Воқеъияти зиндагӣ ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ, сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилӣ таъмин намегардад.

Дар шароити кунунии авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии аҳли ҷомеа аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Зеро имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари  ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки терроризм дар тамоми даврони зиндагии инсоният воситаи даҳшатбор ва бадбахтиовари муборизаи разилона ва ноҷавонмардонаи афроди ҷоҳилу нодон, авбош ва дузду қаллобу одамкуш алайҳи инсоният буду ҳаст. Аз ин рӯ, терроризм ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳалли муаммою мушкилоти зиндагии инсон шуда наметавонад, балки он як навъ вабо ва маризиест, ки агар сари вақт пешгирӣ карда нашавад, инсониятро ба бадбахтиҳои гӯшношунид дучор карда метавонад.

Яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмест, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Барои террористон забону миллат, арзишҳои миллию умумиинсонӣ, ватан, сарзамин, модар, муқаддасоти миллӣ, расму ойин, урфу одат – умуман унсурҳои зотию аслии ҳаёти инсонӣ ягон арзиш ё эътиборе надоранд. Барои онҳо молу сарват аз ҳама гуна муқаддасоту арзишҳои волои илмию фарҳангию маънавӣ болотар меистад. Онҳо пеш аз ҳама барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопоки худ аз нуқсону норасоиҳои ҳаёт, ҳолатҳои ногувори рӯзгори одамон айёрона истифода мебаранд.

Аз ин рӯ, заминаи дигари сарзании ин зуҳуроти манфур нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии иддае аз аъзои ҷамъият аст, ки дар натиҷаи афсункории сангдилону бадхоҳон ба доми макру фиреби онҳо меафтанд.

Террористон махсусан ҷавонони камтаҷриба, нодону ҷоҳил, ноогоҳу зудбоварро ба доми найрангҳои хеш ҷалб карда метавонанд. Бинобар ин, имрӯз зарур аст, ки сатҳу савияи донишу маърифати ҷавонон боз ҳам ба дараҷаи баландтар бардошта шавад, то ки қурбони фиреби бадхоҳон нагарданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки  дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаъолона ширкат варзанд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш кӯшиш намоянд, моҳияти муқаррароти Конститутсия, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро хуб омӯзанд ва сармашқи кору пайкори худ қарор диҳанд.

         Мутаассифона ба ном «донандагони Ислом» имрӯз зери номи муқаддаси ислом ба таълимоте даст мезананд, ки ягон ҳарфи он дар «Қуръони азимушшанъ» наомадааст. Имрӯз ба ном  ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ аз қабили «давлати исломӣ», «Ал-қоида», «Толибон», «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҷунбиши исломии Туркистон», «Чунбиши исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул- муслим» ва даҳҳои дигар зери ниқоби ислом ба амалҳое даст мезананд, ки ба он инсони комил қодир нест. Пас ин тоифа пеш аз ҳама инсон нест. Аксари роҳбарони онҳо имрӯз дар мамлакатҳои осоишта зиндагӣ дошта, рулро ба ҳамон саркардаҳои фанатии худ додаанд.

         Ислом солиму солеҳ аст ва танҳо инсондӯстию рафоқатро миёни мардум талқин мекунад. Аммо ҷавонони соддаву гумроҳ ва ноогоҳ ба ваъдаҳои хоҷагон бовар карда, ба хотири маблағи зиёд гирифтану дар сурати фавтидан ба биҳишти адн рафтан ҷони ҷавони худро барвақт қурбон мекунанд.

Инсоне ки Ватанашро дӯст медорад пас вай Худовандро азизу мукаррам медорад. Дар оятҳои Қуръон омадааст, ки шахсе барои ҳимояи марзу буми хеш ҷасорат нишон медиҳад, пас ӯ дӯстдори Худованд аст. Ватани мо Тоҷикистон аст. Пас моро мебояд ин меҳанро ҳимоя кунем, на балки ба Сурияву Ироқ барои «корнамо»-и равем.

Воқеан ҳам тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд, беш аз 500 нафар ҷавонони мо имрӯз бинобар гумроҳӣ ҷони худро аз даст доданд. 675 нафар бошанд, имрӯз дар зиндонҳои давлатҳои Скрияву Ироқ қарор доранд. 

Имрўз мо ворисони чунин илму фарҳанги волои инсонӣ бояд нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо зери ҳар гуна идеологияҳои ба ном  «исломи асил» аз нав моро ба гирдоби ҷудоиҳо кашида, ваҳдату ягонагӣ, асолати миллӣ ва ҳуввияти  воқеии дини мубини исломро халалдор бисозанд.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ягона ҳадафе, ки роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ дорад, ин ғасб ҳукумати конститутсионӣ ва харобазор табдил додани ин мамолике, ки биҳишти рӯи олам гаштааст, мебошад. Бори дигар қобили зикр аст, ки агар ҳизби наҳзати исломӣ сари давлат ояд, аввалин коре, ки анҷом медиҳад, ин дигар кардани сохтори конститутсионӣ аст. Айнан ба мисоли гуфтаи худи Кабирӣ, ки мардумро ба босмачиёни асри гузашта, табдил медиҳад. Инро албатта мардум рад мекунанд, зеро касе дигар тобу тоқати дидани манзараи ҷангу даҳшатро надорад.

Мардум сарбаланди тоҷик имрўз бо  Пешвои миллати хеш ифтихор доранд, зеро ки ин марди қавииродаву оқил ҳанўз дар давраи мудҳиштаринни кишварамон ба по хесту барои хомўш намудани алангаи оташи ҷанг камар баст. Ин ҷоннисори ба хотире буд, ки мардуми тоҷик дар фазои сулҳу дўстӣ зиндагони карда, лаззати истиқлоле, ки солҳо дар интизораш буданд, чашанд.

Муттассифона, имрўз нафароне аз зодагони ҳамин хоки ватан ба кишвари худ ба диёри худ хиёнат намуда, ба ҷои он ки дар пайравии Пешво барои ободии ватан саҳм гиранд. Баракси ҳол, ки рафтанд фармонбардору мутаккои хоҷагони “бузурги” хориҷӣ шуданд, ки барояшон дар ниқоби исломи пок амалҳои ваҳшиёнаро омўхт. То ин фиребхўрдагон дар ватани худ ҷангу маломатро оғоз кардани шудаанд.

Қабирӣ, Илҳом ва дигар намояндагони “фаъол”-и ТЭТ ҲНИ магар он танқиду тақлиди бемаъниатон ба дилатон назад, зеро он ягон натиҷа надодааст. Ман итминони комил дорам, ки дигар мардум низ ба ин васвасаву шайтонии шумо бовар намекунад, дигар дил хун накунед худро бо чунин оворагиҳо. Дар масъали бадкинагииву ғаразнокиатон гуфтаниам, ки ботинатон пур аз фасод аст, ки ҳатто ба хотире мардум ба суханони Пешвои миллат қарсак мезананд, чашм дўхтаед.

Хушбахтона имрўзҳо аксари мардуми тараққипарвар зўровариву ваҳшоният ва хунхории  низоми иртиҷоиро маҳкум менамоянд. Инсоният дар шароите, ки ба озодиҳои сиёсӣ, демократӣ ва дунявӣ муносиботи ҳусни тафоҳуми ҷомеа роҳ гирифтааст, ин гуна зўроварӣ ва террор, ки мақомоти роҳбарикунандаи давлати Исломӣ пеш гирифтааст, ҳар фарди ҷомеаро набояд бетараф гузорад. Ин гуна роҳу усули мубориза, зўроварӣ ва ваҳшониятро тамоми мардуми кишварҳои демократӣ ва сулҳпарвар, аз ҷумла, ҷомеаи мо маҳкум менамоянд. Вақте ки дин сиёсӣ мешавад, он ба қудрати мутлақ табдил меёбад, яъне сиёсат ҳунар, фарҳанг, тафаккур, рафтори ахлоқӣ тобеияти мутлақи дин мешавад.

Омезиши сиёсату дин озодиро аз байн мебарад ва ҷаҳонро фақат зери шишаҳои  идеологияи динӣ мебинад. Озодиро нисбати зан маҳдуд месозад ва намегузорад, ки мақоми зан дар ҷомеа рушд кунад.

Он дастоварду пешравиҳое, ки то имрӯз, давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мо воқеъ шудаанд, махсусан аз байн бурдани ҷанги бародаркуш ва барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими қонуният, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар, пайваста боло рафтани сатҳи хиндагии миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти баланд ва пурсамари сарвари маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Тамоми миллати тоҷик шоҳид аст, ки баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ халќи тоҷик ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гашт. Ҷанги ҳамватанӣ ҳазорон  ҳазор нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ҳама манзили авлодии худро тарк намуда буданд. 

            Мардуми шарафманди тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллати мо сарвари кордону оқил, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз роҳу равишеро барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавононро ҷустуҷӯ мекунад ва мардуми азизи мо кўшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар ин ҷавонони гумроҳро аз ин роҳ баргарданд ва ҳамеша ба ватани азази худ  хидмат кунанд, бо кору фаъолияти хуби худ давлати азизашонро ба пеш баранд ва имрӯз муроҷиати ҳизби наҳзати ислом ба СММ ба тамоми ҷаҳон даъвои беҳуда аст. Зеро ҶТ ягон таъқиб нисбат ба аҳзоби сиёсӣ ва ё ашхос раво надидааст.  Баръакс мардум имрӯз ҳушдор гашта, аз нооромии давлатҳои араб ба хулоса омада, худро аз ҳизбҳои динӣ канорагирӣ карда истодааст.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар даврони муосир дар Тоҷикистон баъд аз ташкил ёфтани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон илми тоҷик рушд ёфт. Аввалин Пажуҳишгоҳҳои астрофизика (соли 1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови (соли 1964) АИ ҶТ ташкил ёфта, соҳаи физикаю астраномия ташаккул ёфт. Дар ҳамин давра як қатор олимони тоҷик ба пажуҳишгоҳ сафарбар карда шуда,  дастовардҳои илмиеро дар ҷаҳон муаррифӣ намуданд, ки барои истеҳсолоти хоҷагии халқ манфиатҳои мусбиро ба бор овард.

Асосгузори физикаи назариявӣ дар Тоҷикистон Султон Умаров (1906-1964) мебошанд, ки оид ба қисмҳои механика, физикаи ядроӣ, физикаи нимноқилҳо корҳои илмии худро ба анҷом расонидаанд. Директори пажуҳишгоҳи астрофизика ва физикаю техника Акобир Адҳамов (1928-1992) таъин гашта, дар самти физикаи назариявӣ ва корҳои озмоишӣ оид ба ултрасадо, таҳлили ренгенӣ, таҳлили моддаҳои радиоактивӣ ва электроники квантӣ мароқ зоҳир намуда, корҳои илмиашонро ба анҷом расонидаанд. Ӯ нахустин шуда назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъҳо коркард намудааст. Пас аз ин олим олими дигари физикаи назариявӣ Фотеҳ Ҳакимов (1937-2014) ба соҳаи илм омада, плазма ва ноустувории модулатсионии плазмаи релятивӣ ва дар ҳалли масъалаҳои астрофизикаро омӯхтааст. Аз ҷониби ин шахс, муодилаҳои ғайримувозинатии тақсимшавии зарраҳои заряднок пешниҳод гардидааст. Яке аз пайравони мактаби илмии физикаи назариявӣ Саидмуҳаммад Одинаев (тав. 1942), мутахассиси варзидаи назарияи статистикии ҳолати моеии моддаҳо ба шумор рафта, тадқиқоти илмӣ ва усулҳои пешниҳод намудаи ӯ бахшида ба сохтори макроскопии муҳитҳои конденсӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Вай усули аслии таҳқиқи системаҳои классикиро дар муҳити конденсӣ бо истифода аз муодилаҳои кинетикӣ дар ҳолати мувозинатӣ ва ғайримувозинатӣ такмил додааст. Намояндаи дигари соҳои физика Тағоймурод Солеҳов (соли тав. 1947) сохтори назариявии хусусиятҳои спектрҳои парокандашавии рӯшноӣ дар моеъҳо, нурҳои лазерӣ ва фотоакустикаро таҳқиқ намудааст. Олими дигари пажуҳишгоҳ Ҳикмат Муъминов (соли тав. 1966) аввалин шуда тарзи нави ҳалли муодилаи ғайрихатии вектории Шредингерро коркард намудааст, инчунин паҳншавии радиатсияи моддаҳои радиоактивиро дар компютерҳои квантӣ тарҳрезӣ намудааст. Намояндаи дигари ин боргоҳ, Фарҳод Раҳимӣ (соли тав. 1968) ба масъалаҳо мухталифи назариявии зарраҳои бунёдӣ ва ҳодисоти дохилиядроӣ машғул шуда, ба кашфиёти назаррас ноил гардидааст.Мактаби илмию тадқиқотии ҷисмҳои сахт ва мустаҳкамии полимерҳо низ яке аз нахустмактабҳои илмии физика дар Тоҷикистон буда, аввалин намояндаи он Баҳрулло Нарзуллоев (1928-1982) ба ҳисоб меравад. Зери роҳбарии ӯ дар физика усулҳои нави илмӣ - вайроншавии ҷисмҳои сахт (хусусан, кристаллҳо) ва истифодаи нахҳои полимерҳои табиӣ (абрешим, пахта, пашм) пешниҳоди ҳамагон гардиданд. Яке аз намояндагони ин мактаб Тошбой Бобоев (тав. 1942) асосгузори равияи нави илмии физикаи ҷисмҳои сахт - «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» мебошад. Вай қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф намуда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кардааст. Намояндаи дигари ҳамин мактаб Шарофиддин Тӯйчиев (тав. 1943) консепсияи мураттабии калонмолекулии маҳлулҳо ва полимерҳои тамоюлиро дар физика ва химия пешниҳод намудааст. Додо Саидов (1941-1997) бошад, рӯйдодҳои тормозшавии раванди туршшавии эластомерҳоро дар зери таъсири қувваҳои механикӣ, майдонҳои сусти магнитӣ ва механизми микротаркиши вайроншавии эластомерҳоро ошкор намудааст, ки дар ин ҷода ӯ яке аз беҳтарин физикдонҳои собиқ ИҶШС маҳсуб меёфт. Дар баробари онҳо, донишмандони дигар Зиёвуддин Низомов (тав. 1947) ба равияи нави илмӣ дар физика - «Омӯзиши сохтори ассотсиатҳо ва моҳияти релаксатсияи акустикӣ дар маҳлулҳои обии электролитҳо» асос гузошт ва Ҳасан Абдуллоев (тав. 1952) бошад, қонунияти умумии тағйироти сохтори сополиэфирҳои моеъкристаллиро ҳангоми омилҳои беруна дар равобит бо хосиятҳои реологӣ ва механикиашон муайян намуда, роҳҳои ҳосил кардани полимерҳои мустаҳкамро пешниҳод кард. Бар замми ин, З. Низомов сохтори маҳлулҳои обии электролитҳоро аниқ карда, моҳияти фурӯбурди релаксатсионии ултросадоро пешниҳод намудааст.

Дар қатори дигар олимон, олимони кафедраи физика ва химия дар соҳаи физика саҳми худро гузоштаанд: Осимов Акмал Зайниддинович (27.12.1937-2020) дар самти физикаи молекулавӣ, хосиятҳои ҷаббиши ултрасадо дар буғҳои атсетатро омӯхта, назарияҳои илмиро пешниҳод намудаанд. Устоди дигари мо Алиев Сангин (03.01.1945-09.2019) дар соҳаи астрофизика кор илмии худро ҷамъбаст намуда, мавҷудияти обро дар каметаҳо омӯхта, натиҷаҳои мушаххаси илмиро пешниҳод намудаанд. Ҷалилов Файзулло (15.09.1947) дар самти физикаи ҷисмҳои сахт кори илмии худро дар натиҷаи омӯхтани хизмати сатҳ дар вайроншавии ҷисмҳои сахт ва аввалин маротиба дар илм оид ба пайдошавии дилатонҳоро пешниҳод намудаанд. Раҳимов Соҳибназар Шарифович (16.08.1958) дар самти физикаи ҷисмҳои сахт кори илмии худро ҷамъбаст намуда, вайроншавии металлҳои асил (тилло, нуқра, мис), динамикаи нанодефекти панҷараи кристаллии металлҳоро санҷидаанд, ки дар замони муосир барои рушди технологияи наноӣ заминаи асосиро поя гузоштааст.

Ҳамин тариқ, олимони Тоҷикистон доир ба омӯзиши ҳаводиси мухталифи табиат ва дигар соҳаҳои мухталифи физика, химияи полимерҳо ва астрономия тадқиқоти арзанда гузаронида бо натиҷаҳои самарбахши худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, вале ба қадри имкон номи бархе аз онҳоро инҷо зикр намудем ва инро мо ҷавоно набояд нодида гирем, инчунин ҳамеша аз паи омӯзиши илм бошем.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Аз таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон соли равон 25 -сол сипарӣ мешавад.  Мавриди тазаккур ва ёдоварист, ки ҷангу хунрезӣ дар тамоми давру замон нерўи харобкор буд ва инро нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта бори дигар собит сохт.

         Сулҳу ваҳдат барои мо тоҷикону тоҷикистониён бо мушкилоти зиёде муяссар гардид ва он қабл аз ҳама натиҷаи талошҳои пайгиронаи хирадпешаи тоҷикон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 ба таври қатъӣ ба ин ҷанги бародаркуш хотима дод. Хирад ва рушноӣ бар ҷаҳолат ва торикӣ ғолиб омад. Созишномаи Москва дар таърихи халқу кишвари мо чун санаи муқаддас ва сарнавиштсоз бо хатти зарин сабт гардид.

Сад шукр, ки Созишномаи истиқрори сулҳ сангпораҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастурхони ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ овард.

Дар натиҷаи хираду заковат, ҷаҳду талоши ватанпарастонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намудани муноқишаҳои тарафайн пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик гирифта шуд, фирориён ба ватан баргардонида шуданд, давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат берун оварда шуд ва мо ба марҳилаи кунунии сулҳу суббот расидем.

         Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз бо зиёда аз 124 кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон имрўз узви фаъоли СММ, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлати мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва чандин дигар ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

         Мавриди зикр аст, ки маҳз маҳсули таасуббҳои Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Кулли Созмони Милали муттаҳид соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005-2015 чун даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ба ҳайси «Соли Байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018 – 2028 эълон шудани даҳсолаи “Об барои рушди устувор” маҳз ҳама таклифҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эъмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Имрўз вақте, ки ба як қуллаи бузурги шукўҳу нусратҳои Истиқлолияти давлатии хеш, ки аз он 30 сол сипарӣ гардид, назар афканем дар сароғози ин андешаномаҳои хеш ба барномаи роҳбари  давлат дар айёми баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олӣ беҳикмат набуд, зеро моро зарурате пеш омада буд, ки акнун барои ба он фурсатҳои миллатсозиамону ҳамсабқи таърих ва дарси давлатдориву давлатсозиамон назар афканем.

         Бо ифтихор метавон гуфт, ки Ваҳдати миллии мо дар роҳи устувори пояндаву сулҳи бебозгашти тоҷикон, дар дарвозаҳои ваҳдати ҷаҳонӣ, ваҳдати инсониятро устувор орад.

         Таърихи қарибан 30 соли пуршараф дар роҳи истиқлолият ва 25 – соли Ваҳдати миллӣ собит намуд, ки дар ҳақиқат он шабеҳи дарахти бузургест, ки решаҳои азимаш дар сарзамини қадиму навҷавони тоҷикон ҷой гирифта аз таъриху фарҳанг ғизо мегирад.

         Дар ин шохаҳои бузурги Истиқлолият ва Ваҳдат кабўтарони ормони халқ лона мондаасту танаи барҷои он мустаҳкамии ягонагиву Ваҳдати миллӣ арзёбӣ мешавад.

         Тоҷикистони ҷангдида ва азияткашида пас аз мустаҳкам гардидани сулҳи воқеӣ ниҳоят нафаси озод кашид. Меваҳои ширини Ваҳдат, дўстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар кору пайкори мардуми тоҷик эҳсос гардид.

Хулоса, мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистони азиз дар эъмори давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд комёбиҳои назаррас ба даст овардааст.

Қалбҳои саршорро имрўз суханони таърихии Сардори давлат умед ба гармӣ мебахшад: «То охирин гуреза дар ғарибӣ аст, ман дар ватан осуда будан наметавонам».

Ин гуфтаҳо дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шуданд.

Имрўз кулли мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз Ватани азиз, бахти баланд ва истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта, баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва мудофиаи он талош мекунанд. Ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ин ҳама хушрўзиҳо тавассути тадбиқи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлатамон Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Ва ҳама нашъаи хурсандию шодмонӣ мекунанду шукронаи Ваҳдат ва сулҳи бебозгашти Тоҷикистони азизро дар қаъри дил ҷой медиҳанд ва бо меҳри саршори хеш муҳаббати худро ба Сарвари хирадманд ва Ватани азизи аҷдодии хеш сари таъзим фуруд меоранд.

Ҳоло замоне фаро расидааст, ки барои ободӣ ва шукуфоии кишвар ҳама сарҷамъ ҳастанду дар пиёда сохтани ҳадафҳои созандаву бунёдкории сарвари хирадпешаи тоҷикон бо азму иродаи қавӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Матлуба Турсунова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Муҳаммад Мусо Ал - Хоразмӣ Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Муҳаммад Мусо Ал – Хоразмӣ асосгузори илми агебра ва алгоритм мебошад. Китобҳои ӯ дар асри 12 бо забони лотунӣ тарҷума шуда дар рушди математикаи ғарб сарчашмаи асосӣ гардидааст. Он китобҳо ҳоло дар шаҳри Кембриҷи Британияи Кабир нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳоло яке аз соҳаҳои аз ҳама пешрафтатарин дар ҷаҳон ин соҳаи технологияи иттилоотӣ мебошад ҳамин соҳаи пешрафтатарин дар ҷаҳонро низ Муҳаммад Мусо Ал – Хоразмӣ асос гузоштааст чунки ӯ алгоритмро асос гузоштааст. Ҳама барномаҳои компютерӣ бо алгоритм сохта мешаванд яъне бе донистани алгоритм на барнома сохта мешаваду на сомонаҳои интернетию на мисоли инҳо барин чиҳо. Ана ҳамин илми асосгузоштаи бузургони моро истифода бурда мамлакатҳои ғарб аз мо садсолаҳо пеш рафтанд. Мо, ки ба мероси илмии гузаштагонамон аҳамият надодем аз мамлакатҳои ғарб садсолаҳо қафо мондем.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Хоразмӣ, Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Хоразмӣ, Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиъат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Дар мавриди масъалаи таҳияи пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо барои таъмини рушди устувори кишвар дар оянда мо бояд хеле зиёд тафаккур намоем. Барои он ки кишвари мо рушди устувор кунад аввал бояд ба қадри он дастовардҳое, ки истиқлолияту ваҳдат ба мо дод расем то аз даст наравад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

Ду неъмати аз ҳама бузург аст, ки мо бояд ба қадри он расем тани сиҳат ва хотири ҷамъ ва ин ҳар ду бо сулҳу ваҳдат ва тинҷиву амонӣ вобастагии калон дорад. Истиқлолияту ваҳдат ба мо ин неъматҳои бузургро дод мо бояд ҳам бо забон ва ҳам бо амал ба қадри он расему кӯшиш кунем то аз даст наравад.

Ҳангоми ба қадри ҳамаи инҳо расидан ва хуб амал кардан рушди устувори кишвар дар оянда таъмин мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳама боз хоиноне ёфт мешаванд, ки бар ватани худ хиёнат мекунанд ва ба қадри ин қадар неъматҳо намерасанд мисли Ҳоҷи Ҳалим ва ҳаммаслаконаш. Хиёнат ба ватан ва тафриқаву фитнаандозӣ гуноҳи азим ва нобахшиданӣ аст. Боз ин гуна шахсон худро боимону боахлоқ меҳисобанд. На чунин нест зеро шахси боимон ватанашро дӯст медорад ва ба ватан хиёнат намекунад. Борои он, ки дар ҳадисе омадааст, ки дустдоштани ватан аз имон аст.

Давлате, ки миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо ин қадар заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон ба даст овардааст ба он хиёнат кардан, монеъи рушду тараққиёти он шудан ва ҳатто барои пешрафти он кӯшиш накардан низ аблаҳӣ ва ҷоҳилию гумроҳӣ аст.

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Имрўз ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта, ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза манфиати илмиву назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ кашф намудааст. Гузашта аз ин, ҳузури ҷавонони тоҷик, минҷумла сокинони вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия ва таълимоти онҳо дар урдугоҳҳои ғайриқонунии Покистону Афғонистон имрўзҳо ба  мавзўи доғи ҷомеа мубаддал гардида, мўъҷиби нигаронии мардум ва мақомоти давлатии кишвар шудааст. Ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу харакатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдиду хатаре ба амнияти кишвар, минтақа ва тамоми ҷаҳон дорад, аз мавзӯи меҳварии фаъолияти на танҳо ниҳодҳои интизомии кишвар, балки тамоми аъзоёни ҷомеаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ҳаёти рўзмарраи ҷомеа собит месозад, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва мазҳаби ваҳдатгаройи ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми тазвири мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон,ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корномаҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Мутаассифона, имрўз зиёиёни кишвар, ба вижа, устодону донишмандони мамлакат дар мавриди интиқоди ҷиноятҳои фоҷеабори аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба монанди «Салафия», Ҳаракати исломии Ўзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», Давлати бо ном исломӣ, «Ҳизбут-таҳрир» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом  чандон фаъол нестанд. Таҳлили маводи чопӣ ва электронии васоити ахбори оммаи кишвар нишон медиҳад, ки дар ин раванд дар баробари рўзноманигорон танҳо кормандони ниҳодҳои низомии Тоҷикистон фаъоланду халос. Ин дар ҳолест, ки ҷавонони мамлакат аз ҷумлаи донишҷўён, олимон ва мутахассисони ҷавон ба ҷузъ изҳороту баромадҳои расмӣ дигар ягон маводи муфидро дар ин мавзуъ ба дасти чоп намерасонанд, ки ин воқеан боиси нигаронӣ мегардад. Чунки дар ин раванд бояд, пеш аз ҳама, ҷавонон фаъол бошанд. Агар дар канори онҳо ҳамчунин фаъолияти аҳли уламои Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва намояндагони бонуфузи илмҳои ҷамъиятии мамлакат бо гузоришу мақолаҳои судманд аз тариқи минбарҳои баланд ва васоити ахбори омма вокуниш нишон дода, дар кори мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм пешоҳанг шаванд, пас мо метавонем дар маҳви ин хатари бамиёномада қадами устувор гузорем. Дар айни замон дар барорбари мақомоти олии роҳбарикунандаи Тоҷикистон инчунин роҳбарияти кишварҳои муштаракулманофеъ низ аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ карда, барои муқобилияти шадид алайҳи терроризм ва экстремизм тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла, президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ахиран изҳор дошт, ки кишварҳои шомили Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ ҳарчанд дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм қадами устувор гузоштаанд, вале воқеияти имрўза собит месозад, ки ин ҳама тадбирҳои андешидашуда дар мубориза алайҳи ифротгароёну ситезаҷўён кофӣ нест. Маълумотҳои бадастомада далолат медиҳанд, ки боқимондаҳои ҷанговарони ДИИШ дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ҷамъ омада, дар оянда барои идома додани тахрибкориҳои худ бо кўмаки хоҷагони хориҷии худ таҳсилу тамрин мекунанд. Вазъияти мураккаби ҳарбию сиёсии дар сарҳади ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ ба миёномада моро водор месозад, ки ин масъаларо ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, тадбирҳои судманд биандешем.

Дар ин раванд, ба наздикӣ дар ҳузури иштирокчиёни маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар диққати сокинони мамлакатро ба ин масъалаи мубрами рўз ҷалб карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза алайҳи ифротгароиву тундравӣ ҳушёру муттаҳид бошанд.

Имрўзҳо ҳарчанд дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби оливу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносон дар мавзуи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд, вале то кунун масъалаҳои марбут ба пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ҳанўз аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ мемонад. Аз ин рў, минбаъд бояд дар чунин сўҳбату мулоқотҳо дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар барқароркунандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад карда, бобати бадбахтиву харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл кунанд. Чунки Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аввалин кишварест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гирифтори фитнаву найрангҳои ифортгароён гардида, оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

Албатта, имрўз мардуми кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музаффариятҳои бузург ноил гардидааст. Вале мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ободии кишвар ва таъмини ҳаёти хуби мардуми Тоҷикистон дар ҳама ҷабҳа, аз ҷумла дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм пирўзу дастболо бошем.

Матлуба Турсунова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Как отметил Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон: «Экстремисты и террористы не имеют ни родины, ни нации, ни религии, и смешивание ислама с этим ужасающим явлением является неправильным. Борьбу с экстремизмом, терроризмом и преступностью никак нельзя представлять как борьбу с религией».

В современном мире нет государства,  которое могло бы считать себя защищенной от угроз экстремизма и терроризма. Экстремизм в большинстве случаев направлен против светского государства,  угрожает всему миру и охватывает всё новые горизонты, а мирное население, страдают от его последствий. Меры защиты от экстремизма в демократическом обществе являются задачей не только государства, но и всей общественности в целом. Нейтрализации экстремизма в обществе можно достигнуть только совместными усилиями государственных органов и институтов гражданского общества.

Одной из причин экстремизма является низкий интеллект и невежество. Поэтому противостоять экстремизму необходимо, через просвещение молодежи и развитие у них рационального мышления. Экстремизм проявляется в случаях когда группа людей, не понимая опасности своих действий, начинает угрожать безопасности мирного населения допуская физического насилие над ним. Основными признаками экстремизма являются нетерпимость и жесткость, неспособность  принимать во внимание интересы окружающих людей, объективные обстоятельства и устрой государства исключительное признание только своего некорректного мнения, которые заставляет человека слепо следовать исключительно своим собственным мнению и предрассудкам.

В Республике Таджикистан Указом Президента от 28-го марта 2006 года была утверждена «Единая концепция Республики Таджикистан по борьбе с терроризмом и экстремизмом». Таджикистан с начала своей независимости присоединился и признал основные международные правовые акты о правах человека, а также международные конвенции и соглашения по противодействию экстремизму и терроризму.

Основными аспектами «Единой концепции Республики Таджикистан по борьбе с терроризмом и экстремизмом» являются прежде всего борьба с мировым экстремизмом и терроризмом посредством эффективного сотрудничества с правоохранительными органами и специальными службами иностранных государств.

Только руководствуясь данной концепцией и при комплексной реализации мер по борьбе с экстремизмом можно достичь желаемых результатов. Ряд отдельных научно-исследовательских центров и институтов в настоящее время занимается поисками эффективных мер по противодействию экстремизма, что в свою очередь способствует предотвращению распространения экстремистских идей.

Для достижения ощутимых результатов борьбы с экстремизмом необходимо прежде всего создавать пропагандистские группы среди государственных служащих, студентов, учёных, учителей, правоведов, всех гражданских институтов общества, включая религиозные объединения и других слоёв общества, одной из основных задач которых  является воспитание молодежи в духе нравственности и толерантности, взаимопонимания и патриотизма.


Юсупова Г.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Дар замони муосир, ки технологияи иттилооти руз аз руз рушд ёфта актуалӣ шуда истодааст, тарбияи насли наврас талаб мекунад, ки онҳо бояд аз решаронии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароиву экстремизми динӣ, терроризми байналҳалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи иттилооти амиқ ва огаҳи дошта бошанд. Ҷавонон бояд дар тафаккури худ арзишу оқибати ин рушди иҷтимоии замони муосирро дарк карда  ва баҳо дода тавонанд ин ба роҳи покин ҳидоят менамояд. Дар телевизион ва нашрияҳо бисёр мисолҳо оврада мешавад, ки гумроҳии баъзе ҷавонон дар ин падидаҳои номатлуб ба чӣ оварда расонд, яъне оқибаташ ба куҷо мебарад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз Тоҷистони азизамон дар давраи истиқлолият аз ҷиҳати иқтисодю иҷтимоӣ ва тинҷиву оромӣ  рушд карда истодааст, ки мо бояд ин ҳолати беҳтарини ватани ҷоноҷонамонро  эҳтиёт намоем ва дар оянда сайқал диҳем. Барои ин мақсад расидан ҷавонон бояд донад, ки мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ мебошад. Имрўз дар дини мубини ислом на танҳо арзишҳои диниву ирфонӣ ва эътиқодӣ мавҷуд аст. Дар ислом бинобар сиёсишавии гурўҳҳои алоҳидаи он кўшишҳои  гузаронидани ислоҳот ба назар мерасанд. Барои  ба мазмуни ин масоил расидан  бояд дар бораи мавҷудияти се ҷараён дар   исломи муосир маълумот дошта бошем:

- ҷонибдорони ҷараёни аввал мўътакиди секуляризм, зидди сиёсишавии ислом ва аз давлат ҷудо будани дин ҳастанд. Дар айни замон онҳо ҷонибдори риояи одобу ахлоқи динӣ, фармудаҳои Парвардигор (иҷро намудани шариат) мебошанд.

- ҷонибдорони ҷараёни дуюми ислом зидди ҳамагуна навовариҳо дар дин мебошанд, онҳо мардумро ба ҳифз намудани тартибу низоми динии асримиёнагӣ, ба сабру таҳаммул даъват мекунанд.

- ҷонибдорони ҷараёни сеюми дини ислом  мақсади ислоҳ намудани  оини диниро дар назди худ гузоштаанд, онҳо ба худ номи «фундаментализми исломӣ»-ро гирифтаанд. Ҷонибдорони ин ҷараён аз тартибу низоми мавҷудаи давлат  норозӣ мебошанд, баҳри тағйир додани низоми давлатӣ мекўшанд. Ҳадаф доранд, ки тамоми ҷомеаи мусулмонон аз рўи тартиботи динии солҳои аввали зуҳури ислом амал намоянд, риояи ҳатмии аркони Шариат ва аҳкоми динӣ пешаи худ қарор диҳанд. Аз ҷониби фундаменталистон қонунҳои воқеии давлат инкор карда мешавад.

Яке аз намудҳои фундаментализми сиёсӣ «Ваҳҳобия» ба шумор меравад. Ваҳҳобия  аз одобу ахлоқи динӣ ба ақидаҳои сиёсии динӣ гузаштанро таблиғ мекунад. Он  бо роҳи зўроварӣ соҳиби ҳокимият гаштани мусулмонони «ҳақиқӣ»-ро тарғиб мекунад.  

Мутаасифона, имрўзҳо дар ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд,  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа  низоъ меандозанд, бо фундаментализми исломиву ифротгароӣ, экстремизм таҳдид мекунанд, кўшиш мекунанд, ки боварии мардум ба давлати дунявӣ коста гардад, ба ваҳдату ягонагии мардум рахна ворид кунанд, низои байни миллату халқиятҳоро барангезанд. Зери ниқоби ислом амал намуда, бо ёрии гурўҳу шахсиятҳои ғаразнок дар байни мардум ақидаҳо ва адабиёти хусусияти ифротгароӣ доштаро паҳн мекунанд.

        Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ба таъкид изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи мо мебошад. Дар ин ҷо асос ҳамин Ваҳдат аст, ки миллати тоҷикро худшиносию таҳаммулпазирӣ ба хушбахтию саодат хоҳад овард.

         Аз ҷавоноy хоҳиш дорам, ки сатҳи дониши худо баланд намуда арзандагиҳо миллати тоҷикро чуқур дарк намоянд ва аз ин падидаҳои номатлуб фаҳмиш амиқ дошта бошанд, то ки ба роҳи рости покин раванд, аз каҷу килебҳои ҳаёт худро канор кашанд ва бо ин равияҳо мубориза баранд.   

                 Абдушукур Назаров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома ёфта, боиси афзоиши шумораи ҷангиёни иҷборӣ, гурезаҳо, бекорон, гуруснагӣ ва тезу тунд шудани дигар масъалаҳои иҷтимоӣ  мегарданд.Терроризм ва ифротгароӣ, ки дар миқёси то ҳол дида нашаванда, паҳн шуда, бо оқибатҳои даҳшатовар ва фоҷиабори худ ба мушкилоти чиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст”.

         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳар дафъа дар суханрониҳои худ таваҷҷуҳи падару модарони насли наврас ва ҷавононро ба гузаштаи наздик ва рӯйдодҳои фоҷиабори таърихи кишвар, ки даҳҳо ҳазор нафар одамонро куштааст, менигаронанд.

         Ҷаҳони муосир дар баробари таҳдидҳо ва даъватҳое, ки табиати глобалӣ, вале хусусиятҳои минтақавӣ доранд, хеле осебпазир шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла дар солҳои истиқлолият борҳо мавриди таҳдиду хатарҳо қарор гирифт, вале ҳар дафъа барои муқобилат нишон додан бо ин таҳдидҳо заҳматҳои зиёд кашид ва аксар вақт ба қурбониҳои инсонӣ низ зарурият пайдо шуд.

         Ба шарофати сиёсати дурусту мақсадноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият кишвари мо дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

         Дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ҳукуматӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаҷми зиёди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда гузаронида шуд. Мутаассифона, то ҳол бархе аз ҳамватанони моро намояндагони созмонҳои террористӣ ташвиқ ва таблиғ мекунанд ва ҳатто бархе аз онҳо дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ва кишварҳои дигар ширкат варзиданд.

Аксаран ташкилотҳои экстремистӣ барои ба ҳадафҳои  ғаразноки худ расидан ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, ҷамъиятро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ нодуруст ба роҳ монда шуда, бар хилофи ақидаи динии онҳо мебошад. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Асосан ҷавонон қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа мегарданд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу оқибатҳои амалҳои терроризмро биёмўзанд ва барои аз байн бурдани он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. 

         Барои пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои террористӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ин падида тадбирҳои гуногун меандешад. Дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ ва тамоми муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, аз ҷумла мактабҳо, донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва ғайра корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Боиси хушнудист, ки чорабиниҳои мазкур барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳамватанони мо оид ба паҳлӯҳои манфии терроризму ифротгароӣ мусоидат мекунанд.

Қосимова М, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Барои пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва фирефта нашудани онҳо ба ваъдаҳои ин тоифаи хоину ватанфурӯш ҷавононро бояд зери назорати ҷиддии волидон ва калонсолон гирифта, тамоми қувваро барои омӯзонидани онҳо ба илму дониш, иштирок дар озмунҳову чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, рӯй овардан ба китобхониву огоҳ будан аз тамаддуну арзишҳои олии ниёгон, машғул шудан ба варзиш, истифодабарии самараноки технологияҳои замонавӣ ва интернет, тарғиби ҳисси баланди ватндӯстию меҳанпарастӣ дар ниҳоди онҳо ва билохира огоҳ кунонидани онҳо аз ҳадафҳои нопоки гурӯҳ ё тоифаи ифрогаро сарф намуд.

Авҷ гирифтани амалҳои ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта боиси сар задани ҷанги дохилӣ гардид, ки оқибатҳои фоҷиабори он ба ҳама маълуманд. Дар як муддати кӯтоҳ болоравии диндорӣ ва таассуби мазҳабӣ ба тундгароӣ ва ифротгароӣ табдил ёфта, натиҷааш ба терроризм ва ҷанги дохилӣ оварда расонид.

Марҳилаи дигари болоравии ифротгароӣ ва тундгароии динӣ баъд аз барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон шурӯъ гардид. Кишвари мо баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ давраи пас аз муноқишавиро аз сар гузаронид, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба ҳолати қашшоқӣ гирифтор шудани бештари сокинони кишвар мусоидат намуд. Дар ин ҳолат, сатҳи донишу ҷаҳонбинии сокинон бахусус ҷавонон коста гардида, кишвар ба бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гирифтор шуд. Аз ин ҷо, дар кишвар сатҳи ҷинояткорӣ болорафта, сатҳи бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ авҷ гирифт. Чунин вазъият барои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ мусоид мебошад ва бо истифода аз ин ҳолат ташкилоҳои ифротӣ таблиғоти худро вусъат бахшида, як қисми осебпазири аҳолӣ, хусусан ҷавононро ба тарафи худ ҷалб менамоянд ва зери таъсир қарор медиҳанд, ки дар натиҷа ба афзоиш ёфтани тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеа оварда мерасонад. Чунин равандҳо ҳарчанд, ки коҳиш ёфтаанд, аммо то ҳанӯз дар кишварамон идома доранд.

Имрӯзҳо мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, ҳамоҳангии сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ маҷмӯан раванди афзоиши тундгароӣ ва ифротгароиро дар кишвар то андозае коҳиш додааст. Вале бо назардошти он, ки ин падидаи номатлуб ҳанӯз пурра аз байн бурда нашудааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷалби имкониятҳои тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва тамоми қишрҳои ҷомеа барои мубориза бар зидди тундгароӣ, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб талаби замон боқӣ мемонад.

Дар шароити имрӯза, ки талоши қувваҳои ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ равона шудааст, ҷавонони моро мебояд бисёр ҳушёр буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд. Зеро ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият буда, ояндаи дурахшони миллату кишвари азизамон Тоҷикистон аз онҳо вобастагии калон дорад.

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда,  дар  раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад.  Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда,  ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ асос меёбад. Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм чунин маънидод гаштааст: «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа».Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадораст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад.                                                                                                        Ифротгароӣ дар  мамлакатҳои Аврупо агар дар шакли ҳаракати скинхедҳо, фашизми навбаромад зуҳур ёбад, дар мамлакатҳои Шарқ бештар дар шакли динию миллӣ зуҳур кардааст.  Ифротгароён барои ба мақсадҳои сиёсии худ ноил гаштан зери пардаи  динӣ амал мекунанд. Зеро бо ин роҳ мардумро ба воқеаҳои сиёсӣ ҷалб намудан осонтар аст.  Имрӯз ҷомеаи моро амали созмонҳои ғайриқонунии ҳизби«Таҳрир», Ваҳҳобия, Салафия ба ташвиш овардааст.          Чунки ақидаҳои ифротии ин созмонҳо на ба мустаҳкам кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон,  балки бар зидди он равона шуда, вахдату якпорчагии онро зери хавф мегузорад. Ҳамагон амалҳои ваҳҳобиёнро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ дар хотир доранд.  Бо даъвати онҳо чӣ қадар ҷавонон ба митингбозиҳову даргириҳои сиёсӣ кашидашуданд.  Ин ҷанг ба ҷумҳурии мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ расонид,ки ин зарбаи калон ба генофонди миллат буд.  Имрӯз аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки пеши роҳи паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад. Барои ин дар мактабу донишгоҳҳои олии касбӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешид.  Бояд ҳар як аъзои ҷомеа на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки  дарку иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсиониро вазифаи ҷонии худ биҳисобад.

 Дар ҳиссу тафаккури онҳо дарки баланди ватандорӣ парвариш карда шавад, токи барои ба даст оврдани фоидаву маблағи яквақта ба амалиҷиноятӣ даст назананд.                                                                   

Ифротгароӣ ватан надорад, дар куҷое набошад онҳо ҷавононро ҷалб кардан мехоҳанд.                             Давлати Тоҷикистон ба ҳайси як субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ аз минбари СММ борҳо баҳри пешгирию мубориза алайҳи созмонҳои ифротгароӣ бо таклифҳои мушаххас баромад кард.  Ин иқдоми давлатро мардуми тоҷик бо дарки масъулиятшиносӣ ва амри зарурати марҳилаи кунунӣ дастгирӣ мекунад. 

Набиҷон Боқиҷонов, устоди ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд