Ҳоло мо дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар холе, ки ҳатто замони шӯравӣ ҳолат чунин набуд. Тамоми кӯшиши ҳукумати шӯравӣ бар он равона шуда буд, ки мардумро аз дину имон ва муқаддасоти миллиашон дур кунанд. Аз нақлҳои модаркалонам, бар меомад, ки  дар гузашта волидонамон пинҳониӣ ва бо ҳазор тарсу ваҳм дар хонаҳо адои  намоз мекарданд. Ва агар ин амали эшон ошкор шавад, ҷазои сахт мегирифтанд. Хушбахтона,  ба шарофати истиклолияти давлатамон мо аз ин асорат ва дурафтодагиву бедини халос хӯрдем.   

Имрӯз давлат пуштибони дини исломе аст, ки ба маънои томаш ҳақиқист. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст. Пас, ин ҳама иғвову  кинаҷӯи ва  баҳонахоҳиро зарурат чист намефаҳмам? Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд онҳоро аз кишварҳои хориҷабар гардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин  насозад пас ин вазифаи кист.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, падару модарон ва мураббиёну муаллимон  масъули тарбияи фарзанднамон ҳастем беҳтар он аст, ки дар ин синну солашон онхоро  ба рохи рост бурдан осонтар аст ва ҷаҳонбиниву дониш ва бовару назарҳояшон ҳанӯз комил нашудааст, худамон таълим диҳем. Ба  мақсади неки худ мерасем, онҳоро ба руҳияи меҳанпарастӣ ҳидоят намоем.

Имрўз кишвари мо новобаста аз дигаргуниҳои муносибатҳои ҷаҳонӣ, новобаста аз чунин амалу кирдори ғайриинсонии бархе аз гурўҳҳо рў ба таррақӣ ниҳодааст, истиқлолият дорад, тинҷию оромӣ ҳукмфармо аст. Ҳамаи ин дастовардҳо ва омилҳо дар он вақт устувор ва абадӣ мегарданд, ки агар аксарият ба он эҳтиром гузоранд, дарк кунанд ва аз ҳар гуна қувваҳои бегона кишварро ҳифз намоянд.

Имрўз падидаҳои шомилшавӣ ва ифротгароӣ, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии як гурўҳ ҷавонон ба мо маълуманд. Аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ огаҳӣ дорем, ки ҷавононро  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардан ҳамчун террорист ба мамлакатҳои хориҷа сафарбар намудаанд. Ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва ғайра, ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ тақдид мекунад. Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддас аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намуд, ки дар муқобили хавфу хатарҳои террористӣ муттаҳидшуда, бо зиракӣ ва хушёрии ватандӯстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеъа пайваста кӯшиш намоянд.

Нагузорем, ки ҷонибдорони ҳамагуна ихтилофу тафриқа, ба кадом маънову мазмуну ранг набошад, пешравии босуботи ҷомеъаи осоиштаи маро халалдор гардонанд. Нагузорем, ки дигар гурўҳи ифротгаре иродаи худро зўран ба гардани халқи мо бор намуда, мардуми шарифи моро гирифтори балову кулфат намоянд.

Дар баробари он ки ҷавононро як қишри асосии ҷомеа арзёби намуда, эшонро ҳамеша дар мадди назар қарор додаанд, бар замми ин боз давлат ва хукумат вазифадор аст, ки барои фардои Тоҷикистон насли солим тарбия намояд ва заминаҳои фардоро имрӯз  мухайё сохтааст.

Тоҳиров Т.И. омӯзгори калони кафедраи А ва ИН

 

 

 

Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин меҳан кору фаъолият мекунем.

Мо, миллати саодатманд ва куҳантамаддуни тоҷик ҳаргиз ба ин иҷозат нахоҳем дод, ки бо чунин ақидаҳои нопокатон моро тавсия диҳед, зеро то кунун касе аз наҳзатиҳо барои коре тавсия напурсидааст. Аз ин рӯ инро қабул намоед, ки дигар касе шуморо гӯш нахоҳад, кард. Вақте, ки шумо ин қадар тарафдори он бошед, ки чунин амалҳои аз доираи одоб берун идома ёбад. Аммо иддае аз мухолифони кишвар, яъне наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони он аст, ки фарҳанги милли тоҷикон бо айби бархе нохалафону бадахлоқон барбод равад. Ва бо таҳқир иброз кардааст, ки Ҳоло як чизро бароятон ошкор кунам: дар дасти мо ҳам хеле чизҳо ҳаст; ҳатто аз раҳбарони калонатон, аз раҳбарияти кишвар. Вақте ин (наворҳо)-ро пеши мо оварданд, ман гуфтам: инро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода набаред, фарҳанги мо ин нест.Пас мо низ медонем, ки фарҳангӣ наҳзатиҳо ин маҳфуз доштан ва идома бахшидан ба фасодкориву фоҳишагист. Вагарна чаро аз он, ки мақомот аз тасмимотиаш даст накашад, кабирӣ таҳқиромез сухан кардааст.

Инқадар худатонро ширин нишон надиҳед. Зеро тамоми мардуми миллат медонад, ки наҳзатиҳо то чӣ андоза “фарҳангдӯсту фарҳангсолор” ҳастанд. Маҳз барои ҳамин сари наҳзатиҳои фиребкор ва бадахлоқ эътимод намекунанд.

Имрӯз наҳзатиҳо дини исломро ба дини худашон иваз карда ба мардум мефаҳмонанд, ки ин фарҳанг нест, дигар шариат нест. Дар ҳақиқат аз байни опозисионҳо ба хориҷи кишвар онҳое фирор карданд, ки бадахлоқу  чашмгурусна ва бефарҳангу бедин ҳастанд, пулу молу чизро аз модар, ватан, фарзанд дида авлотар медонанд. Пас дар кадоми ин хасоили бадии онҳоро донем, ки ба хотири гиромидошти фарҳанг ва азиз шуморидани зан модар анҷом дода бошанд.

Тавре, аз баёноти ин касифон бармеояд, мардуми тоҷикро, ки занону модаронашро онқадар “азизу фаришта” медонанд: “табиати мардуми тӯҳматбоф ҳамин аст” иброз карданд. Ҳамин аст, магар фарҳанги шумо, ки мардумонатро тӯҳматбоф меномед. Ҳол он ки дар қатори ин мардумон ҳамон модарони фаришта низ вуҷуд доранд.

Аз назари Кабирӣ давлатдории моро идоракунандагон гӯё ба масхара мубаддал карда бошанд. Аҷабо ба тӯҳматбофиҳои наҳзатиҳо кӣ бовар мекарда бошад. Зеро мардум дар фазои ободу озод, дар сарзамини муқаддас, ҳаёти орому ободро ба сар мебаранд. Ва ҳамеша иброз менамоянд, ки тамоми мардум пайрави Пешвои миллатанд.

Итминони комил дорам, ки дӯст доштани марзу буми Тоҷикистон ва азизу муқаддас донистани як зарраи хоки он, гиромидоштан ва ифтихор кардан аз сарвари давлат барои равони наҳзатиҳо зарбаи ҳалокатбор мезанад.

Хатамова Сабоҳат Мирзоазамовна,

омӯзгори калони факултети сохтмон ва нақлиёти

ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Ҷалолиддини Румӣ

 

Аз ин мисраҳои Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бармеояд, ки одамият бояд бо ҳам муттаҳид бошад, яъне дар зери ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунад на дар тафриқаву ҷудоиандозӣ. Мавлоно мегӯяд, ки мақсади ба дунё омадани мо барои васл кардан, муттаҳид кардан, ваҳдат кардан ва дусту бародар зиндагӣ намудан мебошад. Ингуна зиндагӣ кардан ба мрдум бахт меорад, баръакси он бошад рӯзи сахт меорад.

Мардумро ба гуруҳҳо ҷудо намудан, тафриқа андохтан ва фитна барпо намудан ин бузургтарин гуноҳ ба ҳисоб меравад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дустдоштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеъи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

Д.А. Ғайбуллоева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 Ба истиқлолияти миллӣ расидан ва гузаштан ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт барои миллати тоҷик яке аз рӯйдодҳои таърихӣ  маҳсуб меёбад. Тоҷикистон дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳарчанд ба ҷанги таҳмилӣ ва мувакқатӣ рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, аммо бо зарурати таърихӣ ва нерӯи фикрии миллӣ, ҳамчунин фитрати азалии мардуми кишвар  ба зудтарин фурсат ҷанги таҳмилиро ба сулҳи устувор иваз намуд. Ин рӯйдод далели он аст, ки  сохтори сиёсии ҳукумат  ва сиёсатмадории сарвари кишвар  дар сатҳи олӣ буда ба тамоми меъёрҳои сиёсату сиёсатмадории байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва ҳатто истиқболи сулҳи тоҷикон аз ҷониби мамолики хориҷӣ боиси ифтихору қаноатмандӣ  нисбат ба сиёсати миллӣ мебошад.

Ҳадафи ин навишта,баррасии ҳамаҷонибаи сиёсати кишвар набуда, балки назар афкандан  танҳо ба як самти хеле муҳим - сиёсати давлатии  ҷавонон мебошад.  Ҳарчанд дар атрофи  ин мавзӯъ мақолаву рисолаҳои зиёде нашр гардида бошанд ҳам,  аммо дар ин мавзӯъ бахусус дар замони истиқлолияти  миллӣ яке аз муҳимтарин ҳадафҳо ба ҳисоб меравад.

Дар ҳар давру замон ва дар ҳар давлату миллат хамон вақт сиёсате таҳаввул меёбад, кисарвари он давлат нисбат ба он сиёсат таваҷҷӯҳи хос дошта бошад. Боиси хушнудист, ки бо баробари ба сари Ҳукумат омадани Сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сиёсати ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Мавсуф  дар суханронӣ ва Паёмҳои худ роҷеъ ба  мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда,  борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз мулоқоти   худ  таъкид доштанд, ки «Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем... истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст» (1,361).

Ин гуфтаҳо аз ҷониби Сарвари давлат ифодагари онанд, ки мавсуф дар ҳар маврид барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон ва бахусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, такрор ба такрор ин нуқтаро ёдрас намудаанд.  Президенти кишвар хуб дарк карда, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба нерӯи ҷавонон вобастагӣ доранд.  Дар иқтибоси боло таъкид гардидааст, ки ҷавононро дар ҳар  ҳолат ва дар ҳар вазъият чунон дастгирӣ ва кӯмак намоем, ки ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бошанд. Шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити фаъолият маҳз дар гуфтаҳои Сарвари  кишвар батакрор зикр шудааст, ки ин баёнгари сиёсати устувор ва оянданигар дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳоиСарвари кишвар натанҳо ба нерӯи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид шудааст, ки ҷавонони мо аз ҳар гуна пешрафтҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошанд ва сари вақт муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоиро, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рух медиҳанд огоҳона дарк намоянд.

Дар вохӯрии дигаре, ки бо ҷавонон сурат гирифта буд сарвари давлат чанд нуктаи муҳимротаъкид намуданд. Чунончи  «Шумо-ҷавонони бонангуномуси миллати тоҷик офаранда ва созандаи ин фарҳангмебошед"(2).

Ин нукта воқеан таъкиди он аст, ки Сарвари давлат маҳз ба ҷавононе муроҷиат мекунанд ва он ҷавононеро соҳиби давлату миллат ва офарандаву созандаи фарҳанги миллӣ медонанд, ки онҳо пеш аз ҳама бонангу номус ва боиродаву устуворанд. Илова бар ин, дарвохӯриҳоиСарвари кишвар аз назари дигар ишорае ҳаст,ки ҷавононро маҳз ба ҳамин хислатҳои мардонагию ҷавонмардию ватандорӣ ҳидоят менамояд. Дар мавриди дигар ишора менамоянд, ки«Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосиикадрҳо ҳастанд"(2).

Дар мулоқоти навбатӣ сарвари кишвар ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили ҷавонон, аз ҷумла ҳавасмандгардонии онҳо дар ҷоддаи такмили дониш, лаёқат,эҷодкорӣ ва фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳ намуда дастгирии мунтазами ҷавонони лаёқатмандро таъкид кард.

Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005 №283 "Оид ба Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо,омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо" ба тасвиб расид ва теъдоди стипендияҳои Президентӣ ба 300 адад расонида шуд (3,30).

 Маълум мешавад, ки андешаҳои Президенти кишвар дар мавриди нақши муассир доштани нерӯи ҷавонон дар муҳити сиёсӣ ва дигаргуншавиҳои иҷтимоиву  фарҳангӣ,  ҳамчунин густариши соҳаҳои гуногуни ҷомеа такя ба меъёрҳои устувори сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.Метавон мисолҳои зиёдеро инҷо овард, ки бевосита таваҷҷӯҳ ва эътимоди шахсии Сарвари  давлатро нисбат ба насли ҷавон ифода менамояд. Бояд гуфт, ки маҳз ҳамин эътибори Пешвои миллат сабаб гардида,ки аҳли  Ҳукумати Тоҷикистон низ дар самт пайрави сиёсати пешгирифтаи Президент мебошанд.

         Мулоқот ва вохӯриҳои  пайвастаиПрезидент бо ҷавонондар  ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон  ва  бештар гардидани таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба насли ҷавон  нақши муҳим гузошт.  Қабул  гардидани як қатор қонун ва як қатор барномаҳои давлатӣ   аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020, Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» (аз соли 1999), Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон (аз соли 2002) ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2006) далели ин гуфтаҳоянд, ки  масъалаҳои мубрами ҳаётии  ҷавононро дар бар гирифта, эътимоди онҳоро ба фардои ҷомеа боз ҳам мустаҳкам намуданд.

Сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷомеаи имрӯза метавон дар чанд самтба назар гирифт, ки бевосита ифодакунандаи иртиботи солим ва робитаи муштарак миёни ҷавонон ва давлат мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза барои ҷавонон аз ҷониби ҳукумат ва бахусус сарвари давлат тадбирҳои муҳим ва тасмимҳои муфид ба анҷом расидаанд, ки бори дигар таваҷҷӯҳи махсуси сохторҳои давлатиро ба ҷавонон бозгӯ месозанд.

 Вохӯрии  сарвари давлат (23 маи соли 1997) бо намояндагони ҷавони кишвар боис гардид, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №727 "Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон" ба имзо расид. Дар асоси ин фармон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, №240 Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди таърихӣ дар самти сиёсати давлатӣ бо ҷавонон буд. Ин ниҳод, ки маҳз ба  фаъолияти ҷавонон иртибот дорад, дар сохтори давлатдории  кишварҳои дигар ба назар намерасид. Илова батаъсиси идораҳои ин Кумита дар назди ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе қариб 60 шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии идораи кор бо ҷавонон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ  таъсис ёфтанд, ки дар раванди таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон ва таҳияи механизмҳои татбиқи қонуни асосии ҷавонони кишварнақши муҳим гузоштанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бозгӯи таҳким бахшидан ба сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки баъдтар ингуна тасмимҳои барои ҷавонон ҳаётан муҳим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳову сохторҳои дигари давлатӣ пайгирӣ гардиданд. Ин буд, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва боз ҳам баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти умумии ҷомеа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" таѓйирот ворид гардида, 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид. Афзун бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод, бахусус олимон ва муҳақиқони ҷавондар ҷумҳурӣ, таъсиси ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ,санъат ва меъморӣ сурат гирифт, ки идомаи ташаббусҳои давлат дар сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Стипендияи Президентӣ, Стипендияи байналмилалии Президентӣ «Дурахшандагон»,Квотаи Президентӣ ва дигар дастгириву қадрдонии  олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоёнанҷом додаанд, низ далели ин гуфтаҳост.Ташаббуси навбатииПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин таъсиси Фонди махсусиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои дастгирии ҷавононилаёқатманд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахориҷи кишвар фиристода мешаванд(15 июли соли 2006 №1574).

Боиси ифтихор аст, киАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ ва халқи шарафманди кишвар Соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуданд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон қайд намуданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад» (4).

Боварӣ ва ифтихори сарвари кишвар аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонӣ ва одобу ахлоқи насли замони истиқлол бори дигар онҳоро водор месозад, ки далерона ба сӯйи фардои дурахшони ватан ҳамчун нерӯи пешбарандаи сиёсати Пешвои миллат устуворона  гом бардоранд.

Воқеан ҳам дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо аз омилҳои муҳими ноил шудан ба рушди устувори давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шудааст.

Дар маҷмӯъ метавон изҳор дошт, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлолияти давлатӣ рӯз то рӯз вусъат ёфта дар таҳкими пояҳои устувори давлату давлатдорӣ ва сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон саҳми намоён дорад. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Э. Раҳмон низ фароҳам овардани шароити зарурӣҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу раѓбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ, ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расидани онҳо ва  паст кардани сатҳи ҷинояткориву шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.

         Дар атрофи самтҳои дигари сиёсати давлатии ҷавонон метавон бисёр гуфт ва навишт. Азбаски зикри ин матолиб дар қолаби як мақола намеѓунҷад,  мо ба таври мухтасар перомуни баъзе аз руйдодҳои муҳиме, ки дар ҳаёти ҷавонон рух додаанд, ва сиёсати давлатии ҷавононро дар ҷомеаи демократӣ хуқуқбунёд ва дунявииТоҷикистон бозгӯ менамоянд, изҳори назар кардем.

Абдуев Абдуҳамид Латипович- омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ  ва ҷомеашиносии ДПДТТХ 

 

 Се сол муқаддам мақсади иғвоандозии Кабирӣ ва фармонбардорони ӯ дар роҳи ҷудоӣ андохтан байни мардумони як миллат худ аз чӣ тавр будани кори муҳассилини ин хизби наҳзати ислом шаҳодат дод. Аз ҳамон вақт мардум алайҳи ин ҷинояткорону терористоне, ки фарзандони онҳоро ба доми худ афтондаанд, аз ҷой бархоста, тарафдори он гаштанд, ки бигзор фаъолияти чунин як ҳизбе, бо номи ислом ном бароварда амалкарди ифотӣ доранд аз байн равад. Зеро ин ҳизб бо воситаи кудрати озодии хамин давлат фаъолият мебурду кор мекард ва далели раво дидани ин рафтор ҷосусона дар чӣ буд, каме возеҳ аст, ки ягона хохиши онҳо дар зери тасарруфи худ даровардани мамлакати мо мебошад. Ҳоло, ки Кабирӣ ман агар инқилоб мекардам, ман агар шӯриш мекардам ва дигар манманиҳоро вирди забон меоварда бошад, мусааллам аст, ки аз нотавони ва дурӯғу тӯҳматҳо алайҳи миллат аст. Зеро ҳеҷ гоҳ мардуми озодихоҳу ватандӯсти мо ҷонибдори инқилобу ошӯб набуд ва нахоҳад шуд. Медонем, ки инқилобҳои наҳзатиҳо паси пардагист, ба хотири он, ки бисёр “мардумдӯстдор” ҳастед. Ва ба хотири мардум “фаъолият” мекунед. Агар тасмими инқилоб дошта бошед, “албатта паҳлӯ ба паҳлӯ мардумон” меистед. Ва як рафтори номардонаатонро низ хуб медонем, ки дар инқилоб бо мардумон “як саф истода” боз аз пушти онҳо корди марговар мезанед.

Он паёмади ошӯбгаронае, ки дар Тоҷикистон ба амал омад ин бевосита ба фикрҳои ғаразноки наҳзатиҳо тааллуқ дошт, агар не пас чаро имрӯз аз роҳбарият ва зхердастонаш сар карда, худро зери таҳхонаи олмониҳову дигар ғарбиҳо пинҳон намудаанд. Ва ҳатто ивази номи ташкилот кардаанд. Боз даъвои онро доранд, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо бо айби макомотҳои қудратӣ мебошанд, охир як дафъа казоват намоед, ки ин низомиҳо барои таъминоти амнияти мардуми халқ шабонрӯз саъю талош меварзанд то ягон хатар ба онҳо таҳдид накунад боз чаро нисбати меҳнату заҳмати хеш нохаққӣ менамоянд.

Бояд андешида сухан кард, ки он ба ягон меъёри суханронӣ мувофиқат кунад,  эътирозеро, ки наҳзатиҳо кардаанд комилан ғалату рӯи рост моро мутаҳҳам кардаанд, ин бӯҳтони бехадаф ва ғайримаъкул хеҷ гоҳ дар зеҳни нафарони соҳибватан нахоҳад омад, ки эшон инқилобро барпо намоянд. Гузашта аз ин, бинобар гуфтаи Кабирӣ: “Агар ман инқилоб кардани бошам, ҳади ақал рӯзи инқилобро эълон намекунам, баъдан худам меравам дар дохил ва паҳлӯи мардум меистам”. Дидем, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин чӣ тавр инқилоби “дабдабанок” ташкил кардед. Онро бошад, қариб даҳ рӯз пеш ба тамоми олам паҳн кардед. Ва натиҷаи ин гирдиҳамоии “шоҳона” ро низ дидем, ки бо шармандагии шумо анҷом пазируфт.

Чашми шуморо қатлу куштор, тороҷу яғмои бечорагон ва амалҳои зиддимиллӣ кӯр кардааст. Аллакай ташкили инқилобу шӯришҳо хоси шумо гардидааст. Зеро бо иғво ангезию миллатчигиатон, ки худро давомдиҳандагони нассли босмачиҳо хондед, миёни мардум дигар аҳамияти хосе надоред, на шахсиятатон ва на суханҳоятон. Агар ҳисси мардонагӣ дошта бошед, дар рӯзҳои Истиқлолият ва Ваҳдат бо мардум дар як саф қарор гиред. На ин, ки дар рӯзи инқилоб. Ана маҳз барои ҳамин он қадар худситои карда, аз фарҳангу маданияту мардонагӣ сухан накунед, зеро ҳеҷ гоҳ гузаштагони бофарҳангу мардсифатон босмачиёни ғаддорро нахоҳанд бахшид. Ва ҳатто имрӯзиён низ амалҳои ваҳшиёнаи наҳзатиҳоро.

Мазбудов Субҳон,

ассистенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тоҷикон аз аҳди қадим то ба имрӯз миллати соҳибтамаддуну бофарҳанг, озодихоҳ, сулҳпарвар, бунёдкор, инсондӯст буду ҳаст ва хоҳад монд. “Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” шиори гузаштагони мо буд, ки имрӯз низ маънӣ ва моҳияти худро дар замони соҳибдавлатӣ,  соҳибистиқлолӣ гум накардааст.

Мутаасифона ҷомеаи имрӯзаро гурӯҳи ифротгароён халалдор месозанд, зери ниқоби ислом амал карда хуни мардуми бегуноҳро  мерезонанд. Ифротгароӣ- роҳ ба сӯи гумроҳӣ мебарад. Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад- динӣ ё дунявӣ онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон карда ба амнияти ягон минтақа ё тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Фаҳмиши зарурати дар ҷомеаи тоҷик баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқи фарҳангӣ муҳим аст. Арзиши ҳуқуқи инсон ва таҳаммулро мардуми мо бояд пешаи ёрии худ донанд, бо ин роҳ мақоми иҷтимоии худро бифаҳманд, муноқиша ва низоъҳоро тавассути роҳҳои ҳуқуқӣ ва ба таври осоишта ҳал карда тавонанд.  Ҳамин роҳ мардумро ба муқобили ифротгароӣ хуб тайёр мекунад.

Ислом дини ифротгаро нест. Исломро бояд ба маънии аслиаш шинохт, зеро ислом дини покӣ, росткорӣ, худотарсӣ буда пайравони худро ба покӣ, ҳақиқат, адолат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят мекунад. Дар ислом на аз ҳад гузашта ва на кам гашта, на чизе беҳудаву бекор ва на ба чизе ташбеҳ дорад. Касе тасдиқ ба дил, иқрор ба забо, амал ва аҳкому аркони дин ва қабули анбиё алайҳиссалом ва дигар аҳкоми шариатро дорад, метавон онро инсони диндор номид. Мусулмонон бояд аз дини худ фахр намоянд. Ислом бе имон ба даст намеояд.Ислом зуҳуроти ифротгароиро мақбул намедорад. Кирдори ваҳшияна, қотилона ва хоинонаро маҳкум мекунад. Мардумро муттаҳид месозад, муқобили золимону ҷоҳилон мебарояд, ҳамаро ба баробарӣ ва бародарӣ даъват мекунад. Шахсоне, ки ба дини ислом пайравӣ мекунанд мусулмонон меноманд, ки маънояш барпо кардани сулҳ аст. Шиори дини ислом бо сулҳу салоҳ зиндагӣ кардан ва байни ҳамдигар ҷангу ҷидол накардан аст. Аз ин лиҳоз дини исломро барпокунандаи сулҳу ваҳдат меноманд.

Разоқов Фарҳод,

устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика

 

 

 Чанд рӯзи охир намояндагони «Паймони миллӣ», ки роҳбариашро садри аввалмақоми ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ бар дӯш дорад ва дастандаркорони сомонаи ҳамфикру ҳамрози наҳзтиҳо Ахбор. ком Радиои «Озодӣ»-ро ба он гунаҳкор мекарданд, ки минбари ҳақиқии таблиғу ҳукумат гардидааст. Аммо вақте матолиби  «1215 рӯз ҳабси Бузургмеҳр Ёров ба нашр расид, ки ин расона низ мисли сомонаҳои «Паём. нет» «Ислоҳ.нет», «Кадаст .ком» масъаларо яктарафа баҳогузорӣ кардааст ба қавле реаксияи нотавонбинон чӣ гуна мешуда бошад? Ба ҳар ҳол Искандари Фирӯз бо баҳонаи ҳабси Бузургмеҳр Ёров якандоза вазъи ҳуқуқӣ ва шароити  фаъолияти адвокатҳои кишварро ба риштаи таҳлил кашидааст. Муаллифро мебоист вақти таҳлили ин масъала бо парвандаи ҷиноии Бузургмеҳр Ёров шинос мешуд. Зеро Бузургмеҳр на ба хотири дифо аз ҳизби наҳзати исломи кишвар, балки даст задан ба  қаллобӣ бо ҳукми додгоҳ ба маҳкама рафт. Ин нуктаро Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ тасдиқ кардааст. Воқеан ҳам адвокатҳои тоҷик зимни ҳимояи собиқ аъзо ва пайравони ҲНИ чи маводи мӯътамаде дар даст доштанд, ки онҳоро дар суди олӣ ҳимоя кунанд. Ҳамаш аз сар маълум буд, ки ҲНИ бо кадом мақсад дубора ба арсаи сиёсӣ омад ва кӣ буданд тарафдорони онҳо. Зеро исбот шудааст, ки наҳзатиён чун татбиқкунандагони ҳизби «Ҳизбуллоҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рӯзҳои нахустини худ барои ба даст овардани афкор ва иродаи халқ кӯшиш ба харҷ медоданд. Бояд вакилони мудофеъ аз  ин нуктаи назар бояд масъаларо медиданд. Азбаски Бузургмеҳр ва дигар ҳаммаслакони онҳо пулҳои ҳангуфти ҳоҷагони наҳзатиро дидан, ҳама чиз аз хотирҳо рафт ва онҳо сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ гуфтанд. Бузургмеҳр Ёров шояд вакили ҳақхоҳу ҳакҷӯ бошад, аммо зимни шиносоӣ бо парвандаҳои собиқ наҳзатиён аз содагиву дилростиаш имрӯз ба чунин ҳолат расид. Зеро ӯ медонист, ки сафедкунии наҳзатиҳо оқибати хуб надорад, бе ин ҳам нафрати мардум аз маҷлисбозиву иғвоангезии домуллотарошони наҳзатӣ зиёд шуда буд. Бузургмеҳр Ёров ва дигар вакилони мудофеъ бояд қазияро мӯшикофона таҳлил мекарданд. Вақте ҳама далелҳо даст доштани наҳзатиҳоро исбот кардааст, ӯро мебоист аз идомаи вакилиаш даст кашад. Илова бар ин, ӯ сахт эътимод дошт ба Кабирӣ ва бо он ки дониши баланди ҳуқуқӣ дошт, мисли дигар наҳзатиҳо даст ба ифротгароӣ зад. Намедонем, ин аз рӯи таассуб буд ё дидаву дониста. Имрӯз Бузургмеҳр Ёров паси панҷараи маҳкама шояд рӯзгори гузаштаи худро ба хотир орад. Аммо як чиз аён аст, ки имрӯз хеле дер шудааст. Вақте гунахкории ӯ дар сатҳи суди олӣ исбот шудааст, ӯ чӣ гуна метавонад, худро сафед созад. Илова бар ин то ҷое иттилоъ дорем, вакилони мудофеи  Бузургмеҳр Ёров барои ҳимояи ӯ наомаданд. Ин онро хулоса мекунад, ки вакилон далели сафед кардани зерҳимояи ӯро надоранд.

Ман аз навиштаи Искандари Фирӯз аз он норизоам, ки ӯ баъди ин қазия як андоза адвокатҳои кишвар дилшикаста шуда, дур аз рисолати касбии худ ҳастанд. Ин хатои маҳз аст. Агар вакили мудофеъ воқеан ҳам дониши баланди ҳуқуқӣ,  дасту дили тоза дошта бошад, дар ҳама ҳолат дастболост.

Ҳамидова Н.Ш.- н.и.ф.,

устоди кафедраи  забонҳои хориҷии ДПДТТ

Чанде қабл роҳбарият ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо ҳар роҳу восита хостанд оромии миллати моро аз байн баранд. Ин ҳам бошад бо роҳи инқилоби аз диди худ “воҳиманок”, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин шӯрише ташкил ва ба гуфтаи худашон бо теъдоди зиёди “ҷонибдорони азҳоб” ва муқимиҳои тоҷик барпо намоянд. Аслан ба гуфтае, муаллифи мақолаи равшанфикрон “Босмачӣ ҳарчанд, то равад аврупоӣ намешавад”. Ташкилоти террористии экстремистии наҳзатӣ дар рӯзи пеш аз оғози ҷаласаи САҲА, яъне 9-уми сентябр, наҳзатиён ҳамон макру ҳиллаи қадимии ифротгароёнаи худро ба кор бурданӣ шуда, худашон бо худашон қарордод баста, ташкилоти сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» эълон намуданд. Вақте бо огоҳӣ аз моҳияти террористӣ ва собиқаи паймоншикании ТЭТ ҲНИ, ягон ташкилоти мухолифи ҳукумат дар хориҷа ба эътилоф бо ин ҳизб розӣ нашуд, мувофиқи нақшаи хоҷагони худ роҳбарияти ҲНИ худашон аз ҳисоби аъзо ва муздурони худашон чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худашон бо худашон «эътилоф» ташкил карданд. Бинобар ин, огоҳон медонанд, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон ТЭТ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилоти экстремистию террористӣ эҷод шудааст. Аммо то кай ин ниқоб рӯи онҳоро пинҳон мекунад? То кай Кабирӣ ва аъзоёни ташкилоташ қувваҳои хоҷагонашро кор мебарад? Ва то кай ин иғвову ҳангомасозиҳо ба хости наҳзатиҳо анҷом меёбад.

Маврид ба зикри хос аст, ки миллати тоҷик, дар шахси ҳар кадоми шаҳрванди баору номусаш тарафдори он аст, ки бигузор пояҳои ақидаи иртиҷои доштагон решакан гардад, то кишвари мо эмин аз инқилобҷӯёну ифротиён бошад. Нафароне, ки миёни мардум айнан ба мисоли ман маниҳои Кабирӣ худро аз манфиати дигарон боло дониста, ҷиноят мекуннанд, бигзор ҷазо бинанд. Ба он хотир, ки манфиати нафарони хиёнаткору ватанфурӯшро аз ҷони хеш боло медоранд.

Кабирӣ шояд бо он мақсад замоне аз зодгоҳаш ба мамлакатҳои ғарб фирор кард, ки то ба худ ва ба ташкилоти худ тарҳи аврупоиро ҷорӣ намояд. Аммо ба нафаре зиёнкору дилозор дар ҳеҷ макон ҷой нест. Ана маҳз барои ҳамин ин бечорагон дар ба дару бенаво монда, зӯри худро ба нерӯҳои миллати мо заада истодаанд. Кабирӣ гумон дошт, ки ӯро дар аврӯпо пайравӣ мекунанд. Вале натиҷаҳо нишон доданд, ки ҳатто кам монда буд аз зиёдаравию худсафедкуниҳояш ӯ ванамояндагонашро аз толори ҷаласаи конфронсии САҲА низ берун созанд.

Кабирӣ минбари САҲА ро ба эълони инқилоби худ ҷои мувофиқ дониста, барои “мардумони азизаш” бо “муҳаббат” пайғоми шодбошӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатиро расонд. Аммо ин  таманнову табрикот ҳам як найрангу ҳиллаи наҳзатиҳо буд. Ин пайғоми дасисаву ҳангомаҳои Кабирӣ буд, ки то кунун алайҳи миллати мо тавасути шогирдонаш изҳороти бӯҳтонангезеро бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда истодааст. Аммо наҳзатиҳо бояд донанд, ки ба он “ҷасорату мардонагӣ” –ҳои Кабирӣ дигар ҳеҷ кас бовар намекунад, зеро яқин медонад, ки ӯ қувваи дар сафи мардум дар инқилоб якҷо истоданро надорад ва суханони ӯ худнамоишӣ аст.

М. Алиназарова,

муовини декани факултети муҳандисӣ -иқтисодии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифи  менамояд ва тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш  бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад. Дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо бисёр миллату халқиятҳо арзишҳои миллии худро гум намуда, дар натиҷаи нофаҳмию нобасомониҳо сол аз сол амнияти сиёсии худро аз даст дода истодаанд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш ҷавононро ҳамчун нерӯи бузурги ояндасоз эътироф намуда, барои рушди зеҳнии онҳо шароити мусоидро фароҳам меоварад.

Мутаасифона бархе аз ҷавонон ба қадри он норасида, ба доми ин маккорон афтода комилан рафтори худро тағйир додаант, яъне дар назар дорам, бевиҷдонии онҳо бераҳму шафқатии онҳо, ки ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ворид гардида, рӯи рост, дар пеши назари ҷаҳониён инсонро қатл намуда, ҳамчунин ёдгориҳои нодири фарҳангию таърихии халқу миллатҳоро ба тороҷу яғмо мебаранд, куҷо шуд адлу инсоф ва одамигарии мардум ба василаи чунин рафтор одамонро шинохтан дар ҳақиқат мушкил шудааст ва ин қабилаи одамон бо ин амали ҷоҳилонаи хеш, боиси қаҳру ғазаби ҷаҳониён гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он водор намуданд, ки ислом ба терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад, вале имрӯз кӯшишҳои ба рақиби идеологии ҷаҳонӣ табдил додани ислом ва мардуми мусулмон идома дорад. Як маҳфумро ман низ аз рӯи хулосаҳои худ маротибаҳои зиёд иброз намудам, ки мушкилоти чонони мо имрӯз дар он ифода гашта истоадааст, ки исломро аз имон дар фарқ гузошта наметавонанд, ин бевосита пеш аз ҳама мушкилоти худи онҳо мегардад, ки ҳаёту зиндагии худро табоҳ сохта, баъдан бо ин рафтори худ дар ҷомеа доғ мегузоранд.Хусусан, ин ин ҷангҳои бемаънову дасисаҳои беасос дар ҳодисаҳои сиёсии Сурия ва таъсиси ДИИШ вусъат ёфта истода ҷавонони тамоми ҷаҳонро гирди худ ҷамъ оварда истодааст, ки ин тамоюл гурӯҳҳои экстремистон ва миллатгароёнро бо таҳқиру шиканҷаи мусулмонон фаъолтар намуданд.

Бадбахтона, имрӯз зиёд ба мушоҳида мерасад, ки собиқ Ҳизби Наҳзати исломӣ  давлату Ҳукумати кишварро мухолифони дини мубини ислом муаррифӣ кардан сохтанд ва ба ин васила мақсад доштанд, ки сафи тарафдорони хешро зиёд намуда, мардумро ба шӯр оварда дар миллат оташи ҷани бемаъноро барангезанд. Дар ҳамин раванд тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, нафаронеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки имрӯз тақдирашонро дар майдони хунину набарди давлати Сурия ва Ироқ пайваста истодаанд.

 

Нематуллоева А.А.,

ассистенти кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт

Давлатҳои пешрафтаи Осиёи Миёна аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботҳои аз тарафи маориф ва илм ҷавобгӯ гузошташуда дар системаҳои нави раванди таълим, яъне кредитӣ соатҳои иловагии тарбиявӣ нисбати ҷавонони имрӯза ворид намуд. Ин ба донишҷӯёни имрӯза имконият дод, ки оиди хабарҳои дохили кишвар ва берун бо воситаи ахборотҳои оммавӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо хабарҳои бурунмарзӣ шиносои пайдо намудан. Ба ғайр аз ин барои сайқал додани донишҳои худ ба давлатҳои Русия, Аврупо, Бритониёи  Кабиру ва ИМА равона шуда, баъд аз таҳсили системаи ҷоришудаи бакалаврият боз таҳсилро давом дода истодаанд.

Давлатҳои тараққикардаи муосир ҳангоми даровардани тағйироту иловаҳо ва қабул кардани низомномаҳо барои танзим ва идора намудани ҷавонон ва муҳоҷиратон аз ҳаргуна  ташкилшавии гурӯҳҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ(салафия ва ҳизбу таҳрир, кимақсади онҳо барҳам додани оромии кишвар ва давлати соҳибистиқлол, ки соли 2015 аз тарафи апазитсияи Генерал майёри қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳоҷиҳалим Мирзо ба якчанд мақомотҳои дахлдори шаҳри Душанберо ба асири гирифта нотинҷиву якчанд нафаронро маҷрӯҳ ва ба ҳалокат расониданд, ки дар охир нест ва нобуд карданд), ки дар айни замон рушд ёфта истодааст, хатаровар мебошад. Барои ҳамин аз тарафи Шӯъбаи хизматрасонии муҳоҷиратии(ФМС) давлатҳои Федератсияи Руссия якчанд талаботҳо, усулҳо оиди қайди ҳар як муҳоҷирон, давомоти онҳо ва гирифтани изи ангуштони онҳо рафта истодааст. Дар давлатҳои ИМА ва Аврупо дар ду соли фақат бо воситаҳои яроқу аслиҳаҳои автоматӣ, тирпарронӣ тақрибан 1000 – ҳо нафар  ҷавонони синнашон то 25 – 30 сола барои дарёфт намудани пулҳои гарон худ шабҳо барои фурӯши маводҳои мухаддир, одамкушӣ, дуздӣ ва қаллобӣ ҷиноят содир карда истодаанд. Дар давлати Олмон аз тарафи донишҷӯи синнаш 20 сола бо воситаи таппончаи МАКАРОВ тақрибан 25 - 30 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Франкфуртро ба қатл расонид, ки ин ҳам беаҳамиятии падару модар нисбати тарбияи фарзанд ё ки дар наздикӣ дар Қрими Федератсияи Руссия донишҷӯи курси аввали Донишгоҳи давлати Қрим бо як таппонча 6 нафарро маҷрӯҳ ва 13 нафарро ба ҳалокат расонид. Ҷавонони имрӯзае, ки шоҳиди ингуна воситаҳо мебошанд лекин барои худ ҳамчун дарс қабул намекунанд. Барои ҳамин ингуна донишҷӯён ва ҷавононро бо ҳар роҳҳои боваринок ба рӯҳияти(психика) онҳо таъсир намуда  ба ҳаргуна роҳҳо даъват карда истодаанд.

Мисол, солҳои охир донишҷӯёни курсҳои саввум ва чаҳоруми Донишгоҳҳои давлатии Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд бо воситаи шабакаҳои интернетии “Одноклассники” ва “Facebook”, ки ҳангоми корҷӯи намудан бо ширкате номнавис намудан, ки бо истеҳсоли маҳсулотҳои шириниву  қаннодӣ машғул буданд. Барои бовари ҳосил намудан  маблағҳои пешаки роҳи намуданд ва ҳамчун ширкатҳои “Асосии давлатӣ” ҳуҷҷатҳои падару модари онҳоро барои бовари ҳосил кунонидан пурсида  ҳангоми ба кордохил шудан онҳоро ба зинаи гурӯҳҳои ҳизбу ҳаракатҳои терроризм  ва экстримизм дар давлатҳои исломӣ бо дигар ҳуҷҷатҳои шахсӣ интиқол доданд, ки дар айни ҳол бе ному нишон мебошанд. Мисоли дигар ба монанди барномаҳои муосири (Working day) кории давлатҳои Аврупо(Туркия, Олмон, Куриёи ҷанубӣ ва ИМА) бо шабакаҳои корҷӯи ҳангоми номнавис ва ҷори намудани маълумотҳои худ ҷавонон ҳангоми аз Федератсияи Руссия баромадан ба давлатҳои Аврупо ва ИМА боз барои дарёфт намудани маблағҳои калон сарҳадро мегузаранд. Албатта ҳар як ширкатҳои кордиҳанда бо “Бизнесс нақша” – ҳои пешниҳодшуда ҳар як шахсро шинос мекунонад. Барои бовари ҳосил кунонидани ингуна шахсҳо аввал ҳама сухан ба масъалаҳои шахсияти худ корҷӯй, масъалаи маблағгузорӣ, моҳонаи онҳо, оиди зист қайди онҳо дар хобгоҳ ва Хостелҳои ҳамон давлатҳои тараққикарда, нишон додани коргоҳ ва бо кадом дастгоҳ ва таҷҳизотҳои замони муосир кор ва фаолият мебаранд шиносои пайдо менамоянд. Баъдан барои давом додани мӯҳлати зисти муҳоҷиратӣ ва додани ваъдаҳои ҷаҳонӣ шурӯъ менамоянд. Ингуна роҳҳо барои даъвати донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки аз ҷиҳати бӯҳрони иқтисодии кишвари худ ба ҷустуҷӯи кор дар дигар давлатҳо мераванд тез ва қулай дастраси ингуна гурӯҳҳо мешаванд.

Воҳидов А.Ҷ., устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Мо, ҷавонон бояд донем,  ки имрӯз дар баробари саҳм доштанамон мо  дар раванди ташаккули ҷомеа, ҳамзамон дигар нафароне ҳастанд, ки ба номи ин миллат иснод меоранд. Вазифаи ҷонии мо ҷавонон, ки аз қишрҳои фаъоли ҷомеа маҳсуб мешавем, гирифтани пеши роҳи чунин ҷавонон мебошад. Ҳамзамон қайд кардан ҷоиз аст, ки танҳо огоҳ будан аз илмҳои замонавӣ, хониши аъло, рафтори намунавӣ онҳоро аз ҷаҳолат берун месозад ва соҳибобрӯ мегардонад.

 Тамоми мақсад  ва ҳадафҳое, ки гурӯҳҳои иртиҷои дар ниҳоди худ мепарваранд онҳоро бо мисолҳои возеҳ баён намуд, ки ягонагии онҳо дар вайрон намудани сохтори конститутсионии миллату халқиятҳо мебошанд. Боиси таасуф аст, ки имрӯз бархе аз мардумони кишвари мо низ олудаи ақидаҳои ҳамин ифротгарони дар ниқоби ислом амалкунанда гардидаанд. Динро аз таассуб ҷудо карда натавониста, шомили ин ё он гурӯҳе мегарданд, ки мақсадҳои нопок дорад. Аз ҷумла таъкид кардан бамаврид аст, ки   иштироки ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо ягон маънои ҷиҳодро надорад эшон аз он ки фирефтаи доми мухолифон гардидаанд ба ин воситаи хешро ба доми ҷаҳолат меафкананд. Танҳо дар зеҳну мафкураи онҳо бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозанд. Исломро ба сиёсат омезиш дода, вазъи мустақили ва сулҳу суботро дар кишвар вайрон мекунанд. Ба маънои дигар эшон дар ниқоби ислом дар ниҳоди ҷавонони гумроҳ амалҳои ифротиро ҷо мекунанд.

Дар асл аъзоёни он мусулмонҳоро даъват менамоянд, ки Худоро ҳамеша ёд кунад ва аҳкоми шариатро василаи асосии кору зиндагии худ донанд. Аммо асли мақсади онҳо барпо намудани хилофат аст. Сухану амали аъзоёни ин ҳизбҳо ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад. Вале чун мебинем, «сарбозони роҳи ислом», ки худро ҳамчунин унвон мекунанд, ба таври ҷаҳолат сари инсонҳоро мегиранд ва онро тариқи навор ба оламиён нишон медиҳанд. Магар ин амалро ислом дастгирӣ мекунад, ҳаргиз на.

Дар ҳамин раванд ба роҳбарияти Паймони милли Тоҷикистон ироз менамоям, ки қотиливу ҷоҳилиро барои аз байн бурдан ва заиф гардонидани руҳу равони мардум навор карда намоиш медиҳед. Дар асл шумоён бо чунин кирдорҳои бераҳмона, дили зани тоҷик, модари тоҷикро пора кардан мехоҳед. Гуфтаниед, ки аз онҳо рабудани фарзандонашон кофӣ нест, барои ҳамин онҳоро қотил ҳам кардан хостед. Ана дар куҷои ҳамин бадтинатии наҳзатиҳо ва роҳбари онҳо дилсӯзиву меҳрубони вуҷуд дорад, ки ба он “хушгӯӣ” ҳояш кас бовар кунад.

Охир фиреби назар ҳам ҳадди худро дорад. То кай мардумфиреби мекунед, то кай дил меорзоред. Бас аст, акнун дигар барои наҳзатиҳо ва афкороти шумо холигоҳ вуҷуд надорад. Мардум медонанд, ки минбаъд сари бовар кунанд. Барои ки хизмат хизмат кунанд, киро гӯш кунанд ва озод зиндагӣ намоянд. Аз ҳамин лиҳоз инқадар бо “фарҳангшиносиву доногӣ” ҳоятон худро “мусичаи бегуноҳ” нишон надиҳед. Зеро мо худ медонем, ки “ШУМОЁН” кӣ ҳастед.

Абдуллоев Б.Б. ассистенти кафедроаи А ва ИН