Тайи моҳҳои охир дар расонаҳо аз ҷумла «Ахбор.сом» ва «Паём.нет» зиёд матолиб оиди  фаъолияти норавшани ҲНИ ба мушоҳида мерасад. Маълум, ки муаллифон амсоли Саидюнуси Истаравшанӣ аз хоҷагони шиапарасти худ манфиатдор буда, мекӯшанд ҳарфи дурӯғро рӯи қоғаз оварда, кишвари моро бо ҳар гуна восита бадном созанд. Ин амали ба ном «Худотарсон» чандон аз рӯи мардигарӣ нест. Чунончи Саидюнуси Истаравшанӣ дар шабакаи иҷтимоӣ аз изҳори нигаронии Муҳиддин Кабир дар мавриди нақзи ҳуқуқҳои занон дар кишвар ишора карда, афзудааст, ки наҳзатиён ҳам метавонистанд бо овардани наворҳои видеоӣ обрӯи мансабдоронро паст намоянд, аммо дар ин ҷода таҳаммул мекунанд. Онҳо дар даст ягон факт ва далел надоранд. Маҳз ҳаминҳо сабаб шуданд, ки ба домуллоҳои худотарсу соҳибфазилат ҷомеа бо чашми дигар нигоҳ мекунанд. Амалҳое, ки аз ҷониби баъзе аз аъзоёни ҲНИ, ки даст ба фолбиниву табибӣ задаанд, воқеан ҳам гӯшношунид аст.   Зеро онҳо ба корҳое даст задаанд, ки инсони комил, олими дин ба ин кор ҳаргиз намеравад.  Худи вожаи исломро дар шеваи фаъолияти худ корбурд кардан ва манфиат ба даст овардан гуноҳест азим ва нобахшиданӣ, ки онҳо боз ба иғвову дасиса даст задаанд. Чун аксари мо ба Худову расул эътимоди кулл дорему Худоро бо дил мешиносем ҳатман дар гӯшаи диламон пас аз чунин таблиғот ангезаи нобоварӣ нисбати давлат эҳсос карда мешавад. Маҳз бозӣ кардан бо эҳсоси мардум буд, ки мо сабақи талхеро дар гушту нохуни худ эҳсос намудем..

Бояд иқрор шуд, ки ислом ба гурӯҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рӯ ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

Зеро ба андешаи мо сабаби аз фаъолият мондани ҲНИ маҳз сиёсати нодуруст, нигоҳи нобаробар ба мардум  мебошад. Ин ҳизб фаъолияташ чӣ кори манфиатбореро ба халқ анҷомдод? Бидуни ин ҳизб ҳам ҳама мардуми тоҷик мусулмонанд ва ниёз ба ҳизби исломӣ надоранд.

Шукрона барои мардуми тоҷик ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, истироҳат, зисту зиндагонӣ ва кору фаъолият фаровон аст.Вале, ташкилкардани ҳизб бо номи «Наҳзати ислом» магар дуруст аст? Зеро ки исломин маданият, ибодат, гузаронидани расму оин, рукнҳои динӣ ва ҳаёти инсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Барои намозгузорони мамлакат масчидҳои ҷомеъ ва марказӣ дари худро боз намудааст то ки мардум ибодат кунанд. Ё тарҷимаю тафсири китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, эълон гардидани бузургдошти Имоми Аъзам, бозгардидани муассисаҳои таълимии қонунии исломӣ ва даҳҳои дигар чорабиниҳо аз таваҷҷӯҳи асосӣ ба шумор рафта, дониши динию дунявии шаҳрвандонро сол аз сол қавитар ва огоҳтар менамояд.

Шояд савияи дониши мо то имрӯз намерасид вале имрӯз ҷаҳонбинӣ, сатҳи маърифат ва муносибат бо дин дигар шудааст. Манзур аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки қонунгузорӣ оиди фаъолияти бисёр ҳизбӣ иҷозат медиҳад ва иҷозат ҳам дод. Вале ҷавонону шаҳрвандони мо медонанд ва ниёз ба иттилоъ ҳам надоранд, ки ҷомеаи мо ба ҳизби исломӣ ниёзманд нест.

Ба мисолидигар, баромад кардани баъзе аъзоён ва гӯё пешвоёни ҲНИ дар маърака ва расму оинҳои динӣ – мардумӣ оид ба ҳидояти мардум ва ошноӣ аз ақидаҳои динӣ ин хизматионҳо нест. Ин ҳама анъанаҳои динӣ ва маросимҳое, ки солҳои сол идома ёфтаистодааст, бидуни фаъолияти ин ҳизб ҳам мардуми Тоҷикистон ҳама мусулмонанд ва аз дину диндорӣ бархӯрдоранд. Аксари мардумони Тоҷикистон тарафдори исломи анъанавие мебошанд, ки дар тӯли 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ ва то имрӯза рӯзи вуҷуд дорад.

Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Ф. Аюбова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

(посух ба Саидюнуси Истаравшанӣ )

Саидюнуси Истаравшанӣ яке аз думравони Муҳиддин Кабирӣ, ки бо мазҳабфурӯшии худ шӯҳраи олам шудааст,  дар шабакаи иҷтимоӣ “роҳбар”-и маънавии худро ба инсони поку зоҳид, худотарсу фазилатпеша баробар карда, аз суханрониҳояш дар гуфтугӯи мустақим бо мардум, ки шаби 18 –уми январ сурат гирифта буд, ёдовар шудааст. Бояд гуфт, ки  ин аввалин вокуниши Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди аъзои ҳизбаш, ки бо сеҳру ҷоду даст ба домони занон мезанад, аст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои телевизионии кишвар сокинон шоҳиди чандин наворҳои видеоӣ гардида буданд, ки домуллотарошони беимон, ки дар маҳалу гузар ва ҳатто шаҳру ноҳияҳо соҳиби обрӯю эътибори хосса доштанд, бинобар содагии мардум аввалан маблағи онҳоро бо роҳи фиреб ба даст меоварданд, сониян бо баҳонаи кушодани бахт ва фатҳу кушоиш ҳатто даст ба домани иффат мезаданд. Аввалҳо худи мардум ба ин воқеаҳои гушношунид бовар намекарданд ва дар гӯшаи хаёлашон низ ҷойгир намекарданд, ки наход чунин мӯйсафедони Худтотарс, ки аз ҳар суханашон калимаҳои мубораку муқаддаси Худову Расул садо медоданд, даст ба амалҳои нангин зананд. Баъдан, вақте наворҳои пинҳониро насб карда, аз “хутбахониҳои” онҳо огаҳ шуданд, лаънати бисёр ба ин нафарон хонданд. Аксари ин домуллоҳои беимон, ки аз кӯчаи одобу ахлоқ ва диниву диёнат нагузаштаанд, парвардаҳои Ҳизби наҳзати исломанд. Мақсади ин нафарон, ки бо супориши махсуси хоҷагонашон иҷро мекарданд, беобрӯй кардани давлат ва Ҳукумати кишвар, бор кардани тӯҳмат бар сари олимони воқеан ҳам диншиноси тоҷик мебошад. Корномаҳое, ки дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисору Восеъ аз ҷониби ин гуна домуллотарошону дамандозон сурат гирифта ғазабу ғиреви халқро дуболо намуд. Охир инсоф ку. Ба даргоҳи ин нафарони беандешаву золим нафароне меоянд, ки дар зиндагӣ худ ба шикаст дучор шудаанд. Яке рӯи фарзандро надидааст, дигаре аз бевафоии шавҳар ва моил шуданаш ба ҳамсари худ соддалавҳона ба ин “табибон” муроҷиат мекунад, аммо дар ҷавоб худ хушунат мебинад. Аксари ин руҳшиносон чунони психологҳои машҳур шудаанд, ки дар як лаҳза занонро ба сеҳри худ медароранд. Кайфияти яклаҳзина дину имони онҳоро месӯзонад. Ҳа, ин нафарон дину имон надоранд, онҳо ҳизб доранд, бо номи наҳзат. Онҳо роҳбар доранд бо номи Кабирӣ, ки ба хотири ба даст овардани манфиат ба ҳама чиз қодиранд. Боз Кабирӣ чун фариштаи бегуноҳ айби ҳамсафони худро рӯйпӯш карда, чунин амалҳоро инкор мекунад, балки ҳушдор ҳам медиҳад, ки чунин наворҳоро онҳо ҳам доранд. Ин дурӯғи маҳз аст. Кабирӣ дар баромадаш боз ишора кардааст, ки дар масъалаи сиёсӣ ба миён гузоштани обрӯи зан, хоҳар ва модарон  ҷоиз нест.Ин суханонро нафаре гуфта истодааст, ки худи аъзояш даст ба фаҳш мезанад. Ислом қудрати ислоҳ кардани ҳамаи гуноҳҳои бандагонашро дорад, дар сурате, ки бандааш дар назди Худо тавба намояд. Исломро бо таассуб не, бо дилаш бишносад. Ин “мӯъбадон”, донандагони илми “исломӣ” дар назди мазҳару ом, дигар сухан мекунанду дар хилват кори дигар.  Ва Саидюнус худ медонад, ки домуллоҳои беимон аксар ба ӯву роҳбараш итоат карда дар кунҷи дилаш билети партиявиро муқаддас мешуморанд, на имону эҳсоси Худотарсиро ....

Шуҳрат Усмонов,

мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ, номзади илмҳои техникӣ

 

Шахсияти Муҳиддин Кабирӣ аллакай ҳамчун инсони разилу нопок ва рафтораш берун аз доираи одамгарӣ ба миллати тоҷик аён гаштааст. Аз ҳар суханони пучи ӯ бори дигар боварӣ ҳосил менамоем, ки  инсон ба хотири манфиати худу пайравонаш ба чӣ корҳо қодир асту ба хотири пулу мол омода аст хиёнаткори миллати хеш гардад. Пайравони ҲНИ чӣ мехоҳанд? Мақсадашон чӣ? Бетартибиҳо дар Тоҷикистон? Зиёд намудани сафи наҳзатиён? Ҳаргиз! Имрӯз ҷомеаи мо обод аст. Мардум ҳеҷ гоҳ ҷанги бародаркуширо аз хотир фаромӯш намекунад. Ва намехоҳад, ки боз ба гирдоби бало ва вартаи ҷанг қадам гузорад. Ва сабаби он як ҳизбе, ки солиёти дароз дар Ватани худ истода, ҷангро мехост, гардад. Мо, тамоми мардуми тоҷик, аз ҷумла, Шӯрои занон ва духтарони ДПДТТ бар зидди ҲНИ, бар зидди ҷангу ҷидол ва вайрониҳо ҳастем. Ҳаргиз намегузорем, ки пойи бадбахти удӯ ба Ватани биҳиштосоямон гузошта шавад. Бори дигар, мардуми тоҷик, алахусус ҷавононро ҳушдор месозем, ки ҳеҷ гоҳ ба шахсони номаълуму ношинос ва гурӯҳҳои ифротӣ дучор нагарданд. Худро аз тоифаи бесаводу нобинони ободии кишвар дар канор гирифта, аз пайи хизмат ба Ватан гарданд.

Таи солҳои  охир роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ бо  муроҷиати худ ба кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон худро чун “қосиди сулҳ” нишон дода истодааст. Чунин рафтори онҳо вақтҳои охир маълум шуда бо барномаҳои якрангу бемантиқи худ дар назди мардум баромадҳо намуда истодаанд.

Дар суханронии худ Муҳиддин Кабирӣ ҷангҳои дохилаи кишварро бар дӯши собиқ коммунистон ва дигар манфиатхоҳон дониста, қайд намуд, ки нерӯҳои ватандӯст, истиқлолхоҳ ва озодандеши кишвар, шахсиятҳои миллӣ ва оммаи мардум ин падидаро бо шодиву фараҳ истиқбол карданд. Ман нафаҳмидам, ки “нерӯҳои ватандӯсту истиқлохоҳон ва озодандеши кишвар” гуфта ҷаноби Кабирӣ киро дар назар дорад. Агар Сайидабдуллоҳи Нурӣ, Тоҳирӣ Абдуҷаббор ва дигар “шахсони таърих”-и  истиқлолиятро сохтаанд, пас чаро касе онҳоро дар хотир надоранд.

Маҳз ҳамин “пирӯзии дерҳангом”  бо айби наҳзатиҳо дер ба самар овард. Чаро Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии хеш ҳарфе аз хоҷагони худ нагуфт. Чаро қайд накард, ки Аёмиддин Сатторову Сайидқиёмиддин Ғозӣ нисбати онҳо “тӯҳмат” заданд.

Кабирӣ борҳо дар баромади хеш аз “нақши таърихи”-ии Иттиҳоди опозитсиони тоҷик ҳарф зада, сулҳу ваҳдатро моли наҳзатиён донист. Кабирӣ дар  ин бора низ сухане лаб во накард. Ба Кабирӣ ва дигар  иттифоқчиёни нави онҳо гуфтанием, ки офарин ба он давлатҳое, ки ба халқи тоҷик, миллати тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати азияткашида бовар карда  сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд.

Роҳбарият ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ кадом вазъи Тоҷикистонро номуносиб, ғайриқонунӣ, ғайриахлоқи ҳисобида имрӯз мардумро боз ба шӯр андохтанӣ мешавад. Ӯ босмачиёнро, ки оғози асри 20 ба куштори мардум даст зада буданд, инсонҳои ватандӯсту миллатпараст унвон карда, ҳарфе аз аввалин инсонҳои бавиҷдони хату саводи бесаводонро бароварда нагуфт. Пас маълум, ки ӯ низ аз ҳамон босмачиён беш нест.  Ба Кабириву кабириҳо гуфтанием, бас нест, тафриқандозӣ, бас нест магар он хунрезиҳои мардуми бегуноҳ, ятим мондани фарзандон, бева мондани гуларӯсон, бе саробон мондану доғи фарзанд дидани падару модарон. Кадом шахсият ва кадом ҳизбҳо барои зиндагии хушбахтона муқобилият карда истодааст, агар як-ду нафар онҳое, ки ҳоло ҳам чашмашон дар хоб асту ин зиндагии осудаву ободро дида наметавонанд ва бемансаб мондани баъзе намояндагони ҲНИ набошад, дигар ҳама аз ин ҳаёти хушу хуррам ободу осудаи мамлакат шоду масрур бо меҳнати ҳалол зиндагии худро ба пеш бурда истодаанд.

Ҳанӯз аз оғози таъсиси собиқ ҲНИ давлату миллати тоҷик ягон эътирозе надошт баръакс бовар дошт, ки ин ҳизб низ дар қатори ҲХДТ барои манфиатҳои мардуми кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт, касе ҳатто фикр намекард, ки онҳо дар ниқоби ислом ҳар гунна ҳаракатҳои ифротию терористи байни мардум ташфиқот мебарад. Боадолатона рафтор намудани Ҳукумати Ҷумҳуриамонро бинед, ки ба онҳо баъди ба имзо расидани сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ  бовар карда вазифаҳои гуногунро ба дӯши эшон супориданд. Лек боиси таассуф аст, ки аксарияти онҳо ба Ватан хиёнат карданд мисоли воқеаҳои сентябри 2015 бороҳбарии ҷонишини вазири мудофиа генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконашон, ки ҳамаи онҳо аъзои собиқ ҲНИ буданд.

Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст қариб тамоми  аҳолии Тоҷикистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Қисми зиёди онҳо дар мазҳаби Ҳанафия мебошанд, ки наздик 1300 сол боз саҷда мекунанд. Аммо як нуқтаро низ мехоҳам ёдовар созам, ки мо миллатгарои намекунем, ҳамаро бо як чашм назар менамоем, на ин ки дар байни мардум  иддаои миллатҷудокуниро қасд менамоем.

Давоми солҳои охир як зумра аз аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, имрўз он ҳамчун ташкилоти терористию экстремистӣ эътироф гардидааст, ки рафтори ношоиста, кирдори ифротгароёна, фаъолияти ҷудоиандозиро пеша намуда, вазъи оромии ҷомеаро халалдор мекарданд. Кирдори ношоистаи худро хостаанд дар миллате, ки дар он ҷо зиндагӣ доштанд, амалӣ намуданд.

Имрӯз бошад, М.Кабирӣ дар чунин як конфронси «баландпоя»-и САҲА дар Варшава аз худу ҳаммаслаконаш дифоъ менамояд. Гуноҳи нобахшидании худу аъзоёнашро маҳкум намуда, иддао дорад, ки ин воқеаҳо маҳсули дасти мақомотҳое ҳастанд, ки барои давлат кор мекунанд. Як бор инсон пеш сухан гуфтан бояд ҳамаҷониба андешад, зеро он тӯҳмате, ки ӯ алайҳи мардуми мо карда истодааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили эътимод нест, сӯхтан осон, аммо сохтан хеле душвор аст, ин миллатро ба душвории бениҳоят хос ба озодӣ баровардаанд, чаро бояд онро ба вартаи нобудшавӣ  оварда расонад.

Аюбова Ф., муаллим-коромӯзи кафедраи молия ва қарзи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯзаро ҳангомасозиҳои терористону ифротгароён фаро гирифтааст. Дар пайравии ҳамин терористони хунхор баъзе аз хиёнаткорони ватан ба мисоли роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ва аъзоёни фаъоли наҳзати низ дар чунин амалҳои зишт даст зада, оқибат хоину хиёнаткори ватани хеш гаштанд. Имрӯз бошад, ин хиёнаткорон ба хотири як миқдор пули пучи хориҷиён манфиатҳои милли моро пушти по мезананд. Аз рӯи фармони хоҷагонашон амал намуда, мақсад доранд, ки давлати моро низ ба кишвари ҷангзада мубаддал созанд.

Ба наҳзатиҳо зарур аст, ки бояд донанд мардуми тоҷик дигар он мардумони зудбовари садаи гузашта нест. Замоне онҳо низ ба чунин исломгароён одамвор бовар кард ва натиҷаи боварии онҳо кишварро ба ҷанги хонумонсӯз оварда расонд. Ва дигар касе ба ин нобакорон иҷозат нахоҳад дод, ки амалҳои зишташонро дар миллати мо амалӣ созанд. Акнун ватан соҳибони ҳақиқии худро дорад ва намегузорад, ки ҳатто сояи нопокон ба кишвари мо ворид гардад. Минбаъд танҳо талош бар он меварзад, ки решаи терористону ифротгароёнро ба теша зада нобуд созад. Кӯшиш мекунад, ки ватанамон ободу озод ва мустақилтар гардад. Саъй мекунад, ки барои хизамти содиқона баҳри марзу буми муқаддаси хеш ҳамеша омода бошад ва барои ҳимояи як зарраи хоки диёр ҷони хешро дареғ надорад.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо терроризму ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва ҳамкории ногусастании ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст.

 

Халқе, ки барои гиромидошти арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии хеш талош мекунад, ҳамеша муваффақу комгор ва озоду обод хоҳад буд, зеро нерӯе дар гетӣ тавонотар аз нерӯи тавонои озодӣ нест. Ва саодате баландтар дар ҷаҳон аз саодати халқи озод нест. Мусаллам аст, ки вазъи имрӯзаи глобалӣ ва дар қатори он кишвари мо низ бо ташаббуси якчанд “исломдонон” муташанниҷ гардида истодааст. Раванди исломикунонии бархе аз давлатҳое, ки фирефтаи доми терористон гардида, баъзеи онҳо иҷборан барои исломи гаштани давлат иддао доранд, моро, мардуми Тоҷикистониёнро водор сохт, то аз фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон ҳамаҷониба бохабар бошему дар ҳифзу ҳимояи он кӯшем ва нагузорем, ки заҳмати чандинсолаи гузаштагони мо барбод наравад, зеро барои имрӯзиён ҳазорҳо аҷдодони мо ҷоннисорӣ намуда, барои насли оянда миллати тоҷдореро ба ном Тоҷикистон эҳё намудаанд. Дар ҷавоби ҳамин ҷоннисориҳои гузаштагонамон талош намоем то майдонро онҳое, ки мухолифи давлату миллати мо ҳастанд пур куннад.

Инак боз як бозии  рӯбаҳонаи роҳбари Паймони милли Тоҷикистон дар асл ТЭТ ҲНИ Кабиӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Баробари ошнои пайдо кардан аз сӯҳбати рӯбарӯи Кабирӣ бо мардуми кишвар, ба ин васваса ва ҳангомасозиҳои ӯ қоил гаштам. То ба дараҷае ботини ин шахс фасод гаштааст, ки мӯҳтавои суханони “аз самими қалб ба мардумони азиз” – аш гуфтааш пучу бемаъно ва дурӯғ асту дигар осоре нест. Ба ҷуз иғвою дасиса андохтан миёни давлату ҳукумат ва мардуми кишвар.

Кабирӣ бо “меҳрубонӣ”- ҳо мардумони азизам гӯён сухан кардааст. Офарин ба ин “лутфу каромат”- е, ки нисбати мардуми кишвар нисор кардааст!

Агар ин қадар мардуму ватанаш азиз ва бародаронаш баробари ҷонаш бошанд, сари мардум зулмро пеша кард ва чаро тарки диёр намуда, ин “бароддаронаш” ро танҳо гузошт. Ҳол он , ки таҳриккунанда ва устоди ин нобакорону хиёнаткорон, ки айни замон зиндони гаштаанд худи ӯ буд. Кабирӣ фирефтаи пули моли хориҷиён шудааст. Дуруст, камтар пуле, ки арзиши ҳеҷ кореро надорад. Ба хотири ҳамин манфиати худ, имрӯз ҳазоронро дарбадару бенаво ва саргардон сохт. Ва ба дуои бади модарони ҷигарбандгумкарда ва кудакони маъсум гирифтор гашт. қайд кардан ҷоиз аст, ки ӯ ба хотири манфиати хоҷагонаш то кунун фаъолият мекунад, на ба хотири онҳое, ки дар зиндонанд.

Бояд тазаккур дод, ки таслим шудани Зайд аз нигоҳи ту барин хиёнаткор иштибоҳ аст. Зайд имрӯз ба хотири он, ки мутаккои ту гашта буд, азоби виҷдон кашида, ҷавоби гуноҳҳои туро медиҳад. Ва кулли мардум ва ҳатто аъзоёне, ки имрӯз озоданду туро ситоиш мекунанд бояд донанд, ки агар ба ҳоли Зайд гирифтор шаванд, онҳо низ ба як гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. “Барои бародаронам аз хориҷ истода ягон кор кунам беҳтар, ба ҷои он, ки зиндони гашта, иштибоҳи Зайдро таркор кунам” гуфтани Кабирӣ чун ҳарвақта ба ҷуз як баҳона ва худсафедкунӣ дигар мақсаде нест.

Абдуллоев Б.Б., асистенти кафедраи Автомобилҳо ва доракунии нақлиёт  

 

Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзатиҳо имрӯз барои вайрон кардани фазои озодии кишвари мо саҳм гирифтаанд. Наҳзатиҳо сохти конститутсионии кишварро, ки барои мо зиндагонии озодро фароҳам овардааст, вайрон карданианд. Ҳар як амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои олам бо роҳу воситаҳои гуногун содир мегарданд, мавзеъҳои серодам мавриди ҳамла қарор дода мешаванд. 

Ин ташкилоти наҳзатиҳо низ ҷавонони бесаводу бемаърифатро ба боварии худ дароварда, онҳоро бовар мекунонанд, ки гӯё шахси ба амали террористӣ дастзада биҳиштӣ аст. Бо овардани баъзе далелу мисолҳои бардурӯғ, суханҳои пучи худро исбот карданӣ мешаванд. Он шахсе, ки маълумоти кофии диниву дунявӣ, машғулияти муайян надорад, аз зудбоварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои тундрав бовар намуда, гумроҳ мешавад.  Кабирии беимон имрӯз талош дорад, ки ба ин тариқ ба боварии мардум даромада ифротгароиро дар зери ниқоби ислом расво кунад. Аммо ин мақсадҳои нопоки ӯ танҳо дар тахайюлоташ боқӣ мемонаду бас. Зеро мардуми мусалмони мо аз пок будани дини ислом огоҳанд ва фирефтаи доми ин макоорон намегарданд.

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки барои як гуфтугӯи мустақим бо мардум иқдом кард, ки дар он давоми 2 соат ба суолҳои воридшуда посух гуфт. Мавзӯи саволҳо гуногун буданд ва чун баҳс тӯлонӣ буду мардум дар кишвар имкони тамошои онро надоранд, “Паём”, ки минбари розу ниёзи наҳзатиҳост тасмим гирифт баҳсро вобаста ба мавзӯъ қисм-қисм созад ва шарҳи муҳимтарин мавзӯъҳоро дар шакли чопӣ нашр кунад. Аммо ин ҷо соле ба миён хоҳад омад, ки дар ягон посухҳои Кабирӣ муҳимият дида намешавад. Чаро Кабирӣ аз он посухе, ки бояд аз рӯи виҷдон дар сафи чандин зиндониёни наҳзатӣ омада, ҷазои гуноҳҳояшро бояд ҷуброн кунад сар мепечида бошад. Ана ин ҳам суол ва ҳам посухе бояд мебуд, ки муҳимиятро инъикос мекунад. Он “ситоиш ва дилсӯзиҳо”-и Кабирӣ як суханони мардумфиребона аст. Вагарна агар аз дасташ барои раҳоӣ кардани “бародаронаш” ва “халқи азизаш” ягон кор меомад, пас чаро онро накард?

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин ҳама ҳангомасозиҳои ӯ танҳо барои манфиати худи ӯст. Агар не, пас чаро коре барои бародаронам кунам гуфта, таи ин қадар сол хомӯш нишастааст? Посухи суол он аст, ки гуноҳи онҳо, ҷинояти онҳо то ба дараҷаест, ки шуста натавониста истодаанд. Агар ба дигар мантиқ гӯем, “Об аз сар лой аст”. Ба ҳамин маънӣ ин наҳзатиҳо замоне дар айни маъракаи интихоботи низ хостанд, ки “обро лой карда моҳӣ доранд” ва ин сӯиқасди наҳзатпарастҳо бар зарари худи онҳо анҷом пазируфт.

Ба суол дар мавриди ин ки чаро раиси ҲНИТ ва аз моҳи сентябр раҳбари Паймони навтаъсиси Миллии Тоҷикистон пас аз баста шудани ҳизбаш ва ҳатто пас аз таъсиси Паймони Миллӣ хомӯш буд ва гуфтугӯе бо мардум надошт, Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки “ин тавр ҳам набуд, ки комилан бо мардум сӯҳбат накарда бошем, гоҳ-гоҳ бо муносибатҳои гуногун бо мардум сӯҳбат мекардем.  Мавзӯҳои гуногун гуфта, яқин медонам, ки бо “самимият” нисбат ба ватан ва истиқлолияти он номаи табрикотии таҳқиромез ирсол намудааст. Ва чун ҳамешаги иброз кардааст, ки дар раванди мустақлгардонии давлат дасти наҳзатиҳо низ будааст ва онро Истиқлолияти дерҳангом номидааст. Аминам, ки агар ҳамин дасти наҳзатиҳо намебуд, ин дастовард дерҳангом намешуд. Хушбахтона барои мардуми шукркунанда ва мусалмони асили тоҷик ҳамин Истиқлолияти дерҳангом тамоми хушбахтиҳоро дар зиндагони фароҳам овард.

Кабирӣ дар ин мулоқот низ ин қадар аз “ислом” зебо сухан кардааст,  ростӣ, ки “ҳавасам” омад. Зеро ӯ гуфтааст, ки то ба ватан баргаштан номи азҳобаш исломӣ мемонад. “Ба хотире, ки онро бисёр пок медонистааст”.

Дар масъалаи он,ки “чаро Кабирӣ омада, дар қатори муовинонаш зиндонӣ нашуд” чаро? Худ, ки адоватпарвар аст, қудрати қувваи адолат ӯро шикаст дод.

Рафоат Неъматуллоева,

номзади илмҳои техникӣ,

омӯзгори калони маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

 

Муҳиддин Кабирӣ, ки худ роҳбари ташкилоти терористиву экстремистӣ аст, ақидаҳои ифротиро миёни мардум ба ҳар восита паҳн карда истодааст. Вале мо мардуми ватандусту худшинос талош бар он меварзем, ки ҳамеша кишвармон ободу пешрафта бошад. Ақидаҳои ифротиёнро махкум менамоем ва ба нахзатиҳо то чи андоза муқаддас будани  ватанамонро нишон медиҳем.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, чун нҳзтиҳо, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.

Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

    

Аз баъзе амалҳои ноҷо ва гуфтору рафтори Муҳиддин Кабирӣ кас ба тааҷуб меафтад. Ба назар чунин менамояд, ки ӯ худ намефаҳмад, ки чӣ гуфта истодаасту чӣ мақсаду маром дорад? Воқеан, шояд чунин ҳам бошад.

Чӣ гуна ақли инсон мегирад, ки ӯ низ дар баробари дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият бурда, худро “раис”-и ҲНИ гирифтаасту худ бехабар аз оинҳои ислом аст. Дар остонаи соли нави мелодӣ паёми табрикотии Муҳиддин Кабириро хонда будем. Дарвоқеъ,  Муҳиддин Кабириро умуман фаҳмида намешавад. Ишораи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода барҳақ аст:  “Кабирӣ душмани асосии солшумории мелодӣ аст ва солшумории ҳиҷриро афзалтар медонад, аммо шарм накарда ҷомеаи кишварро бо ин ҷашн табрик мекунад”.  Ӯ худ аз адолат ҳарф мезанад, вале чаро пайравони худро ҳимоят намекунад, бегуноҳии онҳоро исбот намесозад? Нафаре ки бо Муҳиддин Кабирӣ сарукор дошт ба балои бад гирифтор шудааст. Умуман, касе ки бар чашми мардуми худ хок пошида, хоини кишвари худ аст, ҳеҷ гоҳ ба мақсаду муроди худ нахоҳад расид. Ҳар яки мо – мардуми кишвар бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд барои пешравии миллатамон саҳмгузор бошед. Меҳнат ва хизмати шоистаи мо ба Тоҷикистони азиз  боиси пайваста нусрат ёфтани миллати тоҷдорамон ва пойдории сулҳу ваҳдат  хоҳад гардид. Пас, нест бод ҲНИ ва Муҳиддин Кабирии хоини Ватан!

 

Паёми солинавии  Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ мисли паёми рамазониаш пучу бемағз буд. Бо навиштаи олими тавонони илми диншиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода  бори дигар бовар ҳосил кардем, ки дини ислом бо роҳи худу ҳизби ислом бо роҳи худ. Ин «таманнои солинавӣ» бори дигар исбот кард,  ки инсон ба хотири манфиати худу пайравонаш ба чӣ кор қодир аст. Нафаре бо воситаи минбари баланд садо мекунад, ки боиси бадбахтии чандин нафарони раҳгумзада шудааст. Шахсияте ки мехост кинаву кудурати чандинсолаи худу аъзоёнашро бо воситаи барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ берун созад. Ӯ дар паёмаш  аз вазъи ба гуфти худаш «пасти» иқтисодӣ  кишвар сухан мекунад ва чун вақта бо сухани «таскинбахши» худ аҳолии кишварро аз фурсати муносиби мубораки моҳи рамазон «умедвор» мекунад. Умедвор ба он, ки онҳо меҳоҳанд ҷомеаи соф фундаменталии исломӣ созад.      Худ дар мизони андеша баркашед. Ин ҳизб чӣ мехост? Қудрат ва тавоноӣ, дар фарҳанги маънавии мардум маҷбуран таҳмил кардани таассубу хурофотпарстӣ ва ахиран террору экстримизм. Магар ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ, Афғону Покистон барои мо дарси ибрат нест. Пас ин мардуми ваҳдатшиор ҳадафмандона будани ин ҳизбро инкор намуд. Хубиаш он аст, ки мардум кӣ дӯсту ки душманро дар симои ҳамин ҳизб фаҳмида гирифт.Воизону муаббирони наҳзатӣ дар оғози изҳороти худ гӯиё мардумро тарсониданӣ мешаванд, ки агар «ҳуқуқи наҳзатиён поймол шавад, хатари ҷанги бародаркуш сар мезанад», аммо ин «воломақом»-ҳо боре ҳам намеандешанд, ки дигар мардум сабукбор нестанд, дар мағз-мағзи устухонашон ҷароҳатҳои ҷанги бародаркушро эҳсос кардаанд. Ва идома ёфтани ин қувва баръакс хатари ҷанги шаҳрвандиро шиддатнок менамоянд.Мо ба ҳамагуна таҳримҳои душманони аҳримансифат омодаем ва бо дониши баланду рафтори намунавӣ ба онҳо посух мегӯем.