Устодони азиз, шогирдони гиромӣ!

Дар роҳи таърихи беш аз 1000 солаи давлатдории тоҷикон чандин чеҳраҳои олами сиёсат ва адаб дурахшидаанд, ки номи ин миллатро бо ҳама дастовардҳояш  пойдору устувор ва дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намудаанд.

Аз миёни чунин шахсиятҳои таърихӣ ва баркамол номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи таърих бо хатти зарин навишта хоҳад шуд.

Зеро ин абармарди ҳадяи яздонӣ вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик дар ҳоли парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. 

Паёми  нахустини  Сарвари давлат аз Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки  дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд садо дод: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…” шуълае дар дили мардуми азиятдида барафрохт.

Суханони самимӣ ва пурэҳсос, даъват ба ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва дилсӯзиву ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат дар рӯзҳои нахустини Иҷлосия ба руҳи мардум тавон, дар дили вакилон умеду бовариро ба фардои неки ин миллат аз нав эҳё намуд.

 Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисаҳои рӯзҳои аввали истиқлоли Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз Иҷлосияи таърихии 16 - ум сароғози таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад.

Имрӯз бо гузашти беш аз 30 соли Иҷлосияи таърихӣ, нақш ва мақоми он боз ҳам возеҳу равшан падидор мегардад.

Бояд гуфт, ки то замони Иҷлосияи таърихӣ яке аз фаъолтарин вакилон маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешуданд ва дар такя бо далелу аснодҳои ҷолиб барои пешрафти кишвар пешниҳодҳои ҳадафмандона медоданд. Суханҳои боҳарорат, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ мекард. Аз ҳар баромадҳояшон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд.

Имрӯз аз равзанаи давлатдории навини тоҷикон метавон панҷ амали таърихии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки ба бунёди давлати муосири тоҷикон асос гузошт.

Ин пеш аз ҳама таъсиси ҳокимияти давлатӣ, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимоякунандаи шаҳрвандон ва таҳияи низоми судӣ мебошад. 

Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, чорум барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд.

Дигар аз ташаббусҳои наҷиб, далерона ва қотеъонаи Сарвари давлати тоҷикон  - фароҳам овардани шароит барои боз ҳам бештар ҷалб кардани ҷавонон ва занон ба сафи кадрҳои роҳбарикунанда мебошад.

Маҳз роҳандозии силсилаи барномаву стратегияҳои давлатӣ боис шуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои болаёқати ҳамаи соҳаҳо дар пешрафт ва умури давлатдорӣ ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд.

Соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Татбиқи амалии Барномаҳои соҳа, диду назари хосса ба пешрафти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар ин замина муҷаҳҳаз гардидани муассисаҳо бо муосиртарин тенологияҳо, таҷдиди паркҳои технологӣ, густариши равобити хориҷӣ ва ниҳоятан аз 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  то ба 42 адад расонидан аз хирадсолори ва маорифпарвар будани Сарвари давлат далолат медиҳад.

Ин ҳама муваффақиятҳо натиҷаи заҳмату талошҳои  Сарвари давлат аст. Зеро ҳамагон пеш аз ҳама маҳз аз мактаби бузурги инсоншиносии Пешвои муаззами миллат гузашта, садоқат ба Ватан, обу хоки замин, садоқат ба касбро аз кору пайкори ин марди шариф омӯхтаанд.

Таҷрибаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар тарбияи наслҳои ояндасози миллат, балки дар пешрафт ва шукуфоии дигар қавму миллатҳо дар садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

Ҷашни Рӯзи Президент ва 30 – юмин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

 

 

Дар доираи таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии Рӯзи донишҷӯ  доир шуда истодааст.

Чунончи дирӯз донишҷӯёни соли аввали факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ дониш ва малакаи худ, таассуроти бардоштаашонро аз таҳсил дар донишкада пешкаши аҳли нишаст намуданд.

