Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз онро бо шукӯҳу шаҳомати хосаш дар тамоми олам мешиносанд, бархе аз зодагони хиёнаткору кӯрнамак ва кӯрсаводаш бо ношукрии беш мустақилияти кишварро пушти по мезанад. Вале бояд донист, ки истиқлолият, демократия ва сулҳу дӯстӣ ба маънои томаш дар Тоҷикистон аст.

Мусаллам аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибтстиқлоли мо таҳти роҳбари хирадманду оқилаш ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфтааст, зеро он дорои потесиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Вале ин пешравиҳо то чи андоза ба рухи М.Кабирӣ ва намояндагони иғвогаронаш таъсир расонидааст, ки хостанд бо суханҳои «пандоомез»-и худ мехоҳанд миёни омма обрӯ гиранд.

Аввал ин, ки рафтори ноҷавонмардони ин назҳатиҳоро солҳост, ки мушоҳида намуда истодааем. Дуюм ин, ки мақомоти давлати аз Шумобаринҳо хиёнаткору ватанфурӯш нест, ки бо чунин амали нангин номи кишварро доғдор кунад. Ба миосли ин боз чанде “қаҳрамониҳоятон ”- ро бар гардани мақомотҳои давлати бор кардед. Ба фикратон мардум беақлу девонаанд, ки ба чунин суханони бемаврид бовар мекуннад. Донед, ки минбаъд шуморо ҳамон фармондеҳон гӯш мекуннаду бо ангушти ишораашон дар атрофи хууд бози медоранд, зеро аллакай шумобаринҳо лӯхтаки дасти он хориҷиён гаштаед.

Бисёр кам мондааст, ки онҳо низ аз истифодаи шумо дилбазан гашта, шуморо ба холи худ хоҳанд гузошт. Он вақт дарк хоҳҳед кард, ки ВАТАН чи қадар муқаддас аст.

 

 

 

 

Агар ҲНИ ва «Паймони миллӣ»  дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ намуда, дар миллати мо хостад, оташи ҷангро барангезанд. Чуноне ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи намояндагони ТЭТ ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳӣ ва босмачигиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Боқӣ, ин тоифаро инсоф диҳад, бигзор як хулосаи даркории худро дар мавриди аз даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд. Онҳо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷой ягон гап ҳаст, яъне мардум ҳамин тавр ба рафти фаъолияти ТЭТ ҲНИ беҳуда таваҷҷӯҳ зохир намуда, натиҷабардорӣ накард ва фаъолияти ин ташкилоти терористиро мамнӯъ эълон накардааст. Ин ақидаде буд, ки замони манъи ин ҳизб миёни мардум гап гап шуда буд, аммо ин ақидаҳо ба ҳакқиқат мубаддал гаштааст, ки рӯз то рӯз ин нохалафон аз ҳар манотиқи дунё истода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ сохта истодаанд. Яъне, ҳамон “зери коса нимкоса ҳаст”, гуфтани мардумон имрӯз дар амали ин террористон инъикос ёфтааст.

 Тоҷикистони соҳибистиқлол, имрӯз бо як мароми беш аз пеш рушд мекунаду тараққӣ меёбад ва ин далели он аст, ки миллати мо демократӣ асту комилҳуқуқ. Таърих гувоҳ, ки кадом давлат  роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтааст ин давлат равнақ ёфта тараққӣ карда истодааст. Он давлатҳое, ки бо қонунҳои хурофотӣ-динӣ амал мекунанд оянда надоранд. Ин далелро бисёр шахсоне, ки дар ин гуна давлатҳо буданд тасдиқ мекунанд.

Мутаасифона, бархе аз кӯрдилон ва хиёнаткорон дар миллати мо низ Истиқлолияти давлатӣ ва озодии миллатро нодида гирифта, нисбати ватан хиёнат карданд. Аммо натиҷаи амали онҳо ба ҳадде расид, ки имрӯз фирорианду дарбадари кишварҳои ғарб шудаанд. Ин ҷавоби ношукриву носипосист.

Албатта, ки ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва озоди мо аз чунин ашхоси нопок безоранд.  Гурезагону хиёнаткорон Ватан надоранд, онҳо Худозада ва нафратзадаи халқанд.

Имрӯзҳо фаъолияти ҳизби ҲНИ дар ҷомеа мавқеи сиёсии худро пайдо карда натавонист ва зуд ҳокимиятро соҳиб шудан хосту мақсадҳои тактикӣ ва стратегии худро муайян карда натавонист. Маблағи зиёд пайдо кард ва онро хоҷагони хориҷияшон барояшон медоданд. Аз мавқеи иқтисодӣ аз ҳама ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бештар бартарӣ дошт. Аммо бунёдаш, ки ҷаҳолату ғараз буд, ба мақсадаш нарасид.

Мо ба таври возеҳ метавонем аз панҷ унсур ё аркони ислом истифода намоем ва онро давлати имрӯзаи Тоҷикистон тавассути Конститутсия ба мо арздонӣ доштааст. Бояд ба қадри ин арзиши  конститутсионӣ бирасем ва моҳяити ҳамин арзишро барои насли ҷавон ва мардум дар зери таъсири ҳуруфотнома фаҳмонем. Ҷомеаи озоди имрӯзаи мо ба андешаҳо ва таълимоти фундаменталии ба ислом бегона эҳтиёҷот надорад.

Мақсадҳои нопоки саркардагони ҲНИТ ва пуштибонии онҳо аз ҷониби давлатҳои бузург ҳушдор медиҳад, ки аз хатогиҳои содирнамудаи онҳо хулоса бардошта, барои ба як миллати воҳид табдил додани миллати тоҷик ва муттаҳид намудани сокинони Тоҷикистон ба як қувваи бузург корҳои зиёд анҷом дода шавад. Бояд тавассути телевизион ва радио силсиласӯҳбатҳо бо иштироки олимон, сиёсатмадорон ва ходимони дин гузаронида шуда, нисбат ба амал, фаъолияти анҷомдода ва мавқеи ин террористон бори дигар андешагузорӣ карда шавад, то ин ки тамоми мардум огоҳ бошанд ва донанд.

Инчунин, нисбат ба донишҷӯён ва хатмкардагоне, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ё баргаштаанд корҳои фаҳмондадиҳнӣ низ бояд гузаронида шавад.

Имрӯз миллати тоҷик дар фазои сулҳу осоишта ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб мефаҳмад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Маҳз хизмати хиради созандаву бунёдкоронаи Сарвари кишвар буд, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот пойдор аст.

Аз ин рӯ мо шаҳрвандон ба қадри сулҳу суботу оромии кишвар расида, дар тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон дучанд меҳнат намоем. Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанпарастӣ метавонад моро аз ин гирдоби хатарафзо нигоҳ дорад, зеро ягон ҳаракатҳои ғайриқонунӣ барои пешравии миллат хизмат накардааст.

 

 

Ҷавонони бонангу ор ва бошарафи миллати мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сазовори номи бузурги ҳимоятгари Ватан бошанд. Аз ин хотир оиди бетараф набудани кулли ҷавонон ва  зиёи кишвар нисбат ба вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон ва гаравидани ҷавонони кишвар ба ҳар гуна ҳаракатҳои носолим ва ҳар гуна хусусиятҳои ифротгароиву ҳодисаҳои террористӣ дошта баён созам. Ман боварии комил дорам, ки  агар якдилона, бар зидди мухолифони миллат, дар тафаккури ҷавонон ва зеҳни онҳо ғояҳои баланди  дӯст доштани ватан ва устувор будан ба мазҳабу  суннати аҷдодӣ пур гардонем ва мудом  дар мулоқоту сӯҳбатҳо  аз дастовардҳои ватанамон нақл намоем аз оқибатҳои хеле бад доштани хизмат кардан  ба хоҷагони халқҳои беруна, ки ҳадафашон бештар кардани беимону бемазҳаб ва террористу ватанфурӯш  аст, огоҳ созем боварии комил дорам, ки ҳеҷ гоҳ сафи чунин ҷавонони роҳгумзада зиёд намегардад. Ва ин зарбаи сахте мешавад, барои наҳзатиҳо шахсан Кабирӣ.

Дарки масъулияти волои меҳанпарастии мардумон метавонад омили пешрафти диёр бошад, инчунин барои маърифатнокии наслҳои имрӯза ҷомеа ба таҷрибаҳои бойи бузугсолон ниёз дорад. Мутмаинам, ки агар сулҳофару сулҳхоҳ чун сарвари оқили давлат бошем, дигар барои ташвиш асосе боқӣ намемонад.

 

Ҳар як ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ ба худ ҳадафҳои муайяни сиёсӣ ва роҳи муайян барои расидан ба мақсадҳои олии худро дорад. Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ бошад аз бунёдаш дурӯя буд ва ду ниқобро барои фирефта кардани мардум истифода мебурд.

Хатари ин ташкилот пеш аз ҳама дар он аст, ки наҳзатиён бо ташкилотҳои хеле даҳшатноки имрӯзаи ҷаҳонӣ ба монанди ДИИШ ҳамкорӣ дорад. Ҳам ДИИШ ва ҳам наҳзатиён дар кишварҳои ғарбӣ пуштбонҳо дошта аз ҷониби онҳо барои ноором кардани авзои сиёсии давлатҳои мавриди ҳадаф маблағгузорӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳое, ки хоҷагони хориҷиашон дар назди ин гурӯҳҳо гузоштаанд, дар баробари қатлу куштор ин террори фикрӣ намудани ҷомеа мебошад. Яъне мардуми солимфикрро ба як тудаи мутаассиби манқуртшуда табдил додану давлатро дигарбора ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидан.

Роҳбари фирории наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади ба хоҷагони хориҷии худ нишон додани қудрату фаъолияташ дар Аврупо чор гумроҳи пайравашро, ки ҳамагӣ наҳзатӣ буданд, ба чор гуруҳи дигар тақсим карда, бо онҳо (яъне худ ба худ) як паймони шармандавор бастанд. Чи хеле, ки аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони бо қавле мухолифин - ташкилоти терористиву экстремистии наҳзати исломӣ ва се ташкилоти худи наҳзатиҳои хоин бо номҳои назарфиребона ва аз ҷониби худи онҳо номгузоришуда масхараомезона байни худ “созишнома” имзо карданд ва иттиҳодеро бо номи “Паймони милли Тоҷикистон” таъсис доданд ва Кабирӣ худро роҳбари ин паймон интихоб намуд.

Бо ҳамин гӯиё нишон дод, ки “гурӯҳҳои сиёсии мухолифини дар хориҷи кишвар бударо муттаҳид сохт”. Ин масхарабозии бемантиқро ҳатто хоҷагони масхарабози хориҷиашон ҳам, аз шарм, эътироф карда натавонистанд.

Пас аз ваҳшиёна ба қатл расонидани 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон афти манфури наҳзатиён барои мардуми дунё бештар ошкор гардид. Ҳарчанд онҳо ин амали нангини худро инкор мекарданд, аммо бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ бори дигар исбот шуд, ки ин кори наҳзатиён аст.

Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватанро мебояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияти пойдори мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳаргуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммилатони моро заҳролуд намоянд.

 

 

Ҳазор аҳсант ба он давлатҳое, ки солҳои қабл ба халқи тоҷик, мардуми тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати замоне азияткашида бовари ҳосил намуда, сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта, барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд. Маълум буд, ки ҳатто ҳамон вақт бо тинати нопоки бархе аз одамон миллати мо гирифтори чунин бесару сомони гардид.    Мақсаде, ки гурӯҳҳои ифротии ТЭТ ҲНИ дар ниҳоди худ мепарваранд, дар он инъикос мегардад, ки ҳадафи ниҳоии онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии миллату халқиятҳо мебошанд. Ин беимону бевиҷдонҳо исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд, ки куллан хатост. Дар асл аъзоёни ин ташкилот худ ифротгару иғвогаранд ва барои истифода, мусулмонҳоро даъват менамоянд, ки Худоро ҳамеша ёд кунад ва аҳкоми шариатро василаи асосии кору зиндагии худ донанд. Аммо асли мақсади онҳо барпо намудани хилофат аст.

 Аз як нигоҳ паноҳи хешро мо ба ин китоби муқаддаси Қуръон дода бошем, аз нигоҳи дигар миллати мо Пешвое дорад, ки бо ҳастии ӯ мардумонаш фикр менамоянд, ки гӯё ҷаҳон аз они онҳост. Тамоми истиқлолият, озодӣ ва ободии диёр дар давлати онҳост.

 

29  сентябри соли 2015  аз тарафи  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин ҳизб амалҳои ифротгароӣ зиёд ба чашм мерасид. Ифротгароӣ имрўз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳое, ки рўзҳои охир дар Тоҷикиситон ба вуқўъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро  водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоянд.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурўҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло  дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.

Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад-асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрўза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гўшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рўй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест, ки имрўз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад.

Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд. Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хуҷаинҳои хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион аҳолӣ дошта, дорои 1340 киллометр сарҳад бо кишвари Афғонистон мебошад. 95 дарсадди мардум мусалмон буда, аз мазҳаби Абу Ҳанифа пайравӣ мекунанд.

ТЭТ ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиё паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рўйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.

ТЭТ ҲНИТ-фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «Ҷиҳод дар роҳи Худо» рўйпўш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки ТЭТ ҲНИТ онро ташкил кард, аз тарафи ин ташкилот кушта шудани 150 ҳазор нафар аҳолии кишвар худаш бас аст, ки сатҳи ҷинояти ТЭТ ҲНИТ дар назди халқи тоҷик баҳо дода шавад. Агар миқдори аҳолии Тоҷикистонро дар соли 1993 дар назар гирем, ин шумора беш аз 3% тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод!

Аммо бузургии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ба хотири сулҳу ваҳдат, ба хотири тинҷию оромии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба авфи умум дохил карданд. Ҷинояткорони наҳзатӣ аз ин истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Гарчӣ ҷиноятҳои онҳо барои халқи тоҷик ва барои идораҳои қудратии Тоҷикистон пурра маълум буд, ба хотири сулҳу салоҳ ва сухани ҷавонмардонаи Пешвои миллат касе он парвандаҳоро намебардошт ва касе ба онҳо кор надошт. Дар ин давра наҳзатиҳо соҳиби қасрҳои бошукӯҳ, магазину бозору тиҷоратҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу роғ ва мошинҳои қимматбаҳо шуда гаштанд. Лекин афсус, фитрати нопоку носипос боз ҳам ба кор даромаду наҳзатиҳо ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, ба ҷойи додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиши ҷавонмардонаи Роҳбари давлат, боз бар зидди давлат нақшаи табаддулоти давлатӣ кашиданд(!!!).

Усмонов Ш.З.

мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,

номзади илмҳои техникӣ

 

Аз таърих маълум аст, ки арзишҳои миллӣ барои ҳар халқу миллат гавҳари ноёб ба шумор меравад. Ин арзишҳо дар ҳама давру замон пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода карда мешуданд. Зиёд шахсиятҳоеро метавон ном бурд, ки барои ҳастии ин миллат ҷоннисориҳо кардаанд. Мутаассифона, дар хотираи таърих ҳамзамон нафароне ҳам то ҳанӯз боқӣ мондаанд, ки Ватан, модар муқаддасоти обу хоки диёрро пушти по зада, барои манфиатҳои шахсии худ ин миллатро фурӯхтаанд. Аммо зикр бояд дошт, ки чуинн нафаронро на танҳо таърих ба худ сабт кард, балки дар ҳаёти имрӯзаи мо низ ҳастанд, чунин хиёнаткорону носипосон.

Намояндагон ва аъзоёни наҳзатӣ бо роҳбари Кабирии ношукру носипос, имрӯз мехоҳанд, вазъияти кишварро муташанниҷ куннанд ва бидуни малол соҳиби ҳокимият шудани ҳамтанд. Агар ин қадар ҷасорати мардонагӣ медоштед, дар вақте, ки мардум эҳтиёҷманд буд, фирор намекардед. Ҳоло, ки кишвар тинҷу ором ва тартиботу низоми ҳақиқӣ вуҷуд дорад, ин қадар дар дилатон “ҳаваси роҳбар ” шудан парваридед. Донед, ки ҳеҷ гоҳ мардум ба доди ин орзуҳои шумо нахоҳад расид, зеро касе намехоҳад, ки зери фитнаву дурӯғ зиндагӣ кунад.

Илҳом Ёқубов,  собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, дар ҳар баромадҳои хеш аз он шиква мекунад, ки хостаҳои муҳоҷирин иҷро намешавад. Ба андешаи ӯ танҳо муҳоҷират хосси тоҷикон аст. Суоли нахустин ба ин «некӯхирад» он аст, кӣ ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ интихоб кард? Ва баъдан аз Осиёи Марказӣ  наздики 10 миллион муҳоҷирон дар хориҷи кишвар иқомат доранд. Миёни онҳо дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбари ин Анҷуман шавад. Сониян кӣ ба ӯ иҷозат додааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷирон фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он ки дар хориҷи кишвар садҳои шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст. Ва дар қиёс аз «мушкилие», ки Илҳом Ёқубов дар суханрониаш зикр кардааст, мушкилиҳои азими фаромиллӣ пешорӯи муҳоҷирон қарор дорад. Ин ҳам бошад мушкилии буду бош, фавҷ – фавҷ пайваст шудани ҷавонони муҳоҷир ба сафи ташкилотҳои террористие, ки маҳз Илҳом ва илҳомбаринҳо дар ин кори «хайр» нақши асосӣ мебозанд.

Худи Илҳом Ёқубов кист ва то кадом андоза ба Паймони миллӣ  иртибот дорад? Ба  ин суол посух он аст, ки ӯ тарбиятдидаи як хонаводаи «зиёӣ»-и шаҳри Хуҷанд аст. Аммо мавҷи «исломпарастӣ» ва суҳбату устоду шогирдӣ бо Муҳиддин Кабирӣ он тарбияе, ки мактабу маориф ба ӯ додааст, бо «хушгӯ»-иҳои Кабирӣ ба итмом расиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаву лутфу карами беҳудудро дар хоби шабаш медид, аз маблағхои хоҷагони эронии худ ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати хеле кӯтоҳ ҳам карейра намуду ҳам яке аз тоҷирони муваффақ гардид. Ба ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишварҳои Прибалтика мегузаронд. Ҳамчунин бо маслиҳатҳои устодонаш Наим Самиев (роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд) ва Муҳиддин Кабирӣ мунтазам дар шӯрои машваратии дафтари САҲА дар вилояти Суғд ширкат меварзид.

Хушбахтона  баъд аз маҳкум намудани фаъолияти ҳизб, мардуми халқи мо дар фазои тинҷу оромӣ қарор доранду озодона зиндагии шоиста доранд ва идеяи Муҳиддин Кабирӣ комилан дуруст нест, ки сохтори давлат иҷозат намедиҳад, ки мардум тоату ибодат намоянд. Баръакс имрӯз таҳти роҳбарии сарвари хирадманд, пешвои миллати тоҷик ҳамаи шароит ба хотири тоату ибодати мардум фароҳам оварда шудааст ва ё касе онҳоро маҷбур намекунад, ки донандаи ислом набошад, давлати Тоҷикистон дунявӣ аст, ба ҳамин хотир ҳам дин аз давлат ҷудо фаъолият менамуд, аммо ҳамкориҳои масъулини ҳизб бо хоҷагони беруна ва бардоштани иғвову дасиса дар байни мардум ин амали  иштибоҳонаи худи масъулини ҳизб буд, ки хостанд бо ин мафкураи ғаразноки хеш чунин як амали хислати ифротгарои доштаро алайҳи ин давлати мустақилу  соҳибфарҳанг анҷом доданд.

Ҳадафи ин қавму миллат танҳо пояхои истиқлоляитро устувор намудан аст. Илҳом Ёқубов чизеро надониста аз кадом озодандешиаш сухан мекунад, ки барояш  иҷозат надода бошад. Инҳо ҳамон илҳомҳое ҳастанд, ки аз тарбияти Кабирӣ ва ҳоҷагони фармондеҳи хориҷа илҳом гирифта ба сароидан даромадаанду даъво мекунанд, ки дар миллати мо гўиё озодии баён вуҷуд надошта бошад ва ҳар он нафаре, ки озоандешӣ мекунад, сояашро нест мекунанд. Маро хуб гўш кун,  Илҳоми «озодандешу сухандон», ки мақсади давлат пок намудани сояи  ба мисоли ту «озодандешон нест», миллат ягона ахдоф дорад, ки ҳамеша фазои сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳукмронӣ кунад.

Илҳом Ёқубовро мебояд пайгирӣ дигар мавзуъ шавад. Вазифаи ҷониву имонии ӯ хизмат кардан ба халқу миллат аст на бозичаи дасти дигарон шудан.

Чун ба саҳифаи таърих менигарем, аён мегардад, ки ҳама давру замон як гурӯҳи аҳримансифатон барои пиёда кардани мақсадҳои нопоки худ ирода ва мафкураи халқро яроқи аслии худ медонистанд. Дар замони муосир ин «хидмат» бар дӯши меросбарони душманони миллат ҲНИ вогузор шуд. Ва онҳо дастикам беш аз 40 сол муборизаи онро доранд, ки боре Ҳукуматро ба даст гирифта, акидаҳои ифротии худро миёни мардум таҳмил кунанд. Ҳосили ин ҷонгудозиҳо ҷанги таҳмилии солҳои навадум қарни гузашта мебошад.Дар олудасозии мафкураи мардум «хидмат»-и «соҳибназарон», онҳое, ки аз кӯчаи «дину диёнат» гузаштаанд, хеле калон буд. Оқибати ҷанги таҳмилӣ ҷон бохтани беш аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва гуреза шудани беш аз 1 миллион нафар ва хисороти калони моддӣ, ки то кунун ҳукумат барои рафъи ин хисорот кор мебарад. Бо вуҷуди ин ҳама носипосиҳо давлат гуноҳи гунаҳкоронро бахшид. Ба сулҳу осоиштагӣ расидем. Вале ин ҳама ободиву озодиро боз ҳамон нафароне дида натавонистанд, ки ангезаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар буданд.

Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки соли гузашта ба қавли худашон 40-солагии таъсисёбии худро таҷлил намуданд, дар ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ягон амали созандаеро пеш нагирифтанд. Мақсади ин ҳизб аз аввал танҳо як чиз-ташкили давлати ба ном «исломӣ», ки ин гуна орзуро имрӯз созмони террористии «давлати исломӣ» дар дил мепарварад, буд. Барои расидан ба ин мақсади худ онҳо солҳои сол омодагӣ диданд ва борҳо кӯшиши нооромии ҷомеа намуданд, ки мо инро дар мисоли нооромиҳо дар вилояти Бадахшони кӯҳӣ, води Рашт ва моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат дидем. Дар ҳама ин ҳодисаҳо даст доштани ба ном наҳзатиён исбот шуд. Ва ин нафарон имрӯз дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Агар давлат сари вақт пеши роҳи ин корро нагирад, шояд хатари аз нав зуҳур кардани пайравони гумроҳи онҳо зиёд шавад.

Окибати ин амалҳоро мо ба доми фиреб ва найранги хоҷагони гирифтор шудану аз зиндагии ширин, аз диёри зебо, аз миллати нозанини хеш ношукрӣ карда, ба ҳизбҳои характери экстремистӣ-динӣ дошта ворид шуда, ҳатто ба Сурияю Ироқу Афғонистон рафтани ҷавононамонро дида истодаем. Бояд мо бештару беҳтар ба қадри суботи сиёсӣ, истиқлолияти ба ҷон баробари кишвар, ба ваҳдати миллии хеш расему онҳоро ҳамчун гавҳараки чашмонамон эҳтиёт ва муҳофизат намоем.Бинобар он дар фуроварди сухан ба ҳамаи шахсоне, ки фирефтаи тағйиротҳои дурӯғини ҳизбҳои гуногун ва ё харакатҳои номақбул гаштаанд, муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки имрӯзҳо давлат ва иқтидори интеллектуалии он иқтидори ҳарбӣ ва сиёсиаш метавонад ба ҳар гуна ҳаракату азҳобҳои экстримистӣ ҷавобҳои сазоворро диҳад. Зин сабаб ба ҳамаи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон гуфтаниам, ки биёед ҳама дастҷамъона суботи сиёсии кишвар, осмони софи он, ваҳдати нотакрор ва истиқлолияти худододи ро шукргузорӣ намуда, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият намоем.

Фарҳод Раззоқов, устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика