Чун ба авроқи таърихи кишвар назар меафканем,  бароямон возеҳ мегардад, ки ҲНИ маҳз  дар солҳои ноорому носуботи кишвар ба арсаи сиёсати Тоҷикистон гом ниҳодаст. Ҳадафи аслӣ аз таъсису бунёди ҳизби номбурда бояд огаҳ сохтани мардум ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини муқаддаси ислом ва мутобиқи муқаррароти ин дин таъмини ваҳдату осоиштагӣ ва ба ин васила раҳо сохтани мардум аз зулумоту ҷабру ҷафо мебуд. Аммо, баръакс  номи ин ҳизб ва роҳбарони он дар лавҳаи хотироти мардуми азияткашидаи тоҷик ҳамчун яке аз ташкилотҳои сиёсие, ки дар мамлакат нооромиҳо ва ҷанги бародаркуширо ташкил кардааст, нақш бастааст. Дар нахустин рӯзҳои таъсиси ҲНИ ошкор шуд, ки маҳалбозӣ ва гурӯҳбозии саркардагони ин ҳизб ба ҷуз тафриқаандозӣ, талоши мансабу мақом ва ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ чизи дигаре нест.

Намояндагон ва роҳбарони ҲНИТ дар ҳамон вазъияти муташанниҷи сиёсӣ баҳри соҳиб шудани тахту тоҷ ҳама гуна услубу роҳҳои ваҳшиёнаро мавриди истифода қарор додаанд. Барои ноил гаштан ба аҳдофи разилонаи хеш аъзоёни фаъоли ин ҳизб зиддиятҳои маҳаллиро истифода карда, Тоҷикистонро ба хуни ҷанги бародаркушӣ оғушта ва ба вартаи ҳалокату нобудӣ дучор намуданд, ки қариб буд давлати навинистиқлоли кӯчаки тоҷикон аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв гардад. Хушбахтона, хатари нобудӣ бо ҷонбозиҳои пайвастаи фарзандони миллат пешгирӣ карда шуд ва дар кишвари ба хун оғушта парчами сулҳу салоҳ барафрохта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба эъдидол овардани вазъи сиёсии кишвар, новобаста аз хиёнаткориҳои ҲНИТ ба фаъолияти он дар сохтори ҳукуматӣ иҷозат дода буд. Соли 1997 сулҳу оромӣ фазои кишвари моро фаро гирифт ва нерӯҳои мухолиф тибқи санади ҳамдигарбахшӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ваъда доданд, ки дигар ҳаргиз даст ба ҷиноят ва хиёнат ба Ватан нахоҳанд зад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҲНИ бори дигар имконият дод, ки фаъолияти худро қонунан оғоз бахшад. Тибқи Ойинномаи ба тасвиб расида ҲНИ мардумро бояд ба сабру таҳаммул, хайру саховат ва фаҳмондани аркони дини мубини ислом даъват менамуд. Тибқи созишнома нерӯҳои мухолифони тоҷик дар сохтори ҳукуматӣ соҳиби вазифаҳо гардиданд ва Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро андешид, то ки ҳодисаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ аз хотирот маҳв гардад ва душманиву адоват хотима ёбад.. Дар асл ин тавр нашуд ва бо дастури махфии роҳбарияти ҲНИ гурӯҳҳои ҷинояткори ин ҳизб дар ниқоби ислом даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин мезаданд. Баъди чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ, ҲНИ худро бегуноҳ нишон дода, фаъолияташро идома медод ва вонамуд мекард, ки гӯё чизеро намедонад. Тӯли солҳои тӯлонӣ ҳизби номбуда ба ҳайси ҳизби сиёсӣ дар қаламрави кишвар фаъолият бурда, дар интихоботҳои сиёсӣ ширкат меварзид.

 Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломи ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф гардида, фаъолияти он қатъ карда шуд. Ҳамчунин бо ҳалномаи Суди Олӣ нашри рӯзномаи «Наҷот», фаъолияти сомонаи интернетии ҲНИ, ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ  карда шуд.

Ин ҷо чанд авомили дигарро, ки боиси қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ гардид, мавриди зикр қарор медиҳем: Аввалан дастгирӣ наёфтани ҲНИ дар интихоботҳои сиёсӣ. Натиҷаи хиёнатҳои пайвастаи ҳизби мазкур буд, ки эътиқоду боварии мардум ба фаъолияти он рӯз то рӯз кам гардид. Дастгирӣ наёфтани ҲНИ дар интихобот иродаи озоди халқ буду бас, на чуноне, ки онҳо даъво доранд, бо тақиби ҳокимияти имрўзаи Ҷумҳурӣ. Мардуми тоҷик ҳамчун ташкилоти сиёсӣ арзи вуҷуд доштани ҲНИТ – ро намехоҳад.

Сониян, дар аксари шаҳру навоҳии кишвар ячейкаҳои ҲНИ аз фаъолият боз мондаанд, ки  мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳизбҳои сиёсӣ” ҳизби мазкур ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ фаъолият буда наметавонад.

Баъдан набудани зарурат ба фаъолияти ҳизбии ҲНИ дар қаламрави кишвар. Ҳадафи асосӣ аз бунёди ҳизбҳои наҳзатию  исломӣ ин огаҳ сохтани мардум бо дини муқаддаси ислом ва аркони он ба шумор меравад.  Дар кишвари мо бо ибтикори дурбинонаи Ҳукумати кишвар ин ҳадафҳо кайҳо амалӣ шудаанд. Зиёд шудани шумораи масҷидҳо, боз шудани донишгоҳу мадрасаҳои динӣ, бештар будани шумори ҳоҷиёни кишвари мо нисбат ба кишварҳои мусалмонии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати гиромидошти дини мубуни ислом дар қаламрави кишвар ба шумор меравад. Ҳамчунин, миллати  тоҷик тамоми муқаррароту қонунҳои динро риоя ва итоат карда, касе ба посдории рукнҳои дини мубини ислом мухолифат надорад. Аз ин бар меояд, ки  наҳзати исломии дар солҳои 80 - 90 садаи 20- ум оғоздшуда, рисолати худро анҷом додааст ва идомаи ин рисолат бояд бар зиммаи омӯзгорони донишманд ва аҳли тақвои ботарбияту боандеша вогузошта шавад.

Шароити кунинии ҷаҳонӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар тоқазо дорад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.

Муҳайё Абдусаломова, устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ



 

 

Зимни шиносоӣ бо матолиб ва ҳарзаҳои хоинону ватанфурӯшон, аз ҷумла собиқ роҳбарону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тариқи расонаҳои интернетӣ пахш мешаванд, беихтиёр ҳикояти зерин ба хотир меояд:

Дар замони зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтароше худро пайғамбарзода ва аз насли Паёмбари ислом (с) эълон намуда, барои исботи даъвояш шаҷаранома тартиб дод ва дар он рӯйхат номи гузаштагонашро пушт ба пушт навишта, то Мустафою Алӣ расонид. Чанд нафар мансабдорони беимону бевиҷдон ба шаҷаранома имзо монда, дурустии он дурӯғи маҳзро тасдиқ карданд ва бо ин амали зишт сари бузургтарошро ба осмон расониданд.

    Рӯзе ӯ шаҷараномаашро ба назди Абдураҳмони Ҷомӣ овард, то он алломаи даврон ҳам ба он имзои муборакашро гузорад. Шоири ширинадо ба ҷои имзо мондан дар як гӯшаи шаҷаранома рубоии зеринро навишт:

                     Онро, ки бувад нури Набӣ дар башара,

                     Ҳоҷат набувад ба арзу тӯли шаҷара.

                     В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,

                     Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.

    Яъне бузургию асилзодагии инсон аз рӯи дараҷаи илму дониш, касбу ҳунар, имону виҷдон, адолату ростӣ, амалҳои хайр ва хизмати ба халқу Ватан кардааш маълум мешавад. Вагарна дар рӯи қоғаз метавон маймунро одам муаррифӣ карду сиёҳро сафед навишт. Зиштро зебо хонду бадро нек гуфт.

    Рафтору гуфтор ва амалкарди собиқ раиси ташкилоти террористию экстремистии Наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш имрӯз монанди бузургтарошии ҳамон нафари бехираду бефарҳангест, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳад аз худ инсони бузург, ғамхори давлату миллат, донишманду порсо тарошад. Ва ҳар қадар дасисабозию фаҳшгӯии онҳо бештар мешавад, ҳамон андоза дар байни мардум расвотар мешаванд, хиёнаташон ба халқу Ватани азизамон ошкортар ба ҷилва меояд.

    Миллати мо дар таърих ҳамчун миллати куҳанбунёду фарҳангсолор, сулҳофару соҳибтамаддун шинохта шудааст. Чандин садсола аз ин пеш Ҷалолиддини Балхиву Саъдии Шерозӣ барин ситораҳои олами илму адаб маҳз аз тоҷик будани худ ифтихор кардаанд. Аллома Муҳаммад Иқбол бошад, забони тоҷикиро аз забони модарии худ болотар мегузорад. Гуфтори садҳо шахсиятҳои шинохтаи олам мавҷуд аст, ки диёри офтобиву миллати адабпарвари мо ва фарзандони барӯманди онро ситоиш кардаанд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ватанамон боз ҳам пеш рафт, ободу зеботар гардид, номаш вирди забонҳо шуд, ки ин боиси ифтихори ҳамагон аст. Аммо фарзандони хиёнатпешаи миллат дар симои Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ беш аз 9 миллион сокинони Тоҷикистонро ба қабилаи Аче монанд мекунанд ва ба хотирашон намерасад, ки худашон ҳам аз ҳамин миллат ҳастанд.

    Санаи 16-уми ноябри соли равон, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзую ормони деринаи сокинони диёр, яъне мавриди истифода қарор гирифтани чархаи нахустини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҷомаи амал пӯшид. Оид ба ин рӯйдоди муҳиму таърихӣ бонуфузтарин расонаҳои хабарии ҷаҳон гузориш пахш намуданд, зеро бунёди Роғун ба манфиати кулли давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамсоякишварҳое чун Афғонистону Покистон ва Ҳинду Чин аст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, Роғун умри НБО-и Норакро садсолаҳо дароз мекунад. Баъди пурра ба фаъолият даромаданаш ҳолати мелиоративии беш аз 3 миллион гектар заминҳои кишти минтақа, махсусан дар солҳои камборишию камобӣ, беҳтар мешавад. Муҳимтар аз ҳама, истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон пурра таъмин мегардад, барои бунёди корхонаҳои нав шароит ба вуҷуд меояд, ҳазорон ҷойҳои нави кор арзи ҳастӣ мекунанд. Дар ин радиф нерӯи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тозаи изофагӣ ба давлатҳои ҳамҷавору ҳамсоя содирот карда мешавад.

    Ҳамагон хуб медонем, ки барои оғози корҳои барқароркунӣ ва баъдан идома додани сохтмони НБО-и Роғун даҳҳо садду монеаҳои сунъӣ вуҷуд дошт. Танҳо ба туфайли истодагарӣ, пофишорӣ, сабру таҳаммул, матонату ҷасорат ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат ба орзуи деринааш расид. Аммо ин ғалабаи меҳнатӣ ба ҷои шодию нишот бахшидан ва хурсандӣ овардан ба гуфти халқ айши Кабирию собиқ назҳатиҳои бадхоҳро талх кард. Ва имрӯз тавассути сомонаҳои кисагии хабариашон ба рӯи ҷаҳон ҷор мезананд, ки нерӯи барқи дар Роғун истеҳсолшудаю истеҳсолшаванда бехаридор мемонад.

     Дар оғози соли нави милодӣ ҳуқуқшинос, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Файзинисо Воҳидова баъди беморӣ вафот кард. Аҳли ҷомеа ӯро ҳамчун ҳуқуқшиноси ҳақиқатпарвару адолатҷӯ мешинохтанд. Марҳума нисбати аксари масъалаҳо нуқтаи назари худро дошт, вале ҳеҷ гоҳ мухолифи давлату ҳукумат набуд. Чун кулли аъзои ҷомеа таманно дошт, ки Ватанамон ҳамеша ободу зебо, сокинонаш хушрӯзгору хушиқбол бошанд. Мутаассифона, душманони давлату миллат дар хориҷа истода, аз ҳамин мусибат ҳангома сохтанд, марги ҳуқуқшиносро ғайритабиию сохта хонданд.

    Хирадмандон гуфтаанд, ки оббурда ёр металабад. Яъне нафари дар об ғарқшудаистода ҳалокати худро дарк намуда, ба ҳар касу чизи пешомада чанг мезанад, мехоҳад нафари дигареро бо худ ба он дунё барад. Имрӯз собиқ сарварону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Наҳзати ислом дар чунин ҳолат қарор доранд. Чун дар солҳои 90-уми асри гузашта бо роҳи шиорпартоӣ, даъватҳои бебунёд, пахши изҳороту муроҷиатнома, ташкили чорабиниҳои бадномкунанда ва дасисаю иғвоандозӣ  худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, нафарони гумроҳу нодонро ба доми хеш кашидан мехоҳанд. Мутаассифона, на ҳама ҳамватанони мо, аз ҷумла насли наврасу ҷавон ин нуктаи муҳимро дарк мекунанду ба фаҳмаш мераванд.

    Зиёда аз ҳазор сол пеш Синои бузург чунин панд дода буд:

                 Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

                 Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

                 Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

                 Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

    Дар паноҳи хоҷагони хориҷиашон наҳзатиҳо имрӯз ҳамон шакари бо заҳр омехтаю магаси бар мор нишастаро мемонанд, ки ҳамнишиниву ҳамкорӣ ва пайравӣ ба онҳо зиндагии ширину гуворои моро талх месозад. Ин қавми ватанфурӯш, хиёнатпешаву намакношинос, каззобу дурӯя, ки манфиату ғаразҳои шахсиашонро аз тамоми муқаддасоту арзишҳо боло мегузоранд, аз мо нестанд ва чуноне бузургон мегӯянд, давидани гӯсола то коҳдон аст.

   Дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти аҳли ҷомеаро барои соли 2019 ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард ва солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон дар вилояти Суғд низ 1300 рӯзи ободонию бунёдкорӣ эълон шудааст. Дар доираи татбиқи чорабиниҳои ҷашнӣ садҳо иншооти нав бунёд мешавад, корхонаҳои нав ба фаъолият сар мекунанд, диёрамон ободтару зеботар ва сатҳи зиндагии мардум баландтар мешавад, ки барои ҳамаи ин шукргузор бояд буд.

    Ҳамватанони азиз!

    Мо – аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Муҳоҷир»-и назди Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо рафторҳои хоинона ва ватанфурӯшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум  мекунем. Дар радифи дигар аъзои ҷомеа намегузорем, ки онҳо мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд.

    Даъватамон аз тамоми ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ин аст, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам зичтар муттаҳид шавем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, алайҳи бадхоҳон муборизаи беамон барем, диёри ҳамешабаҳорамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки абрҳои тира рӯи офтоби бахту саодатамонро пӯшонанду рӯзгори хуррамамонро доғдор созанд.

Ҳамидова Н.Ш.- н.и.ф., устоди кафедраи  забонҳои хориҷии ДПДТТ

ТЭТ ҲНИ боз ҷангҷӯй ва беимону бефарҳанг буданашро нишон дода истодааст, оё ин ҳизб нест, ки аз будани худ сӯйиистифода намуда ба сабру таҳаммули мардуми кишвар бо ҳар гуна дасисабозиҳо дахолат намуда, мардуми гумроҳро ба хунрезиҳои нав, интиқомҷӯйиву бесарусомонӣ, бо таҳдиду фишорҳои динӣ гӯё мусулмонӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил намуда, сабабгорӣ беооромии кишвар гардидааст, чӣ хел нодида гирем.

Имрӯз баъзе мардуми бесавод  бо риш мондану ба тан сатр гирифтан ин мусалмонӣ комил будани худро гӯё нишон медиҳанд ба ваъдаҳои росту дуруғи ТЭТ ҲНИ бовар мекунад, ба ҷои ин, ки ба Худо бовар дошта бошанд, мутаасифона Худои худро дар симои наҳзатиҳои пастфитрат ва бадахлоқон мебинанд. Ин мардум намефаҳмад, ки зери коса нимкоса ҳасту ҳамаи ин “дилсӯзони ислом” барои мансабу барои ҷой  мехоҳанд бо ин роҳ осоиштагии мардумро барбод диҳанд.

Ҳоло бошад, риояи дини исломро дар он мебинанд, ки бигзор ҳар нафаре чи коре кунад кардаст, ба ин дахолат набояд кард. Вале дар ҷое Кабирӣ баён доштааст, ки дахолат ба масоили шахсӣ ва беобрӯ кардани нафаре фарҳангӣ наҳзатиҳо набудааст. Бале, алббата маҳз дар ҳамин масъалаи бадахлоқӣ ва пинҳон нигоштани он фарҳангӣ шумо инъикос мешавад. Ва масъалаҳои хиёнат ба ватан ба падару модар динфурӯшиву мансабталошӣ умуман наҳзатиҳо фарҳангро кор намебаранд.

Таърих аҷиб гардише дорад,бо мурури замон баъзан ҳолатҳо ё шахсиятҳо аз рӯи тасодуф бошад ё тарбия якдигарро такрор мекунанд ва ҳаммаслакони худро ҳимоя мекунанд,калимаҳои "босмачӣ" ва "қурбошӣ"қариб фаромӯш шуда буд,аммо дар  ин айём раиси ТЭТ -Ҳизби хиёнаткори Наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ва косалеси он Кури Юнус он босмачиҳое,ки сад сол пеш дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба талаву тороҷ ,таҷовуз ва ғорати молу мулки мардум машғул шуда,дар таърих ва байни мардум ҳамчун босмачӣ  шинохта шуда буданд,ҳимоя мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии мустақими худ ва Кури Юнус  дар баёни фикри худ дар  шабакаҳои иҷтимоӣ қурбошиҳои асри гузашта Иброҳимбег,Фузайл махсум, Кӯри Шермат ва дигар золимонро муҷоҳид эълон намуда ба мардуми олам кӣ будани худро тасдиқ карданд. Муҳиддин Кабирӣ аз калимаҳои ҷиҳод,муҷоҳид, мубориз ва шаҳид лаззат мебарад,зеро ин калимаҳо,саркардагон ва давомдиҳандагони фаъолияти Ҳизби хиёнаткори Наҳзатро зиёда аз сӣ сол инҷониб мехӯронад,мепӯшонад ва барои ба даст овардани маблағҳои ҳаром сабаб мешавад.
Ҳизби хиёнаткори Наҳзат солҳои навадуми асри гузашта ҷиҳод эълон карда хуни мардумро рехт ва дар майдони Шаҳидон чунин эълон намуд:"Кушти ғозӣ мешави,кушта шави шаҳид мешавӣ ва ба ҷаннат мерави" ва имруз бошад бо тариқи шабакаҳои интернетӣ, Кабирӣ ва Саидюнус ҳамон фатвои бе аслро пеш оварда босмачӣ ва қурбошиҳоро муҷоҳид,мубориз ва шаҳид эълон намуданд.

Аз ин суханҳои бе мантиқ маълум мешавад, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаки ӯ Кури Юнус аз он босмачиҳо фарқе надоранд. Худ,ки хиёнаткор ҳастанд,хиёнаткоронро ҳимоя мекунанд,ҳақиқати таърихиро дидаву дониста инкор мекунанд,халқи оддӣ аз дасти онҳо чӣ азобу уқубату машаққате дидаст онро намегӯянд ва даъво мекунанд,ки Иброҳимбег, Фузайл махсум ва Кӯри Шермат босмачӣ набуданд.

Ҳақиқати ҳол бошад,қаҳрамони Тоҷикистон,фахри миллати Тоҷик, устод Садриддин Айнӣ гуфтаанд :"Босмачиён на ҳомии дин,ва на мухториятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузду ғаддору  яғмогару хунхоранд".Ҳақ ба ҷониби устод Садриддин Айнӣ мебошад ва мо имрӯз гуфта метавонем, ки Кабирӣ ва Саидюнус аз он қурбошӣ  ва босмачиҳо фарқе надоранд,миллати тоҷик на инҳоро мебахшаду на онҳоро.

 

   МӮСОЗОДА ҲОҶӢ ҲУСАЙН

Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбҳои гуногун дорем, ки барои ободии ин меҳан кору фаъолит мекунем.

Аммо иддае аз мухолифони кишвар, яъне наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Кабирӣ хоҳони он аст, ки фарҳанги милли тоҷикон бо айби бархе нохалафону бадахлоқон барбод равад. Дар изҳороти Кабирӣ омадааст, ки модарону духтарони онҳоро фикр накардаанд. Агар Кабирӣ ва аъзоёни ӯ фикри зани тоҷик ва духтари тоҷик бошанд, пас чаро ин хиёнатро қабул доранд. Гузашта аз ин идомаи чунин амали ғайри ахлоқиро хоҳон аст. Барои чӣ имрӯз он ваъдаҳои сулҳкунандаро вайрон карда бо ақидаҳои ба худ мувофиқ мехоҳед оромиро халалдор намоед. Акнун ба ин “дилсӯзӣ” ҳои шумо касе бовар намекунад. Ва ба ин афкороти наҳзатиҳо, ки хиёнат нисбат ба зан аст, тамоми мардум маҳкум менамоянд.

 

 

Мусоҳибаи ба номи бо мардуми ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки хеле ноком анҷом ёфт, дар баробари ин ки омил ба зуҳури баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба ҳаракатҳои босмачигарӣ гардид, тарафи дигари фаъолиятҳои ифротгароёна ва зиддимардумии ин ташкилот ва Паймонҳои ба номи “миллӣ”-ву дар асли зиддимиллиро ошкор кард. Вақте Кабирӣ зимнан аз роҳу шеваи босмачиён дар оғози солҳои бистуми қарни гузашта сухан кард, аз гуфтори вай на танҳо андешаҳои ба истилоҳ ифротгароёнаи вай бори дигар тафсир шуданд, балки нукоти мармузи дигаре аз фаъолиятҳои пинҳонкоронаи ТЭН ҲНИ дар даврони мухталиф ошкор ва ин нукта дақиқан мусаллам гардид, ки Кабирӣ ва ҳаммасалакони вай ҳамон ҳаракатҳои зиддимиллиро аз дергоҳ пайгирӣ карда меояд, ки босмачиён доштанд. Аслан тайи чанд соли охир гуруҳе ба истилоҳ кушиши сафед кардани ҳаракати босмачигариро доранд ва ҳатто аз онон мехоҳанд чеҳраҳои миллӣ бисозанд. Вале муроҷиат ба таърихи гузаштаи миллати мо ва мутолеаи осори куҳани  адабиёти миллии тоҷикон худ баёнгари он аст, ки ҳамеша зиёиён ва донишмандон алайҳи таассуби динӣ ва ифротгаройӣ дар мубориза будаанд. Чун гуруҳҳое маъруф бо номи “зоҳид”, “муҳтасиб”, “воиз” ва амсоли ин, ки пайваста мавриди интиқоди зиёиён ва аҳли маърифат қарор доштаанд, ҳамон афродеанд, ки аз дин ба унвони қувва барои расидан ба ҳадафҳои хеш истифода кардаанд.

Таърихи дусад соли охири тоҷикону Тоҷикистон худ шаҳодати фаровоне дорад, ки ин ҷараёни босмачигарӣ на аз дидгоҳи фикрӣ, на аз назари сиёсӣ ва ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда, балки ағлаб пуштибонону парчамбардорони он нафароне маҳсуб меёфтанд, ки бо истифода аз номи  дини ислом мехостанд ҳадафҳои сиёсии хешро пиёда кунанд ва дар умум ба тарҳу бунёди давлати исломӣ даст ёбанд. Аз ин рӯ, дар оғози қарни гузашта асосан ин ҷараён аз сӯи равияҳои фикрие амсоли панисломистҳову пантуркистон идора мешуд ва ин амр баёнгари он аст, ки онҳо барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи ислом истифода мекарданд. Айни ҳамон коре, ки ТЭТ ҲНИ дар оғози соҳибистистқлолии Тоҷикистон мардумро ба номи Ислом ба майдонҳо кашида, омил ба ҳодисаҳои хуношом гардид ва ҳамакнун бо гузашти солҳо ҳатто бо он ки аз ҷониби давлат ба онҳо имтиёзҳо дода шуд, вале ҳадафҳои нопоки хешро мехост пинҳонӣ амалӣ намояд. Чун аз сӯи неру ва ҳаракатҳои беруна, ки бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон хостор буданд, ин ҳаракат ва ҷараён идора мешуд, аз ин роҳ давоми бештар аз 15 сол ҳарчанд имтиёзҳо ва имкониятҳои хуб барояшон пешниҳод гардид, вале пинҳонкорона ҳадафҳои нопоки худро боз ҳам пайгирӣ намуданд.

Ҳамакнун руҷуи дигарбораи Кабирӣ ба ин ҷараён асрори мармузеро аз сафҳаҳои таърихро ошкор намуд. Маълум аст, ки ТЭТ ҲНИ ҳануз дар даврони Шуравӣ ба таври пинҳонӣ амал менамуд ва танҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон чеҳраи аслии хешро ҷилвагар кард. Пас, равшан мешавад, ки ТЭТ ҲНИ ҳамон ташкилоти пинҳонкорест, ки  сарчашмаи ҳаракатҳои аслии хешро аз босмачигарӣ мегирад. Чун дар даврони нуфузи ҷараёни босмачигарӣ маълум буд, ки он аз берун идора шуда, ҳадафи аслиаш бо истифода аз номи ислом расидан ба қудрати сиёсӣ маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, ҷараён то охирин фурсат дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ошуб ва муборизаҳои мусаллаҳонаи хешро давом дода, қатлу кушторҳои зиёдеро ба миён овард, ҳатто чун мафҳуми бадӣ дар пиндор ва андешаи мардум боқӣ монд. Вале ҳамакнун маълум мешавад, ки гуруҳе аз инҳо, ки баъди шикасти куллии онон фирор намуданд, баъдан бо либоси дигар ба таври пинҳонкорона фаъолияташро давом дода, дар солҳои ҳафтодуми асри бистум бо таъсиси ҲНИ дунболи ҳамон ҳадафҳои аввалияи хеш ҳаракат карданд, ки натиҷаи он воқеоти солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Мутассифона, имрузҳо ҳатто нафароне пайдо шудаанд, ки ҳатто санг бар навиштаҳои устод Айнӣ мезананду мехоҳанд ба афкори зиддитаассубии ин устоди бузург ва қаҳрамони ҳақиқии миллат хати бултон кашанд. Магар, он ҳама ваҳшонияте, ки устод Айнӣ дар китобҳои “Таърихи инқилоби Бухоро”, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ғуломон” ва амсоли ин тасвир намудаанд ва дар онҳо нақши ин босмачиёне, ки ҳамон ҳадафи бунёди чунин давлатҳои ба номи “исломӣ”-ро пайгирӣ мекарданд, ҳамагӣ таҳрифи таърих аст. Ҳаргиз не. Бигзарем аз устод Айнӣ ва биравем ба рузгори Аҳмади Донишу дигар маорифпарварони қарни нуздаҳ. Суоле пайдо мешавад, ки омили аслии таваҷҷуҳи ин бузургони мо ба маорифпарварӣ ва таҷдиди назар ба низоми сиёсиву маърифатб чӣ буд? Магар мубориза зидди ҳамон ифротгаройии динӣ набуд, ки бо дасти чанд тан аз ҳамин гуруҳҳои манфиатхоҳ ва аз номи дини ислом суйистифодакунанда вазъи мактабу маориф хароб гардида, ҳатто низоми иҷтимоӣ ва ахлоқӣ рӯ тахриб ёфт. Тасвири вазъи таълим дар мактабҳои Бухоро аз ҷониби устод Айнӣ ҳаргиз имкон надорад, ки аз рӯи зарурат анҷом ёфта бошад, зеро он хотиротест, ки аз хурдӣ дар ёдӣ ӯ мондааст. Мушоҳидаи маҷмуи амалҳо ва рафтори нобаҷои онҳо бар зидди падидаҳои миллӣ ва маънавии халқи тоҷик Аҳмади Дониш ва дигаронро водор сохт, ки андешаи тағир дар сохтори иҷтимоиро ба миён гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ андешаҳои миллӣ ва маърифатпарвариро талқин намоянд.

Ба гумони ғолиб муаллифони он осоре, ки ба дифоъ аз босмачиён навиштаанду пайравони ин ҳаракат барои худ чун сипар пешниҳод мекунанд, аксаран нафароне ҳастанд,ки замоне бо ин ҷараёнҳо робитае доштаанд ё доранд ва ё пешинагони онҳо дар хидмати эшон будаанд. Мутассифона, имрӯз аксаран номи бархе аз зиёиёни он солҳои тоҷикро мехоҳанд ба ин ҷараёнҳо биомезанд, аммо ин дар ҳолест, ки чунин шахсиятҳои миллиро ҳаргиз набояд шомили ҳаракати босмачигарӣ ва босмачиён набуд, чун босмачигарӣ ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда ва нест.

 Баробари ин, бо итминон метавон гуфт, ки шояд агар нафароне аз ин гуруҳ шомил шудаанд, он ҳам аз руи ноогоҳии амиқ буда, онгуна, ки имрӯз мо шоҳиди онем, ки нафарони зиёде баъди дарки ҳақиқат ва бардоштани парда аз чеҳраи аслии ТЭТ ҲНИ аз роҳи хеш баргаштанд.

Ҳамин гуна, бегумон имрӯз мусоҳибаи Кабирӣ ба ҳақиқат ошкор сохт, ки ТЭТ ҲНИ идомаи ҳаракати босмачигарист, ки мехоҳад бори дигар аз номи ислом барои расидан ба ҳадафҳои хеш ба эҳсосот ва иродаи мардум бозӣ кунад. Аммо, хато мекунад. Чун мардуми тоҷик дигар онҳое нестанд, ки солҳои навадум ба ин суханони фиребои онҳо, яъне давомдиҳандагони роҳи босмачигарӣ бовар кардаву ба майдонҳо кашида шуданд. Ин таҷрибаи талхи таърихӣ барои мардуми тоҷик дарс шуд ва ҳамакнун онҳо медонанд, ки ба куҷо ва аз паси кӣ раванд ва имрӯз пуштибони  ҳақиқии миллат ва давлат кист? Пуштибонии Кабирӣ аз босмачиён бошад дарси ҳикматомузи дигар гардид, ки ҳамагуна паймонҳову созмонҳову ҷараёнҳои вай на миллӣ, балки зиддимиллӣ ҳастанд. 

                                      Нуралӣ Нурзод, Ходими илмии институти илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба

номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Офарин ба он давлатҳое, ки ба халқи тоҷик, миллати тоҷик, ба сулҳҷӯву сулҳпарвар будани ин миллати азияткашида бовар карда  сарпарастии сулҳро ба ӯҳда гирифта барои пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бародаркуш хотима гузоштанд. Ва ба пойдории миллати мо,  ҳастии фаҳанги волои тоҷикона заминагузорӣ намуданд. Масъулияти беш доштанд аз онҳое, ки зодагони ин марз буданд. Ин ҷо амалҳои ифроткоронаи наҳзатиҳоро дар назар дорам, ки бо чунин амалҳои бадахлоқии хеш ҷомеаро доғ гузошта, бо роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон аз пуштибонии он нафарони бадахлоқе, изҳор кардааст, ки бигзор ин амалҳо дар паси парда монад. Ва дар дил онро хоҳон аст, ки бигзор фарҳанги милли тоҷикон бадин васила зарба хӯрад.

Мо, миллати саодатманд ва куҳантамаддуни тоҷик ҳаргиз ба ин иҷозат нахоҳем дод, ки бо чунин ақидаҳои нопокатон моро тавсия диҳед, зеро то кунун касе аз наҳзатиҳо барои коре тавсия напурсидааст. Аз ин рӯ инро қабул намоед, ки дигар касе шуморо гӯш нахоҳад, кард. Вақте, ки шумо ин қадар тарафдори он бошед, ки чунин амалҳои аз доираи одоб берун идома ёбад.

Мардуми ваҳдатшиор  ва сулҳҷӯи тоҷик ҳанӯз аз давраҳои хело таърихӣ дорои маданияти баланду фарҳангӣ бою ғанист. Ин аст, ки барои зинда нигоҳ доштани фарҳанги миллии тоҷикона тамоми мардуми кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талоши беш аз пеш доранд. Ва бо ҳамин ҳадаф мехоҳанд, ки теша ба решаи онҳое мезананд, ки бо амали зишти хеш ба фарҳанги миллии моро рахна зада, онро олуда карданианд. Гузашта аз ин зиддият ҳам нишон медиҳанд бо таҳдидҳо, ки набояд алайҳи ҷинояткорон бояд ҳукумати кишвар мубориза набаранд. Чи магар тамошо кунем, ки фарҳанги миллати мо чи тавр завол меёбад. Майдони тамаддуну фарҳангро холӣ гузорем, ки шумо онро барои сер кардани нафси худ истифодакунед. Ин хоҳиш ва тавсияҳоятонро бо онҳое гӯед, ки бо чунин кор машғуланд ва ҳатман онҳо бо даҳ гӯши худ гӯш карда аз шумо ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Албатта кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барои наҳзатиҳо нафорам асту дигар роҳи таъсиррасониро наёфта зӯрашон танҳо ба ибрози ақидаҳое, ки доираи одобро намедонад, расидааст.

 

  Кишвари тоҷик, аз азал дорои фарҳангӣ бою ғанист. Албатта инро касе қадр мекунад, ки онро медонад. Бо кӯшиши пайгиронаю дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомоалӣ Раҳмон ба мақсади мукаммал гардондани ҳаммаи ҷанбаҳои фарҳанги милли тоҷикӣ таваҷҷӯҳи махсус равона гардидааст.

Дар ҷавоби изҳороти Кабирӣ, раиси Паймони милии Тоҷикистон гуфтаниам, ки шумо худ, кӣ ҳастед, ки аз фарҳанг сухан мекунед. Оё наҳзатиҳо фарҳангро медониста бошанд? Бале шояд шинохту донистани шумо фарҳанги азҳоби худатон бошад, фарҳанги ботини нопоки худатон бошад. Вале айнан ҳамон фарҳангеро, ки пушти он фасодкориҳои шумо паси парда мемонад, бо фарҳанги милли мо тавъам нест. Зеро арҷгузори ва гиромидошти зан ва модари тоҷик барои фарҳанги ахлоқи ва маънавии халқи азизам аз ҳама болотар аст. Ва васвасаҳи Кабирӣ, ки гуноҳи зан чист ва гуноҳи кудак чист, маънои онро дорад, ки бигузор мардҳо барои фиреб надодани нафси худ бояд занро фиреб диҳанд.

Ҳамватанони азиз! Бори дигар аз он, ки фаъолияти ин азҳоб дар марзи кишвар баста шуд, шукр гуфтам. Ва боварӣ дорам, ки  решаи ин бетамизон ҳамин тавр оҳиста хушк мешавад ва тамоми олам аз олудагиҳо эмин хоҳанд монд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон банди Конститутсия Тоҷикистонро вайрон накардааст, дар ҷумҳурӣ сулҳу субот пойдор аст. Вале бояд қайд дошт, ки ақидаҳои ғаразноки наҳзатиҳо миёни мардум бахусус дар баъзе маҳалҳо бо дахолати ин ҳизб оромиву осудагии мардумро халалдор карданӣ ҳастанд. Мо ҳама мусалмон ҳастем барои мусалмон будани мо ҳеҷ гуна ҳизби назҳати ислом зарурат надорад ва барои пайрави дини ислом будан дафтарча ҳам лозим нест.

 Имрӯз наҳзатиҳо дини исломро ба дини худашон иваз карда ба мардум мефаҳмонанд, ки ин фарҳанг нест, дигар шариат нест. Дар ҳақиқат аз байни опозитсионҳо ба хориҷи кишвар онҳое фирор карданд, ки бадахлоқу  чашмгурусна ва бефарҳангу бедин ҳастанд, пулу молу чизро аз модар, ватан, фарзанд дида авлотар медонанд, онҳое, ки мансаби муфтро мехоҳанд, коргурезу муттаҳам ва хиёнаткору иғвогар ҳастанд фирор карданд ва мо онҳоро гуреза не ватанфурӯш меномем, муҳоҷир не хоин меномем. Дигар суханронии онҳо кадом аҳамияти хосе надорад, ки пушти он касе андеша намояд.

Ҳанӯз дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Бешак, дар замони истиқлолият соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанот, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ - ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли мушкилоти соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тавсиб расида, ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. 

Аммо тавре аз бархеи расонаҳо изҳороти Кабириро хондам, масоили вобаста ба фарҳанг  инқадар шурӯ ғавғо намудааст, ҳол он, ки фарҳанги миллат як тараф ӯ фарҳанги ахлоқро худ намедонад.  Пас,  ки ба ӯ бовар мекунад. Кабирӣ дар ин изҳорот аз чи назарболоӣ кардаасту бо кадом саводаш омӯзгорӣ, ки дарси ахлоқ медиҳад. Чи магар наҳзатиҳо дасту пои давлату ҳукуматро бастааст, ки ба чунин ҷиноятҳо сарфи назар намоянд.

 “Ҷаноб”- и Кабирӣ, фарҳанге ки домуллову муллоҳои замонавӣ таҳти роҳбарии шумо доранд, аҷабо кадом фарҳанг бошад? Магар ба инаш ҳам чашм пӯшем, дили пурҷӯшу хӯрӯши шумобарин домуллоҳову наҳзатиҳо боз чӣ мехоста бошад?

Фасл кардем, ошкор намекунем, монем,ки чунин ҳаромкориҳои муллоҳое фасодкор давом ёбад. Ҳаргиз ҳар вақте, ки наҳзатиҳо сухан мекунад ҳатман паси он кадом балое мегардад. Агар фикри ин беимонҳоро кунем, пас, кӣ фикри фарҳанги моро мекунад, ки он бояд ба маънои томаш дастраси ояндагон бошад?

Бале мо бисёр хуб медонем, ки “фарҳанги наҳзатиҳо бениҳоят аълост ва аз рӯи шариат аст”. Ана маҳз барои ҳамин нафароне, ки сари домуллоҳо ва дигар шахсоне ба наҳзатиҳо муталлиқ коруфтода мегарданд. Чи тавре, ки Кабирӣ дар боло қайд доштааст, албатта аввал дар масъалаҳои хусусии худ истифода менамоед. Ва боз ин наҳзатиҳо соҳибфарҳанг исломанд. Ба ин рафтору ин амалҳои ғайриахлоқии шуморо, ҳатто ҳайвонҳо низ лаънат мекунанд. Ҳол он, ки модару зани тоҷик ва кӯдакони маъсуми онҳо. Ин ҳама натиҷаи амалҳои зишти худи шумо буд, ки мутаасифона дарди онҳоро ин бечорагон мебинанд. Вақте дили “ҷаноб”-и Кабирӣ ин қадар барои модари тоҷик ва кӯдакони бегуноҳи онҳо сӯхт, чаро дар тарбияи шогирдонаш хато кард. Муллогиву роҳзанӣ, хиёнаткориву одамкушӣ, тирпарониву нашъаҷалобиро ку омӯхт, ҳадди ақал аз инсоф кор гирифта, одоби ғайриахлоқиро манъ мекард. Ва имрӯз бо русурхи ба мардум сухан кунад. Ҳамаи суханони Кабириро хонда мақоле ба ёдам расид, ки бесабаб бузургон нагуфтаанд: “Ҳам фасодкориву ҳам пешгирӣ”.

         Ҳамин тариқ ба “ҷаноб” и Кабирӣ гуфтаниам, ки халқро фиреб додан басо кори мушкил аст. Ту бояд донӣ, ки ҳеҷ гоҳ ба чунин “фарҳангшиносӣ”и ту касе қоил намегардад. Сабаб ин, ки охир ҳама медонад, наҳзатиҳо номи исломро барои манфиатҳои киса ва нафсашон истифода мекуннанд. Ва боварӣ дорам, ки рӯзе бо ин хулқу атвори хеш ба ғазаби Худо гирифтор шуда, макони мурданро намеёбанд. Ин гуфтаҳо таҳқир ё таҳдид нест, балки натиҷаи суханони худи ӯст, амалҳои нопоки ӯст.

         Кабирӣ ту аввал фарҳанги ботини худро шинос, ки чӣ гуна аст? Баъд сухан кун бобати фарҳанги кишвари дорои аҳолии 9 миллион нафара, ки чи гуна аст. МО ХУБ МЕДОНЕМ, КИ ФАРҲАНГӢ ШУМО ЧИ МЕХОҲАД. ФАРҲАНГИ КАБИРӢ ВА НАҲЗАТИҲО ИН АСТ, КИ БИГЗОР МАРДҲО ЗАНИ ТОҶИКРО ФИРЕБ ДОДА, ҲАМИН БАД- АХЛОҚИРО ДАВОМ ДИҲАНД

Атаева Таҳмина Ҳусеновна, устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд