Рӯзи 27 январи соли равон аз дасти низомиёни нохалафи сарҳадии қирғиз   дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи   ноҳияи Исфара боз 17 нафар сокинон ярадор ва 2 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ин амали нобахшидани мебошад. Ин куштору хунрезӣ, таҳдиду фишороварии тоҷикон аз тарафи миллати қирғиз дар марзҳои сарҳадӣ қариб ним аср идомадорад. Алалхусус дар даҳсолаҳои охирон пас аз пошхурии ҳокимияти Шурои шидат ёфта истодааст.  Агар ба таърих назар андозем бояд миллати қирғиз донад,ки ватани аждодиашон на доманаи куҳҳои Тибет, водии фарғона ва соҳилҳои дарёи Исфара   мебошад. Балки онҳо ҳамчун халқи кучманчӣ соҳилҳои дарёи Онасой ҳозира Енисей буда бо роҳбарии қаҳрамони халқи рӯс Ермак онҳоро то ба ин мавзилҳои зисташон овардааст.  Аз қадимул айён маълум аст,ки ин заминҳои Осиёи Миёна макон ва манзили халқиятҳои Ориён наҷот мебошад.

      Қирғизон бодянишин буданд мулкдорони тоҷик онҳоро ҳамчун чупон ва подабон барои нигоҳубин ва чаронидан чорво истифода мебурданд. Онҳо ягон макони зисти муқими надошанд. Барои дар замистон зиндагони кардан онҳо заминҳои ҳозира нишасташонро мулкдорони тоҷик мувақатан дода буданд. Масалан дар деҳаи Ворух дар даромадгоҳи роҳ тангӣ Ворух, ки ҳамаги аз 10 хоҷагӣ иборат буданд ҷой доданд.  

    Аз меҳмоннавозӣ ва хусусиятҳои инсонпарваронаи тоҷикон истифода  бурда дар ин минтақаҳо гӯё соҳиби манзил ҳатто талаби мулккарда истодаанд. Яъне дар ҷойҳои зисти мувақатиашон тағмаи сарҳади заданд.

Чӣ тавре,ки аён ва таърих гувоҳаст тамоми заминҳои имрӯза гуё баҳси  байни тоҷикон ва қирғизон мулки аждодии тоҷикон мебошад.

Дигар сабаби гуё муқими гаштани қирғизҳои сарҳади  тоҷик, хатоги ва дурандеш набудани  роҳбарони намудадавраи карахти мебошад, ки қирғизон истифода дар ду тарафи роҳи даромад ва баромади қишлоқро  хаймазада гуё азони худ карданианд. Ба ин мисол шуда метавонад роҳи баромад ва дохилшави ба деҳаи  Ворух ба маркази район, ки то солҳои 1970 аз  тарафи рости дарёи Исфара мегузашт  мулки тоҷикон мебошад,ки ҳатто бо мӯҳри хони Қуқанд ба мулкдорони Ворух  дода шудааст, тасдиқи худро ёфтааст, азони худ карданд. Баъд аз заминҳои бекорхобидаи Меҳнатободи имрӯзаро обшор намудан роҳбарон ба қирғизон роҳ  доданд,ки ба ҳар дутарафи  роҳ  хонаҳои истиқомати созанд, ки имрӯз садроҳи гузаштани Ворухиҳон гашта сабаби муноқишаҳо гашта истодааст.

     Ин амалҳои номардонаи ҳамсоя – қирғизҳо бо ягон қонун ва муносибатҳои  инсонӣ рт намеояд. Алалхусус ба қонунҳои башардӯстонае, ки дар соли 1864 дар комитети байналмиллалии Салиби сурх( дар давлатҳои Исломӣ Ҳилоли Аҳмар ва дигар ҳуҷатҳои нишондодашударо ба инобат нагирифта истодаанд,ки ба ин роҳбарони имрӯзаи қирғиз низ гунаҳгоранд.

 Чӣ таре, ки дар урфият мегуянд ин амали ғайри инсонаи қирғизон шаҳодати он аст,ки Сагпарварӣ ки поят гирад.  

   Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Барои ҳар як одам барпо кардани оила хеле муҳим аст. Дар синни ҷавонӣ, ғурури ҷавонӣ ба ӯ барои дарки он халал мерасонад,аммо бо гузашти солҳо пушаймон мешавад, ки оила бунёд накардааст зиндагии зану шавҳар бояд мисли зиндагии фариштаҳои осмонӣ гардад­ин зиндагиест пур аз шоди ва лаззат  маънавӣ,зиндагиест дар ваҳдат ва ва ҳамфикрӣ, ин пайванди дӯстона, равонӣ ва ҷисмонӣ мебошад. Дар хонаи онҳо бояд ҳамоҳангӣ ва назму тартиб ҳукмфармо бошад. Андеша ва орзую умеди онҳо бояд чун нурҳои офтоби ҳақиқат гарданд ва чун ситораҳои дурахшони осмон  нурпошӣ кунанд.Чун ду мурғи хушилҳон бар шохаи дарахти дӯстию рафоқат бисароянд. Барои наздиконашон бояд намунаи муҳаббати ҳақиқӣ ва самимӣ нисбат ба ҳамдигар бошанд, фарзандони худро тавре тарбия кунанд, ки шӯҳрати хонаводаашон бар ҳама ҷо паҳн шавад .

          Агар шумо як узви оилаатон ва ё ҳамватанатонро дӯст дошта бошед,бигзор ин эҳсосро шуоъҳои Ишқи беохир равшан кунад! Дар ҳар шахсе, ки сифатҳои Илоҳӣ мебинем, ӯро дӯст дорем, хоҳ аз хонаводаи худ бошад ва хоҳ аз хонаводаи дигар . Нури ишқи бепоёнро бар ҳар касе, ки дар рохатон вомехӯрад, биафканед.

Дар бораи зараре, ки аз баҳсу мунозираҳо ба оила мерасад, фикр кунед. Пас тасаввур кунед, ки чӣ файзу баракат бар хонаводае нозил мешавад, ки аъзои он дар ваҳдат ҳастанд. Агар дар он дӯстию ваҳдат мустаҳкам шавад, ба оилаи бузурги башар чӣ қадар баракату неъматҳои бешуморе дода мешавад! Дар замони мо, ки самараи неки ягонагӣ ва оқибатҳои харобиовари низоъ хеле равшан гардидааст, ба ҷаҳон воситаи барпо намудани иттиҳоди халқҳо нишон дода шудааст.

Аҳамият диҳед, ки вақте ки дар оила ваҳдат ҳукмфармост, корҳо дар он чӣ гуна ба осонӣ сурат мегиранд, аъзоёни ин оила то чӣ андоза муваффақиятноканд, дар зиндагӣ чӣ тавр обод мешаванд. Корҳояшон мукаммал аст, аз оромӣ ва осоиш лаззат мебаранд, дар амонанд, мавқеъҳояшон эмин аст ва атрофиён бар онҳо ҳасад мебаранд. Чунин оила рӯз то рӯз ободу зебо мегардад ва шӯҳрати абадии он мустаҳкам мегардад.

Агар дар оила меҳру муҳаббат ҳукмрон бошад, чунин оила нашъунамо ёфта, рӯҳонитар ва равшантар мегардад, вале агар дар он кинаю адоват бошад, ин ногузир боиси харобиву парокандагии он оила мегардад.

Барои барқарор намудани ваҳдати пойдор зарур аст, ки шахс аз майли табиӣ ба пайхас кардани хатову норасоиҳои дигарон, на аз худаш даст кашад. Ҳар яки мо танҳо барои зиндагии худ масъулем. Ҳар яки мо аз “комил будан, чунон ки Падари осмонии мо комил аст” ба дараҷаи беохир дур ҳастем ва вазифаи дар назди мо буда ки такмил додани ҳаёт ва хислатҳои худ аз мо ирода, нерӯ ва фидокориро талаб мекунад. Агар мо қувват ва нерӯи худро барои тафтиши рафтори дигарон сарф кунем, кӯшиш кунем, ки хатогиҳои онҳоро ислоҳ кунем, мо танҳо вақти гаронбаҳоямонро аз даст медиҳем. Мо мисли кишоварзе ҳастем ва ҳар кас бояд омочи худро идора карда, шудгор кунем, ва барои ростии ҷӯякҳояш ҳар кас бояд ба кори худ диққати калон диҳад.

Бештар аз ҳама  аз танқид ва ғайбат даст кашида, дар ивази он барои дарёфт ва ислоҳи ххатогиҳо ва бартараф кардани камбудиҳои худамон пайваста кӯшиш кардан лозим аст.

Насимова М.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуб чун терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии кишварҳои саросари олам хатари ҷиддӣ эҷод намудааст. Аз ҷумла, натиҷаи ноогоҳӣ, ҷаҳолат, зиёдаравӣ, фирефтаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шудани қисми муайяни ҷомеа буд, ки воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳи 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик омад.

Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар бо саркардаҳои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ байни минтақаҳои гуногуни кишвар низоъ ва кинаву адоватро паҳн карда, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ, бесарусомонӣ ва беҳукуматиро ба миён оварданд, ки боиси ба таври кулли фалаҷ гардидани тамоми сохорҳои давлатӣ гардид.

Ин ҷанги хонумонсӯз соли 1997 баъди байни мухолифин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ амалан ба охир расид. Мутобиқи  Созишномаи басташуда, ки худ номаш бозгӯ аз оштии миллӣ буд, ба намояндагони мухолифони ифротӣ-террористӣ 30% аз вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ вогузор карда шуда буд. Чунин амал ҳамчун як имконият барои ислоҳ шудан ва рафторашонро нисбати ҳукумату давлати кишвар дигаргун кардани тарафи мухолифин муфид ба ҳисоб мерафт. Ба таври қонунӣ пазируфтани ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳамчун ҳизби сиёсии хусусияти динӣ дошта имконият дод, ки намояндагони ин ҳизб дар мақоми мухталифи давлатӣ, аз ҷумла, ниҳодҳои қудратӣ, ба вазифаҳои масъул таъйин гарданд, ки ин як навъ пайванд ёфтани дину сиёсат дар ҳокимияти сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Вале саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзатӣ бо истифода аз ин имконият дар низоми давлатдории дунявӣ, ҳамчун як ниҳоди исломи сиёсӣ мақоми қонунӣ касб карда, тавонистанд тариқи матбуоти расмии худ ғояи исломи сиёсиро пайваста тарғиб намоянд. Бо ин васила зина ба зина муносибати аъзои ин ташкилоти террористӣ бо ҳукумати кишвар тағйир ёфта, боиси амали мусаллаҳона аз тарафи ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар моҳи сентябри соли 2015 гардид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон карда шуда, фаъолияташ дар қаламрави кишвар қатъ карда шудааст.

Имрӯз саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо ҳаммаслаконаш фаъолияташро дар хориҷи кишвар ба роҳ монда, ҳадафҳои нопоки худро нисбат ба давлату миллати тоҷик идома дода истодаанд. Аммо, хушбахтона метавонем гӯем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон заррае ба ин хоинони давлату миллат таваҷҷӯҳе надоранд ва ба муқобили онҳо муборизаи доимӣ бурда истодаанд ва мубориза хоҳанд бурд.

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ифротароиву тафриқаангезӣ ва таҳмили фарҳани бегона аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрӯз маҳсуб меёбад. Омили асосии ба ифратгарой майл намудани шахе  ҷоҳилӣ, бедонишӣ, бемаърифатӣ, ноогоҳӣ, - сарватпарастӣ ва тақлидкории шахс аз амалҳои ғайриинсонӣ мебошад. Экстремизм зуроварии хусусиятҳои сиёсидошта бо мафкураи манқуртгаштаи асримиёнагӣ дар ниқоби ҷаҳонишавии муосир  мебошад.

       Ба экстремизму терроризм ташкили бетартибиҳои оммавӣ, тафриқандозӣ ва ҳаракатҳои авбошӣ хос аст. Аъзои ин гуна гуруҳҳои манфур аксаран дину мазҳабҳоро ба манфиатҳои пурғарази шахсии худ истифода менамоянд ва аслан, боиси доғдор гаштани боварҳои мардумӣ мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси       Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон чунин таъкид карданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ко ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафрикаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кушиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои
интернетӣ васеъ истифода мебаранд». Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, изҳор доштанд, ки
хоинони миллат ва хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку
гаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо карда
истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба мардуми мо такмил кунанд. Тамоми сокинони шарафманди Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, бештар бо хам дӯсту хамдам ва муттафиқ гарданд, дасти ҳам гиранд.

Муқовимат ниҳоду манфуру пурзиён аз самтҳои
асоси таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Халқи тоҷик терроризмро дар тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамоянд
ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди
ин падидаи марговару хатарнок         пуштибонӣ        мекунанд. Тибқи

 омори расмӣ таҳлилҳои коршиносон,        сабаби асосии даст задани террористон ба амалҳои нангин сатҳи пасти маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст.
Чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари
худро бадному гумном кардан, дигаронро ба қатл мерасонанд, ба
таҳрибкорӣ даст мезананд, Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне
мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд.

Яке аз самтҳои асосии мубориза бо зуҳӯроти террористӣ ва экстремистӣ дар муҳити ҷамъиятӣ, махсусан, дар таълимгоҳҳо анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои пешгирикунанда мебошад. Махсусан, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст, чунки маҳз муҳити ҷавонон вобаста ба як кагор омилҳои ' объективӣ ва субъективӣ аз нигоҳи таравидан ба гурӯҳҳои гуногуни ҷиноятӣ ва зиддииҷтимоӣ хеле заиф мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки бо эҳсоси баланди ватандӯстию
масъулияти хештаншиносӣ муқобили ин падидаи манфӣ муборизаи
дастҷамъона барем, то ки суботу ороми ҷомеаи Ватани маҳбубамон
устувору пойдор бимонад.

 Дар ин самт масъулияти мо – омӯзгорон дар омода намудани ҳам мутахассиси арзандаи ҷаҳони муосир ва ҳам фарди дорои ахлоқи солим  ва ташаккулдиҳандаи ҷомеа  бештар аст. Зеро ҷавонон мафкураи таҳрикдиҳандаи рушди ҳар қавму миллат ва ояндаи Тоҷикистони Азиз мебошанд.

Зокиров Р.Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ҳунарҳои мардумӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад.  Новобаста аз он, ки имрўзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро бо иродатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалтӣ Раҳмон баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат гузошта истодаем.   Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқиятҳо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халқамонро дар соҳаи анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем. Омўхтан ва эҳё намудани ҳунарҳои бадеӣ имконият медиҳанд, муайян намоем, ки то кадом андоза онҳо ба ҳаёти имрўзаи мо ворид шудаанд, бо табиати маҳал, тарзи зисти мардум,   ривоятҳо, расму оин, урфу одат ва ҷашнҳо чӣ робитае доранд. 

 Дар доираи рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо иқдоми кафедраи технологияи санаоати сабук ва нассоҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни “Ҳунарманди беҳтарин” доир карда шуд. Дар озмун донишҷӯёни факултети муҳандисӣ – технологӣ маҳсули дастони хешро амсоли қӯроқдӯзӣ, зардӯзӣ, ироқидӯзӣ, кашидадӯзӣ ба маъраз гузошта, ҳамчунин дӯхти либоси миллӣ, аврупоиро пешкаши ҳозирин намуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории озмун ба тариқи анъанавӣ ҳар сол бо иқдоми директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода сурат гирифта, беҳтаринҳо бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида мешаванд.

Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маҳз ба фанҳои табиию риёзӣ вобаста аст. Бинобар ин, зарур аст, ки ба омӯзиши илмҳои дақиқ шавқу рағбати насли наврасро аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (26.12.2019) таъкид доштанд: «Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд».

Тараққии босуръати технологияи муосир маҳз аз пешрафти илмҳои дақиқ дар арсаи ҷаҳонӣ далолат мекунад. Бо ин сабаб, соли сипаришуда бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шуд, ки ин иқдом барои дарёфти лаёқатмандону ихтирокорони ҷавон мусоидат намуд. Дар соли ҷорӣ даври якуми ин озмун дар факултаҳои Донишкада аз фанҳои дақиқ гузаронида шуд. Дар он донишҷӯёни факултаҳо дониши хубро аз ин фанҳо нишон доданд. Аз тарафи ҳакамон ғолибони озмун муайян карда шуда, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки донишҷӯён барои азхуд намудани фанҳои дақиқ шавқу рағбати калон доранд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои бедор кардани шавқу рағбати донишҷӯён барои азхуд кардани фанҳои дақиқ роли гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ ва маҳфилҳо хеле калон аст. Зимни тайёрӣ ба озмунҳои фаннӣ, ба мавзуъҳои дарсӣ маҳдуд нашуда, пеш аз ҳама, адабиёти илмӣ ва методиро дастрас намуда, барои мустақилона машғул шудани донишҷӯён пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин усули омодагӣ имконият медиҳад, ки қобилияти донишҷӯёнро самаранок фаъол намуд. Барои тайёр намудани донишҷӯён ба озмунҳои фаннӣ сарфи назар аз қобилияти донишҷӯ ба математика шавқманд, ҳамзамон, ташкил ва гузаронидани маҳфилҳо зарур аст.

Маврид ба зикр аст, ки барои хубтар тайёр кадани донишҷӯён ба олимпиада ва озмунҳои дигар таъмини онҳо бо адабиётҳои илмӣ ва методӣ роли калон мебозад. Аз ин лиҳоз, аз тарафи Раёсати Донишкада барои ғайнӣ гардонидани номгӯи ададбиётҳои дарсӣ дар китобхона чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Аз тарафи устодони кафедраи математикаи олӣ ва информатика барои таҳия ва ба чоп омода сохтани адабиётҳои дарсӣ аз қисмҳои математикаи олӣ барои донишҷӯён корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Дар се соли охир аз тарафи устодон се китоби дарсӣ аз қисмҳои алгебраи хаттӣ, геометрияи аналитикӣ, таҳлили математикӣ, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ таҳия шуда, ба чоп тайёр карда шуд.

Барои аз чоп баровардани адабиётҳои таҳияшуда саҳми Раёсати Донишкада бо сарварии Директори Донишкада муҳтарам Саидӣ Дилафруз Раббизода назаррас аст. Умед дорем, ки ин адабиётҳо ба донишҷӯён барои азхуд намудани фанҳои риёзӣ ва хубтар тайёр шудани онҳо ба озмунҳои фаннӣ ёрии амалӣ мерасонад.

Рушди фанҳои дақиқ барои баланд бардоштани донишҳои ахлоқию эстетикӣ ва маънавии донишҷӯёнро аз бисёр ҷиҳат инкишоф медиҳад. Донишҷӯ бояд аз рӯйдодҳои замон огоҳ ва ҳамқадами замон бошад. Моро зурур аст, ки миёни донишомӯзон дар таълими фанҳои дақиқ ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, худбоварӣ, масъулиятшиносӣ ва мустақилиятро парвариш намуда бошем. Донишҷӯ донад, ки чӣ гуна будани ояндаи онҳо танҳо аз фаъолият ва кушиши имрузаи онҳо вобастагӣ дорад.

 

Азимов Н.С., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Сулҳу оромӣ яке аз неъматҳои бузурги инсонӣ мебошад.  Ҳаёти осуда, рушди ҷомеа  ҳама ба ин неъмати бузург  вобаста аст. Ҷиҳати ба даст овардан ва пойдор нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо қаҳрамонфарзандони ин сарзамин ҷони худро сипар кардаанд.  Танҳо месазад, шукронаи  ин рӯзгори ободро намоему ба Ватани азизу маҳбуб дар хидмат бошем.         Мусаллам аст, ки мо дар асри техналогияи муосир зиндагӣ дорем. Нафаре нест, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода набурда бошанд. Ҷавононе ҳастанд бо ёрии истифодаи интернет ва  шабакаҳои иҷтимоӣ  тиҷоратро ба роҳ мондаанд, таҳсил  мегиранд ва таҷриба омӯхта барои пешрафти   халқу Ватан  ҳиссагузор шуда истодаанд. Мутассифона нафароне ҳам ҳастанд, ки аз ин имкониятҳо  дуруст истифода бурда наметавонем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна андешаҳои ботилу ғаразнок   аз ҷумла ақидаҳои поки   дини исломро ниқоб карда осоиштагии Ватани маҳбубамонро  халалдор месозанд. Ин қабил ифротгарон  аз ҷумлаи шайотин ҳастанд, ки бо истифодаи  найрангҳои пасипардагии худ манфиатҳои худро ба даст меоранд, ҳамчунин ҷавонони ноогоҳро    ба доми худ мекашанд. Боиси нигаронист, ки  аз зумраи гумроҳшудагон  ҷавондухтарон низ зиёд мебошанд. Имрӯз интернетро ба дарвозаи бозе шабоҳат додан мумкин аст, ки инсонро ба ҷаҳони пуртаззод мебарад. Кас метавонад бо воситаи интернет ба андешаҳо, фарҳангҳо, расму оинҳо бархурди ақидаҳо дучор шавад. Ин раванд инсони ноогоҳро ба мағзшуӣ, оварда расонида, аз фарҳангу тамаддуни аслии хеш ҷудо созад.   Ҷаҳон дар муборизаи иттилоотию идеологӣ қарор дошта, аз ҳар инсони огаҳ зиракии сиёсӣ, фарҳанги баланди истифодаи шабакаҳо ва мавқеъгири устуворро ба манфиати халку миллат тақозо менамояд.          Ҳар як ҷавони бонанги кишварро ки аз шароити беҳтарини кори зиндагӣ бархурдор аст месазад то андешаю фаъолияти худро  дар роҳи манфиат овардан ба миллати азиз ва халқи шарифи Тоҷикистон масраф намояд.  Дӯстори Ватан ва пайрави арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад.         Бузурги насли имрӯзи давлати соҳибистиқлол-Тоҷикистони азизро зарур аст, дар ҳама аъмол намуда буда, зиракии сиёсӣ аз ҷумлаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро зери назорати мафкуравии худ қарор бидиҳад,  зеро ҳифзи  сулҳу осоиштагии кишвар рисолати бузург маҳсуб меёбад. 

 

Тоҷибой Бойматов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Таджикистан – это государство народ, которой принадлежит к священной религии ислам. Религией, которая является источником мира и добра. К сожалению, из-за социально-экономических проблем, к которым можно отнести уровень коррупции и безработицы, неустойчивое финансовое положение некоторые террористические организации, в том числе ПИВТ, постоянно пытаются создать в республике ситуацию, направленную против Правительства РТ, а также основываясь на социально-экономические проблемы пытается внушить неверность политической системы молодежи страны.

В настоящее время, чтобы не допустить присоединение таджикской молодежи к террористическим организациям вузам страны следует в разрезе их воспитательной работы в правильном направлении повысить знания о священной религии ислам и конечно же о деятельности и целях политических организаций, направленных на нарушение спокойствия и мира в стране.

Ввиду запрещенности деятельности таких организаций в стане террористические группировки создают оппозиционные группировки за рубежом. Например, М. Кабири вместе со своими саратниками начали развивать деятельности ПИВТ в нескольких европейских странах. Студенческой молодежи следует знать, что к террористическим организация действующим за пределами республики относится Национальный Альянс Таджикистана в Варшаве, который включает в себя Партию Исламского Возрождения, Форум свободно мыслящих Таджикистана, Ассоциация мигрантов Центральной Азии, где лидером оппозиционной стороны Таджикистана является М. Кабири.

Выше было отмечено, что используя социально-экономические проблемы страны, в частности нелегкое положение мигрантов за рубежом, ПИВТ умело навязывает свои интересы при поддержке иностранных государств. Такого рода зарубежная финансовая поддержка навязывает молодежи нашей страны свои интересы. А такие как М. Кабири, не беря во внимание, что может повлечь за собой их борьба, какие могут  быть жертвы, используя преданность и приверженность большинства населения, в частности молодежи, священной религии ислам просто на просто слепо рвутся к власти.

Против целей ПИВТ, сеющих ненависть к нашей родин и системе ее управления следует бороться путем разъяснения народу настоящих ценностей террористических организаций, воспитания в подрастающем поколении и молодежи любви и преданности родине, благодарности Всевышнему и руководству страны за мир и спокойствие, благополучие и стабильность и путем формирования идеологии и целей объединяющих взрослых и молодежь, за которые готовы бороться все слои населения.

Гулнора Юсупова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар фалсафаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон эҷоди низоми ҷадиди иқтисодӣ - низоме, ки ба  таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ мусоид бошад ва барои пайвастани иқтисодиёти кишвар ба низоми ҷаҳонии иқтисодӣ роҳро ҳамвор менамояд, аз аслҳои бунёдгузор ба шумор меравад.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавии равандҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудааст.  Дар Паёми навбатии худ  Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва роҳу нақлиёт вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Мавриди қайд аст, ки ҳоло дар мамлакат ҳуҷҷати асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ гардида истодааст, ки тибқи он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян карда шудааст.

Барои расиданд ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шудаанд:  

-  таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;

- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;

- таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

- саноатикунонии босуръати кишвар.

 Бояд қайд намуд, ки таърихи иқтисодиёти миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ се марҳилаи асосии иқтисодиро дар бар мегирад: марҳилаи буҳрон, муътадилшавӣ ва марҳилаи   рушд. Ин марҳилаҳо дорои хусусиятҳои хоси иқтисодӣ буда, аз   хисороти иқтисодии давраи ҷанги шаҳрвандӣ, то корҳои барқарорсозию бунёдкорӣ ва таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро фаро мегиранд.

 Дар маҷмӯъ, аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди иқтисодӣ ноил гардид.

 

Дадобоев Шаҳбоз, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Дар айни замон самтҳои асосии терроризми муосир ҷудо карда мешаванд:

Терроризми сиёсӣ (иҷтимоъӣ) як тактикаи муборизаи сиёсӣ мебошад, ки аз тарафи субъектҳои сиёсии зӯровар бо максади куллан ё қисман тағйир додани сохти конститутсионӣ ё сохти иқтисодии мамлакат (ё дар таҳдиди истифода шудан) истифода бурда мешавад. Субъектҳои терроризми сиёсӣ, чун қоида, партияҳои радикалии сиёсй, гурӯҳҳои алоҳида дар дохили партияҳо ё ҷамъияту иттиходияҳо, ташкилотҳои ифротӣ, ки шаклҳои ҳуқуқии муборизаи сиёсиро инкор мекунанд ва ба фишори зӯроварӣ такя мекунанд.

Терроризми миллатгароӣ дар таъқиби бартарии миллат ё нажоди муайян ифода ёфта, ба барангехтани таҳаммулнопазирии миллӣ, нафрат нисбат ба намояндагони халқҳои дигар нигаронида шуда, ҳадафи он бо даҳшад аз байн бурдани миллати дигар мебошад.

Терроризми динӣ дар таҳаммулнопазирии шадид нисбат ба намояндагони динҳои гуногун ё бархӯрди оштинопазир дар доираи як эътиқод зоҳир мешавад.

Имрӯз тақрибан 200 намуди амали муосири террористӣ мавҷуд аст. Асосан инҳоянд:

  • терроризми технологӣ;
  • терроризми ҷиноӣ;
  • кибертерроризм

Биотерроризм аз ҷониби террористон истифода бурдани микроорганизмҳои сироятҳои хатарнок мебошад, ки метавонад дар муддати кӯтоҳтарин боиси эпидемияҳои миқёси васеъ гардад.

Терроризми экологӣ - таъсири террористон ба муҳити табиӣ, ки дар оянда мавҷудияти инсон мушкил ё умуман ғайриимкон хоҳад буд.

Терроризми ҷиноятӣ аз ҷониби ҷинояткорон истифода бурдани усулҳои зӯроварӣ ва тарсондан, ки аз амалияи созмонҳои террористӣ гирифта шудааст, иборат аст.

Кибертерроризм яке аз шаклҳои терроризми баландтехнологӣ мебошад. Ин шакли терроризм аз сабаби осебпазирии зиёди системаҳои компютерӣ барои идоракунии инфрасохтори муҳим (нақлиёт, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, обтаъминкунӣ ва энергетикӣ), ки ба Интернет пайвастанд, нигаронии хоси коршиносонро дорад.

Шарифҷон Сатторов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ватан - калимаи зебо ва ҳуҷастаест, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Педагоги машҳури рус В.А.Сухомлинский мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «инсон», «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «қарз», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «садоқат» алоқаманд мекунад. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оѓӯш кушодааст.

Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил ҳастанд.

Baтан ифтихор, сарвати бебаҳо, шаъну шараф, ноёбтарин неъматест, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон буда, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.

Myҳaббат  ба Ватан асосан дар даврони кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Муҳимтар аз ҳама кӯдакон бояд аз хурдсолӣ ба мафҳумҳои сулҳ, дӯстӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ сарфаҳм раванд. Ин кор пеш аз ҳама маҳсули тарбияи оила, ҷомеа ва мактаб аст. Бино бар ин дар мактабҳо фазои сулҳ, ваҳдат, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату муқаддасоти Тоҷикистон ҳукмфармо, танинандоз  ва дар мадди аввал бояд қарор гирад. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи замонҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва заҳматталаби ҷамъиятӣ шуморида шуда, ин мафҳум то ҳол идома ёфта истодааст. Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.  Ҷавононро бояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонид. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмати ҳарбӣ аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд. Барои ободиву оромӣ, ҳифзу нигаҳбонии он сарбозони Ватан, ҳомиёни марзу буми кишвар ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд.

Ба сарбоз се чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва дар ҷаҳон сулҳро пойдор гардонидан.

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оѓоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Чунонки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».

Тибқи моддаи 43 - юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст».

Муҳайё гардидани шароитҳои хуби хизмат аз ҳар як афсар ва сарбози содиқи Ватан тақозо менамояд, ки хизматро баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар сидқан ба ҷо оварда, вазифаҳое, ки дар наздашон гузошта мешавад, бо сари баланд, бошарафона ва саршор аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ҷо оваранд. Зеро ҳифзи Ватан, таъмини суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум ва сокинони онро вазифаи муқаддас ҳисобидаанд.

Дадооев Шаҳбоз, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд