Вақте аз ҳар як Паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миаллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дидан мекунам, ҷаҳон ҷаҳон ба худ маъни мебардорам, ки он саропо маъниҳо ва ғояҳои Ватандӯстонаро фарогир аст, пур аз маънои мағзи гаронбаҳост, чун ҳар лаҳзае Ватан мегӯям ба ҷуз арзиши оллии ҳаёт маскани сулҳу субот дигар чизе ёдам намеояд. Дар ҳақиқат Ватан муқаддасу басо муқаддас аст ва муҳофизати он қарзи шаҳрвандии ҳар як баору номус аст, ҳар як ҷавони марди майдон аст, ватандӯсту ватанхоҳ аст.

 Тарбияи инсони ватанпарасту инсондўст, донишманду бомаърифат, худогоху худшинос, солиму нексиришт, мехрубону мехнаткарин вазифаи ахли чомеа ва пеш аз хама вазифаи жониву имонии мо омузгорону устодон  ба хисоб рафта, бахри амали гардидани ин хадафхо мо бояд аз донишу махорати худ фаровон истифода намоем.

Албатта дар замони муосир омилњои људоихоњї ва коста гардидани ѓояи вањдати миллї дар аксарияти кишварњои мусулмонии Шарќи араб, њаводис ва љангњои шањрвандии дохилї дар онњо масоили аз нигоњи нав назар намудан ба ѓояи ягонагї ва наќши дин дар ин равандро нињоят муњим гардонидаанд. Бояд гуфт, ки масъалаи номбурда барои Тољикистон низ, ки баъди соњиб шудан ба истиќлолият роњи бунёди давлати демокративу њуќуќиро пеш гирифтааст аз њар љињат муњиму ањамиятнок аст.

Бояд қайд кард, ки сарвари давлат дар он замон ба ҷони хеш нагариста ба хотири сулҳу субот ҷаҳду ҷидол намуд. Он замон чунин ҷангу ваҳшоният натанҳо дар мамлакати мо рӯй дод, балки дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя низ ба вуқӯъ омад.

Сарвари давлат ваъдаҳои хешро пайгирӣ намуда, ҷасурона ба сӯи миллати ҷангзадаи афғон руй овард, то фирориёнро ба Ватан баргардонад. Халқи тоҷик ин адолатҷӯиву ҳақиқатпарварӣ, қаҳрамонию ҷасурӣ ва башардӯстию инсонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, ба он кас унвони “Пешвои миллат” муносиб донист.

Мо бояд аз миллату аз наҷоди худ ёд карда бошем ва арвоҳи гузаштагонамонро бо некиву накӯи ба ёд биёрем, зеро барои мардуми сарбаланади тоҷик танҳо коре мезебад, ки бошарафонаву  ватандӯстна бошад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати гиромидошти халқи овозадори тоҷик ва арзишҳои милливу фарҳангӣ бояд талош варзид, фирефтаи шахсони ҷоҳилу хоин нагардид, баръакс бояд исбот намуд, ки мардуми сарбаланду соҳибватанем.

            Албатта ҳар нафаре, ки соҳибватан аст, ғами ҳиҷрону ҳасрати дурию ҷудои надорад.

Амон Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Чи тавре ки дар љаҲони муосир дида мешавад, аксари ҲаракатҲои сиёсии муосирро пур шудани сафи Ҳизб аз исломгароёни сиёсатзадаи холӣ аз донишу ахлоќ ва ибодати маънавияти исломӣ ки онро метавон «исломгароёни беислом» номид, пур кардаанд ва бинобар ин, онҲое ки кўр-кўрона аъзои Ҳизби наҲзати исломи шудаанд, аз Ҳамин гуна шахсон мебошанд. Баҳри баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбҳои экстремистиву-террористӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ бахусус дар байни ҷомеа чораҳои махсус андешида ва барои пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба роҳ монда истодааст.

Ба ҳама маълум, ки бо вуҷуди мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардану соҳиби озодиву ободи будани мамлакатамон, вазъи сиёсии кишварамон вақтхои охир як дараҷа аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ изҳорӣ нигарони намуд, ки ин ташиклоти терористӣ ба ҳар роҳу усул азҳоби ифротии худро миёниии мардум тарғибу ташфиқ намуда истодаанд.  Дар раванди тарғиботи ҳизҳои терористӣ, шабакаҳои интернетӣ воситаи аввалиндараҷаи наҳзатиҳо, махсусан таҳти раёсати наҳзатиҳо қарор дошта гаштааст.

Вақтҳои охир дар саҳифаҳои васоити ахбори омма атрофи маќолаи собиқ роҳбари ҲНИ ва дигар аъзоёни он оид ба вазъи аз нигоҳи онҳо «нигаронкунанда» баҳсу музокирот ҳангома дорад. Дар ин росто роҳбари ҲНИ Мухиддин Кабирӣ бошад, хулосаҳои мардумони равшанфикрро сахт маҳкум намудааст.

 Дар умум сарвари давлат бо ба кор даровардани ин нерӯгоҳи азим ба афсонаи панҷоҳсолаи маллати тоҷик хотима бахшида, онро ба ҳақиқат мубаддал сохт. Аммо бадбахтона, ки инро баъзе аз нобиноёну кӯрдилон намебинанд ва аниқтараш чашми дидан надоранд. Зеро ҳар як пешравии миллати мо барои ин мухолифону хиёнаткорони Ватан мотамеро мемонад, ки ботинашонро сиёҳ сохтааст. Тавре барои мо маълум аст дар зиндагии ҷомеаи мо ва ҳаёти халқамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Хушбахтона мо ба азму иродаи мустаҳкам, нияти неку хиради азалии мардуми солору сарбаланди тоҷик итминони комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки ҳамаи мо дар солҳои наздик мушкилоти мавҷударо сарвари давлат ва ҳукумати кишвар бартараф карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба як кишвари ободу пешрафта табдил медиҳем ва барои зиндагии шоистаи қадамҳои устувор хоҳем гузошт.

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем. Ин суханҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ба хотири фазои оромиро ба мардуми мамлакат муҳайё намудан чи қадар абармардони ватанпарвару худогоҳи миллат ҷонфидои намудаанд.

         Шараф бар номи онҳое, ки бадтинатонро дидан нахостанду ақидаҳои ифротгароёнаашонро бо ақидаҳои созадаи хеш барҳам дода буданд ва то кунун барҳам медиҳанд.

Амон Акбарович Раҳимов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

д

 

 

 

 

 

Тоҷикистон  давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягонае мебошад, ки имрӯзҳо байни дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва тараққикарадистода шинохта мешавад. Таи 30 сол бос инҷониб мамлакати азизамон соҳибистиқлол буда, сол аз сол ба комёбиҳои балантарин сазовор гашта истодааст, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик ба шумор меравад. Зеро расидан ба соҳибистиқлоли давлатӣ, бунёди давлати миллӣ, мустақилона муайян намудани дурнамои рушди кишвар ва озодона интихоб кардани роҳи давлатдорӣ кори бисёр душвор ва пурифтихор мебошад, ки барои мустаҳкам ва абадӣ мондани ин омилҳо саҳми фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомаӣ Раҳмон хеле бузург аст. Ин фарзанди пурифтихори миллат барои сулҳу ободӣ ва рушду нумӯи миллати куҳанбунёди худ бисёр хизматҳои шоиста намудаанд. То ки давлати азизашонро ҳамчун давлати абарқудрат дар асраи ҷаҳон  маъруф гардонанд.

      Имрӯзҳо бо сад афсӯс байни мардум гурӯҳҳое мавҷуданд, ки барои аз байн бурдани сулҳу субот ва соиҳибистиқлолияти мамлакатамон бо ҳар гуна равияҳо аз байн бурдан мехоҳанд. Ба монанди Гурӯҳи ифротгарии 24, ки мақсади онҳо барпо кардани бесару сомониҳо ва мағлуб кардани истиқлолияти дар мамлакати азизамон ба шумор меравад. Ин гурӯҳ бо ин роҳ истифода бурда  мехоҳанд, ки  ҳар гуна корҳои ношоямиро анҷом дода, маблағҳои зиёдро ба даст оранд. Онҳо бо ин мақсад  фикри бисёр ҷавононро вайрон намуда, ба роҳои худ бо ҳар гуна фиребу ваъдаҳои амалӣ нашаванда вайрон мекунанд. Бинобар он ҷавони имрӯза ба чунин суханҳои фирефтаи ин намуди гурӯҳҳо бовар накарда, ҳушёрии худ ва аҳли дӯстонро аз даст надиҳанд. Зеро ҳадафи асосии талоши ҳар халқу миллат барои озодӣ, соҳибистиқлолӣ ин таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, танҳо бо роҳи соҳибистиқлоли давлатӣ метавон арзишҳои миллиро эҳё бахшида, симои миллатро дар арсаи байналмиллалӣ сазовор муаррифӣ намуд. Дар умум метавон истиқлолиятро чун фароҳам шудани имконият барои расидан ба ормонҳои таърихии миллат маънидод намуд. Инчунин  ҳар як миллати тоҷик бояд шукрона  намояд, ки имрӯзҳо осмон софу беғубор ва сулҳу суботи беназирро комёб аст .  Ҳар  ҳар як кӯдаки миллат дар хандаю бозӣ ҳасту ҷавонон дар омӯзиши фарҳангу маданят машғуланд, ки онҳо ба ягон монеъа танқисӣ надоранд, ки ин беҳтарин дастовардҳо дар ҳаёти хар як шахс ба ҳисоб меравад.

Акбарова Н. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд         

 

 

 

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхори нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

 

Китоб рафиқи беғароз, дӯсти беҳтарин, ҳамсӯҳбати ҳамадон, ҳамрози хомушу пурбаён ва маслиҳатгару насиҳатгари китобдӯстон буда мутолиаи бевоситаи он ба ҳаёти ҳар як мутолиакунанда аҳамияти басо бузург дорад.

Чашми хиради мо боз мешавад ва дунёро рангин назора мекунем, ҳангоми хондан ва мутолиа намудани китоби шавқовару ҳикматдор.

Адабиёти классику форси тоҷик бисёр ҳам ғанӣ ва бой аст. Ҳамаи он китобҳое, ки аз давраи А. Рӯдакӣ то имрӯз ба табъ расидаанд хоҳ ба тариқи назм ва хоҳ ба тариқи наср навишта шуда бошанд пур аз мавзӯҳои панду ҳикмат, инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, мазаммати қувваи бадӣ, орзуи ҷамъияти обод, сулҳу оромӣ, дӯстӣ, ҳақпарастӣ ва ғайраҳоро дар бар мегиранд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сардафтари адабиёти форсу тоҷик мегӯяд:

Инҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бод-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз то бадон бигзарӣ.

Барои чашми хирадамонро боз намудан мо бояд ҳатман ба китоб рӯй оварем ба мутолиаи китоб машғул шавем бо ин амали худ ба кору фаъолияту зиндагии худ лаззату маззаи дигаре ворид созем.

Аниси кунҷи танҳои китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Китоб ҳамрози беминнат ва ҳамсӯҳбати ҳамадон буда мутолиаи китоб инсонро аз бехиради ба доноӣ аз торикӣ ба равшанӣ аз ноумеди ба сӯи умед мебарад.

Мутолиа намудани китоб новобаста аз чигунагии он хоҳ дарсӣ бошад хоҳ бадеӣ ё ин ки илмӣ ба хонанда аҳамияти басо калон дорад, ба рӯҳу равон тавон бахшида нутқро бурро месозад, фикрронии хонандаро мукаммал сохта, суханрониашро равон мекунад.

Пешвои муаззами миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи чанд соли охир озмунеро бо номи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз хазинаи президент ташкил намудаанд, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ озмун гузаронида мешавад ва беҳтаринҳо бо мукофотҳои пулли сарфарозонида мешаванд, сарвари давлат бо мавзӯҳои пучу бефоида, даст намезананд, албатта мавзуи китобу китобхонӣ ва аҳамияти мутолиаи китоб мавзуи басо барои ҷомеа зарурӣ ва даркорӣ мебошад, ҳамаи аҳолиро новобаста аз синну солу касбу фаолият ба китобхони даъвату водор намудан амали хайр аст, миннатдории худро ба ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем барои ташкилу баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”.

Хондани китоб, ки дар даст медорем ва варақ гардонида ба хондан идома медиҳем аз хондани китоби электронӣ, ки тавассути телефон ё компютер сурат мегирад, маззаву лаззати дигаре дорад.

Хондани китоби хуб хислати инсонро ба кулли дигар месозад, мутолиаи китоб инсонро ба фикр кардан водор месозад, фарқ гузоштан байни ҳодисаву воқеа ва хислату корнамоиҳои қаҳрамононро дар вуҷуди хонанда бедор месозад.

Мо ҷавонон, насли ояндасози миллат бояд ҳамеша ба мутолиаи китоб машғул шуда аз аҳамияти бузурги он бархурдор шавем ва дар ободиву сарсабзӣ ва пешравиву оромии кишвари хеш саҳм гузорем.

 

Сайёд Ашӯров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар зарфи солҳои охир ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо кирдорҳои ғайриинсонӣ вазъи сиёсии ҷаҳонро пуртуғёну пурталотум гардонида, зиндагии ороми мардум ва амнияти кишварро зери хатар мегузорад. Имрӯз терроризм ба бозии хавфноки хунин мубаддал гардидааст, ки мутаассифона, ба он ноболиғону ҷавонон ҷалб карда шудаанд. Аз диди муосири илмиву соҳавӣ дар масъалаи тасрифу таҳлили мафҳуми “терроризм” қоидаҳои мухталиф вуҷуд доранд ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назари худ таҳлилу тавсиф намудааст. Яқин аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, он боиси ба амал омадани натиҷаҳои нохуш, яъне таҳдид ва ё зӯроварӣ, расонидани зарари рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии мамлакатҳо, ғасби ҳокимият, бавуҷудоварии тарсу воҳима дар ҷомеа, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Дар ҳақиқат, пеш аз ҳама, ҳаракатҳои террористӣ хусусияти зӯроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист тамоми амалҳои зикргардидаро ҳамчун усули асосии ноил гаштан ба аҳдофи ғаразноки хеш қарор медиҳад.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим ба монанди, таъмини амнияти

миллӣ дучор омад. Ҳангоме ки китоби таърихро варақгардон менамоем, ба саҳифаҳое во мехӯрем, ки онҳо бо рангҳои сиёҳ сабт гардидаанд, ки пур аз ҳодисоти даҳшатангезе будаанд. Падидойи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳаводиси марбут ба ҷанги

шаҳрвандӣ дар сарзамини мо дар солҳои 1992 – 1997 мебошанд. Замоне мардуми тоҷик онро ба мушкилие паси сар кардаанд. Албатта, вазнин аст, дидани ашки модарон ва гиряҳои хурду бузургон. Ин саҳифаҳои сиёҳ дар хотири мардум чунон сабт гаштааст, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир

зудуда намешаванд.

Солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ байни, махсусан, ҷавонон яке аз муаммоҳои ҳаёти инсоният мебошад, ки оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ мерасонад. Экстремизм байни ҷавонон на танҳо ба низоми ҷамъиятӣ хавф дорад, балки ин амал бештар ҷинояти вазнинро низ ба миён меорад. Раҳгум задани насли ҷавони ҷомеа,  қурбонии амалиётҳои нопоки террористон  гаштани онҳо ҳама аз саводи сиёсии кофӣ надоштани ҷавонон дарак медиҳад. 

Имрӯзҳо барои ҷавонон ҷиҳати омӯзишу таълим ва рушди касбии онҳо кулли шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳар яки ҷавонон бояд аз ин вақти муносиб босамар истифода бурда, илму адаб омӯзанд, соҳиби касб гарданд ва ба ҷомеа на ин ки зараррасон, балки мададрасон бошанд. Дар баробари ин боз ҷавононе пайдо мешаванд, ки ба қадри заҳматҳои кашида намерасанд. Кӯр–кӯрона ба ҳар корҳои нохалаф даст зада, баъдан афсӯс мехӯранд. Лекин “пушаймонӣ надорад оқибат суд”...

 

Турсунова Ш.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ормонатонро ба гӯр бибаред, наҳзатиҳои беору номус. Чоҳкан зери чоҳ аст ва шумо дар ғурбат ба бадтарин шароит ва шаклу усул мемуред ва ҳафт пуштатон дигар Ватанро намебинад. Як бор хоинро бахшӣ аблаҳист, 2 бор бахшидан ин нишонаи ҳамоқат аст, гуфтааст ҳакиме.

Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз афту башараи ҳамин хел «ҳамватан»-и лаин, ки дар шаҳри Берлини Олмон митинг карданд, то қиёмат безорем. Мо сулҳхоҳем, онҳо харобкор ва чангҷӯ.

Мирзои Салимпур!!! ҳамон собиқ хабарнигори “Радиои Озодӣ”, ки айни замон дар Аврупо умр ба сар мебарад ва барои сиёҳ кардани Ватане, ки дар он хуни нофаш рехтааст, мақолаҳои провакатсиониро  чоп намуда, мехоҳад дар худуди ватани азизамон тоҷикистон фитна андозад.

Бо пай бурдани лаззати пули бедардимиёни хоҷагони хориҷӣ ва тавассути Кабирӣ расидани тақсимоти ин маблағҳо Мирзои Салимпур тамоман аз доираи арзишҳои рӯзноманигорӣ берун рафта, ҳатто ба моҳияти масъала дарк накарда, мехоҳад аз пашша фил нишон дода, нуфузи Кабириро бо ин иқдомаш боло барад. Яъне имрӯз Кабирӣ дирижёр асту Мирзо ҳамчун тарғибгари Кабирӣ кору фаъолият бурда истодааст.

Мо 9 млн. нафар тоҷик, ки пуштибонии боз 20 млн. нафар ҳамтабори худро дар ҳамсоякишварҳо бо худ дорем, ба шумо митингбозҳои суннатӣ ва каҷбин чунин шартҳоро барои кандани қабри хоинон пешниҳод мекунем:

1) Аз кишварҳои мизбони Аврупоӣ даъват ба амал меорем, ки сиёсати як бому ду ҳаворо канор гузошта, дар як ҳавопаймо 35 нафар наҳзатиро, ки дар назди Сафорат ба бетартибӣ даст заданд, дар наздиктарин фурсат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон депорт намоянд.

2) Созмонҳои ба ном ҳомии ҳуқуқ, истифодаи норавои истилоҳи «ҳуқуқи инсон»-ро нисбат ба ҷинояткорон истифода накунанд ва мухолифи адои ҷазои муносиби террористони ғаддор ва ифротиёни беор дар зиндонҳо набошанд.

3) Чун дар Фаронса митинг сар задаст ва шаҳри Париж ноором гаштааст, митинги нахзатиҳоро чузъи сиёсати доишсозии ҷомеаи Ғарб унвон карда, баҳои сазовори ҳуқуқӣ ба онҳо диҳанд. Решаёбии ДОИШ ва наҳзат дар воқеаҳои охир, муфассал таҳлли карда шавад.  Мувофиқ омадани ин митингҳо дар як вақт ва дар макони мушаххас ба ҳеч сурат амри тасодуф нест. Ин наҳзатиҳо дар ҳила гуманд. Модар намуна, духтар чӣ гуна (Модар-Доиш, духтар-наҳзат);

4) Террористони наҳзатӣ, ки дар зиндонҳо ба сар мебаранд, ҳамчун сутуни панчум ҳисобида шуда, ба муҳлатҳои дарозтар ва зиндонҳои шароиташон шадидтар интиқол ёбанд.

5)   Наҳзат ва роҳбари фирориаш ҳамчун омили сар задани ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3 дониста шуда, ба парвандаи ҷинояташ  дар радифи 100 ҷинояташ 101-ум  зам карда шавад. Маҳбусони ошӯбгар фармони наҳзатро бо худ доштанд ва далелҳои шаъйӣ мавҷуд аст.

6)  Дархост менамоем, ки шиканҷаву озору азиятҳои наҳзатиҳо нисбат ба миллати точик, ки дар рафти чанги шаҳрвандӣ содир шудаанд (қатли рӯзноманигорон, куштори мардуми Хатлон, сарбурии ваҳшонии 100 муаллим, 15 духтур, 2 ҳазор корманди давлатӣ  ва 150 ҳазор қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун далели ҷиноятҳои ин ҳизби террористӣ дониста шуда, ба суди байналмилалӣ муроҷиат карда шавад.

7)  Ҷиноятҳои чангии ҳизби ТТЭ наҳзат, ки дар Тавилдара, Теппаи Самарқандӣ, Қурғонтеппа, Совхози Туркманистон,  Ғарм, Дарвоз, Хоруғ  ва Ишкошим сурат гирифтааст, ҳуҷҷатгузорӣ карда шавад.

8)   Барои табдил додани сарҳади давлатӣ ба макони қочоқи инсон, силоҳ ва маводи мухаддир аз ҷониби тарафдорони наҳзат, ҳукми абадуламри гурезагӣ ба онҳо дода шавад.

9)  Барои ҷобаҷо кардани қувваҳои қаноти ҷангии ҳаракати террористии  «Ансорулло» дар шимоли Афғонистон, наҳзат ҳамчун шарики ҷиноят шинохта шавад.

Умедворем, дархости 9 мнл. шаҳвранди тоҷик беҷавоб намемонад.

  Раупов К.С. , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ҳар як шахс дар айни камолоти умр орзуи баландпарвозиро дорад. Маҳз орзую омол, талошу корбариҳо, аз худ қаноатманд набуданҳо шахсро ба мақсуди дил мерасонад.  Ҳаёти давраи ҷавонӣ ниҳоят давраи ҳассос,  ширин ва ҳалкунандаи давоми зиндагист. Маҳз дар синни ҷавонӣ инсон ояндаи дуру наздики худро муайян месозад. Ҳар як амале, ки имрӯз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард.

Аз ин лиҳоз, дар ин айём тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш мебошад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид кардаанд: «Шумо - ҷавонон - умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.

Гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосиру пешрафта ва рушди ояндаи онро ба иштироки фаъолона ва саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии наврасону ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад».

Дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои гуногуни зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, барои зиндагии осоишта шароит муҳайё гардид. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи таълим низ назари махсус зоҳир намуда, сиёсати маорифпарваронаро пеш гирифт. Сохтани садҳо иншоотҳои хурду бузург барои муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои муосир ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ гувоҳи аз ҷониби Пешвои миллат дастгирӣ ёфтан ва рушд кардани нерӯи зеҳниву фикрии ҷавонон ба шумор меравад. Натиҷаи ин ҳама дастгириҳо ва ободкориҳо буд, ки олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо ҷоизаву диплом ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гашта истодаанд.

Омӯзиш ва тарғиби осори пурғановати Пешвои миллат: “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлол”, “Забони миллат-ҳастии миллат”, роҳандозӣ гардидани аксияҳо таҳти унвонҳои “Дунёи бе терроризм”, “Замин хонаи мо”, “Роғун-Кохи нур”,  “Созандагони Ватан”, “Ободкорӣ мароми мост” ва даҳҳои дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, варзишӣ ва илмию эҷодӣ аз татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.  

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ҷавонони мамлакат дар муассисаҳои таълимии хориҷа низ таҳсил намуда, сафи онҳо сол аз сол меафзояд. Дар баробари ба таҳсил фаро гирифта шудан, донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо стипендия дастгирӣ меёбанд. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле возеҳу равшан зикр гардид.

Тавре Сарвари давлат зикр намуданд: "Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.

Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд."

Соҳаи варзиш низ имрӯз дар ҷумҳурӣ хеле рушд ёфтааст. Дар ин самт низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти наҷибе пеш гирифта, дар тамоми гӯшаву канори диёри азизамон толору майдонҳои варзишӣ ва дигар шароити мусоидро барои рушд ва оммавигардонии варзиш фароҳам оварда шудааст. Дар даврони наздик 30-соли Истиқлолияти давлатӣ шумораи иншооти варзишӣ 9 баробар зиёд гардидааст.

Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас солҳои охир шумораи онҳо ба беш аз 10 ҳазор расонида шуд.

Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар зикр доштанд: “Тайи солҳои 20112020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст”.

Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳамин буд, ки имрӯз варзишгарони тоҷик ҳунари волои худро нишон дода, парчами давлатиморо дар байни дигар давлатҳо боло бардоштаанд. Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва сазовори ҷойҳои намоён гаштани онҳо нуфузи варзиши тоҷикро боз ҳам баландтар мекунад.

Ғамхориву таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат бори дигар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. 

Зеро вазифаи аввалиндараҷаи  ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон, ки худро соҳибватан меҳисобад, бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои Ватан-модар, истиқлолият ва Ваҳдати миллиро аз мадди аввал дур насозад.

Ҳамаи андешаву кӯшиш ва амали худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзу гиромидошти дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодӣ равона сохтан омили муҳимми расидан ба ҳадафҳои созанда ва муваффақият мебошад. Дар ин росто, омӯзиш ва тарғиби осори пурарзиш, суханрониҳо, рӯзгори ибратпазир ва хизматҳои содиқонаву тақдирсози Пешвои миллат роҳи ояндаи моро боз ҳам мунаввар месозад.

Мо - ҷавонон ваъда медиҳем, ки ба қадри суботи комили кишвар мерасем ва чун пайравони асили Пешвои муаззами миллатамон ба халқ ва Тоҷикистони азиз содиқона, софдилона ва поквиҷдонона хизмат намуда, барои ояндаи неки кишварамон саҳмгузор бошем. 

Дилшод Набиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Аз таърихи таҷрибаи якчандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷикон борҳо огаҳӣ пайдо кардан мумкин аст,ки дар ҳар  пайраҳаҳои зиндагӣ милати тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ, ҳуҷуми аҷнабиён, бегонапарастон доим домангир буд. Миллати тоҷик бо хиради баланду созандадори хеш, бо фарзандони далеру қаҳрамонони шуҷои хеш ва сарвари созандаву бунёдкор тавонистаанд, худу ҳувияти миллии худро ба ҳодисаҳои ҳассосу ҷонгудоз, ба ҷангу ҷадалҳои дохилӣ, ба ҷанги бародаркуш нигоҳ накарда, эҳтиёт ва дифоъ кунанд,ки ин воқеан ногуфтанист. Чӣ қадар фарзандони фарзонаи миллати мо дар замони муосир ҳам, хоки Ватанро чун гавҳари ноёб, чизи гаронбаҳо меҳисобанд, ки дар роҳи  расидан ба истиқлолият ва озодӣ, мустақилӣ чӣ ҷоннисориҳое карда буданд. Лек имрӯз низ шахсон ва гурӯҳҳои ифратгароне ёфт мешаванд, ки дар тӯли чанд даҳҳсолаҳо низ қадру манзалати ин дастоварди бузурги таърихиро намедонанд, манфиатҳои Ватанро зери по карда, ҷони худ, оилаи худ ва инчунин миллионҳо ҳамватанони худро  баҳри манфиати дурӯзинаи худ, зери хатар мегузоранд. Дар бораи қатлу куштори афсарони бегуноҳи миллат ва ғоратгариҳои намояндагону масъулони ТТЭ ҲНИ чӣ қадар гӯем ва нависем ҳам боз кам аст. Он  бадбахтию бенизомиҳое, ки ин гурӯҳи девонасиришту ноқисулақл, гурӯҳе, ки на Модар –Ватанро медонаду на хоки меҳанро ситоиш мекунад,ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик фаромӯш нахоҳад кард. Ин гурӯҳи ифротгароӣ бо ҳадафи барбод сохтани фарҳанги ҳазорсолаи миллати мо, меҳанти баранҷкашидаи ниёгони мо, мехоҳанд теша ба решаи миллат зананд, ҳол онки худ зодагони ин Ватан ҳастанд, хуни тоҷик доранд. Хусусиятҳои асосие, ки ин гуруҳҳои ифротӣ доранд ин даҳшатафканию ваҳшатгарои дар байни мардуми сулҳхоҳу сулҳҷӯ буда, бо вуҷуди он мардуми хоксору бегуноҳҳро дар корҳои номатлуб ҷалб карда, гумроҳ менамоянд. Онҳо худро намояндагони демократия, озодхоҳ дар байни мардум муаррифӣ карда, худ ба муқобили давлату миллат баромадҳо мекунанд, барои соҳиби намудани давлату сарват фақат ба манофеи сирф гурӯҳии худ талош варзида, манфиати оммаро поймол кардаанд.

Намояндагони наҳзатӣ бо вуҷуди талаву тороҷ, бепадару бемодар, бехонаву дар ва бенавою беватан кардани шаҳрвандони сулҳхоҳ, бо сӯиистифода аз бовариҳои мазҳабии пайравони худ барои вусъат наёфтани амнияту суботи кишвар роҳу усулҳои гуногунро пеша кардаанд. Пеш аз ҳама, дар зери тири нишони онҳо озодандешону равшанфикрон, сипоҳиён ва ашхосе мебошанд, ки барои ҳифзи манфиату арзишҳои миллию меҳанӣ камари ҳиммат бастаанд, қарор доштанду доранд. Бо баробари куштори намояндагони аҳли зиё, террористони наҳзатӣ ба қатли бераҳмонаю ваҳшиёнаи афсарони мақомоти низомии мухталифи кишвар даст задаанд. Барои ин шахсони сустирода ва камақл гаронтарин муқаддасоте чун Ватан, амният, Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ ҳеҷ заррае қимате надоранд. Ҳол он, ки ин арзишҳои миллӣ барои ҳар як аъзои ҷамъият аз ҳама авлотару афзалтар бояд бошанд. Ояндаи давлату миллати азизи хешро бе наҳзатиён мебинем!

Дилафрӯзхон Саидхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

     Замони моро давраи ҷаҳонишавӣ ва иттилоотӣ мегӯянд, чунки имрӯзҳо ҳамаи давлатҳо, кишварҳо бо ҳам робитаҳои гуногун доранд. Оянда низ ин робитаҳо васеъю боз ҳам наздиктар мешаванд. Ба ҳамаи ин телефонҳои мобилӣ ва интернет сабаб шуда метавонанд. Бо ҳамаи ин вобаста дар ҳаёт истилоҳҳо (терминҳо)-и гуногун ва нав ба нав пайдо мешаванд. Ҷавонони имрӯза бояд маъноҳои ҳар яке аз ин истилоҳҳоро донанд, мазмуну моҳияти онҳоро фаҳманд. Ҳар якеро аз дигаре фарқ карда тавонанд. Мисол аз ҳаёти имрӯзаи мо ин аст, ки истилоҳҳои террор, терроризм, экстремизм, ҷанги сард, расонаи иттилоотӣ, дониши расонаӣ ва ғайраҳо бисёр истифода бурда мешаванд. Баъзеи ин терминҳо ба маънои мусбат кор фармуда шуда, баъзеи дигар ба маънои манфӣ корбурд мешаванд. Вобаста ба мазмун ва маънои худ онҳо амалҳои хуб ё бадро ба сомон мерасонанд, яъне моҳияти мусбат ё манфӣ доранд. Барои он ки мазмун ва моҳияти ин ё он истилоҳро мо дуруст фаҳмем ва дарк намоем, бояд аз асли баромади ин калимаҳо бохабар бошем. Ин кор барои мо-ҷавонони имрӯза ниҳоят зарур ва муҳим аст, зеро ки мо ҷавонони солҳои 80-90-уми асри XX нестем, чунки тафаккури мо тамоман пеш рафтаасту замона ҳам дигар гаштааст. Ба қавли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гӯем: -Кунун замона дигар гашту ман ҳам дигар гаштам... 

Вобаста ба ҳамин мавзӯъ ман дар бораи калимаҳои “терроризм” ва “экстремизм” истода мегузарам. “Терроризм” аз калимаи лотинии “террор” гирифта шуда, маънояш тарсонидан аст. Охирин ҳадди террор то ҷисмонан маҳв намудан, нобуд сохтан мебошад. “Экстремизм” низ калимаи лотинӣ буда, маънояш моил будан, тарафдор будан, ихлосмандӣ доштан ба чораҳои охирини ин ё он кор (асосан дар сиёсат) аст, яъне экстремизм низ аз ҷиҳати маъно бо террорризм як аст, фақат дараҷаи олии терроризм мебошад. Тафсири ин калимаҳо аз китоби “Краткий словарь иностранных слов” (Москва-1968, стр. 309 и 369) гирифта шудааст. Дар китоби “Русско-таджикский словарь” (Москва-1985, стр. 1098 и 1230) калимаи “террор” ҳамчун даҳшат кардан,  даҳшатандозӣ ва “экстремизм” чун моҷароҷӯӣ, моҷароҷӯ тарҷума шудааст. Акнун мо мазмуни ин калимаҳоро фаҳмидем. Ҳоло мебинем, ки аслан дар ҳаёт воқеа чӣ хел аст. Ҳоло террористон ва экстремистон ҳам амалҳои бад, манфӣ, ба зарари одамон, ба хотири ноором кардани ин ё он давлатро анҷом дода истодаанд. Натиҷаи амалҳои онҳо фақат тарсонидани одамон, воҳима барангехтан, байни одамон душманӣ ба амал овардан, ба амал овардани ҳисси нобоварӣ ба сиёсати давлат ва ҳукумат аст. Бо ин амалҳои худ онҳо боварии одамонро нисбат ба роҳбарон кам кардан мехоҳанд.

Оид ба ин мавзӯъ мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Қариб ҳар рӯз мо аз воситаҳои ахбори омма мешунавем ё мехонем, ки террористону экстремистон дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон амали бад содир кардаанд. Дар натиҷа шахсони бегуноҳ ҳалок мешаванд, одамони зиёде маъюбу маслуқ мегарданд. Мисол: Дар чанд шаҳрҳои Амрико террористон мошинаро ба сӯи одамон дар истгоҳи серодам равона карданд. Чанд маротиба дар метро, ки нақлиёти зеризаминӣ ва ниҳоят серодам аст, таркиш ба амал оварданд. Якчанд сол пеш ин қабил одамон дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистони худамон 3-4 сайёҳи хориҷиро қатл намуданд. Мақсади онҳо якто буд: сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон наоянд ё обрӯи Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон паст гардад. Боз як мисол: ҳоло як моҳ нашудааст, ки як гурӯҳ одамон дар шаҳри Хоруғ (маркази ВМКБ) издиҳоми одамонро ҷамъ оварда, ҳатто ҷасади 2-3 нафарро ба намоиш гузоштанд. Мақсади онҳо ба амал овардани норозигии мардум буд. Албатта, ин гуна бетартибиҳо дар кишвари мо тез бартараф карда мешаванд, зеро ақли солим,  хиради воло, ақидаи нек ҳама вақт ғолиб меояд. Мо кайҳо хусусиятҳои террористию экстремистӣ доштани аъзоёни “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ал-қоида”, “Ҳизби назҳати ислом”, “Гурӯҳи 24”, “Паймони миллии тоҷикон” ва дигарҳоро фаҳмидаем. Барои ин ақли солим, дониши ҳаматарафа, иродаи матину устувор доштан лозим аст.     Мо-ҷавонон бояд ҳама вақт аз рӯи гуфтаи китоби “Авесто”  амал намоем: “Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек”. 70 фоизи аҳолии Тоҷикистони мо ҷавононанд. Ба мо Ватан, падару модар, бобою модаркалонҳо, Президенти кишвар боварии калон доранд. Бояд ба боварии онҳо сазовор бошем ва аз рӯи ақлу хиради солим амал намуда, ободгари Тоҷикистони азизамон гардем.

 

Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати  соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ , ягона ва иҷтимоӣ мебошад, ки барои ҳар як шаҳрванди худ шароити зиндагии мусоиду арзандаро фароҳам овардааст.  Вале имрӯз сад афсӯс дар ҷомеаи мо ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳо ва равияҳое мавҷуданд, ки мехоҳанд ба осонӣ бо зикри камбудию мушкилоти хаётӣ аҳли ҷомеаро гумроҳ месозанд.

Мақсади асосии ин намуди табақаи  ифротгарӣ ин дигаргун сохтани сохтори конституссионӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, тачовуз кардан ба номус ва ғайраҳо ба шумор меравад. 

Бояд аз хотир набуровард, ки дар солҳои  90-ум давлати милии тоҷикон  хавфи пош хӯрданро дошт. Дар ин давра гурӯҳҳони назҳатӣ  ба мардумфиребӣ,  иғвогарӣ  ва қатлу ғорати аҳолии осоишта даст заданд.  Бо мақсади гумроҳ ва ҷалб намудани аҳолии кишвар онҳо аввалин суханҳои ифротии худро оид ба арзишҳои диннӣ мегуфтанд, аммо баъди нуфуз пайдо кардан байни мардум, саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ мавқеашонро куллан дигаргун карда, ба сиёсат дахлпазирӣ намуданд ва симои ифротии худро назди ҷомеаи шаҳрвандӣ пурра ошкор намуданд.  Баҳри  расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ҳамарӯза дар масчидҳо ба ҷойи намозхонӣ аз сиёсат, ғасби хокимият ҳарф зада, мардумро ба муқобили Ҳукумат даъват мекарданд, ки натиҷа дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки дар он садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расиданд, миллионҳо нафар сокинон ба дигар давлат ҳамчун гуреза бирафтанд, бисёре аз одамон бе хонаю манзили бимонданд, ки ҳамаи ин сахтиҳо аз ин суханҳои фирефта мебошанд.

Дар натиҷа сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакат заиф гардид. Бисёр одамони донишманду хирадманд ва бегуноҳ ҳалок гардиданд. Ҷойҳои таърихию бостонӣ ва манзилхои сокинон ба харобизораҳо табдил ёфт, ки он бевосита ба ҷомеъа таъсири манфии худро расонд.  Саркардагон  ва аъзои ташкилоти  террористии наҳзати исломӣ, ки солҳои зиёд дар қалби нопокашон орзуи ғасби давлат ва қудрати сиёсии кишварро мепарвариданд, акнун гӯё ба мақсадашон расиданд ва нияти барпо кардани “ Давлати исломӣ” –ро дар Тоҷикистон доштанд. Хушбахтона  ин ҳокимиятдории ин мансабпарастони наҳзатӣ дер давом накард. Ва аз ҷониби фарзандони бо нангу номуси тоҷик сари вақт сарукӯб гардиданд.

  Ах ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди мамлакти мо бояд ба чунин сухан ва ваъдаҳои фирефтаи ин гуна ҷомеаи ифротӣ аҳамият надиҳанд. Зеро мақсад ва мароми ин суханҳои ифротӣ маънии дунявӣ надорад. То ки  барои ободӣ , сулу субот ва пешрафти мамлакати худ сахми худро равона  намоем.

  Инчунин мо бояд аз қаҳрамонии фидоии халқамон, ба монанди Спитамен, Темурмалик ва Восеъ дарси ибрат гирем, ки ҳеҷ гоҳ сари худро пеши аҷнабиён хам нанамуда, то охирин нафас баҳри ҳимояи зодгоҳи хеш талош намуданд.  Бинобар ин таъмини фазои орому осуди Ватан ва амнияти ҷомеа ба яке аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрванд ва сокинони ӯ маҳсуб мебошад.

Акбарова Н. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд               

 

   Ҳамкории самарабахши аҳолӣ бо мақомоти давлатӣ яке аз шартхои таъмини амнияти ҷамъиятӣ мебошад. Афзоиши терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари зуҳуроти фаъолияти он дар тамоми ҷаҳон давом дорад.

Терроризм ҳадафи ноором кардани субот, дигаргуниҳои хушунатомезӣ, тарсонданн аҳолӣ, муомилоти яроқу аслиҳа, ба вучуд овардани шабакаҳои байналхалқии ҷиноятӣ ва ғайра амалҳои номатлубро  пайгирӣ мекунад. Аз ин бармеояд, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне аҳолӣ умуман манфиатдор аст.

Терроризм як масъалаи бисёрҷанба буда, ҳамкории ҷомеа ва давлат яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм мебошад.  Дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории байни ҳукумат ва ҷомеа ба терроризм самаранок мубориза бурдан мумкин аст. Дар ҳоли ҳозир, бидуни ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бе такмили воситаи ахбори омма ва бе иштироки ташкилотҳои чамъиятӣ  бо терроризму ифротгароӣ муборизаи муассир бурдан ғайриимкон аст.

Пеш аз ҳама ба ифротгароии иттилоотӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, таваҷҷуҳи махсус бояд дод. Чи хеле ки маълум аст, дар фазои шабака ҳукумат ҳама гуна маълумотро назорат  карда наметавонад, бинобар ин, ин муҳит аз ҳама бештар барои паҳншавии ифротгароӣ мусоид мекунад.

Агар ифротгароӣ дар ҷузъи идеологӣ ба муқобила дучор нашавад, пас дар минбаъд онро гурӯҳҳои муайяне истифода бурда, ба мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё дигар мақсадҳои ҷинояткоронаи худ мерасанд.

Мақомот ва ҷомеа бояд барои мубориза бо терроризми иттилоотӣ ва ифротгароӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, зеро дар муҳити интернет назорати давлатӣ вуҷуд надорад.

Масъалаҳои паҳншавии ифротгароӣ ҳам дар ҷаҳон ва ҳам дар ҶТ яке аз омилҳои асосие мебошад, ки ба якпорчагии давлат тахдид карда, боиси афзоиши ноустувории чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷа мегардад. Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, тафтиши ҷиноятҳои характери террористӣ дошта, пурзур намудани мубодилаи таъҷилии ахбороти байни органҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ дар бораи шахсон, алоқаҳо ва гуруҳҳои террористонро пурзӯр кардан лозим аст.

Ҳамин тавр, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ ва маданияти шаҳрвандӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди масъул мебошад, ки метавонад фикру мулоҳиза ва хулоса барорад.

Қосимова М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд