Таърих исбот намудааст, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи мӯътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа решапайванд аст. Аз ин нуқтаи назар, соҳибдавлатӣ ва ягонагии он ҷомеа ҷовидон хоҳад буд, ки Ваҳдати миллӣ дар он торафт густариш ёфта, бо иттиҳодии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешаванд ва ин раванд ба рушду таҳкими тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Чунонки гузашти солҳо нишон медиҳад, дар заминаи татбиқи босамари раванди сулҳ, вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар Тоҷикистон дар чанд соли охир ба самти нави рушд бо суботи комил қадам ниҳода, сол то сол дар тамоми соҳаҳо-сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дастовардҳои арзишманд ба чашм мерасанд, ки албатта, ин раванд ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири мусбат расонид. Дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба кишвари сулҳофар табдил ёфта, бо кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои дипломатию корӣ барқарор намуд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини шароитҳои ҷалби сармоя, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, бунёди роҳҳову нақбҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо заминаҳои устувор гузошт. 

Омили асосии расидан ба сулҳ аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад. Аз баракати ваҳдат боғу бӯстонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ба худ шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуданд.  Баъди имзои Созишномаи мазкур ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи мо ҳамчун мафҳуми муқаддас нуфузи хоса касб намуд ва дар қалби мардуми кишвар ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кард.

Сабақҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва моро водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем.

Мардуми мо, хусусан ҷавонони мо бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоянд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва муҳимтар аз ҳама, нодида гирифтани майлу хоҳиш ва иродаи халқ ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад оқибатҳои фоҷиаборе ба бор оварад.

Барои расидан ба ҳадафхои миллӣ мо ҳамаи имкониятҳо ва иқтидорҳои заруриро дорем ва қувваи асосии татбиқкунундаи ин ҳадафи нек нерӯи созанда ва офарандаи халқи меҳнаткашу ободкори тоҷик мебошад.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Дар ин ҷо баёни гуфтаҳои Сарвари давлат хеле ба маврид мебошад:

         «Таҷрибаи сулҳи мо ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан мекунад, аҳамияти байналхалқӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад».

         Бо ифтихори баланд бояд зикр кард, ки воқеияти имрӯзаи ҷомеа бозгӯи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми нерӯҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат бо мақсади ободониву ояндаи дурахшони диёри азизамон фаъолият мекунанд. Ва саҳифагардонии авроқи рангини таърихи мо низ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик бисёр мушкилот ва низоъҳоро аз миён бардошта, тантанаи офтоби саодатро дар фарози осмони кишварамон таъмин намудааст. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризояти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Бале, сарнавишт ба халқи тоҷик лутфи беандоза кард. Чунин бахту барор на ба ҳар халқ даст медиҳад. Ба арсаи сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт набуд. Ҳақиқатан ҳам ба сари давлат касе омад, ки ба маънои томаш асилу меҳанпараст ва ваҳдатэҷод аст.

Таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳе, ки Президенти Тоҷикистон амалӣ карданд, дар олам назир ва собиқа надорад ва имрӯз мактаби омӯзиши оламиён аст. Президенте, ки тавонист фарзандони парокандаву ҳиҷратнамудаву гурезаи худро бозгардонад, сазовори ҳамду саноҳо мебошад.

Аз ҷониби дигар, маҳз бо шарофати фаро расидани ваҳдату якдилии халқ имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои азими азнавсозиҳо амалӣ мегардад ва сарзамини маҳбуби мо ба корзори бузурги бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар баробари ин туфайли сулҳу осоиштагӣ болоравии некӯаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати моро дар миқёси байналхалқӣ низ хеле мустаҳкам намудааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз дар тамоми ҷодаҳо рушд карда, ободу зебо мегардад ва миллати тоҷик шоистаи зиндагии арзанда ва комёбиҳои нав ба нав мешавад.

Бигзор, ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният дар Ватани маҳбуби мо ҳамеша пойдор бошад ва аз хонадони ҳар тоҷикистонӣ файзу баракат кам нагардад!

Бигзор, кохи бузурги сулҳу ваҳдати тоҷикон мисли ободкориҳои дар масири таърих бунёднамудаи аҷдоди некномамон асрҳои аср бегазанду пойдор бошад!

 

Нодира Хоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Имрӯз мо дар даврае қарор дорем, ки ҷаҳони муосирро муноқишаҳои гуногуни миллию қавмӣ,  ҷангҳои гурӯҳӣ қувва ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун фаро гирифта, ҷони одамон арзишҳои инсондӯстӣ меҳру муҳаббат ва дигар арзишҳои рабт дошта ва инсоният дар назди ин гурӯҳҳо, бахусус ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом қиммате надорад. Аз ин рӯ моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пойдор  будани ваҳдату ягонагӣ осоишу амният ва фатҳи қуллаҳои рушдро таъмин созем.  

Дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба он,  эътимоду эътиқод парваридан ба имрӯзу фардои некаш, тайёр будану ҷонфидоӣ намудан барои ҳифзи марзу буми он, мебояд дар ниҳоди дилхоҳ шаҳрванд, ҳамчун омили ягонаи ватандӯстӣ ташаккул ёбад.

Шукр, ки имрӯз дар саросари кишварамон сулҳ ҳукмфармо аст. Аммо, мутаассифона то ҳанӯз таҳдиди хатарҳо аз ҷониби иддае аз бадхоҳони давлатамон аз байн нарафтааст. Барои мо дар ин вазъ зарур аст, ки дарки масъулияти ватандориву миллатдӯстӣ дошта бошем. Барои бақои давлату миллат, ташаккули хислатҳои устувор пеш аз ҳама ҷасорат, ифтихор ва ғурури солиму миллӣ ба мо зарур аст.

Абдусабури Абдуваҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

Новобаста аз буҳрони иқтисодӣ, ки саросари ҷаҳонро бинобар паҳн гардидани бемории сироятии КОВИД -19 фаро гирифт, Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва мамлакати  моро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанду  этироф мекунанд. Вале хоинони миллату давлати мо ин ҳамаро нодида гирифта, имрӯз дар давлатҳои хориҷа паноҳ ёфта, аз дурӣ, ба Тоҷикистони ободу осуда  санги маломат ҳаво медиҳанд.  

Қариб, ки ҳар рӯз ин носипосон тавассути  шабакаҳои интернетӣ наворҳои таҳқиромезро нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон пахш намуда, ба ин восита мехоҳанд дар  дили   мардум алалхусус, байни ҷавонон ҳисси бадбиниро нисбати ин  миллату  давлат ҷо намоянд. Ин хоинони миллат, ки худ дар ин Ватан ба камол расида,  нону намакашро хӯрда, ҳавояшро нафас кашидаанд. Ҳатто авлоду аҷдодашон дар ин сарзамин умр ба сар мебаранд, имрӯз худро мухолиф ҳисобида, дар давлатҳои хориҷа бо дастури хоҷагони хориҷиашон,  ки мақсад ва ҳадафашон барпо намудани нооромӣ, тарсу ваҳмро дар дили мардум ҷо кардан аст, шабу рӯз ба мисли ғуломи ҳалқабаогӯш  кор карда , дар шабакаҳои интернетӣ наворҳои дурӯғу бедаделро пахш мекунанд.

Воқеаҳои рӯзҳои  охире,  ки дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  шуда гузашт, хоинони миллат аз пашша фил сохта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ   ин қазияро бо ҳар шаклу воситаҳои бардурӯғ ба мардум пешниҳод намуданд.  Хостанд, ки байни ҳокимияту халқ  нофаҳмиву нобоварӣ ба вуҷуд оварда, давлатро ба ҷангу ҷидол кашидаву заҳматҳои 30-солаи миллати тоҷикро бар бод диҳанд.

Хушбахтона,  тири бадхоҳони  миллати мо хок хӯрду мардуми шарифи сарбаланди тоҷик ақли солимро ба кор бурда нагузоштанд, ки ҳадафҳои нопоки онҳо амалӣ гардад. Вале ҳанӯз  ҳам, баъди  ором шудани  ин   гирдиҳамоӣ кӯрнамакони миллати тоҷик  қарор нагирифта ин қазияро то ин ҳол бод намуда истодаанд.

Аз мардуми  сарбаланд ва  бо нангу  ори  Тоҷикистони азиз  хоҳиш менамоем, ки зиракии сиёсии худро аз  даст  надиҳанду  ба сафсатаҳои ин хоинону душманони миллат дода нашаванд.  Бигзор ҳамеша ҳама сарҷамъ бошему Ватанамон  тинҷу ором.

 

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳодисаҳои нангине, ки чанд рӯз қабл дар маркази Бадахшон ба амал омад, тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш овард, зеро Бадахшон ҳам порае аз қалби Тоҷикистон аст. Ин ҳодиса ва тазоҳурот таърихи начандон дури кишварро бори дигар ба хотир меорад, ки мардум он замон ба фиребу найранги душманони кишвар бовар карда, сулҳу субот ва оромии кишварро аз байн бурданд ва миёни ҳам дассисаву бадхоҳиро ба роҳ монданд, ки он кишвари моро фарсахҳо аз роҳи пешрафту озодӣ дур кард. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки танҳо бо роҳи якдигарфаҳмӣ ва риоя кардани қонуну тартиботи кишвар, арҷгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзи Пешвои муаззами миллат ба осудагӣ ва пешрафту ободӣ хоҳем расид.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун ва сохторҳои қудратӣ фаъолияти назаррас доранд. Боварии комил аст, ки ин гуна масъалаҳо бо роҳи қонунӣ ҳалли худро меёбанд ва ҳеҷ ҷинояткоре бе ҷазо нахоҳад монд.

Аз ин рӯ, ба мардуми бофарҳанги Бадахшон муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки ҳаргиз ба дассисаву найранги душманони миллат дода нашавед ва ба сари мардуми кишвар ғаму кулфат наоред.

 

Бобоҷонова Назира, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Давоми ду рӯзи охир шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса сомонаҳое, ки манфиатдори нооромиҳои Тоҷикистонанд, беист ҳодисаи, ки дар шаҳри Хоруғ рух додаро ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, мехоҳанд бо ин васила халқро алайҳи давлат шӯронанд. Сухан дар бораи он меравад, ки санаи 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Худ маълум ки асли воқеа чун аст. Аммо инро мухолифини давлат ба таври дигар инъикос намуда, аксаран ҷавононро тавассути шабакаи иҷтимоӣ барои гирдиҳамоӣ даъват намуданд. Ҷавонони ноогоҳи Вилояти Бадахшон зери таасубу эҳсоси нафарони худхоҳ монда, кӯшиши ташкили гирдиҳамоӣ намуданд.

Ин амал аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест, зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки кишвари ҳамсояи мо зери таъсири чунин гуруӯҳҳои манфиатхоҳ монда, имрӯз чӣ ҳол доранд?

Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба чунин гурӯҳои манфиатпеша ҳамроҳ нашаванд, зиндагии худу дигаронро зери хатар нагузоранд. Мулки озоди мо беҳтарин василаи ҳаёт ба сар бурдан аст. Ҷои он моро мебояд, барои пешрафти хоҷагии халқи кишвар заҳмат кашем.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳодисае, ки чанд рӯз қабл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардид, ҷомеаи кишварро ором гузошта натавонист.

Бо айби идае аз бадхоҳони миллат, ки манфиатҳои шахсии худро болотар аз эҳтироми Ватандорӣ медонанд, мардумро гумроҳ намуда, барои пиёда сохтани амалҳои нангини худ даст заданд.

Вобаста ба ҳолати бамамаломада, албатта имрӯз сохторҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин минтақаи дурдасти кишварамон фаъолият дошта, дер ё зуд мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд. Муҳим барои ҳар як сокини кишвар ин ки хиради азалии мардуми мо боло гирифта,  дар охир ҳама ба хотири оромию осоиштагии кишвари маҳбубамон -Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Ва якдигарфаҳмию акдилии мардум чун устухон дар гулӯи бадхоҳони миллат, ки ҷор аз табаддулоту танишҳои митақавӣ мезаданд, ба таври ҳамешагӣ боқӣ монд. Маврид ба зикр аст, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷузъи ҷудонашвандаи Тоҷикистон аст ва дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ба қадри ободию ободкориҳо расидан барои ҳар як сокини ин минтақаи кишварамон қарзи виҷдонист.

Бинобар ин, расидан ба қадри ин ҳама ободкориҳою пешравиҳои назаррас ва дар зери парчами сулҳу ваҳдат осудаҳолона зиндагӣ кардан вазифа ва масъулияти бузурги ватансозист.

Ба ин назарем, ки аҳолии осоиштаи Бадахшон минбаъд ба фиребу найрангҳои гурӯҳҳои манфиатдор дода нашуда, барои оромию осудагии хонаводаю маҳалли худ аз сари сидқу вафо кору амал карда, дар пешрафту шукуфоҳии кишварамон саҳми назаррас хоҳанд гузошт. 

 

Раҳимова Ҳамроҳхон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ чун дарвозаи тиллоии кишварамон маҳсуб мешавад. Ин минтақаи сайёҳӣ ҳарчанд дур аз маркази кишварамон қарор дошта бошад ҳам, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо талош ва хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гӯшаи ободи диёр табдил ёфтааст.  Агар солиёни пеш дар мавсими сармо ин минтақа бинобар боришоти зиёди барф аз марказ муваққатан ҷудо шавад ҳоло бо бунёди роҳу пулҳои замонавӣ, хатсайри байни Душанбеву Бадахшон пайваста омаду рафт ташкил шудааст. Аммо тайи чанд соли охир боқимондаҳои ба қаве рекетони минтақа худро шоҳу табъашонро вазир дониста ҳар вақте хоҳанд алайҳи ҳукумат ва мақомоти қудратӣ садо баланд мекунанд ва ҳузновараш он аст, ки аз қафояшон чандин нафарро бо худ ба олами ҷиноӣ мекашанд.

 Рух додани ҳолиса санаи 25 ноябр дар ин минтақа шахсан маро хеле ноором ва ноҳинҷор намуд. Хеле афсӯс хурдам, ки гурӯҳи ношукр ба хотири бароварда кардани манфиатҳои худ барои ноором сохтани вазъ кӯшиш варзиданд.

Ҳодисаи навбатӣ, ки ҳангоми боздошти гумонбар Гулбиддин Зиёбеков руҳ додааст, бори дигар собит месозад, ки ифротиёну бадкешон минҷумла ҳизбу ҳарактҳои террористиву экстремистии фаъолияташон мамнуъ ҳамеша дар паи ноором сохтани вазъи суботи кишвар мебошанд.

Дар шароити вазъи мураккабу ноамни минтақа ва ҷойдоштани хатари амиқи ҳуҷуми мусаллаҳона ба хоки ватани маҳбубамон аз ҷониби ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон суйистифода бурдан аз ҳодисаи руҳдодаи болозикр ва даъвати мардум ба тазоҳуроту бетартибиҳо бори дигар парда аз руи манфури гуруҳҳои ифротгарову тундрав бардошта шуд. Гуруҳҳои тундрав аз дастгир ё безараргардонии гумонбари ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта Гулбиддин Зиёбеков, ки он ҳам бо айби худи ӯ ҳангоми муқобилияти мусаллаҳона нишон доданаш рух додааст, "фоҷеаи миллӣ" сохта ба хотири амали намудани ғаразҳои нопоки худ ҷавонони ноогоҳро ба бетартиби ва содир намудани ҷиноят даъват намуда истодаанд.

Ҳоло он, ки қазияи Г. Зиёбеков як амалиёти муқаррари ҳангоми дастгир кардани ҷинояткор маҳсуб меёбад, ки қариб ҳаррӯз дар ин ё он кишвари мутамаддину демократи чунин ҳаводис рух медихад.

Бинобарин аз ҷавонони ватандӯсту бофарҳанги Бадахшон даъват менамоем, ки фирефтаи дасисаи гуруҳҳои тундраву ифроти нагарданд ва ба суботи Ватан халал ворид насозанд. Зеро сулҳу субот неъмати бузург мебошад ва ҳамагон ҳамарӯза аз шаҳди он чашида истодаем.

Ҳоҷаева Нодира Абдуқаҳҳоровна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди тамоюли вусъатёбии беҳаду марзи ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорад  ва имрӯзҳо мардуми сарбаланди Хоруғ ва фаъолони ҷомеа, хусусан нафароне, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдеро дидаанд, бояд ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки аз гурӯҳҳои ифротагарову тундгароӣ   дар ҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд.

Ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои навадум расида буданд, дигарбора расанд. Чунки чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум пеш аз ҳама манфиату дастовардҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Гурӯҳҳои террористон гумон доранд, ки боз бо роҳҳои мардумфиребӣ ватани моро ба коми худ мекашанд, аммо ҷавонмардони мо нигаҳдорандаи хоки аҷдодӣ ба ин гурӯҳҳои манфиатҷӯй роҳ намедиҳанд, ки ниятҳои нопокашонро амалӣ созанд. Ба мардуми баору номуси шаҳри Хоруғ гуфтанием, ки ба доми фиребу найранги ин қаллобон бовар накунед.

 

Ҳасанов Фаррух, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад, ҳамеша он касро бо меҳр ба забон мегирад.

Диёри ҳамешасабзи мо, макони сулҳу оромӣ, меҳнати софдилона ва хизмати беминнат нисбат ба Ватан мебошад. На танҳо аҳолии маҳаллаи ҷумҳурии мо, балки одамони  бурунмарзӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар давлатҳо мехонанд ё ин ки кор мекунанд, аз Роҳбари давлати худ мефахранду меболанд. Онҳо боварии комил доранд, ки солҳои наздик Тоҷикистони азизи боз ҳам гул-гул шукуфта истодааст.

Барои пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо ҷавонони оқилу доно, зираку ҳушёр, ватанпарвар, соҳибмаълумот, бо иродаи мустаҳкам, ба ватану кишвар содиқ  ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ тавонову пурқудрат лозиманд. Аз қадимулайём чунин ҷавононро бо роҳи имтиҳонкунӣ  ба сохторҳои  қудратии давлатӣ барои пешниҳод намудани вазифаҳои баланд  интихоб менамуданд. Навҷавонони боқуввату паҳлавон барои ҳимояи халқу ватан  чун обу оташ заруранд. Аз ин лиҳоз волидайн бо сари баланд, бо ифтихор фарзандонашонро барои хизмат ба сафи армия гусел менамуданд. То имрӯз ҷавонон аз ҷониби  ҳам волидайн ва ҳам устодон чун насли ояндасоз ҳаддалимкон  тарбияи хуб мегиранд.

Имрӯз бошад, дар ҷомеаи мо гурӯҳу, созмонҳое пайдо шудаанд, ки мо онро гурӯҳҳои иртиҷоӣ ном мегирем, зеро онҳо ба ҷуз ифротгароӣ, низоъандозӣ байни ҷомеа ва на танҳо ҷомеавайронкунӣ, инчунин одамвайронкунӣ чизи дигаре ба ҷамъият ато намекунанд. Идеологияи ифлосу бадхоҳи онҳо имрӯз ба нерӯи зеҳнии ҷавонони мо таъсири манфии худро мерасонад. Онҳо аз пайи ба доми фиреб кашидани насли наврас мебошанд.

Таи чанд соли охир тибқи расонаҳои хабарӣ ҳамагон воқиф гардида истодаанд, ки шаҳру навоҳиҳои вилояти Бадахшонро теъдоди зиёди ҷинояткорон ғасб кардаанд. Ин аст, ки ба хотири бартараф кардани сатҳи ҷинояткори ва ҷинояткорон дар ин вилоят ҳама чораҳои ботадбир андешида ва амалӣ намуданд, ки паи ин амалиёт чанде аз ҷинояткоронро боздошт ва лавозимотҳои эшонро мусодира намуданд.

Дар охир гуфтаниам, ки бо дастгир шудан ва бартараф намудани камбудиҳо якчанд муаммои ташвишовар ҳалли худро ёфт. Ҳамаи ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат танҳо барои он равона гардидааст, ки мардумони минтақаи Бадахшон низ меваҳои Истиқлолиятро ба маънои томаш чашанд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки Бадахшонро танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин тадбири дурбинонаи худ ба Бадахшони воқеи ба сарзамини зарзамини Бадахшон, ба минтақаи тамошобоби ҳазорон сайёҳон мубаддал сохтанд.

Бобоҷонова Назира Иномҷоновна, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Нооромие ки  дирӯз дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуқӯъ пайваст,  ҳеҷ як шаҳрванди ваҳдатшиори мамлакатро ором гузошта наметавонад. Аз ҷумла мо, устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қатори мардуми соҳибназари ин минтақаи афсонавии диёр ғам хӯрдем. Аз он шигифтзада гардидем, ки чаро соҳибназарон, тӯдакашони ҷомеа мавқеи яктарафиро дар ин самт пеша намуданд.

Зеро мо хуб медонем, ки дар замони муосир мо шоҳиди аз байнравӣ, тақсимшавии якчанд давлатҳои сайёра ба миён омадааст.

Аз ин рӯ, мо сокинони мамлакатро мебояд, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  якдилона муттаҳид гардида, ҳамовозу аз як гиребон сар барорем. Меҳру муҳаббати Ватану ватанпарвариро дар ниҳодамон беолоиш нигаҳдорӣ намоем. Манфиатҳои давлативу миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ волотар гузорем. Сулҳу осоиштагиро пайваста тарғибу ташвиқ намуда, баҳри расидан ба хушбахтию саодати рӯзгори хеш пайваста талош намоем. Зеро ки азизтарин ва муқаддастарин пайроҳаи расидан ба комёбиҳо ва пирӯзиҳои нав ба нав дар пояи сулҳу Ваҳдати миллӣ сабзиш меёбанд.

Мо, устодон бояд аз чунин амалҳои зиддиқонуниву зиддиинсонӣ канор гирифта, ҷавононро дар ростои миллатдӯстиву ватанпарварӣ мунтаззам тарбия намоем.

 

Ашӯров Сайёд, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар сарнавишти ҳар қавму миллатҳо рӯзҳои босаодату нек ва ҳамзамон саҳифаҳои сиёҳе, ки имрӯзиёну фардоиён аз он ҳатман ошно хоҳанд шуд, рақам зада мешавад.

Барои миллати соҳибиқболи мо пас аз торикиҳову зулмотҳое, ки аҳримансифатон хуршедро бо чодари абрӣ пӯшонида буданд, нури хуршедӣ бо талош ва иродатмандии Пешвои муаззами миллат расид. Мо наздик ба 25 сол аст, ки дар фазои орому осоишта умр ба сар мебарем. Ҳар он касе, ки имрӯз ба қадри ин ҳама ормиву тинҷӣ. Пешрафти бемайлони иқтисодиву иҷимоӣ намерасанд, ӯ Худозадаву лаънаткардаи халқ аст.

Муттассифона чунин нафарон кам ҳам бошанд, имрӯз ҳастанд. Барои онҳо мусибати миллат шодӣ асту нишоти мардум азо. Махсусан дар ҳоли ҳозир, ки Бадахшони Кӯҳиро ҳадафи қалами худ қарор додани иддае аз носипосон, маро маҷбур месозад, то алайҳашон нависам то воқеъияти ҳолро гӯям.

Маводи навбати ихӣилофҷӯён вобаста ба авзои сиёсии Бадахшон интишоршуда бозгӯи он аст, ки дастандаркорони ин думравҳо дар либоси дӯст ва ғаразҳои сиёсӣ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мардуми ин минтақаи Тоҷикистонро ба гирдоби балоҳои солҳои 90-уми асри гузашта мебаранд. Яъне, заҳри ҷонкоҳи худро мехоҳанд ба бадани миллат ворид карда, кишварро дубора мисли солҳои навадум фалаҷ созанд.

Ба ибораи дигар чун диданд, ки рӯи рост мардуми Бадахшон даъвати оммавии онҳоро барои ноором кардани вазъ қабул надоштанд, роҳи дигарро пешаи худ карданд. Яъне, бо роҳи хушомадгӯӣ худро ватандӯсту  мардумсолор нишон дода, мехоҳанд ҳадафҳои ҳангомасозу разилонаашонро дар Бадахшон пиёда созанд.

Ҳатто ин хоинон руйдодҳои солҳои 90-умро бо мавқеъгирии хоси сиёсӣ истифода бурдан хоста, ба ақидаи онҳо «хомӯш ва бетараф истодан»-ро дар баробари рӯйдодҳо ва тадбирандешии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «хиёнат» арзёбӣ менамоянд.

Нодида гирифтани ҳуқуқу манфиатҳои кулли мардуми осоиштаи Бадахшон  ба хотири 5-6 дузду авбоши мисоли худашон бозгӯи хиёнаткорию манфиатҷӯии ин тоифа фарзандони фурӯхташудаи танд.

 Аз мутолиаи маводи сар то по ғаразнок як ақидаи носолиму муғризонаро  нодида гирифтан ҳеҷ имкон надорад. Зеро ин хоинон бо истифодаи  ибораҳои «ветеранҳои ҷанги шаҳрвандӣ»-ю «фронти халқӣ» таваҷҷуҳи хонандаро ба қисматҳо ҷудосозии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон равона сохта, бо роҳи тафриқаандозӣ дар ҷомеа мардуми Хатлону Бадахшон, Рашту Суғдро ба ҳам шӯр андоҳтан мехоҳанд. 

 

Абдусабури Абдуваҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд