Дар гуфтугӯи мустақими дуюмини  худ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву террористии ҲНИ қайд кард, ки Ҳукумати кунунии кишвар барои фаъолияти ҳизб монеаҳо эҷод карда, роҳбарон ва тарафдорони онро бегуноҳ ба маҳкама шинондаанд. Ин “олими саршинос” дар посух ба саволҳои хабарнигор дар мавриди хомушӣ ба изҳороти тезу тунди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон сухане гуфта натавонист. Балки бо суханбозиву ҳарфи “муҳаббат” ба обу хоки диёри кишвар хизматҳои худро замони дар Парлумони кишвар буданаш ёдовар шуд.

ҲНИ воқеан ҳам аз замони зуҳур карданаш то ҳозир маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарф мекунанд. Агар солҳои пешин бо баҳонаи ҷалби аъзо ва пайравон ин маблағҳоро мегирифтанду онро  сарфи хонаву дар, мошинҳои гаронарзиш ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаҳои террористии чанд соли охир дар кишвар  парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИТ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем.

Фарҳод Раззоқов, устоди кафедраи таъминоти барқ

ва автоматикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Ҷаҳони имрӯзаро ифротгаройиву тундравӣ фаро гирифта истодааст. Мутаассифона, ангезаи ин падидаи номатлубро ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд, ки комилан хато аст. Аммо ба ном «исломгароён» дар қабои дини мубини ислом дар гӯшаю канори олам ба акту террор даст мезананд. Ин амали онҳо миёни мардум тарсу ваҳмро ҷо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё лаҳзае нест, ки мо аз тарконида шудани мошине ё ҳамлаи ҷангиёни бо номи муҳофизи ислом хабардор нашавем. Дар ҷаҳон муборизаи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ назири мухолифони давлатҳои Афғонистон (ал Қоида, Толибон) Сурия (мухолифони тундраваш), ҳукумати Туркия (курдҳо) табдилшуда ба ҳаракатҳои тундгароӣ, ки дар пай террор ва даҳшатафканиҳоро ба дунбол доштаанд. Як гурӯҳи ҷангҷӯи ба ном «исломӣ» дар Сурия бо номи Ироқу Шом таи чанд соли охир бо мақсади бунёди хилофат ва ташкили ҷаҳони ислом  ҷони ҳазорон ҳазоронро рабуданд.

Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Чархи гардун» дар бораи терроризм ва экстеремизм маводе нашр гардида буд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «…бо таваҷҷӯҳ ба ҷараёнҳои тунгароӣ шоҳ Абуллоҳи 2 Бини Ал Ҳусейн соли 2004 пешниҳод карда буд, ки идеяи мусалмон-террорист ё мусалмонон паҳнкунандаи террор бояд дар ҷамъият роҳ наёбад. Дар ин маврид Абдуллоҳи 2 таъкид доштааст, ки ҳар гуна куштори дастаҷамъона ё барқасдона бо номи ҳимоят аз ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Вай ин ин гуна рафторро маҳкум карда, гуфтааст, ки ислом ниёз ба ҳимояти мардуми террорист надорад. Раҳбарони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Покистон низ ба шиддат аз нафарони тундгаро ва даҳшатафкан интиқод намудаанд».

 Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон аз ҷумла дар як хитобааш ба Шӯрои амнияти СММ гуфта буд, ки мусалмонон набояд бо ин гуна ҳимоят аз ислом (террор) номи мусалмон ва ҷомеаи мусалмониро доғдор намоянд. Албатта, дар ҷомеае, ки он ҷо фарҳанги мардуми мусалмон дар сатҳи лозим нест, талоши гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадашон зиёд мешавад.»  Вале ба ҳар сурат набояд чунин пиндошт мубориза бо ин гурӯҳҳо танҳо хоси мақомоти қудратӣ ва мансабдорони давлатист. Хатари тундгароӣ бозгӯйи он аст, ки ҳеҷ сарҳад ва пулиси сахтгири ҷаҳон наметавонад, дар баробари он ба танҳои истодагарӣ намояд. Имрӯз тасавуроти маҳдуди ҷавонон дар бораи тунгаройӣ ва наворҳои  сомонаҳои интернетӣ мафкураи ин қишри ҷомеаро тамоман дигар кардааст. Имрӯз тавоноӣ дар доштани яроқу аслиҳа нест, балки бузургтарин нерӯ ва қувва ин пур кардани фазои холии иттилоотӣ мебошад. Маҳз чунин шева ё бархӯд дар ҷомеа ба сар задании ҷангҳои ақидавӣ оварда мерасонад, ки гурӯҳҳои тунгароӣ ба осонӣ аз он ба манифати худашон истифода мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш «Масъулият барои фардои миллат» таъкид медорад, ки «баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Ба чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва ифродгаройӣ мегарданд, пурра нест карда наметавонад».

 Собиқ президенти Русия Д.Медведев (ҳоло сарвазир) дар ҳамоише аз донишмандони Чеченистон даъват кард, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои даҳшатафканӣ пешгирӣ намоянд. Президенти он вақтаи Русия Д. Медведев ба мақомот тавсия дод, ки барои фаҳмонидани хатарҳои тундгароӣ ва даҳшатафканӣ дар мактабу донишкада ва муссисоти дигар бо ширкати уламои шинохта семинарҳо баргузор намоянд. Ин пешниҳоди Д. Медведев дар кадом сатҳ амалӣ гашт, ба мо рӯшан нест. Аммо аз чунин як бархӯрд бармеояд, ки мубориза бо тундгароӣ проблемаи тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Имрӯз дар Осиёи марказӣ ҳарчанд, ки мубориза бо гурӯҳҳои тунгаро амсоли ҲИУ ва Ҳизбу таҳрир зиёд шуда, аммо амалҳои пинҳонкоронаи онҳо низ кам нагардидааст. Ҳаракатҳои тунгароӣ мазкур дар тамоми Осиёи марказӣ таъсири бевосита дошта, бо амалҳои тахрибкоронаашон мардумро ба ваҳшат меафкананд. Дар ҷомеаи ҷаҳон роҳҳо ё василаи мубориза бар зидди тунгароӣ ва ифродгароиро меҷӯянд. Ҳар кишваре дар ин мубориза консепсияи хоси худро дорад.

Дар тамоми ҷаҳон имрӯз ҳаракатҳое ба монанди «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра амал мекунанд, ки бо шаклу шеваи хоси муқовимату мубориза давлатҳои худро ором намегузоранд. Ба ин гурӯҳи ҳаракатҳои террористӣ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ шомил гардида, бо амалҳои нангини худ хостанд кишвари моро низ ҷангзада кунанд. Ин ҳизб ва дигар ҳизбҳои ба ном исломӣ ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро муламонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст дас кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Оқилова М.А., омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Нерӯе дар ин гетӣ тавонотар аз қудратӣ тавонои неки нест ва қудрате азимтар дар ин ҷаҳон аз қудрати тавонои озодӣ нест. Ба ҳамин маъни ҳамчун як шаҳрванди кӯчаки Тоҷикистон хостори онам, ки арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии бузургам фарохтар ва гироишҳои он бобақотар шавад ва умри безаволи миллатам дар қатори тамаддунҳои дигар поянда монад ва намиранда гардад, зеро ҳастии миллат ҳастии ман аст. Истиқлолу ваҳдаташ тамомии зиндагӣ ва уммеду орззуҳои чандинасраи мардумон аст.

Хушбахтона мо имрўз давлати соҳибистиқлол ва Пешвои муаззами миллатро дорем, ки ҳамеша барои амнияти кишвар камари ҳиммат бастааст. Кормандони ҳ  ушёри мақомоти қудтатӣ дорем, ки бо таҷрибаи бою кордонии хеш пеши роҳи нафарони ба ҷамъият  зиёноварро гирифта, осудаҳолиро таъмин менамоянд. Аммо аз назари думравони наҳзатӣ ба мисоли Саидюнусу Салимпур ин ниҳодҳоро, яъне манфиатҷӯро  “тӯдаи нодонҳо” номидааст. Ин бадгуфторонро, ки миллати моро чунин унвон мекунанд, рӯзе мешавад, ки ин бадкирдориву бадгуфториашон кӯр мекунад, зеро ин ҳама як суханони бӯҳтонангез асту бас. Салимпур ҳоло, аз кадом тӯда будани худро худаш намедонад. Имрӯз ҳамаи ин хоиноне, ки аз рӯи ҳасодат миллати моро зери танқид гирифтанд, бозичаи дасти кадом яку нохалафон гаштаанд. Побанди Кабириву хоҷагони манфиатҷӯ ва терористон ҳастанд. Вагарна як нафаре, ки аз “тӯдаи доноҳо” мебуд, ин Мирзои Салимпуру Саидюнуси Истаравшаниву Алим Шерзамонов ҳеҷ гоҳ ба дасисаву ҳангомасозӣ, ки мардумро иғво меангезанд, даст намезаданд. Инҳо хоиноне ҳастанд, ки қадри озодии миллатро намедонанд. Барои ҳамин нотавон буданашон лӯхтаквор ба дигарон хизмат мекуннанд. Ва боз тавре вонамуд месозанд, ки гӯиё ба наҳзатиҳо рабте надоранду ба маъное худро “озодандеш” мепиндоранд. Аслан тамоми мардум медонанд, ки Мирзо Салимпур кисту Саидюнуси Истаравшанӣ кист? Ҳатто дигар хоинонро медонанд, ки онҳо мубталои пули пучи Кабириву ва ваъдаҳои бардурӯғи ӯ шудаанд. Ва ба хотири манфиату ӯ ҷони худро дареғ намедоранд. Аз ҳамин лиҳоз худашонро тӯдае аз нафарони “ҳамадон” медонанд.

 Ҳар суханронӣ, ҳар мулоқот, ҳар амали Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаҳои дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошанд. Дуруст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозабунёд мебошад ва он дар ислоҳоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аввалин қадамҳои худро мегузорад, вале ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки ин ҳама навсозиҳо бо дили пур ва камоли бовари Президенти кишвар сурат мегиранд. Дар ҳақиқат замоне миллат бо айби ҳамин миллатгароён ба вартаи ҷанги хонумонсӯз гирифтор шуду касе бо матонати мардонагӣ барои хомӯш кардани оташи ҷанг ҷасорат карда натавонист. Пешвои муаззами миллат аз  рузе, ки ҳамчун сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, тамоми тоҷикони ҷаҳонро, ки фирорӣ шуда буданд, сарҷамъу якҷо кард. Сулҳу суботро фароҳам сохта, кишварро ба давлати пешрафта ва тинҷу ором мубаддал сохт.  Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва бунёдгузори рушди он, бешубҳа, Пешвои миллат аст. Акунун нафароне муфтхӯр пайдо шудаанду талоши онро доранд, ки сари қудрат биёянд. Аммо бояд донист, мардонагие, ки  Сарваи давлат дар назди халқу миллат анҷом додааст, кори осон нест. Миллионҳо нафарро бовар кунонд, ки ба миллат сулҳу оромӣ меорад. Хушбахтона, сари ваъдаҳои худ истодагарӣ намуда, дар муддати начандон тӯлонӣ кишварро аз бӯҳрони ҷанг раҳо сохта, сулҳро фароҳам сохт. Имрӯз рисолати ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллати мо дар он аст, ки  ба қадри ҳар як пораи хоки ин сарзамин бирасем ва онро ҳифз намоем. Нагузорем, ки ба ин хок чунин нафарои хиёнаткор реша давонанд ва  дарахтеро, ки онҳо ба ин хок шинонидани мешавад, бо якдиливу якдастӣ теша ба решааш занем.

Фозилова М.М.,

устоди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

Бугунги кунга келиб асримизнинг жиддий муаммосига айланган одам савдосига қарши кураш халқаро, минтақавий, кўп ва икки томонлама муносабатларни талаб этмоқда.

Афсуски, дунё бўйлаб шунча кенг қамровли фаолият, тегишли тарғибот-ташвиқот олиб борилишига қарамай, ҳар йили миллионлаб инсонлар "замонавий қуллик", яъни одам савдоси қурбонига айланмоқда. Улар орасида аёллар, кексалар, ҳатто ёш болалар ҳам борлиги ачинарли. Ушбу жиноятнинг ривожланишига туртки бўлаётган асосий омиллардан бири одамларнинг чет элга бориш ва ишга жойлашиш ҳақида етарли маълумотга эга эмаслигидир. Ачинарлиси, ўзга давлат, бегона бир муҳитга тушиб қолганлар мўмай даромад илинжида оғир жисмоний меҳнатга ёлланмоқда, аёллар эса тубан ва фаҳш ишларга мажбур этилмоқда.

Бирлашган миллатлар ташкилоти (БМТ, ООН) маълумотига кўра, дунёда ҳар йили тахминан 2 миллион 700 минг киши одам савдосининг қурбонига айланмоқда. Халқаро экспертларнинг баҳолашича, ушбу жиноятчилик натижасида олинаётган йиллик даромад миқдори 7 миллиард АҚШ долларидан ошиб кетган. Ташвишланарлиси, одам савдоси жиноятидан жабрланганларнинг 80 фоизи аёл ва болалардир. Ҳар йили дунё бўйича 600–800 минг нафар аёл ва болалар алдов йўли билан хорижий мамлакатларга олиб кетилиб, сотиб юборилмоқда.

Одам савдоси – куч билан таҳдид қилиш ёки куч ишлатиш ёхуд бошқа мажбурлаш шаклларидан фойдаланиш, ўғирлаш, фирибгарлик, алдаш, ҳокимиятни суиистеъмол қилиш ёки вазиятнинг қалтислигидан фойдаланиш орқали ёхуд бошқа шахсни назорат қилувчи шахснинг розилигини олиш учун уни тўловлар ёки манфаатдор этиш эвазига оғдириб олиш орқали одамлардан фойдаланиш мақсадида уларни ёллаш, ташиш, топшириш, яшириш ёки қабул қилиш. Одамлардан фойдаланиш бошқа шахсларнинг фоҳишалигидан фойдаланишни ёки улардан шаҳвоний фойдаланишнинг бошқа шаклларини, мажбурий меҳнат ёки хизматларни, қуллик ёки қулликка ўхшаш одатларни, эрксиз ҳолат ёхуд инсон аъзолари ёки тўқималарини ажратиб олишни англатади.

Ўтган асрдан йигирма биринчи асрга трансмиллий ташкилий жиноятчиликнинг учта энг хавфли тури "мерос" бўлиб ўтди. Уларнинг биринчиси – халқаро терроризм ва дин ниқоби остидаги зўравонлик руҳи, куч ишлатиш, яъни экстремистик, фундаменталистик, сепаратистик хуружлар, иккинчиси – наркобизнес ёки нарко-траффик билан шуғулланаётган жиноий уюшмалар, учинчиси – одам савдоси билан шуғулланувчи йирик-йирик жиноятчи ташкилотларнинг йилдан-йилга кучаяётганидир.

Санаб ўтилган трансмиллий жиноятчилик, яъни ҳудуд ёки чегара танламаётган жиноятларнинг қайси бир турини таҳлил қилмайлик, уларнинг барчаси инсоният цивилизациясига очиқдан-очиқ тўсиқ экани, жамият тараққиёти ва давлатлар ривожига жиддий хавф туғдириши маълум бўлади.

Бу жиноятларнинг асосий сабаби маънавий қашшоқлик, очкўзлик, дунёга ҳаддан ташқари ҳирс қўйиш ва нафсига қул бўлишдир. Бугунги кунда инсонлар қул қилиб сотаётган баъзи кимсалар инсонларни ҳур қилиб яратган Аллоҳ таоло билан Худоликни талашмоқда. Ислом дини кўрсатмаларида ҳам инсоннинг жонзотлар ичида энг мукаррами экани таъкидланиб, қулликка қарши қатъий чоралар белгилаб қўйилган.

Мамлакатимизда амалга оширилаётган ислоҳот ва янгиланишлар натижасида фуқароларимизнинг турмуш шароити узлуксиз юксалиб бормоқда, ҳуқуқ ҳамда эркинликлари тўла рўёбга чиқарилиши учун қулай ижтимоий, иқтисодий ва сиёсий шарт-шароитлар юзага келмоқда.

Буларнинг барчаси шахс эрки, унинг ҳаёти, саломатлиги ва шахсий ҳуқуқлари кафолатларини янада кучайтириш, фуқаролар ҳуқуқий муҳофазаси самарадорлигини ошириш, шахс-давлат муносабатларида шахс манфаатлари устуворлиги тамойилига оғишмасдан амал қилиш эҳтиёжини янада кучайтирмоқда.

Шахс эрки ва қонуний манфаатларини таъминлаш ижтимоий ҳаётимизнинг барча соҳаларида олиб борилаётган тадбирлар орқали амалга ошириб келинмоқда.

Бугунги кунда аҳоли миграцияси, шу жумладан, мамлакат ташқарисида меҳнат фаолияти билан шуғулланиш мақсадидаги миграция жаҳон кўламидаги воқелик бўлиб, ўзининг кўпгина ижобий жиҳатлари билан бир қаторда салбий оқибатларни ҳам келтириб чиқармоқда.

Бу салбий ҳодиса глобал жараён сифатида бизнинг мамлакатимизни ҳам четлаб ўтмаяпти. Афсуски, фуқароларимиз ҳам одам савдоси қурбонларига айланмоқда. Буларнинг барчаси давлатимиз ва жамиятимиз томонидан ушбу иллатга қарши қатъий чоралар кўришни, одам савдосига жалб этилган ва ундан жабр кўрган ҳамюртларимизни муҳофаза этишни долзарб вазифа қилиб қўймоқда.

 Одам савдосининг ҳар қандай кўринишига қарши курашиш халқаро ва минтақавий даражада жиддий ёндашув ва ўзаро ҳамкорликка асослансагина яхши самара бериши мумкин.

Зеро, одам савдоси, унинг инсоний ҳуқуқ ва эркинликларини ғайриқонуний ва ғайри ахлоқий равишда айнан инсон томонидан камситилиши, йўққа чиқарилиши – кечириб бўлмас жиноят, оғир гуноҳ!

Дадахон Ҷӯраев, устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика

Ватан мафҳуми муқаддасест, ки сарнавишти ҳаёти мо дар он ва аз он оғоз меёбад. Меҳри Ватан дар дили инсон ва давраи кӯдакӣ дар баробари меҳри волидайн ба вуҷуд меояд ва он дар ҳолате рушду афзун мегардад, ки инсон аз меҳан дур ва дар ғарибӣ афтад. Ватани азизамон Тоҷикистонро баъди, ҳазор соли беватанӣ ба даст овардем, бояд ҳамчун гавҳараки чашм, азизу мукаррам дошта, баҳри ҳимояи марзу буми он ҳар яки мо – зану хоҳ мард ва пиру ҷавон камари ҳиммат бандем. Зиёиёнро мебояд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву созандагӣ тарбия намуда, кинаву адоват ва тафриқаандозиро аз тинати эшон берун созанд.

Воқеан, ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдори давлатӣ оид ба ватанпарастӣ собит месозад, ки бояд дар ин ҷода усулҳои нави кор ба насли ҷавонон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавони кишвар худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ, ифтихори ватандорӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги пурғановату арзишмандамон огоҳии бештару хубтаре дошта бошанд.

Дар баробари  муваффақиятҳои арзишманд ва комёбиҳои рӯзафзуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангие, ки солҳои охир Тоҷикистон бо онҳо ноил гардидааст, мутаассифона, мушкилоту масъалаҳое дар ҳаёти наврасону ҷавонони кишварамон вуҷуд доранд ва бартараф намудани онҳо зарур мебошад. Аз ҷумла, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракаҳои моҷароҷӯйӣ аз муҳимтарин мушкилоти ҷомеаи мо, алалхусус ҷавонони кишварамон, ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз ҷавонони моро мебояд, ки баҳри муҳофизати онҳо камари ҳиммат банданд ва пайваста дар омӯзиш ба худтакмилдиҳи бошанд, баҳри пешбурди сиёсати имрӯз ва ояндаи кишвар саҳми босазо гузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба маврид ироа намудаанд, ки аз тафриқаандозӣ хкддорӣ карда шавад. Бинобар ин ҷавонон ба ҳар гуна ташкилотҳо ва созмонҳои ифротгаро набояд шомил шаванд ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.

 

Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 27 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик бояд бошад. Мутаассифона, имрӯз боз як қабил афродон ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро нодида гирифта, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи атрофиён мегарданду роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум мекунанд. Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки алалхусус ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири ҳеҷ як чизи нодаркор худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Магар эшон дар зиндагӣ дигар орзуву омол ё ёру бародар  ва модару фарзанд надоранд, ки бидуни андеша ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна шомил гардида, амнияти ҳаёти худ ва хешу ақрабояшро дар хатар мегузорад. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ. 

«Хушгӯӣ»- ҳои наҳзатиҳоро хондам ва ба суханрониву мўҳтавои ин баромади роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ коре надорам. Аммо ин суханҳо бениҳоят пур аз эҳсоси хиёнат, ғаразнок ва нотавонбинона эҷод гаштааст. Кабирӣ ба илҳоми сухангўии шумо ва дигар пайравонатон «қоил» гардидам, зеро илҳоми шумо вақте омадааст, ки чашму гӯшу ҳиссу бӯиши лаззатфаҳмии шуморо нест карда, фақат ба роҳи кину ғараз шуморо ҳидоят намудааст. Ҳамон «илҳом»-и бо зӯри пайдогаштаи Шумо шуморо нобинову кар, бе ҳиссу карахт намудааст. Агар чунин намебуд пешравиҳои давлати Тоҷикистонро бо ҳисиётҳои Худодода эҳсос мекардед. Магар ҳамин «илҳом»-ҳои зӯракии наҳзатиҳо набуд, ки мардуми Тоҷикистонро ба вартаи бало гирифтор намуд, ва зарбаи онро миллати тоҷик то ба имрӯз соз мекунад ва ба захмҳо малҳам мемолад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамин “илҳоми сухангӯӣ”-атон наҳзатиҳоро дар шахсиятҳои Мирзо ва Саидюнусу Алим ва Илҳом ба “тӯдаи доноҳо " даровард. Ва аз гуфтаҳои роҳбарияти наҳзатиҳо, Кабирӣ оуибати ин “тӯдаи доноҳо” давомдиҳандагони насли сеюми босмачиёни ғоратгар хоҳанд шуд.

Имрӯз вазифаи ҳар кадоми мо аз он иборат аст, ки насли имрӯзро ба рағми ин душманон тавре тарбия намоем, ниҳодашон пур аз ифтихор ва меҳанпарастӣ бошад, худшинос бошаду масъулияти ватандорӣ дошта бошанд. Мо бояд ба ояндагон онро фаҳмонем, ки  ҷавонон бояд танҳо аз гузаштаи бою пурғановати худ ифтихорманд нашуда имрўзро низ ба як фазои ифтихорӣ мубаддал созем. Фарзандонро сохибимаълумоту  донишманд, соҳибватану соҳибфарҳанг созем. Ҳамаи онҳоро қабл аз ҳама на ба  масҷид  балки барои ба  мактабҳо рўй оварданашон мусоидат намоем, ки мактаб макони махзани илму маърифат ва тамаддуни гузаштаву фарҳанг ва умуман ҷои муқаддас аст.

         Хайруллоева Н.А. муовини декан оид ба тарбияи ФСН

 

Сабақи таърихии солҳои 90-уми асри сипаришуда то ҳол асари хешро дар хотираи мардум боқӣ гузошта, аз ҷиҳати равонӣ ба руҳияи ҷомеа таъсири амиқ гузоштааст.   

Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои хешро дар арсаи байналхалқӣ устуворона гузошта, кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри ободонӣ ва суботи ҷумҳурӣ  ҳар чӣ бештар камари ҳиммат бандад. Халқи тоҷик дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, дар осмони софу беғубори кишвар бо меҳнати софдилона арзи ҳастӣ менамояд, ки аз ваҳдату якдилии тоҷику тоҷикистониён дарак медиҳад.

Дар баробари он ки ҷавонон як қишри асосии ҷомеа арзёби гардидаанд боз эшон ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукуматти мамлакат қарор додаанд, бар замми ин боз давлат ва хукумат вазифадор аст, ки барои фардои Тоҷикистон насли солим тарбия намояд ва заминаҳои фардоро имрӯз  муҳайё созад. Барои фароҳам овардани чунин шароити созгор мебояд содиқона барои халқу миллати хеш хизмат намоем ва номи ин миллати тоҷдорро дар арсаҳои байналмилалӣ шинохта гардонем.

Имрӯз давлат пуштибони ҳамон ҳақиқату асолате аст, ки онро ислом собит месозад, на ин ки ба маънои “диндорони наҳзатӣ” амал мекунад. Ба эътиқодоти мардум, ки онҳо кай намоз мехонанду кай ибодат менамоянд касе ба ин сару кор надорад, шароити мусоиди озодии мутлақро барои тоату ибодат муҳайё кардааст.

Фаромӯш кардан он қадар кори осон нест, ки дар гузаштаи начандон дури мо чи қадар ҷавонону наврасони мо, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгоро гашта буданд онҳоро аз кишварҳои хориҷабар гардонида, аз чанголи ифроту терроризм халос наҷот дода буданд. Ин миннати кори карда нест, танҳо дар омади сухан гуфта гузаштан хеле рамзист, агар давлат аз ояндаи наврасону ҷавонон пуштибонӣ накунад ва онҳоро амнияти онҳоро таъмин  насозад пас ин вазифаи кист.

     Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, падару модарон ва мураббиёну муаллимон  масъули тарбияи фарзанднамон ҳастем беҳтар он аст, ки дар ин синну солашон онҳоро  ба роҳи рост бурдан осонтар аст ва ҷаҳонбиниву дониш ва бовару назарҳояшон ҳанӯз комил нашудааст, худамон таълимоти илмҳои муосирро дар зеҳаншон ҷо намоем. Ба  мақсади неки худ мерасем, онҳоро ба руҳияи меҳанпарастӣ ҳидоят намоем.

Бо вуҷуди он, ки дар мамлакати мо сулҳу субот ва ороми ҳукмфармост, ҳолатҳоеро вохўрда истодаем, ки барои вайрон намудани фазои истиқлолият қавваҳои бегона истифода шуда истодаанд. Ҳар кадоме аз он нафарони бадкирдор, ки қасди талаф додани сулҳу моро мекунад бояд донад, ки ин мустақили ба осони ба даст наомаддаст, ки чунин ба осонӣ аз даст равад. Барои он, ки ба мо имрӯзи дурахшон фароҳам ояд, ҷони ҳазорон абармардони далеру ҷасур нисор гардиддаст. Аз ин хотир ба ҳамами ҷавонони саодатманди диёр даъват ба амал меорам, ки барои пос доштани номи ниёгон номи ононе, ки имрӯз ва фардои моро бо диловариву шуҷоати хеш равшан намуданд, талош варзанд то вориси арзандаи эшон бигарданд ва барои шукуфоии милатамон ташаббусҳои созандаро ба нафъи миллату давлат амалӣ гардонида, саҳме гирифта бошанд, ки ҳамеша Тоҷикистон чун давлати соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг шинохта гардад.

Музаффар Бобоев ,  устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мақолаи Мирзои Салимпур «ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДАР ДОХИЛИ ҲУКУМАТ» тавассути сомонаи «Ахбор. ком» дувумин матолибе аст, ки аз ҷониби думравони Муҳиддин Кабирӣ ва косалесони «Паймони миллӣ» рӯи нашр меояд. Аз ин пеш як нафари дигари «дилсӯзи миллат» Саидюнуси Истаравшанӣ дар сомонаи «Кимиёи саодат» низ аз зарфияти мақолаҳои ба қавли худашон «фабрикаи ҷавоб» «изҳори ташвиш» намудаанд. Аммо ҳам Мирзои Салимпур ва ҳам Саидюнус иқрор нашудаанд, ки дар ин мақолагунаҳо, ки онҳо онро чунин ном мебаранд, ҳақиқат бештар аст, аз он ки онҳо мегӯянд. Мисоли барҷаста он аст, ки Файзуллоҷон Сафаров, собиқ узви гурӯҳи 24 дар баёнияи худ ҳамаи сиру асрори ҳам «Паймони миллӣ» ва ҳам наҳзатиёни гурӯҳи 24 –ро фошофош гуфтааст.  Мирзои Салимпур тавре нигоштааст, ки ӯ ба ягон нафар вобастагӣ надорад, аммо тарзи масъалагузорӣ, инъикоси воқеаҳо нишон медиҳанд, ки ӯ низ пойбанди маблағҳои Кабириву муздурони ӯст.

Боре, аниқтараш 5- 6 сол пеш як рӯзноманигори хоричӣ ба манн занг зада, саволе дода буд, ки оё нафаре дар Тоҷикистон пайдо мешавад, ки халқ бар ӯ бовар кунаду ҷойгузини Сарвари давлат шавад. Ман бе ягон андеша гуфтам, ки нест. Зеро хислати тӯдкашӣ, боварию эътимоди мардумро ба даст овардан кори саҳл нест. Президент замоне зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки воқеан ҳам ба дигар кас ин вазифаро  таҳмил намоӣ, намекард. Акнун, ки низоми давлатдорӣ ба маҷрои муайян даромад, вазъи иҷтимоӣ беҳтар шуд ва муҳимаш тинҷиву оромӣ барқарор шуд, нотавонбинон мехоҳанд, ки ба сари қудрат оянд. Ин амал аз рӯи адолат нест. Мирзои Салимпур ҳар он кас, ки имрӯз манфиати миллатро ҳифз мекунанд, «тӯдаи нодонон» унвон кардааст. Аммо ин донои давр худ намедонад, ки миёни ин тӯдаҳо олимони варзидаву қаламкашони воқеъбин низ ҳастанд. Муҳимаш он, ки онҳо ба роҳбари давлати худ содиқанд, на мисли Шумо гурезаву миллатфурӯшу косалес. 

Ин шумоён ҳастед, ки бо Ҳукумат ҷанги иттиллот мебаред ва пайваста шикаст мехӯред. Зеро Шумоён манқуртҳое ҳастед, ки ба ҷузъ аз хидмат кардан ба хоҷагони худ дигар рисолат надоред. Агар зӯру тавон доред, пас аз ин дасисаву бӯҳтонҳо дур шуда, бо амали созандаи худ дар хидмати халқ бошед. Бо кушодани як сомонаи моҷароҷӯй шумо гӯиё ба дарди халқ малҳам мешавед. Аммо шумо ва дастандаркоронатон яқин донед, ки хабарҳои сенсатсионииатон дархӯри халқ нест. Беҳтар мебуд,  даст аз ин иғвоҳо бардошта, барои баланд бардоштани шаъну эътибори давлат кӯшиш меварзидед.  

Воқеан ҳам ин нафарон, ки шахсиятҳои носипоси миллат ҳастанд, мехоҳанд бо ҳар гуна суханбозиву ҳарзагӯи дили халқро ба худ моил созанд. Саидюнуси Истаравшанӣ кист, ҷомеаи кишвар ба хубӣ медонанд. Ин шахсиятест, ки тору пуди худро ба хоҷагагони бегона бахшидааст. Ва як маддоҳи аз дини ислом дурмонда, як мардест, ки ҳатто хешону пайвандонаш дӯст намедоранд. Ва  то кунун мардуми Истаравшанӣ бовар надоранд, ки аз ин минтақаи шахсиятҳои машҳур ба дунё омада, як нафар хоин, дастнигари хориҷиён ба камол расидааст. Темур Варқию Мирзои Салимпур ва Алим Шерзамоновро хонандагон бо мақолаҳои бӯҳтонангезу ҳарзагӯияш хуб мешиносанд. Чун дар кишвар ҷое намонд, ки онҳо мавриди танқид қарор диҳад, ба Аврупо ҳиҷрат намуду имруз бозичаи дасти дигарон гаштааст. Акнун меоем ба сари он ислоҳоте, ки онҳо мехоҳанд бо кӯмаки халқ ба субут расонанд. Ба андешаи онҳо имрӯз ҷомеаи кишвар побанди амалҳои коррупсионӣ, зӯроварии нафарони озодандеш аст. Агар чунин мебуд, пас чаро беш аз 350 расонаҳои хабарӣ, ки аксаран хусусисанд, кору фаъолияти бомаром доранд. Ҳар он нафаре, ки мехоҳад камбудиҳои ҷомеаро ислоҳ кунад, минбарҳои нашрияҳо, воситаҳои электронӣ васеъ дар истифода қарор дорад. Пас ин нафарон, ки такя ба ҷавонон доранд, мехоҳанд нерӯи зудгузари ҷавонро бар фоидаи мақсадҳои ғаразноки худ истифода баранд. Аммо беҳтарин неъмат барои ҳар як сокини кишвар ин озоди ва фазои хуби зиндагист, ки тавассути истиқлолияти комил ба даст овардаем.  Воқеан Истиқлолиятӣ давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост, ки тамоми наслҳои миллати сарбаланди  тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд, вале ин рӯйдоди одилонаи таърихӣ танҳо насиби насли имрӯзаи тоҷикон мушарраф гардида, боиси шарафу ифтихори  мост.

Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чандин иншоотҳои бузурги варзишӣ, фароғатӣ, муассиаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд, ки ҷавонони бонангу ор дорои   имкони  хуби таҳсил ва фароғат гаштанд, ки ҳамаи ин бевосита меваҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Вале як чизро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан, миллати шарафманди тоҷик аз имтиҳони сахти таърихӣ гузашта, бо худшиносиву матонат худро барои оламиён муаррифӣ кард ва собит намуд, ки соҳиби  таърихи пурифтихор ва фарҳангу маърифати пойдору устувор мебошад.

Пас моро мебояд, ки ба қадри он расида, пойбанди ҳамагуна таблиғи беасос набошем.

 

Ҳамидова Н.Ш.- н.и.ф.,

устоди кафедраи   

            забонҳои хориҷии ДПДТТ

 

 

 

Бадбахтона баробари  дигар  тараққиёту  пешрафт, таассуб низ ақибнишинӣ  накарда,  пеш меравад ва  тафаккури  мардумро то ба дараҷае заиф  гардонидааст, ки  ҳатто  ба исломи  гуфтаи хоҷагони ифротгаро ба онҳое, ки ҳатто аз ислом хабар надоранд эътиқод  доранду ба қавле таасуб мекунанд, бегонапарастӣ  нисбати  фарҳанги  миллат, тақлид  ба либосҳои  мамлакатҳои  аврупову Эрону Афғон. Аммо бояд тазаккур дод, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ  чодарпӯш набуд, пас чаро имрӯз  қабиле аз  занону духтарони мо худро бо чодару либоси сиёҳ, ки нишонаи мотам аст,  ба бар намудаанд, гӯё ба ин васила имони худро ба дигарон намоиш медиҳанд ва хешро фидоии ислом меҳисобанд. Имон доштану ибодат кардан ба хотири худ аст, на ба хотири намоиш. Ва барои мусалмони будан. На ҳизби наҳзатиҳо лозим асту на фартарчаи ҳизбӣ. Ин, ки дар ниҳоди кас имону виҷдон ҳукмрон бошад, пас исломи ҳақиқӣ ҳамон аст, на ташвиқотҳои наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ.

 

 

Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш тавъам аст. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда,  оқибати аъмоли  касеву  худро  намеандешанд.

Мутаассифона,  дар тўли солҳову  қарнҳо зуҳуроти манфиатҷўи ва мансабталошии афроди  ҷоҳилу бехирад ва сангдилу  бераҳм, яъне ноҷавонмардонаю разилонаю ваҳшиёна куштани  одамону ғорату арзишҳои  илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву  разилонатаре  ба худ мегирад.

Дар давлатҳое, ки ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир мухолифати байниҳамии равандҳои исломгаро зиёд шуда, эътироз бар зидди аъмоли ба амнияти ҳар миллату давлат таҳдиддошта рӯз ба рӯз афзун мегардад

Дар кишварҳои исломӣ ҷанг то ҳадде маскан карда, ки орзуву умеди халқро барбод дода, дар дили мардум яъсу ноумедӣ меорад. Ҷанг дар кишварҳои исломӣ то рафт зиёд шавад ҳам, ҳаракатҳои исломӣ байни худ муттаҳид нестанд, ҳамдигарро чашми дидан надоранд. Яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки гурӯҳҳову созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ вазъиятро ноором мекунанд ва байни худ мухолифат доранд. Онҳо на барои пок нигоҳ доштани ислом, балки исломи покро танҳо барои мақсаду мароми худ истифода мебаранд ва аз ислом суистифода мекунанд.

Имрўз шукр аз он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Бо иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру тармим гаштаву сохта ба истифода дода шуда, ба тамоми минтақаи  Тоҷикистони азиз ҳусни тоза зам намудааст.  Ин шаҳодати он аст, ки ватандӯстону хештаншиносон бо тамоми ҳастӣ барои ободии ин мамлакат талош доранд. Аммо бархе мухолифон миллати мо талош доранд, ки барои манфиати худу дигар носипосон ин дастовардҳоро тороҷ намоянд.

Таасуфовар он аст, ки имрӯз бархе аз ҷавонони моро бо роҳи фиреби иғво ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷои гаравида истодаанд ва афкори эшонро бо ҳар гуна беҳудагӯиҳо бо исми дини мубини Ислом вайрон намудаанд.  ҷавонони гумроҳшуда намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод ифтихори оила ва саодатмандии кишвар, баръаксии ин, яъне шахси ифротгаро доғи дили падару мадарон, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошанд.

  Мутаассифона, онҳо бо чунин ҳаракати бемаънояшон  қурбони бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон мегарданд. Сабаби дигари ҳамроҳшавии онҳо дар он аст, ки сатҳи пасти саводи динӣ доштан дар оила,  дар бисёр мавридҳо миёни оддитарин масъалаҳои байни хурофоту дин, ақидаҳои ботилу ҳақ фарқ гузошта надоштани ўнатавонистани онҳо мебошад.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ таъкид намоем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, ҷони худу наздиконатонро ба гирдбоди ғаму андӯҳ напартоед ва дар байни халқ худро шарманда насозед.

Мавлуда Алиназарова,

муовини декани факултети муҳандисӣ- иқтисодии ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Тоҷикистон кишвари зебову дилнишин ва табиати хело назаррабо дорад. Мардумони фарҳангсолору соҳибмаданияташ бо иродаи қавию масъулиятшиносии беш аз пеш барои пойдору устувор намудани пояи ваҳдати миллӣ ва ягонагии он талош менамоянд. Дар воқеъ дӯст доштани миллату ватан аз назари бархе “исломдонҳо” хушоянд нест. Яъне дар ниқоби ислом хилофату адоватро истифода мебаранд. Сухану амали аъзоёни ин ҳизбҳо ба ҳамдигар рост намеояд, зеро дар фармудаҳои Худованд инсон ҳаргиз сабабгори канда шудани риштаи умри дигарон набояд бошад. Вале чун мебинем, «сарбозони роҳи ислом», ки худро ҳамчунин унвон мекунанд, ба таври ҷаҳолат сари инсонҳоро мегиранд ва онро тариқи навор ба оламиён нишон медиҳанд. Магар ин амалро ислом дастгирӣ мекунад, ҳаргиз на.

Итминони комил дорам, ки дӯст доштани марзу буми Тоҷикистон ва азизу муқаддас донистани як зарраи хоки он, гиромидоштан ва ифтихор кардан аз сарвари давлат барои равони наҳзатиҳо зарбаи ҳалокатбор мезанад.