 

Дар паёми шодбошии худ директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёнро бо ҷашнҳои муқаддаси кишвар табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки имрӯз мову Шумо дар рӯзҳои таҷлили 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷашнҳои фараҳбахшу нодири мамлакати азизамон маҳсуб ёфта, инак чанд сол инҷониб дар фазои шоиста ва арзанда таҷлил мегардад, қарор дорем. Эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус дар санаи 16 ноябр ҳодисаи тасодуфӣ набуда, ин рӯйдоди фараҳафзо рамзи нек дорад. Маҳз дар рӯзи баргузории Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар омадани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи нодир аст, ки рӯзҳои таърихиву муҳими давлатдории моро ба ҳам пайваст месозад. Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан иҷлосияи тақдирсоз аст, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тоза ва умедбахшеро ифтитоҳ бахшид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, Иҷлосия тақдири халқи тоҷикро муайян намуд. Зеро дар доираи кори он масъалаҳои муҳиму таърихие баррасӣ ва қарорҳое қабул гардиданд, ки роҳи давлатдори миллиро мунаввар бахшиданд.

 

 

Аз ин лиҳоз, дар як рӯз таҷлил намудани ду рӯзи муҳим аз рӯйдоди нишотбахши миллати мост.

Декани факултет Илёс Исломов  аз дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодакунии мутахассисони соҳа ибрози назар намуда, бо истифода аз шароити мавҷудаи хуби корӣ барои андӯхтани дониш ба дониҳҷӯён барор хост. Дар идомаи чорабинӣ маросими савгандёдкунӣ сурат гирифт.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни аввал бо шеър тарона ва рақс, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз рӯзгори донишҷӯӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.

 

 

 
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада нишастро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар чор факултети донишкадаи донишкада – информатика ва энергетика, сохтмон ва нақлиёт, муҳандисӣ – технологӣ ва муҳандисӣ - иқтисодӣ аз рӯи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат, 5 ихтисоси шакли таҳсилашон фосилавӣ ва аз рӯйи 18 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти олии дуюм тариқи фосилавӣ, 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ 178 нафар устодон ба 4121 нафар донишҷӯ дарс мегӯянд.Аз миқдори умумии донишҷӯён 6 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошанд, ки аз руйи ихтисосҳои гуногун дар донишкада таҳсил карда истодаанд. Таъкид шуд, ки дар Донишкада низоми дохилидонишгоҳии таъминоти сифат мавҷуд аст, ки аз рӯйи он омилҳои баландбардоштани сифати таълим назорат карда мешавад.
Зикр шуд, ки сол ба сол бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои нақшаи дурнамои донишкада он сатҳи сифатан рушд расида истодааст. Масалан соли 2014 миқдори донишҷӯён 3651 нафар бошад, имрӯз ба 4121 нафар расидааст, ки ҳамаи онҳо баъди хатми донишкада соҳиби ҷойҳои кории муносиб ва арзанда мегарданд. Сифати таҳсил низ дар ин давра зиёд гардида, миқдори хатмкунандагони дипломи аъло 4 маротиба афзудааст.
Дар давраи аз соли 2015 то 2021 - 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докториро ҳимоя намуданд, 173 нафар омӯзгорон курсҳои такмили ихтисосро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта, соҳиби диплом гардиданд. Ҳиссаи омузгорони унвони илмидошта дар Донишкада 45,5%-ро ташкил медиҳад, ки меъёр ба донишкадаҳо 35,0 % муайян шудааст. Агар ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 33,5% баробар бошад, пас дар соли 2022 ба сатҳи 45,5% расидааст. 20 нафар устодони унвони илмидоштаи то синни 35 дар донишкада фаъолияти меҳнатӣ доранд, ки ин 25,5%-ро ташкил мекунад.
 
Иттилоъ дода шуд, ки дар 7 соли охир зиёда аз 80 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ, аз ҷумла 19 нахустпатент ва 64 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ба даст омадааст. Бояд қайд намуд, ки соли 2019 дар ин самт хеле пурбарор буд, зеро 40 адад шаҳодатномаи зеҳнӣ ва 5 нахустпатент ба даст оварда шуд, аз он ҷумла 36 шаҳодатномаи зеҳнӣ доир ба сохтани модулҳои системаи иттилоотии идоракунии донишкада ба даст оварда шудааст.
Дар соли ҷорӣ донишҷӯёни Донишкада дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни МТОК фаъолона иштирок намуда, 3 нафар (технологияи иттилоотӣ, назарияи иқтисодӣ ва забони давлатӣ) сазовори 2-ҷойи дуюм ва 1-ҷойи сеюм гаштанд.
211 дарсҳои ба навор гирифта шуда маводҳои дарсӣ ба намуди тайёр дар сомонаи ВМИҶТ ва ҳамчунин дар канали youtube-и омӯзишии Вазорат паҳн карда шудааст.
Агар соли 2010 миқдори умумии озмоишгоҳҳо 20 адад бошад, имрӯз ба 43 адад расонида шудааст, ки барои сифатан беҳтар тайёр намудани кадрҳо мусоидат менамояд. Танҳо дар соли 2021-2022 дар донишкада 5 озмоишгоҳҳои нав ва 1 маркази таълимӣ ташкил карда шудаанд: 3- озмоишгоҳ дар самти зеҳни сунъиӣ , 1 озмоишгоҳи технологияи молиявӣ, озмоишгоҳи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, як маркази таълимӣ, ки аз озмоишгоҳи дузандагӣ ва синфхонаи компютерӣ оид ба лоиҳакашии автоматикунонидашудаи либос иборат мебошад.
Дилафрӯз Саидӣ ҳамзамон доир ба дигар паҳлуҳои фаъолияти донишкада ба рӯзноманигорон иттилои бештар дод.
Дар қисмати саволу ҷавоб рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таълиму тарбия ва инноватсия аз директори донишкада пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас ба даст оварданд.

Бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ - адабӣ таҳти унвони “Рисолати забон ва ҳуввияти миллӣ” баргузор гардид. Устоди кафедраи мазкур Шафоат Файзиева бо лаҳни ширину равон бо қироати чанд шеър вобаста ба бузургдошти забон чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов салому паёми директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли иштирокдорони конференсия расонида, зикр намуд, ки  шуруъ аз соли 2009, санаи 5 октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумиллӣ дар  саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Таъкид гардтид, ки миллати тоҷик, ки аз умқи таърихи беш аз 5 ҳазорсола об мехӯрад бо фарҳангу тамаддуни қадимаи худ ифтихор дорад. Яке аз василаҳои ифтихори миллат ин забони нобу гуворои тоҷикист, ки мо тавассути он баёни фикр мекунем ва аз осори пурғановати гузаштагонамон огаҳӣ меёбем.   Барои поку бегазанд нигаҳ доштани забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон маҳсуб меёбад, саҳми Пешвои фарҳангсолори миллат, оне, ки аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ бо ифтихор ва самимияти афзун бо ин забон, ки забони шеъру тарона низ унвон гирифтааст, суханронӣ мекунад, хеле калон аст. Таълифи китоби арзишманд “Забони миллат – ҳастии миллат”, гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, ки забони тоҷикиро ба оламиёни муаррифӣ намуданд, аз таваҷҷуҳу муҳаббати самимии Сарвари давлат нисбати халқу забони миллат аст. Ба шарофати сиёсати дурбинонаи Роҳбари муаззам, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем. Дар донишкадаи мо низ ҷиҳати эҳтироми ба забони тоҷикӣ корҳои муайяне анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, устодони кафедраи барномасозии донишкада таҳти роҳнамоии равоншод Академик Зафар Ҷӯраевич Усмонов барномаи таҳриргари матни тоҷикӣ, луғати электронии сезабонаи тоҷикӣ-русӣ-англисӣ, тарҷумонҳои компютерӣ ва тафтишоти орофографии электрониро дар амал ҷорӣ намуданд. Ҳамчунин бо заҳмати ин олимон ҳуруфоти тоҷикӣ дар забони Майкрософт Виндовс роҳандозӣ карда шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона дар бораи фасоҳату нафосати забони ширини тоҷикӣ чанд ҳарфи муҳаббат зада, таъкид дошт, ки мо миллати соҳибсарфарозем, ки забони Рӯдакиву Ҳофиз, Саъдиву Бедил, Ҳофизу Мавлои Румро бе тарҷумон мефаҳмем. Ин нобиғаҳои олами сухан барои миллати тоҷик бо осори ғановатманди хеш хидматҳои мондагор гузоштанд. Аврупоиён ва дигар аҳолии сайёра аз шеъри ноби тоҷикӣ, ки устодони сухан мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлои Рум гуфтаанд, кайфияти беш мегиранд. Аз он хушҳолам, ки шогирдони фареҳрехтаи Донишкадаи политехникӣ бо вуҷуди андӯхтани илмҳои муосири техникӣ ба сухану соҳиби он арҷ мегузоранд. Зеро инсон ба маънои томаш аз сатҳи забондонии  худ сарчашма мегирад. Мавсуф аз шогирдон даъват ба амал овард, ки ҳамеша китобро аниси худ донанд. Руҳияи баланди миллӣ дошта бошанд. Рӯ овардан ба маънавиёт ҳаргиз инсонро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо намемонад.

Дар идома шогирдони донишкада аз эҷоди шоирон Рӯдакӣ, Ҷалоллидини Румӣ, Лоиқ ва Фарзона шеърҳо қироат карда, хотири  аҳли нишастро шод намуданд. 

 

 

 

 

 

 

 

Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

Фарорасии боз як санаи барои ҳар яки мо азизу муқаддас – 25 солагии рӯзи Созишнома истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бароятон шодбош гуфта, таманнои хонаободӣ ва фазои орому осудагиатонро дорам.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон яке аз санаи сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар баробари истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми махсус дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ду неъмати бузург арҷ гузошта зикр намудаанд: “Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор мераванд.   Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ рамзи озодии миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон аст. Ғояи Ваҳдати миллӣ ва истиқлолхоҳӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти милли тоҷикон мебошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувор ва таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.”

 Воқеан ҳам яке аз музаффариятҳои бузурги даврони Истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Агар ба таърихи ин рӯйдоди тақдирсоз дида дӯзем аён мегардад, ки  санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Бо имзо гардидани ин Созишнома раванди рушди босуботи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, худшиносии миллӣ, маърифатпазирӣ, ободиву озодӣ ва амният дигарбора ба Ватани азиз баргашту Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ қомат афрохт. Ҳикмати ҷовидонаи ваҳдати миллии халқи тоҷик муъҷизаи асри 21 ба шумор рафта, ин муъҷиза бо бузургтарин бозёфти миллии халқи тоҷик ба гушу дили тамоми ҷаҳониён расидааст. Дар ҳақиқат Ваҳдат мафҳуми ҳастисози миллати тоҷик мебошад. Ваҳдат муҳимтарин омили хушбахтии кудакон, модарон ва мардуми тамоми дунё буда, онро на ҳама кас қодири офаридан дорад.

Муъҷиби хушнудист, ки руз аз руз мардуми кишвар аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, дар раванди ҳаёту зиндагӣ онро эҳсос намуда истодаанд. Маҳз арҷгузории мардуми матину меҳнатдусти ватан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва амнияту осудагии кишвар аст, ки имруз сатҳ ва сифати таълим дар ҳама зинаҳо боло рафта, роҳандозӣ гардидани чандин барномаҳо барои густариши раванди таълиму тарбия таккони бузург бахшид.

Мо, устод ва шогирдон шукрона аз он мекунем, ки бо ҳидояту дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар татбиқи 4 ҳадафи стратегии мамлакат, эълони бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология чун дигар муассисаҳои таҳсилои олии кишвар саҳмгузор ҳастем. Солҳои охир вусъат ёфтани фаъолияти озмоишгоҳҳо, бештар гардидани дастовардҳои ҳам устодон ва ҳам шогирдон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ моро ба созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи мутахассисони варзида раҳнамоӣ мекунад. Ин ҳама самараи тинҷиву оромӣ, ваҳдати сартосарӣ ва ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишвар мебошад.

Пас бошад, ки ваҳдати тоҷикон ҷовидон чу офтоби дурахшон дар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нурпошӣ кунад.

Поянда бод, сулҳу осоиштагӣ дар кишвар!

Поянда бод, сиёсати дурбинона ва меҳанпарваронаи Пешвои миллат,

Поянда бод, сулҳу ваҳдати ҷовидона!

Ба ифтихори ҷашни касбии омӯзгорон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бо иштироки собиқадорони соҳа, устодон ва шогирдон доир гардид.

Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли ҷомеаи меҳнатии боргоҳи илму маърифатро бо ҷашни касбӣ муборакбод намуда, зикр дошт: “Ҷашни касбии омӯзгорон, ки  ҳар сол дар айёми фасли заррини тирамоҳ - якшанбеи якуми моҳи октябр таҷлил карда мешавад, аз таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати  аҳли илму зиё, омӯзгорон ва дигар алоқамандони соҳаи маориф далолат медиҳад. Қобили зикр аст, ки иди касбии имсола ба яке аз ҷашнҳои азизу мӯътабар - 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст ва дар остонаи ин ҷашни бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо намояндагони соҳаи маорифи кишвар дар расми ифтитоҳи биноҳои навбунёди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон мулоқоти гарму самимӣ ороста, бо фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ аз омӯзгорон даъват ба амал оварданд, ки бо дониши қавию навоварона ба шогирдон дарс гӯянд”.

Дар идомаи суханронии хеш номбуда зикр намуд, ки таваҷҷуҳу рӯзафзуну маорифпарваронаи Пешвои муазззами миллат аз мо – омӯзгорон тақозо дорад, то барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, ҷалби ҷавонон ба илмҳои муосир ва забономӯзӣ бештару беҳтар саъй варзем.  Дар  ин росто эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”,  роҳандозӣ шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фуруғи маърифат” ,  “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” ки бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат амалӣ шуда истодааст, барои боз ҳам баланд гардидани шавқ ва завқи наврасону ҷавонон нисбати адабиёт, таърих, фарҳанг, илмҳои муосир, техникаву технология роҳи васеъ боз менамояд. Қобили зикр аст, ки пас аз эълони озмунҳои зикргардида устодону донишҷӯёни донишкада бо ҳавасмандӣ дар озмунҳо ширкат варзида, дар даври ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” 6 нафар устодону донишҷӯён соҳиби мақомҳои ифтихории ҷойҳои дуюм сеюм ва чорум гардиданд. Ҳамчунин тайи ду соли охир се нафар устодони донишкада Хуршед Худойбердиев, Бобоҷонов Ҷӯрабой ва Иброҳимов Муъминҷон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ ноил гардиданд, ки ин дастоварди камназир аст. Алҳол барои боз ҳам бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба омӯзиши чуқури фанҳои дақиқ ва дигар фанҳо дар донишкада 52 мафҳил 18 маҳфили инноватсионӣ, 20 маҳфили илмӣ, 8 маҳфили эҷодӣ ва 15 маҳфили варзишӣ амал мекунад, ки ба он беҳтарин устодон ҷалб гардида истодаанд.

 

Директори донишкада дар идомаи чорабинӣ ба як қатор устодони собиқадор, навовару пешсаф дар вазъияти тантанавӣ ифтихорномаю тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Дар идомаи бо иштироки аҳли санъат ва донишҷӯёни ҳунарманди донишкада шеъру суруд ва рақсҳои дилангез пешкаши аҳли толор карда шуд.

 
 
 
 
Рӯзҳои 12-13 майи соли 2022 дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобии шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон нахустин Форуми байналмилалии ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он вазирон ва ректорони донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла роҳбарони донишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.
 
Дар форум аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шахри Душанбе иштирок намуданд.
Дар доираи ҷаласаи Форум маърӯзаҳо ироа гардида, мавзуъҳои рузмаррраи таҳсилоти олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷараёни Форум байни донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣшартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Дар анҷоми Форум тавсияҳо оид ба таҳияи нақшаи кории Иттифоқи донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2023 қабул гардиданд.
 
 
 
 
Миллати тоҷик дар масири дуру дарози ватандории хеш борҳо ҷабри таърихро кашида, чун миллати соҳифарҳанг ва соҳибхирад будани хешро бо аламу қалам собит намудааст. Миллати тоҷвари моро имрӯз боз як имтиҳони таъриху тақдир дар пеш аст. Аҳримансифатону манқуртони давр, ки тинҷиву осоиштагӣ барояшон мусибат ҳасту ҷангу нооромӣ мояи шодмонӣ, имрӯз табли шодӣ мезананд ки ба мақсадҳояшон расиданд. Аммо онҳо заррае андеша надоранд, ки тадбири роҳандозӣ кардаашон моро боз ҳам дар атрофи идеяи миллӣ, ғояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон муттаҳидтар мекунад. Худ бубинед имрӯз ҳазорон - ҳазор родмардони Ватан, онҳое ки ҳар ваҷаб хоки меҳанро марзи номус медонанд омода ҳастанд паҳлӯи афсарону аскарон бошанд. Миллати мо аз азал танҳо тинҷиву оромиро мехост, аммо агар зарурат пеш ояд ҳазорҳо Рустаму Сӯҳроб, Исфандиёри руитанро барои дифои Ватан таваллуд мекунанд. Ҳоло фурсате даррасида ки мо ақлу заковат ва некбинии худро нишон диҳем. Онҳое ки ба сӯи сокинони осоишта, дабистон тир холӣ кардан, аз табори одам нестанд. Чеҳраи маҳзуни модарон, садои гиряи кӯдакони бегуноҳ, ки паи таълим ҳастанд, пешорӯи мақсадҳои нопоки манфиатхоҳон ҳеҷ аст. Магар ҳамсоягони мо, ки тӯли садсолаҳо аз мо маданияти заминдорӣ, рузгордорӣ омӯхтан бо чунин шева бароямон ҷавоб мегӯянд. Куҷост қадри ҳамсоягӣ, куҷост қадри одамӣ. Ҷанг дар ҳама давру замон фарҷоми хуб надорад. Ба ҷузъ аз чанд "қаҳрамон". Пас аз оқсақолони рузгордидаи ҳамсоякишвар даъват ба амал меорем, ки вақти сари оши оштӣ менишинанд, ба қадри нону обу якҷояхурда расанд. Вагарна қаҳри Худованд низ меояд. Мо миллати воҳидем ва ҷабри таърихро бисёр дидаем. Нон хӯрда ба нондон туф намекунем.
Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,
Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик.
Агарчи ҳалқаи куҳош танг аст,
Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

 

 Ба ифтихори 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фосилавӣ: воқеият ва дурнамо” доир гардид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов чорабиниро оғоз намуда, салому паёми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ гардидани системаи таҳсилоти фосилавиро  дар шароити пешрафти иқтисодиву истеҳсолӣ амри зарурӣ шуморида, ба роҳбарони мактабҳои олӣ дастур дода буданд, ки ҳар чи тезтар ба ин усули таълимӣ гузаранд. Зеро ин намуди таҳсилот барои шахсоне, ки ҷои кории худро тарк карда наметавонанд, бо доштани мушкилиҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имконияти таҳсили шакли рӯзона надоранд, шароит медиҳад, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гарданд. Бартарии дигари таҳсилоти фосилавӣ дар он аст, ки вақт самаранок истифода шуда, камшавии хароҷот аз ҳисоби маблағи хониш ва воситаи нақлиёт дида мешавад. Алҳол дар таҳсилоти фосилавӣ 320 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 ихтисос таҳсил мекунанд. Донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ  дар гӯшаву канорҳои гуногуни ҷаҳон ба монанди  ШМА, Олмон, Русия, Корея Ҷанубӣ ва ғ фаъолият бурда истодаанд. Раванди таълим  бо воситаи портали омӯзишӣ www.fosilavi.tj ба роҳ монда шудааст. Таъминоти барномавии он дар асоси омӯзиши системаҳои таҳсилоти фосилавии мамлакатҳои пешқадам аз тарафи барномасозони худи донишкада тартиб дода шуда, ба шабакаи глобалии Интернет пайваст аст ва бинобар ин  новобаста аз масофаи ҷойгиршавии байни устоду донишҷӯ  раванди таълим амалӣ мегардад. Дар портали мазкур 320 кабинети инфиродӣ барои донишҷӯён, 103 кабинети инфиродӣ барои устодон ва 4 кабинети инфиродӣ барои кормандони маркази таҳсилоти фосилавӣ омода карда шудааст. Портали мазкур  дорои 8 шаҳодатномаи ба қайдгирии давлатии захираи иттиллоотии аз тарафи муассисаи давлатии “Маркази давлатии патенту иттилоот” назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Зимнан бояд гуфт, ки маводи таълимии устоди дарсдиҳанда таҳти назорати маркази донишкада қарор гирифта, сомона саҳифаи назоратӣ барои мушоҳидаи саривақт омода намудани маводи таълимии устодон, тафтиши саривақтии супоришҳои иҷрошудаи донишҷўён, эзоҳи баллҳои гузошташуда мавҷуд аст. Барои ташкили муоширати зинда бо омўзгор дарсҳо тариқи онлайн –вебинарҳо омода шудааст, ки аз ҳар як фан дар давоми нимсолаи соли хониш 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Айни замон барои камшавии хароҷот, истифодаи доимӣ ва дорои интерфейсҳои оммафаҳм ҳам барои устод ва донишҷў аз тарафи барномасозони донишкада таъминоти барномавии вебинар тартиб дода шудааст.

Назира Бобоҷонова, сардори маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Таҷрибаи ДПДТТ доир ба татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ” маърӯза намуда, қайд кард, ки яке аз хусусияти асосие, ки барои баланд намудани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ мусоидат мекунад, назорат ва идоракунии фаъолияти устод ва донишҷӯ дар сомона аст. Фаъолияти устод аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавии донишкада назорат бурда шуда, барномаи таълимӣ (силлабус), маводи лексионӣ, намунаҳои иҷрошудаи супоришҳои ҷорӣ ва супоришҳои имтиҳонӣ ва санҷишҳои марҳилавӣ, видеонаворҳои кутоҳмуддати дарс аз тафтиш мегузаранд. Бо воситаи донишҷӯи виртуалӣ марказ корбарии устод зери назорат гирифта мешавад. Барои назорати пешниҳоди саривақтии  маводи таълимӣ аз тарафи устод мувофиқи ҷадвали дарсӣ ва тафтиши саривақтии супориши аз тарафи донишҷӯ иҷрошуда дар сомона саҳифаҳои назоратӣ тартиб дода шудааст. Дар ҳолати саривақт иҷро нашудани талабот фаъолияти устод дар сомона қатъ гардида, танҳо бо воситаи ариза ба сарвари донишкада  ва гирифтани иҷозат барқарор карда мешавад. Барои беҳбудии сифати таълим дар сомонадар саҳифаи донишҷӯ пурсиш оид ба фаъолияти устод ташкил шудааст, ки дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, оид ба кори таълимии устод ва маводи дарсии вай баҳо мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли иштирокдорони конференсия маърӯзаҳои сардори Раёсати идораи рақамии донишкадаи мазкур, доктори илмҳои фалсафа, (Phd аз рӯи ихтисос) Аслиддин Низомиддиновро дар мавзӯи “Перспективные направления использования искуссвенного интеллекта в  дистанционном обучении”, муовини ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ Умарҷонов А дар мавзӯи “Совершенствование системы преподготовки горных инженеров с использованием дистанционных образовательних технологий”, мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи донишкадаи мазкур Ҳусейнҷон Қаландаровро дар мавзӯи “омодакунии кадрҳои соҳаи энергетика дар низоми таҳсилоти фосилавӣ”, мудири кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Маҳина Усмоноваро дар мавзӯи “Шаклҳои ташкили машғулиятҳои таълимӣ дар таҳсилоти фосилавӣ: муаммо ва роҳҳои ҳал” шуниданд.

Нимаи дуюми рӯз кор дар бахшҳои технологияи таҳсилоти фосилавӣ ва истифодаи он дар замони муосир ва коркарди маводи таълимӣ ва мултимедиа бо назардошти хусусиятҳои таҳсилоти фосилавӣ идома ёфта, ҳозирин 36 мақолаҳои таҳлилии устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро шуниданд.

Ба ифтихори 31 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Соҳибистиқлолӣ саодати мост ”доир гардид.

Конфренсияи бо сухани муқаддимавии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода оғоз ёфта, мавсуф зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Маҳз ба шарофати соҳибдавлатии тоҷикон имрӯз кишвари мо бо 195 давлатҳои хориҷӣ робитаи дипломатӣ дошта, сол аз сол кишвари моро чун миллати қадима, тамаддунофар ва аз лиҳози зебогӣ беҳтарин мешиносанд.

Дар баромади раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов зикр шуд, ки 31 соли истиқлоли давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда вобастаанд.

Доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев дар мавзӯи “"Истиқлолият ва татбиқи сиёсасти ҷавонон дар Тоҷикистон"Истиқлолият ва татбиқи сиёсасти ҷавонон дар Тоҷикистон" мулоҳизаронӣ намуда, баён дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.

Номзади илмҳои техникӣ, декани факултети сохтмон ва нақлиёт Ҳусейнҷон Қаландаров дар бораи рушди энергетикаи кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маърӯзаи илмӣ намуда,  аз ҷумла афзуд, ки мо дар ёд дорем, ки баҳри таъмини аҳолии куҳандиёри тоҷик бо неруи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону ба истифодадиҳии як қатор иншооти бузурги тавлидотии   нерӯи барқ  ба роҳ монда шуд, ки дар сархати ин феҳраст номи неругоҳи барқи обии “Роғун” қарор дорад. Истиқлоли давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ ифтихори ҳар яки мо шаҳрвандони  Тоҷикистон  мебошад. Маҳз дар ҳамин давра  мо ҳамзамон  бо ташаккули ҷомеаи демокративу  ҳуқуқбунёд ба  муваффақиятҳои  бузург дар соҳаҳои  иқтисод, аз он ҷумла электроэнергетика ноил гардидем. Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 20 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,9 млрд.доллари ИМА татбиқ гардиданд, ки нишонаи возеҳи пешрафти соҳа аст.

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар интиҳои қисмати расмии чорабинӣ аз нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи меҳнатии донишкада ҷиҳати омодакунии мутахассисони варзида, саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат сухан ронда, таъкид дошт: “Имрӯз вақте фаро расидааст, ки мо бори дигар садоқатамонро ба сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат ва роҳи интихобкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои азими меҳнатӣ ва мавқеи устувор нишон диҳем.”

Ба якчанд нафар фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шогирдони донишкада дар васфи истиқлолу озодӣ шеъру таронаҳо сароиданд.

Бахшида ба эълон гардидани  солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2022 – 2026 эълон шудани “Солҳои рушди саноат” ва  ба ифтихори рӯзи илми тоҷик дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодон, муҳаққиқони ҷавон, докторантон ва донишҷӯёни соҳибистедод конференсияи илмӣ амалӣ  доир гардид.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов оғоз намуда, салому паёми директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли нишаст расонид. Мавсуф дар идомаи суханронии хеш зикр дошт, ки  тарбияи маънавии ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, бедор намудани шавқ ва завқи онҳо нисбати фанҳои дақиқ, риёзӣ ва техникаву технология дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад. Сарвари давлат дар ин ҷода таъкид медоранд, ки “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз тамоми имконияту воситаҳо истифода бурда мешавад. Таъсиси лабораторияҳои муҷаҳҳази замонавӣ, вусъат бахшидан ба фаъолияяти парки технологӣ, дар сатҳи баланд доир шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, ширкати фаъолона дар озмунҳои Ҷоизаҳои давлатӣ дар риштаи илмҳои дақиқ, ба номи Султон Умаров, “Ихтироъкорон”, фаъолият намудани беш аз 30 маҳфилҳо дар донишкада бозгӯи гуфтаҳои болоиянд.

 

Дар идомаи кори конференсия ҳозирин маърузаҳои илмии сардори раёсати идораи рақамии ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ, доктор (PhD) Низомитдинов А.А. дар мавзӯи “Перспективные направления использования искусственного интеллекта в разных сферах”,  докторанти курси 2-юми ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Турсунова Ш.Т. дар мавзӯи “Рушди нерӯи инсонӣ заминаи асосии саноатикунонии босуръати кишвар”, докторанти курси 3-юми ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Дадобоева Н.А. дар мавзӯи  “Хусусиятҳои тарроҳии либоси махсуси кормандони тиб бо назардошти талаботи эргономикӣ”, омӯзгори калони кафедраи молия ва қарзи ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Оқилҷонова Ш.Ю. дар мавзӯи “Вопросы стратегического планирования инвестиционного развития в региональной экономике”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 400101 ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Ниёзбадалов А. дар мавзӯи “Использование моделей Gensim для анализа таджикского текста: модель Word 2 Vec”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 400101 ДПДТТХ ба номи академик М.С. Осимӣ Ниёзбадалов А. дар мавзӯи “Использование моделей Gensim для анализа таджикского текста: модель Word 2 Vec” ва донишҷӯи курси 3 ихтисоси 570101 Маҳмудова Ф. дар мавзӯи “Оценка влияния погодных условий на урожайность сельскохозяйственных культур”- ро шуниданд.

Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои  Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ, Рушди соҳаҳои саноати хӯрока, саноати сабук ва кишоварзӣ дар партави саноатикунонии кишвар (саноати сабук), Рушди соҳаҳои саноати хӯрока, саноати сабук ва кишоварзӣ дар партави саноатикунонии кишвар (саноати хӯрока ва кишоварзӣ), Нақши сохтмон ва нақлиёт дар саноати кунонии кишвар, Нақши илмҳои риёзию табиатшиносӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ 48 маърӯзҳои илмӣ шунида шуд.