аст, ки либоси комилан сиёҳ ба бар кардаанд ё рўймоли худро чунон печонидаанд, ки ҳатто дар маърази муд (намоиши модда) чунин либос нест. Гузашта аз ин, ба сару рўи худ онқадар сафедиву сурхӣ мемоланд, ки ҳатто занони бадахлоқ чунин намекунанд. Агар мақсад аз пўшидани сатру ҳиҷоб, риояи қоидаҳои динӣ бошад, пас одам бояд эътидолро риоя намояд.

Ҷомеаи Тоҷикистон беш аз 27 сол мешавад, ки озодона ба дин пайравӣ мекунад. Давлатҳои дигари исломӣ бошад, қариб ҳазору чорсад сол дар ҷомеаи динӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рў таҷрибаи бештаре доранд.

Масалан, дар Афғонистон занон бештар либоси кабуди равшан мепушанд, дар кишварҳои арабӣ ранги дигар, ки ба иқлими минтақа мувофиқ аст истифода мебаранд. Инчунин пайравони баъзе фирқаҳо аз рўи эътиқодоти динӣ, мотам гирифта, дар сугвории Ҳазрати Ҳусайн либоси сиёҳ мепўшанд, ки ин хоси мардуми мо нест.

Чунонки қайд кардем, зан пеш аз ҳама модар аст, аксар вақт нигоҳубини кўдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба души зан аст. Бо назардошти ин ва дигар омилҳо аз кадимулайём занони тоҷик либосе мепўшиданд, ки шинам бошаду ба фаъолияти меҳнатӣ халал нарасонад. Зеро мо халқе ҳастем, ки дорои тамаддуни қадим буда, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мардуми мо нест.

Дар робита ба ин Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рўзи модарон чунин таъкид карданд:

«Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпўш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпўшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.

Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпўшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспўширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд.

Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд.

Мувофиқи маълумот вақтҳои охир баъзе занону духтарони сиёҳпўш ба ҷанозаи одамони тамоман бегона ҳозир шуда, дар байни заноне, ки дар ҷаноза иштирок доранд, ба ҳар гуна тарғиботи дур аз таъриху фарҳанги деринаи халқи мо даст мезананд.

Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падару модарон ҷиҳати пешгирии ин масъала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дўши давлат ҳавола гардидааст».

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст. Ҳақиқатан баъзе падару модарон ба масъалаи тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Ин боис мегардад, ки аз нодонӣ ва беназоратӣ иддае аз ҷавонони роҳгумзада дар Ироқу Сурия ба куштору роҳзанӣ машғуланд, иддаи дигар бошад ғофил аз фарҳанги миллӣ ба ғарбу шарқ, ба росту чап тақлид менамоянд.

Умуман либоспўши дорои фарҳанги хос аст. Ба ғайр аз занон имрўз ҷавонписарон низ либосҳое ба бар мекунанд, ки агар аз аслу таърихи он огоҳ шаванд, ору номус мекунанд. Масалан, байни ҷавонон пўшидани шими танг, ки ба соқу рони пой часпида бошад расм аст. Дар байни мардум чунин шимҳоро «сигаретка» мегўянд. Чунин шимҳои часпонро дар ғарб нафароне мепўшанд, ки ба лавотат – ҳамхобагӣ бо мардон майл доранд.

Навъи дигари либоси ҷавонон он аст, ки ҳатман бояд таҳпушакаш аз зери шим намоён бошад. Чунин либосҳоро бошад асосан сиёҳпустони минтақаи Гарлеми Ню-Йорк мепўшанд, ки бе хонаву дар ва оворагарду ҷинояткоранд. Бинобар ин падару модарон аснои харидани либос ба фарзандони худ таъкид намоянд, то дар интихоби либос бодиққат бошанд.

Гузашта аз ин ҳар кас бояд дар вақти корӣ либосеро ихтиёр кунад, ки кас тавонад фурўшандаро аз харидор, хизматрасонро аз мизоҷ фарқ кунад.

Дар ин бора Президенти кишвар ба мақомоти дахлдор чунин супориш доданд:

«Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурўшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд».

Чунонки хамагон огоҳӣ доранд, соли 2015 дар Тоҷикистон «Соли оила» эълон гардида буд. Бояд таъкид намуд, ки тарбияи фарзандон ва ҳидояти онҳо ба сўи роҳи рост аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рў, ба мо лозим аст, ки ба хотири ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ талош намуда, симои аслӣ, чеҳраи воқеӣ ва моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷикро ҳамчун рукни муқаддасу арзишманди халқамон устуворона ҳифз ва нигоҳдорӣ намоем.

Дар робита ба эълон гардидани «Соли оила» Ҷаноби Оли, Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд:

«Вобаста ба ин, бо дарназардошти мафкура ва дастовардҳои замони нав ва дар асоси хусусиятҳои оиладории миллии тоҷикон, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи “Консепсияи оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гурўҳи корӣ таъсис дода, баъди омода гардидан ба Ҳукумат пешниҳод карда шавад.

Таҷрибаи таърихи гузашта ва воқеияти имрўзаи кишварҳое, ки ба масъалаи таҳкими оила диққати ҷиддӣ надодаанд, нишон медиҳад, ки чунин беэътиноӣ боиси ба буҳронҳои шадиди маънавӣ ва демографӣ дучор шудани онҳо мегардад».

Нусратхон Ахмедова,

номзали илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи умумитаълимӣ

 

 

Дин ва сиёсат, ин ду мафҳум ва падидаи усулан зиданд, ба ин маъно, ки дин ба зиндагии онҷаҳонӣ ва сиёсат ба зиндагии инҷаҳонӣ иртибот мегиранд. Аммо дар таърихи зиндагии инсонӣ мавридҳои зиёде вомехўранд, ки дину сиёсат ба ҳам омезиш ёфта, боиси низоъ ва беназмӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Чунин омезиши бемаврид ва муғризона ҷомеаро аз масири рушду инкишоф ҳамеш боз медоранд.

Агар масъалаи омезиш ё ба ҳам омадани дину сиёсатро дар таърихи сиёсию фарҳангии миллӣ мадди назар қарор диҳем, ба хубӣ дармеёбем, ки ин ҳолат, яъне ба сиёсат дахолат кардани дин буҳронҳоро дар заминаҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, боиси сар задании ҳараҷу мараҷ дар миёни табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ мегардад.
Бо вуҷуди ин, баъзе афроди манфиатҷў ва гурўҳҳои хурофотпарасту мутаассиб, аз қабили ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ ин ҳардуро ҳамеша ба ҳам омезиш доданӣ мешаванд ва ба истилоҳ обро лой карда моҳӣ медоранд. Чунин амалҳои террористони наҳзатӣ на аз рўйи ақлу мантиқ, балки ба хотири роҳандозӣ ва пиёда намудани манфиатҳои гурўҳию шахсии худашон буда, дар кишвари мо оқибатҳои ногувореро ба бор овардааст. Барои чунин ақидаҳои ифротгароёнаю иртиҷоии хешро пиёда намудан, наҳзатиҳои террорист ҳатто ҳадису оятҳои қуръониро ба таври худ тағйир дода ва ба онҳо аз пеши худ иловаҳо ворид карда, мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Онҳо иддао доранд, ки дин ба сиёсат алоқаманд аст ва  дурўғеро ихтироъ кардаанд, ки гўё «дин дар сиёсат ва сиёсат дар дин аст».

Ба ҳамагон маълум аст, ки террористони наҳзатӣ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ истифода карда, дар заминаи хало ва идеологияи бегонаашон ҳизби динии сиёсиро таъсис доданд. Эшон дар ҳар маҳфилу нишастҳо суханпардозиҳое мекарданду мекунанд, ки на дар чаҳорчўбаи ақлу мантиқ меғунҷанд ва на асоси илмӣ доранд. Бешубҳа, ин гуна мавқеъгириҳо бештар дар мафкураи иртиҷоиёну ифротиёне ба назар мерасад, ки ҳизби хешро дар байни мардуми оддӣ ҳизби Худо унвон карда, аҳзоби дигарро ҳизбҳои шайтонӣ меномиданд, дар байни мардуми мусалмон андешаҳои солими диниву шаръиро шарҳу тавзеҳи комилан нодуруст дода, мардумро дар ғафлат меандозанд.
Ин афкору андешаҳои хешро ба оётҳои қуръонӣ асоснок карданӣ шуда, мардум ва кишварро ба оқиб кашиданӣ мешаванд. Яъне, онҳо, ки ҳеҷ гоҳ ҷонибдори рушду инкишоф ва тараққию пешрафт набуданд, намехоҳанд, ки давлат пеш равад ва соҳаҳои фаъолияти одамон тараққӣ ёбанд. Аз ин рў, аъзоёни азҳоби дигарро ҳамеш ба  кофирӣ муттаҳам намуда, онҳоро дар байни мардум бадқасдона баобурў карданӣ мешуданд. Чунки ин тарзи рафторашон аз он шаҳодат медиҳад, ки худи эшон дар бораи мафҳуми ҳизб, ҷавози таъсису фаъолияти он ва инчунин низоми бисёрҳизбии ҷомеа мутлақо чизеро намедонанд.

Аз ин сураву оятҳои қуръонӣ бар меояд, ки дар доираи дини ислом бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад, зеро Ислом бисёрҳизбиро қаъиян қабул надорад. Худованд дар Қуръони карим фармуда, ки: «Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон зиёнкунандагонанд!» (сураи Муҷодала, ояти 19) ва «Инҳо ҳизби Худоянд, огоҳ бош, ки ҳизби Худо, ҳаройна, растагоронанд!» (ҳамин сура, ояти 22). Ҳар ду сураҳо собит менамоянд, ки дар доираи қонуну қоидаҳои шаръии исломӣ ғунҷонидани аҳзоби ғайридинӣ комилан нодуруст аст. Чунки Эзиди аҳзоби ғайридиниро зарароваранда, зиёнкунанда ва хатарнок шуморида, ҳизбҳои исломиро бошад, ҳамеша растагор, поксиришт ва росткирдор меномад.

Ҳар хонандаи ин сураҳо ба зудӣ пай мебарад ва мефаҳмад, ки дин бисёрҳизбиро комилан қабул надорад, вале террористони наҳзатӣ  ин ҳамаро қатъиян нодида мегиранд ё инкор мекунанд. Чунин тарзи фикрронӣ, андешаронӣ ва навишти террористони наҳзатӣ нишон медиҳад, ки онҳо ҳадисҳои  пайғамбару сураҳои қуръониро тамоман инкор менамоянд. Ин талошҳои онҳо нишонаи он аст, ки эшон барои манфиату кирдорҳои ваҳшиёнаи хешро амалӣ намудан, Худованди бузургро бо тамоми пайғамбарону каломи волояш инкор мекунанд, чи расад ба инкори инсонҳои заминӣ.

Шуҳрат Усмонов,

номзади илмҳои техникӣ,

мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Имрӯзҳо сар то сари оламро муборизаҳои пасипардагии абарқудратҳо барои дастёфтани доройии давлатҳои камқувваттар ба ҳайрат овардааст. Дар наздикии сарҳади давлатии мо ки бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зиёда аз 1000 (ҳазор) км дар бар мегирад, аз тамоми давлатҳои олам дар гурӯҳҳои номнависшуда ва номнависнашудаи Афғонистон фиристондагони махсусе ҷойгиранд, ки мақсади онҳо мунтазам вайрон кардани амнияти сарҳадӣ буда, дар лаҳзаҳои қулай ба тарафи давлати мо яъне Тоҷикистон фиристондани ҷосусашон мебошад, ки мақсади асосии онҳо аз вайрон кардани мафкураи ҷавонони мо иборат буда, мехоҳанд, ки фазои орому осоиштаи сиёсии моро бо таффаккурҳои заҳролудшудаашон ки мақсади ниҳоии эшон аз ташкил кардан ва ба амал баровардани кушторҳои ғайричашмдошт бо тариқи терорӣ мебошад, ки мисоли онро мо ба наздики дар ҳудуди ноҳияи Данғара мушоҳида кардем, ки дар натиҷаи он якчанд нафар ба ҳалокат расида чанд каси дигар захм бардоштанд ва мехостанд, ки обрӯй ва шарафи давлати гул-гул шукуфта истодаи моро дар арсаи байналмиллалӣ паст зананд ва хушбахтона ба ҳадафҳои нопокӣ худ нарасиданд, зеро заковати баланди сиёсӣ доштани давлатмардони моро имрӯз дар тамоми ҷаҳон хело хуб мушоҳида кардаанд.

Ҳадафи ман аз навиштани ин гузориш аз он иборат, ки мо омӯзгорон кормандони соҳаи идеологӣ, мақомотҳои дахлдори қудратиро зарураст, ки аз пешатара дида бештар дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ворид гашта ба ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон фаҳмонем, ки ривоҷи тероризм, экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна азҳобҳои мамнӯъ эълон шуда аввалтар аз ҳама аз бетарафии волидайн ва аҳли ҷомеа иборат буда, сипас хело кам нишонрас будани корҳои тарғиботиву ташфиқоти дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Моро зарур аст, ки бештар дар байни мардум аз зарарҳои ҷонкоҳи шомил шудан ба азҳобҳои гуногуни сиёсӣ ба ҷавонон ҳушдор диҳем ва бо мисолҳои мушаххас исбот намоем, ки чи гуна ин азҳобҳои ба дину ойин ва таффакуру эътиқоди мо душман буда, барои ҷавонону давлати мо метавонанд зарарҳои гарони ҷониву молӣ оранд. Фақат моро лозим аст, ки ба онҳо аз зарари ба сари миллати мо меомадаро ҳам аз лиҳози ҷонӣ ва ҳам аз лиҳозӣ молиявӣ дуруст фаҳмонем. Ман мушоҳида карда истодаам, ки ба ҷавонону ҷомеаи мо боз ҳам зарур ва лозим аст, ки аз дастовардҳои хело назарраси кишварамон дар тули 27 соли Истиқлолият ва ривоҷи хело хуби тақвияти риояи оинҳои милливу маънавии мардумамонро ба тамоми қишрҳои ҷомеа бо мисолҳои равшан аз қабили баромаданамон аз бунбасти комуникатсионӣ, нокифоягии барқ (ҳоло дар  тамоми кишвар тамоми шабу рӯз истифода мешавад), фаровонии мағозаву бозорҳои кишвар аз тамоми маводҳои хӯрока ва пӯшока, ки ба мардум лозим аст, сарозер шудаанд ифтихормандона фаҳмонида, зеҳни худшиноси ва хейштаншиносии онҳоро боз баландтар бардошта, онҳоро дар руҳияи дӯст доштани ин марзу бум Тоҷикистони азиз равона созем.

Ман ҳамчун омӯзгор мутмаин ҳастам, ки агар кулли ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама, дастҷамъона барои аз байн бурдани зуҳуротҳои номатлуб аз қабили тероризм, экстремизм, шомил гаштан ба азҳобҳои гуногунии мазҳабӣ чи хели ки Асогузорӣ Сулҳу Ваҳдати Миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти Мӯҳтарами Кишвар Эмомали Раҳмон фармудаанд: “Агар бо дасту дили пок”, ҳадафмандона тарғиботу ташвиқот барем, ҳеч гоҳ дар ҷомеаи мо ин гуна шахсонӣ ба ҷомеаю миллат хатарнок пайдо намешаванд ва аз табори онҳо будагиҳоҳам оҳиста-оҳиста фаҳмида аз ақидаҳои нодурусти худ даст мекашанд.          

Ҳасанов Ф.А., устоди кафедраи молия ва қарз

             

      

   

Давлатҳои пешрафтаи Осиёи Миёна аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботҳои аз тарафи маориф ва илм ҷавобгӯ гузошташуда дар системаҳои нави раванди таълим, яъне кредитӣ соатҳои иловагии тарбиявӣ нисбати ҷавонони имрӯза ворид намуд. Ин ба донишҷӯёни имрӯза имконият дод, ки оиди хабарҳои дохили кишвар ва берун бо воситаи ахборотҳои оммавӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо хабарҳои бурунмарзӣ шиносои пайдо намудан. Ба ғайр аз ин барои сайқал додани донишҳои худ ба давлатҳои Русия, Аврупо, Бритониёи  Кабиру ва ИМА равона шуда, баъд аз таҳсили системаи ҷоришудаи бакалаврият боз таҳсилро давом дода истодаанд.

Давлатҳои тараққикардаи муосир ҳангоми даровардани тағйироту иловаҳо ва қабул кардани низомномаҳо барои танзим ва идора намудани ҷавонон ва муҳоҷиратон аз ҳаргуна  ташкилшавии гурӯҳҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ (салафия ва ҳизбу таҳрир, кимақсади онҳо барҳам додани оромии кишвар ва давлати соҳибистиқлол, ки соли 2015 аз тарафи апазитсияи Генерал майёри қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳоҷиҳалим Мирзо ба якчанд мақомотҳои дахлдори шаҳри Душанберо ба асири гирифта нотинҷиву якчанд нафаронро маҷрӯҳ ва ба ҳалокат расониданд, ки дар охир нест ва нобуд карданд), ки дар айни замон рушд ёфта истодааст, хатаровар мебошад. Барои ҳамин аз тарафи Шӯъбаи хизматрасонии муҳоҷиратии(ФМС) давлатҳои Федератсияи Руссия якчанд талаботҳо, усулҳо оиди қайди ҳар як муҳоҷирон, давомоти онҳо ва гирифтани изи ангуштони онҳо рафта истодааст. Дар давлатҳои ИМА ва Аврупо дар ду соли фақат бо воситаҳои яроқу аслиҳаҳои автоматӣ, тирпарронӣ тақрибан 1000 – ҳо нафар  ҷавонони синнашон то 25 – 30 сола барои дарёфт намудани пулҳои гарон худ шабҳо барои фурӯши маводҳои мухаддир, одамкушӣ, дуздӣ ва қаллобӣ ҷиноят содир карда истодаанд. Дар давлати Олмон аз тарафи донишҷӯи синнаш 20 сола бо воситаи таппончаи МАКАРОВ тақрибан 25 - 30 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Франкфуртро ба қатл расонид, ки ин ҳам беаҳамиятии падару модар нисбати тарбияи фарзанд ё ки дар наздикӣ дар Қрими Федератсияи Руссия донишҷӯи курси аввали Донишгоҳи давлати Қрим бо як таппонча 6 нафарро маҷрӯҳ ва 13 нафарро ба ҳалокат расонид. Ҷавонони имрӯзае, ки шоҳиди ингуна воситаҳо мебошанд лекин барои худ ҳамчун дарс қабул намекунанд. Барои ҳамин ингуна донишҷӯён ва ҷавононро бо ҳар роҳҳои боваринок ба рӯҳияти(психика) онҳо таъсир намуда  ба ҳаргуна роҳҳо даъват карда истодаанд.

Мисол, солҳои охир донишҷӯёни курсҳои саввум ва чаҳоруми Донишгоҳҳои давлатии Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд бо воситаи шабакаҳои интернетии “Одноклассники” ва “Facebook”, ки ҳангоми корҷӯи намудан бо ширкате номнавис намудан, ки бо истеҳсоли маҳсулотҳои шириниву  қаннодӣ машғул буданд. Барои бовари ҳосил намудан  маблағҳои пешакӣ роҳи намуданд ва ҳамчун ширкатҳои “Асосии давлатӣ” ҳуҷҷатҳои падару модари онҳоро барои бовари ҳосил кунонидан пурсида  ҳангоми ба кордохил шудан онҳоро ба зинаи гурӯҳҳои ҳизбу ҳаракатҳои терроризм  ва экстримизм дар давлатҳои исломӣ бо дигар ҳуҷҷатҳои шахсӣ интиқол доданд, ки дар айни ҳол бе ному нишон мебошанд. Мисоли дигар ба монанди барномаҳои муосири (Working day) кории давлатҳои Аврупо(Туркия, Олмон, Куриёи ҷанубӣ ва ИМА) бо шабакаҳои корҷӯи ҳангоми номнавис ва ҷори намудани маълумотҳои худ ҷавонон ҳангоми аз Федератсияи Руссия баромадан ба давлатҳои Аврупо ва ИМА боз барои дарёфт намудани маблағҳои калон сарҳадро мегузаранд. Албатта ҳар як ширкатҳои кордиҳанда бо “Бизнесс нақша” – ҳои пешниҳодшуда ҳар як шахсро шинос мекунонад. Барои бовари ҳосил кунонидани ингуна шахсҳо аввал ҳама сухан ба масъалаҳои шахсияти худ корҷӯй, масъалаи маблағгузорӣ, моҳонаи онҳо, оиди зист қайди онҳо дар хобгоҳ ва Хостелҳои ҳамон давлатҳои тараққикарда, нишон додани коргоҳ ва бо кадом дастгоҳ ва таҷҳизотҳои замони муосир кор ва фаолият мебаранд шиносои пайдо менамоянд. Баъдан барои давом додани мӯҳлати зисти муҳоҷиратӣ ва додани ваъдаҳои ҷаҳонӣ шурӯъ менамоянд. Ингуна роҳҳо барои даъвати донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки аз ҷиҳати бӯҳрони иқтисодии кишвари худ ба ҷустуҷӯи кор дар дигар давлатҳо мераванд тез ва қулай дастраси ингуна гурӯҳҳо мешаванд. .

 Воҳидов А.Ҷ., устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика