Дар паёми имсолаи Президенти мамлакатамон чунин хотиррасон карданд: “Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини солҳои 1992 – 1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд”.

Дар ҳақиқат дар ин солҳо масъалаи таъмини озуқаворӣ масъалаи ҳалталаб ва ошӯб бунёдкунанда ба маризи масъалаи муҳимӣ фавран ҳалли худро ёбанда, ба миён омада буд. Қишри начандон нотаъмин аз ҷиҳатӣ иқтисодии аҳолӣ бисёр мушкилиҳо мекашиданд. Инро ба эътибор гирифта, роҳбарияти давлати ҷавон ислоҳотӣ начандон калон гузаронида, як миқдор таъмин бо озуқавориро гузаронида ба он мувваффақ гардид, ки таъмини иқтисодӣ мардумро як миқдор беҳтар кунад.

Илова бар ин дар зарфи 20 соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 оила барои манзили истиқоматӣ, ҷудо карда дода шуд. Ин ва дигар чораҳои андешидашуда ба он овард, ки таъмини иқтисодии мардум хуб шуд. Ҳамаи ин аз заковати давлатдории Пешвоямон шаҳодат медиҳад. Ҳамаи ислоҳотҳои аз тарафи Пешвоямон гузаронидашуда айнивақтӣ ва муфид буда, ҳалли муаммоҳоро барои сабук кардан нақши ҳалкунанда гузоштааст. Ислоҳотҳо ба он овард, ки дар даврони истиқлолият 54 ҳазор гектар замин обёри гашта, дар 200 ҳазор гектар заминӣ обӣ кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки таъмини иқтисодии мардумро беҳтар гардонид. Ҳамаи ин чораҳои андешидашуда, маданияти истифодабарии заминро аз тарафи деҳқонон ба маротиб беҳтар гардонид. Дар натиҷаи истифодабарии ин дигаргунсозиҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард дар соли 2021 расонида шуд. Афзоиши аҳолӣ моро водор мекунад, ки дар ин самт ислоҳотҳоро пайдарҳам гузаронида шуда маҳсулотҳои ғизоиро ва афзоиши аҳолӣ дар як радиф барем. Ин самт ҷиҳатҳои мусбии худро дорад ва онро бо истифодабарии технологияҳои нав бартарф намоем. Камии миқдори заминҳои кишт дар мамлакати мо-моро водор месозад, ки пайваста аз технологияҳои нав ва навтарин истифода барем. Бинобар он роҳбарияти давлатамон ба ин самти кор диққати махсус медиҳанд.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Маълум аст, ки ҳоло дар ҷаҳон вазъияти ахлоқӣ ва риояи амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи онхо аз ҳамлаҳои информатсионии ифроти хеле мушкил гардидааст . Ҳалли масъалаи дур доштани дастрасии мардум ба сомонахон ифротиро хатто давлатхои абарқудрати ҷаҳон наметавонанд барои сокинонашон кафолати ҳаматарафа диҳанд.  Интернети муосир хеле рушд кардааст ва имкониятҳои зиёде барои боз намудани саҳифаҳои гуногунро додааст. Аз ин гуруҳҳои гуногуни ифротӣ ба манфиати худ истифода менамоянд ва кӯшиш мекунанд, ки барномаҳои ифротии худро тариқи интернет ба ҷомеа эълон созанд ва ин як навъ шакли нави корбарин ин гуруҳҳост. Онҳо бо иваз кардани ном мақсадҳои нопоки худро пардапуш менамоянд. Масалан собиқ наҳзатиён ҳоло бо номи "Паймони миллӣ" баромад мекунанд.

Мо сокинони кишвар бояд ҳушёрии сиёсиро нигох дорем. Ба сомонахои ифротин akhbor.com, nahzat.ru., ksadat.com., payom.net. isloh.org, guruhi24.net, ozodandeshon.org надароем. Онҳо нахуст бо рақамҳои гуногун ба боварии мардум даромада, сипас ба нашри матлабҳои иғвобарангезу фитнаангез даст мезананд, ки аз ҷониби тарафдорони фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғшудаашон мавриди истиқболи хуш қарор мегиранд . Ҷавонони ноогох бехабар аз воқсияти ҳол ба ин сомонаҳо даромада, дар ниҳоят ба як мушкилии бузург , яъне фанатизм вомехӯранд, ки асло аз он халос шудан имкон надоранд

Холо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ - экстремистии Хизби наҳзати ислом ва Паймони миллӣ дар хорич аз кишвар қарор гирифта, бар зидди миллати тоҷик мубориза мебаранд ва талош менамоянд, ки бо гуногун мафкураи чавононро вайрон намоянд ва онҳоро ба роҳгумӣ баранд, ки ин хиёнати бузурги хоинони бадкеш бар миллат аст.

Ҳамаи хиёнатҳо ва матлабҳои бардурӯғи сомонаҳои ифротии ин ташкилотҳои террористӣ - экстремистиро ба инобат гирифта, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту аудиосабтхо , видеонаворҳо . рузномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки ин ҳам барои наҷоти шаҳрвандон азӯояҳои ифротӣ-террористӣ мебошад.

 Мо сокинони аз он хушнудем, ки даҳони чунин нохалафон акнун расман баста шуд. Масалан, дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии”  www.akhbor.com вa nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Ислом» , « Паймони миллии Тоҷикистон” ва дигар ташкилоти экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд , аз 19 марти соли 2020 баста шуда , воридоту паҳни аудиосабтҳо , видеонаворҳо , рузномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст

Аз дигар тараф , кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯсти Узбекистон сомонаҳоеро , ки маводи дорои хусусиятҳои ифротгароӣ нашр мекунанд , ба расман бастан карор намудааст. Ин нуқта дар конуни " Мубориза бо ифротгароӣ " -и Ўзбекистон пешбниӣ шудааст , ки ахиран аз тарафи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев имзо шуд.

Дар сомонаи ифроти isloh.net Мухаммадикбол Садриддин оид ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э Раҳмон суханони пур аз фитнаву дурӯғ, кинаву адоват, сафсаттагуиҳои зидди давлату ҳукумати кишварамонро нашр намудааст. Хоҷагони хориҷии Мухаммадиқболи Садриддин ҳамон хоҷагони наҳзатиён аст ва  супориши онҳо ба паҳн кардани хабарҳои бардуруғ машғул аст. Магар ӯ намедонад, ки дар сотхои 90 - ум бо дасти наҳзатиёни хунхор зиёда аз 150 ҳазор шахрвандони бегуноҳи кишварамон ба қатл расонида шуда буданд. Ин шахси разил мехохад, ки ба сари халқи мо боз ҳамон бадбахтиро орад. Аз ин сабаб ба бӯҳтонҳои ў бовар накунед. Вай барои пулу моли ҳаром ватанаш ва наздиконашро мефурӯшад.

 

Қудусова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд    

 

 

         Барои бомуваффақият ташкил кардани кор оид ба  муқобилият нишондиҳӣ ба ҷалби ҷавонон ба ташкилоту гурӯҳҳои ифротгарона, сабабҳо ва шароитҳо, ки боиси ташаккули рӯҳияи хашмгинии ҷавонон мегардад, донистан лозим аст.

Чунин омилҳои иҷтимоӣ-психологиро метавон муайян кард:

  • муносибатҳо, ақидаҳои нодурусти волидайн;
  • фикру ақидаи гурӯҳи мушовирӣ (аз ҷумла гурӯҳи ҳамсолон);
  • таъсири шахсони бонуфуз ба гурӯҳи мушовирӣ ва ғ.
  • стресс дар натиҷаи навсозии иҷтимоӣ ва равандҳои ҳамгироӣ/парокандашавӣ дар ҷомеа.

Ин омилҳои зикршуда дар баробари омилҳои шахсӣ амал мекунанд, ки дар байни онхо чунин омилҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

  • тасаввурот, муносибатҳои наврасон;
  • хусусиятҳои психологии фардӣ (афзоиши хоҳишҳо, хашмгинӣ, паст будани ҳассосият ва ҳисси ҳамдардӣ, хусусиятҳои фардии ангехт пазирӣ ва гузаронидани равандҳои психологӣ);
  • хусусиятҳои эмотсионалӣ (ҳолати шиддатнокии равонӣ).

Вазифаҳои асосии пешгирии ифротгароӣ инҳоянд:

  • Дар хонанда тарбия намудани муносибати эҳтиромнамоӣ, риоя ва ҳифзнамоии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, риояи қонунҳо;
  • Ташаккули меъёрҳои рафтори иҷтимоӣ, ки хоси ҷомеа мебошад;
  • Баланд бардоштани нақши оила дар ташаккули меъёрҳои таҳаммулпазирӣ ва паст кардани шиддатнокии иҷтимоӣ дар ҷамъият;
  • Мубориза бо ифротгароӣ тавассути ташкилоти ҷамъиятӣ, худидоракунии донишҷӯён;
  • Дар муҳити мактаб ҷорӣ намудани амалияи меъёрҳои рафтори таҳаммулпазирӣ;
  • Тарбияи шаҳрвандони риоякунандаи қонун, ки ба ногузирии ҷазо барои содир намудани фаъолияти экстремистӣ боварӣ доранд;
  • Омӯзиши малакаҳои рафтори бехатари хонандагон ҳангоми таҳдиди амали террористӣ.

Дар вакти ташкили кори пешгирикунанда хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва синну соли наврасону чавононро ба назар гирифтан зарур аст.

Аз нигоҳи ворид шудан ба майдони фаъолияти ифротгароӣ хатарноктарин синну сол аз 14 то 22-сола аст. Дар ин вақт, ду омили асосии равонӣ ва иҷтимоӣ якҷоя мешаванд. Аз ҷиҳати равонӣ ба синни наврасӣ ва ҷавонӣ ташаккули худшиносӣ, баланд шудани ҳисси адолат, ҷустуҷӯи маънӣ ва арзиши зиндагӣ хос аст. Маҳз дар ҳамин вақт наврас бо хоҳиши пайдо кардани гурӯҳи худ, ҷустуҷӯи шахсияти худ, ки аз рӯи намунаи ибтидоии «мо» - «онҳо» ташаккул ёфтааст, дар ташвиш аст. Инчунин наврасон ва ҷавонон дар ин давра рӯҳияи ноустувор доранд, ки ба насиҳатҳои дуруғангез ва фиреб ба осонӣ гирифтор мешаванд.

Аз нигоҳи иҷтимоӣ бештари ҷавонони аз 14 то 22 сола худро дар ҳолати маргиналӣ қарор медиҳанд, ки рафтори онҳоро қариб ягон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ (оила, молу мулк, кори доимии ояндадор ва ғайра) муайян намекунад.

Аз ин лиҳоз, бояд тадбирҳои асосии коҳиш додани зуҳуроти ифротгароӣ дар байни ҷавонон равона карда шаванд ба:

- беҳтаркунии муҳити иҷтимоӣ (умуман), ки ҷавонон дар он ҳастанд, фароҳам овардани фазои ҳамкории созанда дар он, ҳавасманд кардани эҳсосоти мусбӣ дар байни ҷавонон аз иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз таҳлили дурнамои дастрас, инчунин аз таҷрибаи воқеии ҳалли мушкилоти насли наврас;

- эҷоди механизмҳои самараноки таъсиррасонӣ ба раванди иҷтимоигардонии шахсияти ҷавон, аз ҷумла дар фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеаи наздиктарин ва умуман ҷомеа. Натиҷаи чунин кор бояд ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, масъулиятшинос, муваффақ, ки ба арзишҳои шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ нигаронида шудааст;

- таҳияи системаи корҳои равонӣ-ислоҳотӣ, ки ба пешгирии таҷовузҳои ғайримеъёрӣ, ташаккул додани малакаҳои муоширати иҷтимоӣ, худтанзимкунӣ, ташаккули малакаҳои рафтори таҳаммулпазирӣ, баромадан аз динҳо, ташкилотҳо, зерфарҳангҳои харобиовар нигаронида шудааст.

Қосимова М.Ҳ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Чуноне ки огаҳӣ доред, мову шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон 26-уми январи соли 2021 тавассути воситаҳои ахбори умум Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, шунидаю тамошо намуда, аз дастоварду пешравиҳои ватани азизамон воқиф ва бо ҳисси ифтихору сарбаландӣ бо дурнамои рушди кишварамон шинос шудем.

Чун ҳамеша таҳлили саҳеҳу ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, шароити мураккаби сиёсию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, дарки амиқи самтҳои имконпазири рушди устувори ҷумҳуриамон боз як мисоли такмилу инкишофи сиёсати созандаю сафарбаркунанда ва талошҳои арзандаи Пешвои муаззами миллатамон дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва боло бардоштани мақоми байналмилалии ҷумҳуриамон мебошад.

Пӯшида нест, ки соли сипаришуда омилҳои ба ҳамагон маълум ба иқтисодиёти кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонид, Новобаста ба ин дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Муҳтавои  Паёми навбатии Президенти мамлакат тамоми масъалаҳо, аз ҷумла  саноатикунонии босуръати мамлакатро дар бар мегирад. Чун ҳарвақта Ҷаноби Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ёдовар мешавем, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, боз ҳам тақвият бахшидан ба дастгирии давлатии соҳибкорони ватанӣ, ки фаъолияти босамари онҳо сарчашмаи рушду шукуфоии давлату меҳан маҳсуб меёбад,  соли 2018 бо  пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар дар мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар - ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.

Ҳадафи меҳварии ин иқдоми муҳим аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу  аграрӣ табдил додан аст. Саноатикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорост. Дар навбати аввал он боиси фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ гардида,  мушкилоти бекориро коҳиш медиҳад. Инчунин,   ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро аз байн мебарад, барои баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Гузашта аз ин, пояи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар шуда, бо ин роҳ сафи мутахассисони баландпояи соҳаи саноат меафзояд.  Саноатикунонии босуръати мамлакат, яъне бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори соҳа барои боз ҳам баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон шароити воқеӣ фароҳам меорад. Дар суръати таъмини саноатикунонии босуръат ҳиссаи аҳолии дар соҳаи саноат машғулбуда афзоиш ёфта, шуғли пурмаҳсули аҳолӣ таъмин мегардад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда метавонанд ба дигар соҳаҳо ва умуман, ба иқтисодиёт таъсири назарраси афзоишёбанда расонад.

Дар партави тамоюли рушди ҷаҳони муосир, дар шароити глобалишавии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа, дар вазъияти талоши кишварҳои пешрафта барои ривоҷи бозори молу маҳсулот, бе назардошти манфиати кишварҳои истеъмолкунанда кӯшишҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ дар самти аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишвари саноатию аграрӣ табдил додани ҷумҳуриамон иқдоми олии мантиқӣ ва ҷасурона мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари саноатӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин шарҳ додаанд: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандию ҳодисаҳои нанговари солҳои аввали истиқлолият низоми иқтисодиёти Тоҷикистон ва соҳаи саноат аз фаъолият бозмонд. Аммо тадриҷан ва бо талошу заҳматҳои Роҳбари хирадманди кишвар Тоҷикистон ба ҳаёти осоишта баргашта, иқтисодиёт ба маҷрои рушд равона гардид. Ҳоло мо раванди саноатикунонии кишварро бо қадамҳои мантиқии рушди иқтисодӣ ва зина ба зина омодашавӣ ба тақвият додани соҳаи саноат мушоҳида карда метавонем.

Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ таъсис карда шуд. Дар маҷмӯъ, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

Самтҳои афзалиятноки соҳаи саноат дар “Старатегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоӣ барои солҳои 2016–2020, “Барномаи давлатии рушди содирот ва воридотивазкунӣ барои солҳои 2016–2020,” Стартегияи рушди саноат барои давраи то соли 2030 муайян ва ҷиҳати ноил гардидан ба онҳо тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.

Тибқи “Стартегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва занҷири арзиши иловашудаи соҳаҳои саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ташкили низоми самараноки омода намудани мутахассисони дорои қобилияти баланд, азхудкунии технологияҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, бунёди асосҳои ниходӣ барои рушди устувор ва пешгирикунандаи соҳаҳои саноат, ташкили кластерҳои инноватсионӣ ва пурмаҳсул, мусоидат ба рушди содирот ва низоми миллии воридотивазкунии интихобӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ (коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он), сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ ҳамчун афзалиятҳои асосӣ дар самти рушди соҳаи саноат интихоб гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати рушди соҳаи саноати кишвар пайваста аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида истодааст. Бо мақсади таъмини ҳадафи эълонгардида бо дастгирии Пешвои Миллат дар кишварамон “300 рузи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” эълон гардида, мавриди амал қарор дорад. Таҷҳизоту теххнологияҳои  воридшаванда барои соҳаҳои саноат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои гуногун иқтисодиёт, аз ҷумла, содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон, махсусан, сохибкорони истеҳсолӣ такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.

Ҳар сол дар кишвар сохта ба истифода додани корхонаҳои гуногуни хурду бузурги молистеҳсолкунанда ва таъмин гардидани сокинон бо ҷои кори доимӣ далели рӯ ба рушд будани соҳаи саноати кишвар ва дастгириву ғамхории беназири Пешвои миллат  мебошад.

Гуфтан мумкин аст, ки иқдоми саноатикунонии мамлакат, ки бо ташаббуси Пешвои миллат пеш гирифта шудааст, ба таври назаррас дар амал татбиқ мешавад.

Тавре, ки дар боло қайд намудем имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои хурду азими саноатӣ бунёд гардида истодаанд. Аз ин рӯ, ба хотири дар оянда пеш бурдани фаъолияти ин корхонаҳо ва беш аз пеш вусъат бахшидан ба соҳаи саноат ба мутахассисони донишманду соҳибкасби муҳандисию техникӣ эҳтиёҷ дорад. Вобаста ба ин ҳар яки мову шумо, омӯзгоронро, ки дар омода кардани муҳандисону мутахассисони соҳаи техникӣ нақши муҳим дорем,  зарур аст, ки вазифаи худро софдилона иҷро намуда, мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва рақобатпазирро омода намоем.

Дар ниҳоят, чӣ тавре ки дар баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат доимо қайд мекунанд, бо дилу нияти ояндабинонаи нек, нангу ори миллии ба тоҷикон хос ва нерӯи созанда бояд мо баҳри амалисозии ин ҳадаф кӯшиш намоем. Ҳар як мамлакат барои пешрафти худ ва манфиатҳои миллии худ сиёсаташро пеш мебарад. Моро танҳо зарур аст, ки дар атрофи роҳбари худододамон муттаҳид шавем, Тоҷикистони саноатиро бисозем.

Турсунова Шоирахон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

       Дар Пайёми имсолаи  худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои онҳо ба кулли мардуми ҷумҳури соли 2022 – 2026 –ро “Солҳои рушди саноат” пешниҳод намуданд.

       Саноатикунонии мамлакат  яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти давлат, афзоиши даромади буҷа, бо молу маҳсулоти  истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани аҳолии мамлакат ва фароҳам овардани даҳҳо, садҳо ҳазор ҷои кории нав барои сокинони кишвар  ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми неки пешвои муаззами миллат ба пешрафти давлати соҳибистқлоламон ва барои беҳтар намудани шароити зиндагонии халқамон ва дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоштани обурӯю этебори Ҷумҳурии азизамон мусоидат менамояд.

 Барои амалӣ гаштани мақсадҳои пешниҳод намудаи Пешвои муаззами миллат аз мутахасисони соҳа аз худ намудани технологияи муосирро тақозо менамояд

Тоҷикистони мо мамлакати офтобрӯя буда, барои истеҳсоли навҳои навтарини маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи биотехнологияи муосир, миқдоран ва сифатан баланд бардоштан шароити беҳтаринро доро мебошад..

    Аз кормандон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрока  барои иҷрои ин ҳадафи муҳимтарин ва бузурги давлат тақозо менамояд, ки ҳосилноки ва истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзиро ба монанди ғалладонагиҳо, меваю сабзавотҳо, полезиҳо ва маҳсулоти чорво- гӯшт ва ширро бо истифодаи технологияҳои навтарин, миқдоран ва сифатан баланд бардошта, саноатро бо ашёи хоми хушсифат таъмин намоянд.

      Саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегияи мамлакат буда, бо ин роҳ миқдори корхонаҳои саноатиро зиёд намуда  миқдор, сифат ва хусусиятҳои  ғизонокӣ  барои инсон фоидабахш ва нисбатан ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулотҳои арзонро истеҳсол намуда, иқтидори давлат ва некӯаҳволии аҳолии кишварамонро боз ҳам беҳтар намоянд. Кормандон ва мутахассисони соҳаи технологҳои  истеҳсол  ва нигоҳдошти маҳсулоти ғизоӣ бояд  технологияҳои муосири истеҳсол, коркард ва нигоҳдошти  маҳсулоти ғизоиро аз худ намуда, ба роҳмонда маҳсулотҳои  навтарини аз ҷиҳати экологи тоза, хушсифат, аз ҷиҳати функсионалии барои инсон фойдабахшро   истеҳсолнамуда,  муҳлати нигоҳдошти онҳоро  дароз намоянд бо ин пешрафти ҷомеъаро таъмин намоянд.

               Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар замони муосир бисёри ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дохил мешаванд ва сабаби асосии он ин  сабаби шабакаи интернет ва доштани малакаю дониши пасти сиёсӣ мебошад.Барои пешгири кардани ҷавонон аз ин ҳодисаи номатлуб онҳоро бояд ба руҳияи худогоҳиву худшиносӣ,пешгирии хурофотпарастӣ ,таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа тарбия гардонидан лозим аст.

Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид менамоянд , ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиклол, дунявӣ, демократӣ ва ягона аст. Соҳибистиклолиятро Тоҷикистон  бо азобу машаққати зиёде ба даст оварда буд. Ҳоло бошад дар давлат оромию осудагӣ вуҷуд дорад. Бояд ҷавонони имруза ба қадру қимати сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ расанд.

Имруз барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти  нангин мубориза бурда ва фарзандони худро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоянд. Ба қадри Модар – Ватан бирасанд ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз намоянд. Боз як сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин дар вақти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Сабаб дар он аст, ки вақте ки ҷавонписарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, онҳо аз сабаби пулу мол ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо дохил мешаванд. Таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар зери назорати волидайн бояд бошад. Барои ҳамин бояд ки падару модарон аз шароити фарзандонашон дар хориҷа чӣ гуна будаашро бохабар бошанд, то ки онро пешгирӣ карда тавонанд. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо зиёд хоҳад шуд.

Боз як сабаби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои номатлуб ин ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ аз меъёрҳои анъанавии дини ислом дуруст истифода намоянд, моҳияти исломро ки ҷонибдори инсондӯстӣ ва сулҳдӯстист ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд.

Ҳамин тариқ,новобаста аз он, ки дар қонунгузори ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти дохил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатхои номатлуб пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳрум гардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд.

Имруз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба Ваҳдати миллӣ, Истиклолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

                           Саидхоҷаева Д.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд. Дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ нафаре аз дасти террористҳои байналмиллалӣ, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам худро осуда ҳис карда наметавонанд. Бештар ба найрангу фиреби наҳзатиҳо ҷавонон афтода, аз ин гуна домҳои макру фиреб раҳоӣ ёфта наметавонанд. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои нопоки худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгарои динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Ташкилотҳои террористии ҷаҳон айни ҳол аз намояндагони халқу  миллтҳои гуногун таъсис дода шудаасту гӯё баҳри таъсиси давлати ягонаи мусулмонӣ мубориза бурда истодаанд. Аммо бояд қайд кунем, ки амалҳои  террористие, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар ҳудуди давлатҳои мусулмонӣ мавриди амал қарор медиҳанд, боиси марги мардуми бегуноҳи ин сарзаминҳо мегардад. Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз ҳисоби манфиатҷӯуён ва манифиатдорон силоҳнок шуда, барои давлатҳои хурд – хурди мусулмоние, ки дар арафаи рушд ва тараққиёт мебошанд, хатарҳои зиёдеро оварданианд.

Хатари асосие, ки терроризми байналмиллалӣ ба бор овардааст тақозо менамояд, ки одамон аз андешаи кӯтоҳ ва назорати ғалат дар  бораи мафҳуми терроризм халос гардида, пеш аз ҳама бояд аз рӯи принсипи худӣ – бегона даст кашанд.

Бештар ба найрангу фиреби наҳзатиҳо ҷавонон афтода, аз ин гуна домҳои макру фиреб раҳоӣ ёфта наметавонанд. Ҷавонон ҳамчун фаъолтарин аъзои ҷомеа бештар аз воқеаҳои гуногун огоҳӣ дошта, кӯшиш менамоянд то ҷое таъсисрасони он бошанд. Чунин кӯшишҳо гоҳо ҷавононро ба роҳи хато, ба сарҳади гумроҳӣ низ мебаранд, ки ин ҳолатро мо дар мисоли воқеаҳои нангини солҳои 90 – ум мушоҳида намудем.

Ҷавонони дорои хулқу атвори нек ва писандида низ дар кишварамон зиёданд, вале миёни онҳо роҳгумзадагон ва ба доми макру фиреб афтода ҳам ҳастанд.

Хатарҳои террористӣ ва экстремизм то имрӯз ҳам паст нашудааст. Пеш аз ҳама, бояд калонсолон дар чунин ҳолат бетараф набошанд. Онҳо назорати ҳамешагии худро ба рафтору кирдори ҷавонон вазифаи ҷонии худ ҳисобанд. На танҳо падару модар, балки тамоми аъзои ҷомеа, ки нисбат ба ватану миллати худ арҷ мегузоранд, бояд ба ин масаула бетаваҷҷуҳ набошанд.

                               Мунзифа Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Вазъи  дар Қазоқистон рӯйдода  аз он дарак медиҳад, ки дар тамоми манотиқи кишварҳои пасошӯравӣ душманон камин гирифтаанд ва аз паи ноором сохтани  ин минтақаҳо мебошанд. Ҳангоми сар задани нооромиҳо дар кишвари ба Тоҷикстони  стратегӣ ва дӯсту бародар, ки аксарияти маводи ғизоӣ аз ин мамлакат оварда мешавад,  эҳсос карда шуд, ки мо бояд бетараф набошем ва барои ором сохтан андешаҳои худро оид ба ин ҳодисаҳои номатлуб баён намоем, то ҷомеаи ҷаҳонӣ бидонад, ки шаҳрвандони манотиқи кишварҳои ҳамсоя аз вазъи ба вуҷуд омада худро ноором эҳсос мекунанд ва барои ҳарчи зудтар ба анҷом расидани он кумаки ҳамаҷонибаи худро дареғ намедоранд. Чуноне, ки Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор ,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 Гурӯҳҳои ифротие ҳастанд, ки барои ноором сохтани кишвари мо низ чашм ало кардаанд ва мехоҳанд, ки ҳамон саҳнаҳои дар кишвари ҳамсоя ба вуҷуд омада дар мамлакати мо низ ба вуҷуд оянд. Ин гурӯҳҳои муғриз ва ифротӣ ба монанди Паймони миллӣ дар аврупо бо роҳбарону зердастони худ  Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин мисли шағоли даштӣ  баромад намуда мехоҳанд, ки бо дасисаҳои бардурӯғи худ мардуми тоҷик ба бесариҳо даст зада вазъи ороми кишварамонро нотинҷ сохта андешаҳои нопоки хешро амалӣ созанд. Аммо мардуми кишвари мо зиракиии сиёсии хешро аз даст надода барои якдиливу оромии он тамоми кушишҳои хешро сарфа месозанд. Имрӯзҳо тамоми мардуми кишварамон барои сулҳу суботи кишвар саҳми худро гузошта истодаанд ва аз пайи ободкорӣ мебошанд.  Ин далели оромӣ ва ваҳдати пояндаи кишвари мо мебошад.

Исматулло Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Тайи чанд рӯзе, ки дар ҷумҳурии ба мо дӯсти  Қазоқистон нооромиву хунрезиҳо идома ёфт, шахсан маро бетараф нагузошт.

Дар ҳодисаҳои маргбори ин ҳамоядӯст нерӯҳои мухолифони давлат даст доранд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар як изҳороти видеоии худ ба мардуми ин кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар дод, ки бештари тазоҳургарон душманону хоинони миллат буда, мехоҳанд табаддулоти давлатиро анҷом диҳанд. Онҳо андешаҳои ифротиву террористӣ дошта, аз хориҷи кишвар кумаку идора шуда истодаанд. Аз Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ кумак хост.

Хушбахтона, дар Қазоқистон ҷангу хунрезиҳо хотима ёфт. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев эълон дошт, ки тартиботи конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар асосан барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Дар ин бора 7 январ хадамоти матбуоти президенти ин кишвар хабар дод. Чӣ қадар харобиҳо ба амал омада, ба давлату миллати қазоқ хисороти моливу ҷонӣ расонид.

Ин ҳодисаҳо моро ҳушдор медиҳад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем, тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвари маҳбубамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Чунки мухолифони давлату миллати мо ҳам аз ҳодисаҳои Қазоқистон хурсанданд. Аз нақшаҳои бади онҳо насли навинро - махсусан ҷавононро огоҳ намуда, ба онҳо фаҳмонем, ки фирефтаи макру ҳиллаҳои хоинони миллат нагарданд. Аз хотир набарорем, ки тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи Ватани мо ба осонӣ ба даст наомадааст.

Ин гуна ҷангу хунрезиҳоро миллати тоҷик солҳои 1992 - 1997 аз сар гузаронидаанд ва насли калонсол онро нағз дар хотир доранд. Худованд миллати тоҷикро дар паноҳи худаш нигоҳ дорад ва он рӯзҳоро ҳеҷ гоҳ дигарбора наорад.

Дар хотир дошта бошем, ки ҷангу хунрезиҳо ҳар як кишвари ободу пешрафтаро метавонад дар як муддати кӯтоҳ ба харобазор табдил диҳад ва солҳои тӯлонӣ лозим аст, ки оқибатҳои ногувори он бартараф карда шаванд.

 

Боқиҷонов, Набӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Мустақилликка эришиш — бу фақатгина давлатчилик тарихи эмас. Бу халқ тарихи ҳамда ҳаёти ўзгаришлар даврига тўғри келган инсонлар тақдиридир.

Мустақиллик, хўрлик, бировларга қарам бўлмаслик Аллох таолонинг бизга ато этган энг улуғ неъматидир. Неъмат бўлганда ҳам, ҳар куни, ҳар соат фикр юритиладиган, ҳар дам шукур қилинадиган қадри-шарафи, бардавомлиги кўз қорачиғидай авайлаб асраладиган бебаҳо неъматдир. Даҳрийликка асосланган собиқ тузум пайтида барча диний ва миллий қадриятлардан узилган халқимиз Истиқлолдан кейин имон-эътиқод сари юз тутди. Зеро, ҳар бир миллат ўзининг руҳий-эътиқодий илдизларидан узилса, инқирозга учраши табиий бир ҳол эди. Юртбошимиз ана шу нозик туйғуни чуқур ҳис этиб, мустақилликнинг илк кунлариданоқ халқнинг маърифати ва маънавиятини юксалтиришга катта аҳамият берди.

Истиқлол туфайли жаннатмакон мамлакатимизда ислом дини равнақи йўлида кенг имкониятлар очилиб, эътиқод эркинлиги қонуний равишда кафолатлаб қўйилди. Миллий ва диний қадриятлар тикланди, масжид ва мадрасаларнинг бинолари, нодир тарихий манбалар, осори атиқалар мусулмонларга қайтариб берилди. Мўмин мусулмонларнинг эмин – эркин ибодат қилишлари, диний таълим олишлари, диний адабиѐтларни нашр этишлари ва оммавий ахборот воситаларидан баҳраманд бўлишлари учун ҳамма шароитлар яратилди. Эътиқод эркинлиги қонуний равишда кафолатлаб қўйилди.

Ҳакимлар айтадилар: “Кишининг вафодорлиги унинг ўз Ватани учун қайғуришидан, дўстларини соғинишидан ва умрининг зое кетказган лаҳзаларига ўкиниб яшашидан билинади”. Инсоннинг ўз халқига бўлган садоқати ва фидойилиги Ватанни ҳимоя қилиши, юрт тараққий топиб, ҳар томонлама мустаҳкам ва қудратли бўлиши ҳамда элнинг тинч ва фаровон ҳаёт кечиришига имкон даража-да ҳисса қўшиш билан ўлчанади.

Барчамиз учун табаррук бўлган уч сўз бор: —Имон, Ватан ва Истиқлол. Бу сўзларнинг мазмунмоҳиятини бугун ҳар биримиз юракдан ҳис этиб турибмиз.

Кундан кунга юксалиб, тараққий этиб бораётган озод ва обод Ватанимизни бугун дунё танимоқда, тан олмоқда. Турли соҳаларда Ватанимиз эришаетган ютуқлар юртдошларимизнинг ҳамжиҳатлиги, халқимизнинг бунёдкорлик борасидаги меҳнатлари ва албатта, муҳтарам Юртбошимизнинг олиб бораётган одилона сиёсати маҳсулидир. Айниқса, юртимимзда Юртбошимиз тарафидан  ёшларга яратиб берилаётган кенг имкониятлар ҳақида ҳар қанча гапирсак камлик қилади. Ёшларимиз таълим, спорт, санъат, қўйингки, барча соҳаларда эришаётган юксак марралар ана шу эътибор ва ғамхўрликнинг самарасидир.

Дунёнинг турли минтақаларида юз бераётган қарама-қаршилик ва тўқнашувларни, вайрон бўлаётган шаҳар ва қишлоқларни, тинч аҳолининг қони тўкилаётганини кўриб, Тоҷикистонни оддий фуқароси сифатида шуни баралла айта оламизки, энг олий саодатимиз – мустақиллигимиздир.

Ҷӯраев Дадохон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Ин таҷриба дар кишвари мо шурӯъ аз соли 2000-ум оғоз ёфт. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд,  Ҳукумати кишвар аз замони соҳибистиқлолиаш то соли 2000-ум танҳо барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ кӯшиш варзид. Минбаъд Тоҷикистон аз давлатсозӣ ба давлатдорӣ шурӯъ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин марҳилаи созанда Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошта, дар замони муосир пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд.

Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад.    

Пешвои миллат дар Паёмашон диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид карданд, ки агар мо ба рушди илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳи дониши мутахассисонамонро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба ягон хел натиҷаҳои ниҳоии хуб ноил шуда наметавонем.

Дар ҳақиқат, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ихтироъ гардидани технологияҳои муосир дар ҳама ҷабҳаҳо дониши мукаммали мутахассисону сармоягузориро ба рушди инсон талаб мекунад ва чуноне, ки Президенти кишвар бамаврид эрод гирифтанд, бо тарзу услуби кӯҳна, дониши ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуда, надонистани забонҳои хориҷию одоби муошират бо намояндагони дигар давлатҳои дуру наздик, мо наметавонем мамлакати худро дар арсаи байналмилалӣ нек муаррифӣ кунем.

Аз ин лиҳоз, талаботи Сардори давлат бобати андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати куллан тағйир додани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, сармоягузориро ба рушди инсон вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи сатҳҳои ҳокимият шуморидану баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон баҳри омӯзиши на кам аз ду забони хориҷӣ (русию англисӣ) аз тарафи толибилмон, хеле бамавриду саривақтӣ мебошад.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат, ки гуфтанд: «Бе рушди илму маориф ягон қадам ҳам пеш рафта наметавонем ва бунёди миллат аз маориф оғоз мегардад!». Сарвари давлат дар мавриди омӯхтани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ва инкишофи неруи зеҳнии ҷавонон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳа, ҷиҳати саҳм гузоштан дар чор ҳадафи стратегии мамлакат, хосса саноатикунонии босуръати мамлакат махсус истода гузаштанд.

Сарвари давлат соҳаи маорифро ояндаи обод, шукуфоӣ ва шинохти башарӣ унвон карда, таъкид намудаанд: “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.”

Дар радифи ин ҳама таваҷҷуҳу эътибор ин ҷо овардани суханони Пешвои миллат ба маврид аст, ки гуфтанд: “Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.”  

Паём аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки ба фаъолияти кориамон аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо диҳем. Дар иртибот ба ҳидоятҳое, ки аз Паём бармеоянд, ба ислоҳи камбудиҳои соҳа ҳама муташаккилона камар банданд. Дар навбати аввал баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, равона намудани эътибори бештар ба ташкили озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ тавааҷуҳ бояд зоҳир кард.  Зеро дар шароити бӯҳрони молиявиву сиёсӣ танҳо он миллат зафарёб мегардад, ки сокинонаш дорои баланди мафкураи сиёсӣ ва донандаи ягон ҳунар бошад. Ва роҳнамои миллат дуруст дарк карданд, ки соҳибкасб будан инсонро ягон вақт хору залил намегардонад.

  Хуллас, Паёми Сарвари давлат ба парлумони кишвар барои пешбурди  ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳайси барномаи амал  хизмат  мекунад. Самтҳои  дар ин санад муайянгашта барои маорифчиён на танҳо  барои як сол, балки ҳамчун дастурамали  доимии фаъолият хизмат хоҳанд кард.

  Барои мо - масъулини таълиму тарбияи насли ояндасози  миллат мӯҷиби сарбаландию ифтихор аст, ки  дар роҳи иҷрои  вазифаҳои муҳиме, ки  аз ҷониби Пешвои миллат бароямон муқаррар  гардидаанд, саъю талош варзида, онро дар амал татбиқ намоем.

Албатта, таъкидҳои бунёдии Пешвои миллатамон масъулияти ҳар яки мо, хусусан кормандони соҳаи маориф, муаллимон ва омӯзгоронро даҳчанд боло мебардорад. Паём ҳамчун барномаи амал барои имсолу солҳои минбаъда хизмат хоҳад кард.

Набӣ Боқиҷонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд