Имрӯзҳо минбари дуруғини сомонаҳои “Паём нет”, “Ислоҳ нет”, “Бомдод.ком” "Гурӯҳи 24" ва ғайра ҳамоно барои тӯҳмату нодидагири дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар равона гардидааст. Мақсади онҳо фақат ва фақат ноором сохтани авзои ҷумҳурӣ буда, бо ахборҳои дурӯғ, маҳалгароӣ ва ҷангу хунрезиро ба амал биоранд. Ин хоинону душманони миллат зидди давлати мо мубориза бурда, бо барномаҳои худ мардумро ба митинг даъват мекарданд.
Ҳодисаҳое, ки дар Бадахшон ба вуқӯъ омад, мардум нафаҳмидаву надониста аз як ҷинояткор пуштибонӣ карда, дар кӯчаву хиёбонҳо митингу тазоҳуротҳо ташкил карданд. Аз ин душманони давлати мо истифода бурда, бо иттилоотҳои дурӯғу туҳматҳои пайдарпайи худ дар шабакаҳои интернетӣ мардумро ба тазоҳуротҳо даъват намуданд, хаёл карданд, ки мардум ба сафсатаҳои онҳо бовар мекунанд. Ба гуфти онҳо гӯё дар Тоҷикистон мардум зулм мебинанд. Ягона мақсаду ниятҳои ин фурӯхташудаҳо сулҳу субот ва оромии Тоҷикистонро вайрон кардан аст. Дар филми “Нерӯи қонун” собиқ раиси вилояти Бадахшон асли воқеа ва ҳақиқатро ба тамошобинон равшан сохт. Маълум гардид, ки асли воқеа аз куҷо сар мешавад ва то куҷо воқеият дорад. Чанд соли охир Гулбиддин Зиёбеков бо як гурӯҳ ҳаммаслаконаш ба бетартибиҳо ва ҷиноятҳо даст задааст. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир нашуда, бо худ силоҳ доштааст. Ба сӯи онҳо тир холӣ карда, дар натиҷа захмдор гардида, ба ҳалокат расидааст. Мардум аз ҳақиқати ҳол огоҳ гардид ва боварӣ дорам, ки дигар аз чунин ҷинояткорон пуштибонӣ намекунанд. Волоияти қонун бояд дар ҳамаи минтақаҳои кишвар баробар риоя карда шавад.
Хоинони миллат аз пули бедардимиёни хоҷагони хориҷии худ истифода бурда, саҳифаҳои сомонаи худро бо гузоришҳои беасосу бемантиқ, наворҳои подарҳаво нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон пур карда, рӯз мегузаронанд. Инро бояд донанд, ки мардуми Тоҷикистон тарафдори сулҳу амонӣ буда, аз найрангу дассиса ва амалҳои зараровару ҳалокатбори онҳо бохабар аст ва дигар ба сафсатаҳои онҳо бовар надоранд.
Ибод Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 629 маротиба
Ҷаҳони имрӯзаро бе ҳодисоту воқеаҳои рузмарра тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар баробари ҳодисаҳои табии, воқеаҳои низ ҳастанд, ки онро баъзе ашхос баҳри манфиати гуруҳӣ ва ё шахсӣ сар мезананд, ки мо инро борҳо мушоҳида намудаем. Агар солҳои пеш вайронкорию харобсозӣ тавассутӣ лашкаркашиҳою ҷангу хунрезиҳо сармезад, имрӯз бошад ҷанг бо тафаккур идеологияи инсон оғоз гардидааст, ки оқибатҳои нохушеро аз худ дарак медиҳад. Онҳое, ки ба тафаккурвайронсозии ҷомеа мепардозанд, албатта бо манфиати шахсӣ ва ё гуруҳи фаъолият месозанд. Ин гуруҳи одамон бо барангехтани як фитна метавонанд ҳадафу мақсади худро амали гардонанд. Яке аз афроде, ки имрӯз ба вайронсозии тафаккури ҷомеаи навини Тоҷикистон машғул аст, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Мавсуф бо тарҳрезии барномаҳои сохтаву бофта як гуруҳ нафаронеро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкили дучор гардидаву азият мекашанд, ҷалб намуда, ба механизми амалигардонии ҳадафҳои нопоки худ истифода намуда истодааст. Дар барномаҳои пай дар паи он метавон мушоҳида кард, ки тарафдорони он аксарият муҳоҷирони меҳнатиянд, ки баҳри пешбурди зиндагии худ муҳоҷиргардидаву ноогоҳона ба доми ин оммафиреб афтодаанд. Муҳаммадиқболи Садриддинро метавон яке аз фитнаҷуён номид, зеро ҳар ҳодисаю воқеаҳое, ки дар кишвар рух медиҳад, онро ба манфиати нооромкардани вазъи сиёсии кишвар истифода менамояд. Агарчи борҳо ин ҳарзагӯи фитнаҷуёро хешу ақрабо ва наздиконаш хостанд аз ин роҳаш баргардаду зиндагии осоиштаро интихоб намояд, аммо ин рӯбоҳи бе дум радкардаву худро содиқ ба хоҷагону аҷнабиёнаш нишон медиҳад. Ҳар бинандаи нуқтасанҷ пас аз тамошои барномаҳои ӯ метавонад пайбарад, ки барномаҳои ӯ тахаюлӣ буда умуман асосӣ воқеаӣ надорад. Бинобар ин, шахсоне, ки ба тамошои барномаҳои ин афроди харидашуда мепардозанд, бояд ҳеҷгоҳ фаромуш насозанд, ки ҳеҷ як нафаре бе мақсад ё ин ки бе манфиат вақти худро барои дигарон сарф наменамояд.
Одилхӯҷа Солиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 630 маротиба
Имрӯзҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари азизамон – Тоҷикистон бо авҷ ба самти пеш рафта истодааст. Мардуми сарбаланди диёрамон барои боз ҳа ободтару зеботар гаштани Ватанамон заҳмат кашида, барои шукуфоии бештари сарзаминамон талош доранд.
Аммо ҳастанд як зумра афродоне, ки ба роҳи каҷ роҳ ниҳодаанд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали нанговар рӯ намегардонад.
Ин гуна одамон ба қадри осоиштагию оромии давлатамон нарасида, ба ҷойи обод сохтани кишвари худ, ба малҳои беҳуда машғул мегарданд, ки боиси сархамии худу пайвандонашон мешаванд.
Имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ гурӯҳҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ пайдо шудаанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз қувваҳои беруна ба роҳ монда шуда, пасипарда назорат ва фаъолият менамоянд.
Бештар чунин гурӯҳу афродҳо бо вайрон кардани шурри ҷавонон ҳаракатҳои зиёд карда истодаанд. Баъзе аз афродҳо фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти аҳнабиёну ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш оромиву осудагии мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш карда истодаанд.
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимотӣ ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 593 маротиба
Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ аз солҳои 70-уми асри гузашта ба фаъолият оғоз бахшида, давраи ба қавле пешрафти ҳизб маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳатто дар парлумони кишвар намояндаҳои онҳо роҳ ёфта, шаҳрвандон бо амри дил ба хотири пешрафти мамлакат шомил ба ин ҳизб мешуданд. Аммо худ шоҳидем, ки онҳо бо вуқуди чунин имконияту шароит бар зидди давлат бархостанд. Муҳиддин Кабирӣ ва саркардагони ӯ аз номи ислом бар зидди ислом кор карданд. Аслан аз номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат истифода кардан ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Дин бояд поку озода бимонад.
Ҷавонони моро зарур аст, ки дар муқобили ин ҳама фитнаҳо истодгари муборизаи оқилонаи зеҳнӣ ва ҷисмӣ баранд. Зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ҷудо будан аз навгониҳои рӯз ғайриимкон аст. Зарур аст, ки бо ҷавонон бештар кор барем ва онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву мансаб аз бадтарин фазилатҳои инсонӣ буда, ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии давлату миллат мебошад. Чуноне, ки имрӯзҳо мебинем дигар гурӯҳҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ сару садоҳо баланд намуда, ҷавонони моро бо роҳи фиребу дассисаҳо мутеи барномаҳои худ месозанду бо далелу наворҳои сохтакоронаи худ тафаккури мардумро дигар кардан мехоҳанд.
Хуршед Худойбердиев, устоди ДПДТТ
- Дида шуд: 677 маротиба
![](/images/26445.jpg)
![](/images/7.jpg)
![](/images/7697.jpg)
- Дида шуд: 687 маротиба
Мо, сокинони ваҳдатшиори мамлакат аз халқиятҳои хушбахти замони муосир ҳастем, ки дар чунин як мамлакати обод ва пешрафта умр ба сар мебарем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли сарварии худ ҳамеша бад-он кӯшидааст, то халқи тоҷик нахуст дар амну осоиш умр ба сар баранд ва барои иҷрои ин ҳадаф бошад, тамоми имконият ва маҳорати мулкдории худро масраф сохтааст. Омӯзиши таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки ҳеҷ давлату миллате бидуни сулҳу оромӣ ва субот ба ҳеҷ мақому мартабае ноил нагардидааст. Бо дарку фаҳми оқилонаи ин нукта сарвари давлат, муҳтарам Э. Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини давлатдории хеш мақсад гузошта буд, ки дар Тоҷикистон сулҳу суботро пойдор хохад кард ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан боз нагардад, осуда нахоҳад буд. Ҳар яки мо садои ҷонхароши барномаи «Хоки ватан»-ро, ки ҳамватанони моро аз ҳар гӯшаву канори олам ба Ватан мехонд, дар ёд дорем. Хушбахтона, тоҷикони фирорӣ дубора ба Ватан баргаштанд ва сару сомони хешро дар меҳан ёфтанд.
Рӯй овардан ба таърихи гузашта, дастовардҳои ниёгони худро шинохтан онро чун мероси гаронмоя ҳифз доштан, дӯсту иттифоқ ва муттаҳид будан ва муҳимтар аз ҳама, фаромӯш накардани ин нукта, ки тоҷикон мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буданду мемонанд, аз маҳаки фаъолияти сарвари хирадпешаи мост. Маҳз, устувор гардидани ваҳдати миллӣ, ки аз унсурҳои пойдорӣ ва бақои давлату миллат аст, моро рӯз то рӯз ба пеш мебарад. Сохтмони нақби Истиқлол, наздик шудани самти шимол ва ҷануби кишвар ва дар ин замина бо ҳам омадани мардуми тоҷик дар шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши муҳим хоҳанд дошт.
Имрӯз рушди тамоми соҳаҳои фаъолияту зиндагӣ дар Тоҷикистон босуръат ба пеш меравад. Агар ба як худи Хуҷандшаҳрамон бингарем, мебинем, ки сохтмони биноҳои замонавӣ сол то сол ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза меафзоянд. Ин гуна босуръат пеш рафтани сохтмонро пештар дар мамолики хориҷа дида, моро ҳаваси бунёди чунин шаҳрҳо меомад. Амалӣ гардидани ин орзуву ҳавас далолат ба он мекунад, ки имрӯз Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин аст. Ва моро ҷои он мемонад, ки дар ҳар чӣ бештару пештар аз пешрафт ва дастовардҳои мардуми сайёра бархурдор гардидани Тоҷикистон саҳмгузор бошем, қадри ин неъмат бидонем ва шукри неъмат ба ҷой орем.
Ватани мо, ки рӯ ба нестшавӣ оварда буд, халқи тоҷик бо дили пур ба ин фарзонафарзанд бовар намуд, ки ин шахсият Ватанро аз нобудӣ раҳо мебахшад, мардумро сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро аз нав месозад. Ва чихеле, ки мебинем ҳамин тавр ҳам шуд. Эътимоду боварии халқи тоҷик барбод нарафт, баръакс Эмомалӣ Раҳмон барои тинҷуву оромӣ, сулҳу суботи миллати хеш ҷони худро низ дареғ надошт.
Пас ин абармарди нексириштро чӣ гуна Пешвои худ напазирем, чӣ гуна дӯсташ надорем, чӣ гуна эҳтиромаш накунем, ҳангоми аз наздик диданаш чӣ гуна ашки чашмонро нигоҳ дорем, чигуна?
Хулоса, мо мардуми тоҷик садҳазорон шукронаи ана ҳамин марди хирадманд мекунем. Шукронаи тинҷиву оромии сарзамин мекунем ва ба ватану миллат ва сарвари худ содиқ буда, ҳамаи ин неъматҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем.
Анвар Ҳоҷиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 628 маротиба
Давоми се рӯзи охир барои мардуми ваҳдатшиор ва бо нангу ори Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ марҳилаи интиҳом ва садоқату вафодорӣ ба оини давлатдории тоҷикон маҳсуб мешуд. Зеро дар соли 30 – солагии ҷашни соҳибистиқлолӣ ҳамчун “армуғон ҷашнӣ” “нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи” гурӯҳҳои созмони “Паймони милӣ”, 24 ва аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз қабили маддоҳони онҳо Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров, Шавкати Муҳаммад ин бор низ хок хӯрд. Ба андешаи мо онҳо итминони комил доштанд, бо ангезаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ тамоми сокинони кишварро алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мехезонанд, аммо тирашон хок хӯрд. Чаро шояд суол чунин бошад. Барои он, ки касе нақшаву ниятҳои разилона дошта бошад, ҳеҷ гоҳ нақшаҳояш амалӣ намешаванд. Онҳо хуб медонистанд, ки мардуми Бадахшон дар қиёс ба дигар минтақаҳо эҳсосӣ ҳастанд ва чандин ҷавононеро ҳам доранд, ки ба хотири андаке манфиат бар зидии давлат хезанд. Аммо касе ҳаргиз гумон намедошт, ки бар ҷурми ин ҳама номардиҳое, ки иддае аз зӯргӯёни ин минтақа ҷониби Ҳукумат карданд, сабуриро пеша намуданд.
Аслан ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ хеле устокорона, соату вақти муаяйн бо баҳонаи поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даст ба тазоҳурот заданд. Лекин сабаби ин ҳама чунин буд, ки санаи 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд
Маврид ба зикр аст, ки Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.
Худ маълум ки асли воқеа чун аст. Аммо инро мухолифини давлат ба таври дигар инъикос намуда, аксаран ҷавононро тавассути шабакаи иҷтимоӣ барои гирдиҳамоӣ даъват намуданд. Ҷавонони ноогоҳи Вилояти Бадахшон зери таасубу эҳсоси нафарони худхоҳ монда, кӯшиши ташкили гирдиҳамоӣ намуданд
Ин амал аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест, зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки кишвари ҳамсояи мо зери таъсири чунин гуруӯҳҳои манфиатхоҳ монда, имрӯз чӣ ҳол доранд?
Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба чунин гурӯҳои манфиатпеша ҳамроҳ нашаванд, зиндагии худу дигаронро зери хатар нагузоранд. Мулки озоди мо беҳтарин василаи ҳаёт ба сар бурдан аст. Ҷои он моро мебояд, барои пешрафти хоҷагии халқи кишвар заҳмат кашем.
Абдусабури Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 1893 маротиба
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии дар дӯшдошта, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васояти ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшон бедор намуд. Чихеле, ки мегӯянд: «Ҳамсуҳбатӣ омили ҳамзабонист, ки расидан ба ҳамдилиро метезонад». Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифат муҳассилин ғанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба хонандагон, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили хонандагон нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд. Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо хеле зиёд аст. Мо метавонем бо воситаи фиттаҳо он ҷавонони гумроҳе, ки ба дасисаи душманон гирифтор шуда, ҳоло қисме дар ғарибиҳо фавтидаву қисме сарсону саргардонанд, намоиш диҳем, то ҷавонон бохабар шаванд. Суҳбатҳо ташкил намуда, дар бораи моҳияти «Қуръон ва дини ислом» маълумот диҳем, то ки ҷавонон фаҳманд, Қуръон саропо панд аст ва покиро талаб мекунад. Қуръон дурӯғ гуфтан, дуздӣ кардан, зино кардан, хун рехтанро манъ мекунад. Ҳоло он, ки ҷавонони гумроҳ дар зери ниқоби ислом хунрезӣ мекунанд, гӯё, ки дар роҳи ростиву имон ва дин меҷангида бошанд. Магар онҳо Модар, хоҳар, фарзанд ва Ватан надоранд?
Ба хонандагон моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадор аст, ки дар тарбияи фарзандаш масъулиятшинос бошад, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад. Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадам, ки оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад. Имрӯз зарур аст, то моҳияти «Қонуни масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд» дар ҷамъомадҳои умумидонишгоҳӣ, соатҳои тарбиявӣ ҳаллу фасл намоянд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 647 маротиба
Зинда бошӣ сарвари олимақом,
Марди неку, сарвари пур шаъну шон.
Маҳз ба туфайли ақидаҳои ватандӯстона, ҷонкоҳонию бунёдкорӣ ва хирадмандию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари замоне ҷангзада, замоне мардумони фироригашта ба Истиқлолияти воқеӣ расид. Албатта мо мардуми шарафманди тоҷик аз Истиқлолияту ободии кишварамон ифтихор намуда бошем, пас боиси саодатмандии ҳар яки мо сарвари соҳибдили миллат хоҳад буд, зеро агар ин абармард ба сари қудрат омадаву миллат аз ҳоли таназзул боз намедошт, ҳоло аз мо на ном мемонду на нишон.
Шукронаи давлати обод, шукронаи соҳибистиқлолӣ ва Пешвои муаззами миллат, ки барои мо мардумони тоҷик имрӯзи босаодатро эҳдо намуданд. То кунун барои пешравии миллати азизамон маҳз бо талошҳои сарвари фархундамиллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дошта, халқи тоҷик ва мардуми ваҳдатшиорашро тамоми оламиён ҳамчун миллати бофарҳанг ва бомаданият мешиносанду эътироф менамоянд.
Ҳамагӣ 30 сол қабл миллати тоҷик дар талотуми ҷанги хонумонсӯз қарор дошт. Тамоми мардум ҷон дар каф интизори он буданд, ки касе ба кӯмакашон шитобад ва миллатро аз вартаи ҳалокшавӣ наҷот бахшад. Омад ба тахти шоҳӣ бо нури илоҳӣ, Эмомалӣ Раҳмон бо хитоби “Ман ба Шумо сулҳ меоварам”.
Омад ба сари қудрат марде, ки тақдири миллатро, сарнавишти мардумро бо дасти хеш дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намуд, қасам хӯрд ба номи поки модар, ки Тоҷикистонро тоҷвар мегардонад. Албатта Тоҷикистонро тоҷвар намуд, номи онро то ба арсаи баёналмиллалӣ муарифӣ кард ва тамоми мардуми олам шинохтанд, ки мардуми тоҷик, миллати тоҷвари тоҷик сулҳпарвару ваҳдатшиор буданд ва маҳз бо ҳидоятҳои Пешвои миллат чунин накӯсиришт хоҳад монд.
Бояд зикр намуд, ки ба туфайли андешаҳои дурбинона ва созандаи сарвари давлат, имрӯз дар кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз қабили мактабу литсейҳо, кӯдакистону дигар иншооти ба ниёзи мардумон мувофиқ сохта ба истифода дода шуда истодааст, ки он ҳама ба пешрафти диёри азизамон саҳми сазоворе аст.
Мо миллати шарафманди тоҷик бо Пешвои миллати худ ифтихор дорем ва ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат ҳастем, чун ҳамеша ақидаҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат моро водор месозад, ки мо ҳамеша дастболо бошему дар арсаи байналмиллалӣ мақому манзалати хешро ҳамчун миллати тоҷвар касб намуда бошем. Зинда бод Тоҷикистони азиз! Зинда бод Пешвои муаззами миллат. Пояндаву устувор бод пояи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар.
Башорат мерасад бар миллати мо,
Ки комам, комбардор аз калом аст.
Хушо он миллате, ки сарвари ӯ,
Ҳамеша дар сараш нанг асту ном аст.
Қаландаров Ҳусейнҷон Умарович, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 667 маротиба
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифатомӯзии муҳассилин ғанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар соатҳои тарбиявӣ, дар суҳбатҳои инфиродӣ ба донишҷӯён, бо истифода аз ҳар роҳу восита (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили насли наврас нисбати маҳалгароӣ, ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд.
Ба насли наврас моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоли сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан, маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзанд масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад.
Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадем, ки аз оилаи солим, фарзандони солим ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим буда, падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбати тақдири кӯдаки худ бетарафанд. Вақте фарзанд дар оила танқисӣ мекашад, меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта ба корҳои ношоям даст мезанад.
Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ - мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.
Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан, шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин бо осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад. Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.
Барои пешгирии ин бояд маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро баланд бардошт. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.
Мазбут Холиқов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 592 маротиба
Тарбия чист? Хок зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Ҳар як инсон аз рӯзи ба дунё омадан ба муҳаббат, таълиму тарбия ниёз дорад. Шахс дар ҳаёти худ барои ба даст овардани илму ҳунар кӯшиш мекунад.Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон мебошад. Обод кардани кишварамон, рушди давлатамонро таъмин намудан дар дасти насли оянда, ҷавонон аст. Аз ин ҷиҳоз, дар мамлакатамон дар ҳамаи соҳаҳо ба масъалаи таълиму тарбия эътибори калон зоҳир карда мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ соатҳои тарбиявӣ бо мавзуъҳои гуногуни тарбиявӣ, таълимӣ гузаронида мешаванд.
Таълиму тарбия додан на фақат ба зиммаи устодон, балки масъулияти падару ва модар, фаъолон, аҳли ҷомеа ҳам мебошад.
Дар Қонуни “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” – фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намудан, дар рӯҳияи ватандустӣ, ҳисси баланди миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, муомилаву муоширати хуб ва риояи қонунияту тартибот ба камол расонидан риоя карданро зикр кардааст. Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон дар баромадҳои худ дар бораи тарбияи наслҳои оянда сухан гуфта таъкид мекунанд, ки мо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус, соҳибмаърифату донишманд ва дорои касбу ҳунарҳои муосир, яъне кадрҳои баландихтисосе, ки бунёд ва соҳибӣ мекунанд, нуфузи обрӯи давлати соҳибистиқлоламон ва миллати куҳанбунёдамонро баланд мебардоранд, тарбия намоем, таълим диҳем, тайёр кунем. Якчанд сол инҷониб паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ (Covid 19) ва оқибатҳои он, фаъолияти терроризму экстремизм, радикализми динӣ давлатҳои дунёро ба хавф андохта истодааст. Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.
Дар олами муосир хатари терроризму экстремизм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсӣ буда, омилҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди тадқиқи илмӣ ва омӯзиш аст. Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм гуногунанд. Аз қабили, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ ва ғайраҳо.
Омилҳои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротиро решакан бояд кард.
Мо бояд хушёр бошем, ҷавонон ба фиребу найрангҳои онҳо гирифтор нашаванд.
Мо, устодон, кураторон дар ҳар дарси худ ҷавононро бо рӯҳи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, вафодорӣ, иззату эҳтиром бо якдигар, муҳаббат ба Ватан, оила, атрофиён тарбия намоем, таълим диҳем, хайрхоҳ ва саховатманд бошанд.
Икромова А.М., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд
- Дида шуд: 793 маротиба