Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Мутаасифона, баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, ки ин боиси нороҳатии аҳли ҷомеаи кишвар аст. ҳамчунин, гурӯҳе аз хориҷи мамлакат истода, нисбати ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мо суханҳои носазо ва иттилооти бардурӯғро паҳн менамоянд.

ТЭТ ҲНИ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ), ки чун ҳизби ифротӣ шинохта шудааст, акнун бар рӯи сиёҳи худ ниқоби нав ба бар намуда, худро ҳомии озодӣ ва демократия унвон кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аъзои он аз худ қаҳрамонтарошӣ намуда, худро дар нақши ҳомии адолат меҳисобанд. Лек аз таъриху гуноҳҳои содиркардаи худ бехабаранд. Бинобар ин аз падару модарон,кормандони соҳаи маориф ва умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунем, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд. Зеро, афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремисту террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бадтар аз он, ҷавонони ноогоҳ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ афтода, ҷони ҷавони худро ба хотири манфиати гурӯҳӣ ё шахсони бегона дар гарав мемонанд. Боиси таассуф аст, ки дар байни онҳо аз кишвари мо ҳам ҷавонон дида мешавад. Мо бояд ба ҷавонон ҳақиқати ҳолро фаҳмонем ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Зеро, сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат буда, моро мебояд, ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем.

Алия Раҳимова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки симои манфии наҳзатиёнро аз таърихи пайдоиш то ба имрӯз ошкоро ба таври воқеӣ бо асноду далелҳои раднашаванда рӯи навор овардааст, амри воқеӣ ва зарурияти таърихӣ мебошад. Дар филми мазкур хусусан рафтору амалиётҳои хиёнаткоронаи ҳизби мамнуъшудаи наҳзат дар солҳои 90-ум, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сабаб гардид ба таври ҳақиқӣ бо далелҳои таърихӣ инъикос ёфтааст.

Махсусан ҳодисаҳои куштори шахсиятҳои маъруф аз хиёнаткориҳои наҳзатиён нисбат ба миллату ватани худ шаҳодат медиҳад. Бояд қайд намуд, ки баъди дидани филми мазкур ҳар як фарди ватандӯст ҳатман ба андеша меравад, ки наход чунин ашхосе ба монанди наҳзатиёнт, ки дар сарзамин ба воя расидаанд, чунин хиёнати нобахшиданиро нисбати меҳани худ ва миллати худ содир намуда бошанд. Наворхои ин филми ҳучатӣ, ки пурра аз бойгониҳо гирд оварда шудаанд, нишон медиханд, ки воқеан ҳам, ин наҳзатиёни одамсурат, вале дар асл шайтонҳои хиёнаткор дар вуҷудашон ғайр аз фитнакорӣ, дасисабозӣ дигар ҳеч гунна арзишҳои ахлоқӣ ё маънавии инсонӣ надорад.

Хиёнат ба Модар –Ватан даҳшатноктарин хиёнати инсон дар тулии умраш мебошад ва амали ноҷавонмардона маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар тарбияи ватандӯстӣ, аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон ва баланд бардоштани зиракии сиёсии онҳо аҳамияти баланди ғоявӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳо намоиш додани наворҳо аз филми мазкур нақши муҳим мебозад. Хусусан, дар шароити ҷаҳони муосир, ки терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷомеа таҳдид менамояд, барои дар руҳияи ватанпарастӣ, нафрату адоват нисбат ба терроризм ва экстремизм тарбия намудани ҷавонон нақши арзишманд дорад.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ба парлумони кишвар қайд кардаанд, “Солҳхои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷахони муосирро ба ташвиш овардааст.  Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстримистӣ ва терористӣ дошта ба вусъат ёфтани тероризми байналмиллалӣ фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстримистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротии динӣ дар кишварҳои мусалмоннишин ва зиёд шудани теъдоди аъзои гурӯҳхои терористиро дидаву мушоҳида карда, ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба ин рӯзгори ободу осоишта ба ин давлати соҳибистиқлолу сарвари оқил бояд шукргузорӣ намояд, зеро ин рӯзгори осоиштаи халки точик худ аз худ ба осонӣ ба даст наомадааст.

Аз ин лихоз ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем манфиатҳои умумидавлативу умумимиллиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳҳо афзалтар шуморем.

Анвариддин Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Чанде қабл, дар тамоми манотиқи мамлакати биҳиштосои мо тантанаҳои пуршукӯҳу боҳашамати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, алҳол, сокинони кишварамон ба истиқболи ҷашнҳои дигари давлатӣ: 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистону  Рӯзи Президент, ки ба 29-солагии баргузории Иҷлосияи XVI-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, омодагӣ мебинанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу тарбияи ахлоқию хештаншиносии донишҷӯён ва бахшида ба ин санаҳои муҳими таърихӣ, аз 25 октябр то 1 ноябри соли 2021 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Ҳафтаи кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ» баргузор гардид.

Дар доираи чорабиниҳои мазкур, ҳайати омӯзгорони кафедра ба корхонаю муассисаҳо, ташкилоту дигар идораҳои воситаҳои ахбори омма ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба мазмуну моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои кишвари мо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва дигар масоили мубрами рӯз, сафарбар гардида буданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои дар боло зикргардида, дар маҷлисгоҳи бинои таълими рақами 2-и ДДҲБСТ вохӯрии ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ бо ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Созмони ҷурналистони Тоҷикистон Карамулло Одилов баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкурро декани факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Тоҷибоев Ш.А. ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин оиди аҳамияти Иҷлосияи XVl-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пойдории Истиқлолияти давлатии кишварамон ва зарурияти огоҳ будани насли ҷавон, алалхусус, донишҷӯён аз таърихи давлатдорию чеҳраҳои шинохтаи мамлакат, ахборот дод.

Дар рафти ин мулоқот, Карамулло Одилов, ки иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи наҷотбахши XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тӯли бештар аз 38 сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои молияю бонкдорӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзандаашро гузоштааст, хотираҳои хешро аз вазъияти ногувори солҳои авввали ба даст овардани Истиқлолият, мақоми махсуси Иҷлосияи тақдирсози XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати барқароркунии сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ба арсаи сиёсати калон ворид намудани як чеҳраи нави сиёсӣ, Пешвои кунунии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тӯли ин солҳо тавассути ҷасорати бесобиқаю заҳматҳои шабонарӯзии ӯ баҳри таъмини якпорчагии давлату ваҳдати миллӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар тамомии минтақаҳои мамлакат, тадбирҳои хеле судманд андешида шуда, давлати тоҷикон ба оламиён ҳамчун як кишвари аз нигоҳи сиёсӣ ором ва аз ҷиҳати иқтисодӣ босубот рушдкунанда, муаррифӣ карда шудааст.

         Аз ҷумла, нотиқ қайд кард, ки баъд аз пош хӯрдани  давлати абарқудрати  Шӯравӣ,  дар алоҳидагӣ мондани  ҷумҳуриҳои собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ  дар аксари кишварҳо, аз  ҷумла, дар Тоҷикистони азизи  мо солҳои 90-ӯми асри гузашта баъзе  қувваҳои  марказгурез ва ашхоси ба ҳар роҳу  воситаҳо ба  амалбароварандаи   манфиатҳои  ғаразноки  шахсидошта,  фаъолона амал карданд.

         Кашмакашҳои дохилӣ зери ниқоби демократияю ошкорбаёнӣ ва дахолатҳои  пасипардагӣ аз хориҷи  кишвар  ба он оварда  расонд, ки  соли  1992 ба сари  мардуми тоҷик оғози  ҷанги  шаҳрвандӣ  таҳмил гардад.

         Барои ба эътидол овардани вазъияти ногувори дар кишвар ба амаломада, мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ ба хулоса омад, ки Иҷлосияи XVI-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа +рунхӯҷаеви вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) баргузор намояд ва хушбахтона иҷлосияи мазкур дар таърихи навини давлатдории тоҷикон, ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз ворид гардид.

Ёди он солҳоро карда, ҳамчун шоҳиди бевоситаи барқароркунии сохти конститутсионӣ дар кишвар ва аз вартаи ҳалокат наҷотдиҳии давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷикон, Карамулло Одилов ҳангоми суханронии хеш бо овардани бисёр рақаму далелҳо таъкид кард, ки барқароркунии иқтисодиёти мамлакат, то ба сатҳи имрӯза оварда расонидани рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо тавассути иҷрои саривақтии қонуну қарорҳои дар Иҷлосияи тақдирсози XVl-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида,  ҷасорату хирадмандии Сардори давлат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамдигарфаҳмию ҷонфидоии дигар фарзандони фарзонаи миллат ва сабру таҳаммули мардуми дурандешу соҳибфазилати давлати тоҷикон, ба даст оварда шудааст.

Дар охири сӯҳбати хеш, Карамулло Одилов ба донишҷӯён муроҷиат карда, даъват ба амал овард, ки ба қадри ин фазои ороми сиёсию ободкориҳои бузурги дар саросари кишвар тавассути сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши кишвар ба даст овардашуда расанду бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм карда, ҷиҳати боз ҳам тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ дар мамлакат, саҳми арзандаи хешро гузоранд.

        Зеро, Пешвои миллат ҷавононро ҳамеша пешбарандаи давлати тоҷикон меҳисобанд ва нисбаташон тамоми дастгириву ғамхориҳоро дареғ намедоранд, аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавони бохирад бояд ватани хешро сидқан дӯст дорад, аз ҳамагуна зуҳуроти ифротгароию хоиниҳо ба халқу давлат дур бошад ва бо одоби ҳамидаю дониши мукаммал баҳри дар арсаи ҷаҳонӣ нек муаррифӣ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлолу биҳиштосоямон, саҳмгузор бошад ва ин гуфтаҳоро иштирокчиёни мулоқот хеле хуб пазируфтанд.

 Вохӯрии мазкур, дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, иштирокчиёни он барояшон хеле маълумотҳои муфидро оиди таърихи баргузории Иҷлосияи наҷотбахши XVl Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и вилояти Ленинобод (алҳол, Суғд) ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, пайдо намуданд.

         Муътабар Ғозиева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Яке аз поягузорони адабиёти тоҷик дар охири қарни 20 ва аввали асри 21 шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар яке аз нигоштаҳои худ овардаанд, ки ба атроф нуру зиёи маърифату одамият пошидан, бо андешаи расо мардуми гирду пешро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят намуда, аз фалокати гумроҳӣ наҷот додан рисолати зиёиву равшангари ҳақиқист.

Воқеан ҳам дар шароити ҳасосии ҷаҳонишавии тамаддунҳо нақши зиёиён ва равшанфикрон чун тӯдакаши ҷомеа дар бедории худшиносии миллӣ хеле калон аст. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки оне имрӯз муваффақу комгор аст, агар донишу саводи казоӣ дошта бошаду бо нури маърифати худ дилҳоро мунаввар гардонад.

Аз азал тоҷикон бо фарҳангу маданияти баланди худ миёни дигар миллату қавмҳо ба куллӣ фарқ мекарданд. Зеро аксаран аз осори гаронмояи соҳибхирадон бархӯрдор будану онро дар зиндагӣ шиори худ қарор медоданд.

Аммо дар баробари Истиқлолият ба даст овардани кишварамон иддае ба ном «равшанфикрон», ки шояд аз кӯчаи дину диёнат умуман нагузашта бошанд, таълимоти кӯр-кӯронаи диниро як рукни шинохти миллат дониста, ба хотири олуда сохтани мафкураи шаҳрвандон, хосса, ҷавонон бо кушодани мактабҳои алоҳидаи динӣ камар бубастанд. Чун нафарони зиёдеро пойбанди таассуб гузоштанд, онҳоро талқин мекарданд, ки ба хотири баровардани саводи динии худ рӯй ба мадрасаҳои динии кишварҳои Урдун, Покистон, Афғонистон, Эрон Сурияву Ироқ раванд.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ҷавононе, ки дар давлатҳои Ховари Миёна  таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифтанд, баъзеашон гумроҳона ва нафарони дигар ба таври иҷборӣ аз ҷониби эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил мешаванд.  Онҳоро чун «фидоиёни роҳи Ислом» дар марказҳои таълимии ҳарбӣ омӯзонида, баъдан ба амалиётҳои ҷангӣ мефиристоданд. Ҳар якеи онҳо вақте ба сафҳои ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ун-Нусра» ва ғайра дохил мешаванд, қасам мехӯранд, ки дар роҳи расидан ба ҳадафу мақсад ҷонашонро фидо мекунанд. Аз рӯи таълимоти динии ин гурӯҳҳо гӯё нафароне, ки дар роҳи ислом ҷиҳод мекунанд, ҷояшон «ҷаннат» аст. Аммо касе аз ин саркардагон ҷасорат намуда, намегӯянд, ки «магар рехтани хуни бегуноҳ, ки аксаран мусулмонанд» гуноҳи азим дар назди Худованд нест? Охир ҷаннатиён онҳое, ҳастанд, ки мувофиқи оятҳои қуръонӣ дар зиндагӣ касеро озор надода бошанд, хоксориву фурӯтаниро шеваи худ донанд. Пас маълум мешавад, ки онҳо дар роҳи ҳақ нестанд.

Зиёд мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки ҷавонони мо ба хотири баланд бардоштани дониши худ ба хориҷи кишвар рафта, ҳурмату падару модар, арзиши Ватану ватандориро пушти по мезананд. Волидон то лаҳзаи охирин умед ба он мебанданд, ки ҷигарбандашон рӯзе аз кардаи худ пушаймон шуда, бармегардад. Аммо, мутаассифона, он вақт дер хоҳад шуд. 

Дар ин росто тасмимгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар шоистаи зикр аст.  Вазорати корҳои хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои консулигариҳои худ дар хориҷи кишвар ба баргардондани шаҳрвандони мо мунтазам мусоидат намуда, дар як вақт ҷиҳати мушаххас намудани рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври ғайрирасмӣ дар давлатҳои хориҷӣ ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Маҳз баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо аз соли 2010 то инҷониб бо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии динии ғайрирасмии давлатҳои хориҷӣ зиёда аз се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонда, ба кору таҳсил фаро гирифта шуданд. Муҳимаш он, ки давлат ва ҳукумат барои онҳо имтиёзҳо медиҳанд, то дониш омӯзанду зиндагиашонро пеш баранд.

Вакте ин мавод иншо мешуд, ба хотирам суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар омад.  Он кас қайд карда буданд, ки имрӯз дар ҷомеа эҳтиром нисбати муллоҳо афзудааст, аммо қадру манзалати оне, ки умре пайи таълиму тарбияи фарзандон аст, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Воқеан ҳам, ин гуфтаҳои Сарвари давлат ҷон дорад. Мо ҷойе, ки барои фарзандонамон шароити дурусти таълимӣ фароҳам оварем, бо баргузории ҳар гуна чорабиниҳои серхарҷ, ки воқеан ҳам садрнишини он домуллоҳо ҳастанд, вақти қиммату даромади худро сарф месозем. Бехабар аз онем, ки ҳар гуна ангезаҳои нодурусти сиёсӣ, даъватҳои бемавқеъ метавонад фалокатеро ба сари мо биёрад.

Ба мо воқеаҳои солҳои навадум бояд ибрат бошад. Ангезаҳои ба ном «исломпарастӣ» дар кишвари мо аз давраи бозсозӣ оғоз ёфта, самараи таассубу «исломгароиро» мо дар пӯсту устухони худ санҷидем. Ҳазорон ҳазор ҷавонон хуни ноҳақ рехтанд. Зеро гумроҳӣ, надоштани дониши динӣ ва сиёсӣ моро ба чунин ҳол овард.

Окибати ин амалҳоро мо ба доми фиреб ва найранги хоҷагони гирифтор шудану аз зиндагии ширин, аз диёри зебо, аз миллати нозанини хеш ношукрӣ карда, ба ҳизбҳои характери экстремистӣ-динӣ дошта ворид шуда, ҳатто ба Сурияю Ироқу Афғонистон рафтани ҷавононамонро дида истодаем. Бояд мо бештару беҳтар ба қадри суботи сиёсӣ, истиқлолияти ба ҷон баробари кишвар, ба ваҳдати миллии хеш расему онҳоро ҳамчун гавҳараки чашмонамон эҳтиёт ва муҳофизат намоем.

 Дар ҳоле, ки кишварҳои мутараққии ҷаҳон аз фатҳи койиноту, ихтироъкорӣ ҳарф занад, мо пойбани хурофотпарастӣ ҳастем. Бояд ҳар як шаҳрванд, хосса зиёиён рӯшанфикрон ҷавононро дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ бояд тарбия намоянд. Аз қаҳрамониву бебокии падарону бобоёни мо дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд нақл кард. Онҳо барои Ватан, Модар, марзу буми худ ҷангиданд. Ҳоло чи давлати Ироқу Шом, ки аз мо ҳазорҳо километр дур аст, майдони «ҷасорати тоҷикбаччагон» гаштааст. Охир Ватани мо Тоҷикистон аст. Ба ҷои чунин «бебокиҳо» мо аз технологияи пешрафта бояд огаҳ бошем, сатҳи забондонии худро боло бардорем, дастовардҳои варзиширо афзун намоем, насли наврасро дар руҳияи дӯст доштани обу хоки Ватан тарбия намоем. Зеро дӯст доштани Ватан як рукни имон аст. Имон ба Ватан, имон ба ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст. 

 

Зариф Довудов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд   

 

 

 

 

 

 

Баёни умр

Бойпочо Фатҳиддинов 7 сентябри соли 1936 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Донишгоҳи автомобилӣ ва роҳсозии шаҳри Маскав. Фаъолияти меҳнатиашро дар Донишкадаи политехникии шаҳри Душанбе оғоз карда, ҳамзамон вазифаи сармуҳандиси автобазаи №3- и шаҳри Душанберо ба зимма дошт. Соли 1976 сарвари кулли Иттиҳодияи истеҳсолию техникии «Автотранстехника» таъин шуд. Солҳои 1990-1995 чун вакили халқ дар Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Соли 1993 ба ҳайси директории тиҷоратӣ, муовини сарвари кулл ва соли 1995 сарвари кулли ҶС «ТоҷикГАЗавтосервис» буд. Алҳол устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент. Оиладор, соҳиби 3 нафар фарзанд.

 

Оғоз

Яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ мебошад. Мусаллам аст, ки барои амалӣ шудани ин тадбири муҳим мо такя ба кадрҳои баландихтисоси соҳа мекунем. Бойпочо Фатҳиддинов аз ҷумлаи чунин мутахассисони баркамоланд, ки умре барои пешрафти соҳаи нақлиёти кишвар саҳми ногузир гузоштаанд. Дар арафаи таҷлили 29- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ, ки мавсуф худ иштирокчии бевоситаи он буданд, сӯҳбате доштем бо он кас. Инак, фишурдаи сӯҳбатамонро манзури хонандагон мекунем.

 

ХОТИРАҲОИ ОФТОБӢ

 - Устод Бойпочо Раҳимович, аз баргузории яке аз рӯйдоди муҳими кишвар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишварамон сулҳу оромӣ овард, 29 сол пур мешавад. Шумо ба ҳайси вакили мардумӣ аз он рӯзҳои мушкил ва ҳасос чӣ хотирот доред?

 - Аввалан мехостам дар оғози сӯҳбат як нуктаи муҳимро қайд намоям. Мавҷи бозсозиву, ошкоргӯӣ ва демократия дар кишвари мо шурӯъ аз соли 1989 оғоз ёфта, бори нахуст интихоботи шаффоф ва демократӣ маҳз соли 1990 доир шуда буд. Далели гуфтаҳои болоӣ он аст, ки ман ва 16 нафари дигар ба ҳавзаи интихоботии № 8 ноҳияи Октябр (ҳозира ноҳияи Исмоили Сомонӣ) номзад пешбарӣ шуда будем. Аксари пешбаришудагон шахсиятҳои шинохтаи кишвар буданд. Дар натиҷаи таблиғи солим банда дар даври дуюми интихобот вакил интихоб шудам. Бояд гӯям,  он замон вакил интихоб шудан рисолати азимеро бар дӯш гирифтан буд, ки ман онро ҳар лаҳза эҳсос мекардам.Чун нооромиҳо дар кишварамон сар зад, аксаран гуноҳро бар сари вакилон таҳмил карданӣ шуданд. Таъқибу фишорварӣ ба авҷаш расид. Ҳатто ҳамкоронам ба хотири амниятам таклиф ҳам карданд, ки ба ҷойи кор ҳозир нашавам. Дар он лаҳзаҳои ҳассос натанҳо ман, балки дигар вакилон ҳам бо як нерӯву қувва кори иҷлосияро идома доданд. Дар кори иҷлосия яке аз фаъолтарин вакилон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буданд. Он кас дар такя бо далелу фактҳои ҷолиб пешниҳодҳои хубе медоданд. Суханҳои баҳарорат, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ ме- кард. Аз ҳар баромадҳояшон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки номбурда бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд.

- Яъне, интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистое самараи чунин дилсӯзиҳояшон дар рафти сесияҳо буд, ҳамин тавр?

-Дар он лаҳзаҳои мушкил миллати моро бояд сарваре идора кунад, ки нотарс, ҷасур, соҳибирода, мушкилнописанд аз ҳама муҳимаш меҳандӯст бошад. Ин хислатҳоро вакилон танҳо дар симои Эмомалӣ Раҳмон диданд. Ва имрӯз бо гузашти 29- сол аз ин рӯзи таърихӣ як чизро метавон ёдовар шуд, ки кам касонеро хосатан миёни ходимони сиёсӣ дучор шудан мумкин буд, ки паҳлӯ ба паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон нишаста кор кунанд. Ва дар як ҷаласа ҳам худи Президент ишора карда буданд, ки ҳисси нобоварии зумрае аз вакилон руҳияи ӯро дар мавриди фардои кишвар нашикастанд.

- Дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст. Имрӯз аҳамияти таърихии ин иҷлосияро ҳамчун ширкаткунандаи бевоситаи он чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Иҷлосия оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон буд. Зеро дар он аксари тарафҳои мухолифин аз ҷумла қумандонҳои саҳроӣ ширкат доштанд. Суханҳои пурҳарорати Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дубора дар дили бешафқати зумрае аз ҷангхоҳон раҳме овард. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҳоли ғарибони дар мулки афғон паноҳбурда, ҳафт моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ мондани шаҳрвандони вилояти Қурғонтеппа, рехтани хуни бегуноҳон, ба даст овардани ҳисси боварӣ байни ҳамдигар  баён дошта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки аз як гиребон сар бароварда, барои тинҷиву оромии кишвар фаъолият барем. Имрӯз кишвари мо ба як мулки ободу озод табдил ёфта, сокинонаш дар партави сулҳу ваҳдат оромона умр ба сар мебаранд. Мехостам, бигӯям, ки Иҷлосияи анҷумане буд, ки саодат ба миллат овард.

 

УСТОДИ СОЗАНДА

-Маълум ки барои пешрафт ва шукуфоии кишвари мо рушди соҳаи нақлиёт ва роҳ зарур аст. Шумо ба ҳайси коршиноси муваффақ солҳои сол дар ин соҳа заҳмат кашидаед. Имрӯз дар ин самт чӣ дастоварду чӣ мушкилӣ дорем?

 - Чун мутахассис фикр мекунам, дар солҳои гузашта мо идоракунии нақлиётро дар асоси системаи баҳисобгирӣ ва автоматизатсиякунонии коркарди ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи нақлиёти автомобилӣ сохта будем, ки натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:

- аз байн бурдани зиёднависиҳои нишондиҳандаҳои техникӣ ва иқтисодии кори нақлиёт дар ҳамаи соҳаҳои нақлиёти автомобилӣ ва азназаргузаронии мантиқӣ бо истифода аз воситаҳои таҷҳизоти электронӣ:

- коҳиши ҳадафҳои коррупсионӣ дар кори нақлиёти авто- мобилӣ:

 - дуруст муайян намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва техникии кори ронандагон ва нақлиёти автомобилӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва самаранок истифодабарии нақлиёт:

- ташкили базаи информатсионии нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бояд гуфт, ки офаридани системаи ягонаи ташкили базаи информатсионии нақлиёт дар миёни давлатҳои шӯравӣ таҷрибаи аввлин буд ва ягон давлати дигар дар чунин сатҳи баланд ин корро ташкил карда натавонист. Ҳоло ҳам бартараф кардани мушкилиҳои баҳисобгирӣ ва лоиҳакунӣ дар сатҳи наваш ба мо лозим аст. Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар аст. Аз ин хотир таваҷҷӯҳ сол то сол ба соҳаи мазкур зиёд мешавад. Ҳоло роҳҳои сатҳи байналмилалӣ дошта дар кишвар бунёд шуда истодааст. Акнун дар назди мо ду вазифаи асосӣ - дуруст ба роҳ мондани кори ҳамлу нақли автомобилӣ ва баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои нигоҳубини нақлиёт меистад. Барои расидан ба ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳаматарафа ҷаҳд дорад. Дар ин самт корҳои илмии олимони ҷавон фаъолтар шудааст. Аминам, ки дар солҳои минбаъда раванди ҳамлу нақл, истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва тараққиёти хизматрасонӣ ба автомобилҳо барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Мушкиливу муаммоҳо дар соҳа ҳоло зиёданд. Онҳоро ботадриҷ метавон бартараф кард. Азбаски ҳоло нақлиётҳои давлатӣ чун пештара пурра фаъолият намебаранд, лозим меояд, ки барои нигоҳубини техникӣ ва таъмири нақлиётҳои дар дасти мардум буда мо бояд корхонаҳои сервисиро зиёд намоем. Барои рафъи ин муаммо оиди тайёр кардани мутахассисони баландихтисос донишгоҳу донишкадаҳои техникӣ ба иқдомҳои наҷиб даст задаанд. Ҳоло барои боз ҳам ҳам хубтар такмил ёфтани дониши амалии донишҷӯён бо дастгирии роҳбарияти муассисаҳои олии кишвар тамоми таҷҳизотҳои омӯзишии соҳа харидорӣ карда шудааст, ки фикр мекунам аз ояндаи дурахшони соҳа дарак медиҳад.

- Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур!

ОХИРСУХАН

 Ҳарчанд сини устод ба 85 расида бошад ҳам, ҳанӯз хастагиро эҳсос накарда, пайваста дар такопӯ ҳастанд. Маҳз самараи заҳматҳояшон буд, ки он касро бо ордени «Нишони фахрӣ», Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олӣ ҶШС Тоҷикистон, нишонҳои ҷашнии «Барои меҳнати шоён ба муносибати 100- солагии В. И. Ленин», «10 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақлиётчии фахрӣ»қадршиносӣ намудаанд. Вале мукофоти беҳтарин тавре худ иброз медорад инсони комил будану нафъе ба ҷомеа доштан мебошад.

 

 Мусоҳиб АБДУСАБУРИ АБДУВАҲҲОБ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳарчанд таҳлили ҷараёнҳои ифротӣ ва салафигарӣ дар Ислом ба зоҳир осон аст, вале нигоҳе аниқтар ба асли масъала, ташкил ва рушди он нишон медиҳад, ки ҷараёнҳое, ки имрӯз дар олам арзи вуҷуд дорад, худашон ва ҷонибдоронашон низ ба зарарҳои калон рӯ ба рӯ мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми хеш ба ин масъала таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир намуда, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд. Рӯйдодҳои охирини ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо-Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

Яке аз ҷараёнҳои ифротӣ ин ҷараёни “Салафия” маҳсуб меёбад, ки маънояш “гузашта”-ро ифода мекунад ва аз калимаи салаф гирифта шудааст.

Дар истилоҳи исломшиносӣ маънои гузаштагон се асри аввали Ислом фаҳмида мешавад.

Ҷараёни дини “Салафия”  бошад, аз ин ном истифода бурда, мақсади пайдокунии фундаменттализм дар мубини Исломро дорад.

Аз ҷиҳати идеологӣ-фиқҳӣ ҷараёни Салафия, ҷамоати Ихвон-ул Мусулмон (Братъя Мусулманӣ), Наҳзати Ислом ва Ҳизб-ут-таҳрир ва ҳизби ҳаракатҳои зиёдеро метавон ба як дарахте монанд кард, ки як реша дорад. Решаи онро Аҳмад ибни Таймия (1263-1328) гузошта ва танаи он Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1700-1793) мебошад.

Аз ин дарахти ваҳҳобият шохаҳои зиёде баромад, ки онро гурӯҳҳои майдаи дигари ҷараёнҳои Салафиён ташкил медиҳанд.

Ду шохаи бузурге, ки ваҳҳобият тавлид кард, дар симои ду намуди нави ҷараёни Салафиён таҷасум меёбад.

Ин Салафияи тақлидкунанда ва Салафияи ҳаракат ва сиёсӣ мебошад.

1.Салафияи тақлидкунанда:

-Салафияи шоҳигарӣ (шоҳигарии Арабистони Саудӣ) буда, меҳвар ва рукни асосии он “амир” ё “халифа” мебошад, ки онро меҳвари дини худ гузоштаанд.

-Салафияи даъватчӣ (ташкилкунанда), ки машғул бо даъват ва ҷалб кардани шахсиятҳо ва нафарҳое ҳастанд, ки ҷараёнро қувват ва нерӯ диҳанд. Дар асл Салафияи даъватчигӣ-кӯмаккунанда ва такягоҳи салафияи шоҳигарӣ (ШАС) мебошад. Аз ҳамин сабаб салафиёни даъватчигӣ аз ҷониби давлатҳои Халиҷи форс ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ онҳо дастгирӣ меёбанд.

2.Салафияи “Ҳаракаткунандаи сиёсӣ”:

-Салафияи ҷиҳодӣ, ки муҳимтарин омили зуҳур ёфтани он Сайид Қутб мутафаккири Ихвон-ул-муслимин гардид.

-Салафияи сиёсигарӣ баъди соли 2011 дар Мисри Араб зуҳур ёфт, он аз якчанд гурӯҳҳои Салафия ташкил ёфта, дар бозиҳои сиёсӣ иштирок мекунад.

Мақсад ва мароми ҷараёни Салафия:

 

1.Зоҳиран баргардонидан ба сӯи Қуръону суннат ва ба маънӣ ва Фалсафаи он андеша ва фикр накардан.

  1. Мардумро аз тақлид ба мазҳабҳои чоргонаи эътирофшуда берун сохтан.
  2. Урфу одат, анъанаҳои миллии дигар қавмҳо (ғайри араб) –ро нест кардан. Зиёрати қабристон ва дар он ҷо Қуръон хонданро бидъат ва гумроҳи ҳисоб мекунанд.

4.Фарҳанги бузург ва таърихи моро несту нобуд кардан.

5.Қонунҳои давлатро, ки мардум онро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардаанд, ба қонуни шоҳӣ (хилофот) табдил ва иваз кардан, куфр донистани Сарқонун

 

Зуҳурот ва пайдоиши салафия дар ҶТ.

 

Ҳизбу ҳаракатҳо, падидаҳои тундугароёнаи динӣ –Исломӣ дар муҳити пасошӯравӣ дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум ҳамчун ниҳоди муташаккили сиёсӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон баъди пош хӯрдани итиҳоди Шӯравӣ гурӯҳҳо ва ҳизбҳое, ки бо шакли динӣ зуҳур кардаанд инҳоянд.

1.Ҳизб-ут Таҳрир

  1. Ҳаракати Исломии Туркистон
  2. Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон
  3. Ҷунд-ул-лоҳ
  4. Ансоруллоҳ

6.Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

  1. Ҷамоат – ул – таблиғ
  2. Ҷараёни ифротии салафия
  3. Ихвон – ул – муслимин
  4. Адолат
  5. Акрамия
  6. Ҷамоат – ут- такрор
  7. Ҷайш – ул – лоҳ

14.Ҷиҳоди Исломӣ (Муҷоҳиддин)

15.Ҷараёни ифротии ваҳҳобия

  1. Давлати Исломии Ироқу Шом
  2. Ҷабҳут – у – нусра
  3. Аҳрор – ум – шом.

Услуб ва роҳҳои фаъолияти ҷараёни Салафия дар ҳудуди ҶТ

- созмон додани гурӯҳҳои алоҳида

- интихоб кардани пешво

- ишғол кардани ҷойи фаъолият (масҷид, ошхона ва ғайра)

- ташкил кардани маконҳои машқу тармим

- аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷамъ кардани мардуми бекор

- даъвати ҷавонон дар алоҳидагӣ

- ба воситаи шабакаҳои интернет, сомонаҳои иҷтимоии “Вотсап”, “Вайбер” “Вит-чат” “Однокилассники” “Фейссбук” ва ғайра ҷалб кардани аҳолӣ ва ҷавонон.

 

Пешгирӣ ва мубриза бо ҷараёни Салафия

 

Бо мақсади дуруст ва дар доираи қонунгузории амалкунанда пешгирӣ кардани фаъолият ба тарғибу ташвиқи ин равия алоқаманд, таъмини ҷавобгарии ҷиноятӣ  кашида шудани ҳамаи онҳое, ки талаботи қонунгузориро дар ин самт вайрон мекунанд, кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки ҳангоми ба даст овардани маълумот оиди кирдори ғайриқонуни ҷонибдори ҷараёни “Салафия” ҳатман ба он аҳамият диҳанд, ки оё кирдори номбурдагон бо тарзҳои муқарарнамудаи Кодекси ҷиноятӣ содир шудааст ё не .

Боиси зикр аст, ки кирдори ҷинояткорона содиршуда эътироф гардад, бояд он ҳатман ба тарзҳои КҶ ҶТ муқарар гардида содир карда шуда бошад, яъне аломатҳои таркиби он, ки ба таври оммавӣ (дар ҷашну маросимҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, дарсҳо, мавлудҳо ва ғайра) ва бо истифодаи воситаҳои ахбори умум ВАО (радио, телевизон, наворҳои вирусоӣ, сабтҳои аудиоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, инчунин ба таври паҳн кардани варақаҳои ташвиқотӣ  чи дар матбуоти дохилӣ ва чи дар сайтҳои интернетӣ) даъват ба амал овардан иборатанд, ҷой дошта бошад.

Агар аломатҳои зикргардида дар кирдори содиргардида мавҷуд набошанд, он аломатҳо таркиби ҷинояти мазкурро ташкил намедиҳанд.

Тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ вобаста ба татбиқи ҷазои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои раванди экстремистии террористӣ дошта пешбинӣ шудааст.

 

Терроризм

 

Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо: бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 25 сол ё ҷазои қатл дода мешавад. (КҶ ҶТ аз 31.12.2008с. ва ғайраҳо н451)

Хулас, дар фарҷом аз гуфтаҳои Пешвои миллат, Презденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми соли 2016 ин масъалаҳоро таъкид кардаанд иқтибос орем: “гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти ишораҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии терроистӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои Исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Мақсад ва мароми ҳизбу ҳаракатҳои террористии экстремистӣ дар сарнагун кардани ҳокимият, сохти Конститутсионӣ ва барпо кардани хилофоти Исломӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, ҷомеа бояд барои решакан намудани ин падидаҳои номатлуби дар ҳаёт зараровар дастаҷамъона мубориза баранд.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон қайд мекунанд хатари гурӯҳҳои террористӣ дар шароити имрӯза на камтар аз силоҳи атомӣ нест.

Мавриди зикр аст, ки бо ҳалномаи Суди Олии ҶТ гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ҳамчун ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ дар қатори онҳо манъ карда шудааст. Дар қатори 14 ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ 15-умини он Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз 25-сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти экстримистию террористӣ аз эътибор соқит карда шуд.

“Меҳвари дониш”

 

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои душвори ба сари халқу миллат омада, дар муқобили ҳама ҳадафҳои нопок чун як сипари боэътимод қарор гирифту халқро аз парешонию нобудӣ наҷот дода, атрофи худ сарҷамъ намуд. Ин шахсият барои ҳазорсолаҳои чун наҷотбахши миллат боқӣ мемонад.

Орифе мегӯяд, ки “Бо сулҳ имкон диҳед, подоши онро хоҳед дид”. Миллати тоҷик бо Пешвои худ ифтихор мекунад ва шукр мегӯяд, ки дар мамлакат сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Дар ҳақиқат, сулҳ аст, ки имрӯз миллати мо ташаккулу такомул меёбад ва рӯз то рӯз шукуфонтар мегардад.

Раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ собит сохта истодааст, ки аз мухолифат кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат давлатҳои хурд ташаккул меёбанд. Дар ин раванд ватандӯстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо тадбил ёфта истодааст, ки аз он болотар дастоварде нест.

Барои ташаккули як миллат дар ҳама замонҳо ваҳдату худшиносӣ нақши калидӣ дошт. Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро надошта бошад. Миллатҳоро таърих месозад ва Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқрори сулҳу субот дар кишвар ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Гиромидошти арзишҳои таърихии давлати Сомониён алифбои худшиносии фарохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозии миллии мо гашт. Пешвои муаззами миллат аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмиллалӣ ба забони ноби тоҷикӣ масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳонро матраҳ месозанд, ки гувоҳи яқини давлатдории миллии имрӯзаи мост.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

     Таи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузорад.

     Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Коршиносон бар он назаранд, ки ба доми террористон бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Барои ҷалби ҷавонони минтақаҳои Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошад.

      Мутаассифона аксари ҷавононе, ки бо гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегардад.

      Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки “Мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

       Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги  пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон  мамлакатро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Давлати Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд.

       Аз ин рӯ падару модаронро зарур аст, ки нисбати тақдири фарзандони худ бетафовут набошанд. Мутаассифона падару модароне ҳастанд, ки фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунӣ  барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд. Ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани  он саҳми назарраси худро гузоранд.

      Хулоса, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи доғи рӯз аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал муборизаи беамон барем, бетараф набошем ва кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар зиндагӣ бо роҳи дурусту мақсаднок амал кунанд.

Исфандиёр Рофиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

   Талқини фарҳанги бегона, даъват ба дигар мазҳаб аз шевахои асосии корбарии Созмони паймони миллӣ маҳсуб ёфта, рӯз то рӯз  бо воситаи шабакҳои иҷтимоӣ «хизматгузорон»-и ин ташкилоти мамнӯъ дар ин самт фаъолияти густурда бурда истодаанд.

Тавре маълум аст, дар ҷумҳурӣ ба гирифтани донишҳои динӣ аз тарафи ҳукумат тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Пӯшидани сатру аврат ва мондани ришҳои дарози дилгиркунандаву безеб ба либоси миллию анъанаҳои давлатдории тоҷикон мухолифат менамояд.

Дар натиҷаи дастгирии ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҷавонони зиёде ба сафҳои ҳизбҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд.

Фаъолияти хоинонаву ғайриқонуни ин ташкилот бар хилофи Конститутсия ва дигар қонунҳои давлат ба шумор рафта, аз характери экстремистию террористӣ дорад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва  зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем . 

 "Меҳвари дониш"

Шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки ҳамаи ҷавонони саодатманд ва дорои ақлу заковати баланд аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои интернетӣ бархурдор ҳастанд. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро вабои ҷанги иттилоотӣ фарогир шуда, тамоми мардуми сайёраро бесаранҷом кардааст. Аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гурӯҳҳои мухолифине, ки дар дигар давлатҳо паноҳ бурдаанд, истифода бурда, барои ноором сохтан ва аз байн бурдани истиқлолият, пиёда намудани мақсади нопоки худ ва ба хоку хун кашидани мардуми азизи мо ҳамарӯза фаъолият бурда истодаанд. Агар ба саҳифаи таърих назар афканем, мебинем ки чи гуна дар солҳои 90-уми асри гузашта ин тоифаи ватанфурӯш, ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои ичтимоӣ худро “муборизи роҳи ҳақ” ва “табодулгар” меҳисобанд ба сари миллат чӣ балоҳое оварда, қисме аз мардум кушта, қисми зиёде ба давлатҳои ҳамсоя гуреза шуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар давраҳои басо душвор сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои сарҷамъ намудани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ кӯшиш намуданд. Ин буд, ки мо имрӯз соҳиби давлат ва Истиқлолияти бардавом гаштем. Аммо боиси таассуф аст, ки бархе аз ноҷавонмардон ин корнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро нодида гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ аз хоинони зархарид менамоянд.

Мо ҷавонон бо итминони комил гуфта метавонем, ки барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо ҷони худро фидо намуда, зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем ва бо Пешвои миллат ҳастем.

Ҷамшед Масаидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд.

Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли  ДИИШ, Салафия,  «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст.  Таассуфовар он аст, ки Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки чун ҳизбӣ қонунӣ фаъолият медошт, пас аз мағлубият дар интихоботи соли 2015 шеваи корбарии ҳизбу ҳаракатҳои болозикрро ба худ касб намуданд. Яъне, мардумро гумроҳ намудану бо роҳи табадуллоти давлатӣ сари ҳокимият ва қудрат омаданро бо роҳнамоии хоҷагони берунаи худ пешашон мақсад гузоштан. 

 Ин ҳаракатҳо ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро мусалмонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст даст кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин масъала чунин гуфта буданд:

«Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанўз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем.  Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд».

Ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоӣ ва мутааллиқоти динӣ зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем.

Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад.

Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

Ҳамон вақт модар сари гаҳвораи кӯдак аллаи ширадор мегӯяд, агар хотираш ҷамъ бошад.

Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, агар ба фардои дурахшон боварӣ дошта бошад.

Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд.

Ҳамаи ин корҳо беширкати дастаҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб ва баборорандаи аламу дард, аз байн бурдани мутаассиботи динӣ ва мазҳабӣ дастрас нахоҳад шуд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд